Мақоми иҷтимоии зан-модар дар ҷомеа
- Ҷумъа, Мар 03 2023
- Андешаи муҳаққиқон
“Дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар ба писарон мешавад, на ба духтарон. Ин даҳшат ва хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад”. Робиндранат Такур
Дар ҷомеаи мо зан-модар мақоми махсусро соҳиб мебошад. Маҳз ин аст, ки дар тамоми паёму баромадҳои сарвари давлат оиди мақоми иҷтимоии зан махсус таъкид мегардад. Инчунин бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки имрӯз соҳае вуҷуд надорад, ки бе саҳми занон ва модарон рушду тараққӣ намояд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону модарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида шуда истодааст. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад” [3]. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан-модар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Чуноне, ки дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст.
Яке аз чунин санадҳои муҳим оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 пешниҳод шудааст, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳисоб меравад. Инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ва аз 01 ноябри соли 2006 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010, Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ғайра қабул гардиданд, ки нақши зан-модарро дар ҷомеа баланд бардоранд.[5]
Боиси ёдоварист, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба баробарҳуқуқии занону модарон махсус диққат равона гардида, дар соҳаҳои муносибати гендерӣ пешравиҳои назаррасе низ ба даст оварда шудаанд. Ин далели он аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар занону духтаронро дастгирӣ менамоянд, ки дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Маълумотҳои оморӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки нисбат ба солҳои пеш фаъолияти занону модарон дар тамоми соҳаҳо дида мешавад. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Инчунин бояд қайд кард, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону модарон бисёр арзишманд мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа ҳамеша аз тарафи Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуда, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб менамоянд. Тибқи таъкиди Пешвои миллат имрӯз дар ду соҳаи муҳими ҷомеа – маориф ва тандурустӣ шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. [4]
Занон кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Бевосита, ин ҳама бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, мавқеъ ва нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст. Хушбахтона пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба нақши зан дар ҷомеа диққати махсус дода, кӯшиш намуданд, ки зан дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштирок намояд ва саҳме гузошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар худ масъалаҳоро доир ба вазъи ҳуқуқии занҳо, иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мустаҳкам намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳим «Баробарҳуқуқии зану мард», ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба ҳисоб меравад. «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд» дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст[1,с.5].
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Бешак, ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста аст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин машъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем.
Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна
номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ
номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ
Чилаева Муҳайё Тоҳировна
докторанти доктор PhD-и Шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
докторанти доктор PhD-и Шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
1.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17). -Душанбе “Ирфон”20015.-100с.
2. Хизматчиёни давлатї ва гендер: маводњо барои истифодабарї дар кори амалї. – Душанбе, 2006. –342с.
3. http://www.gst.tj/tj/navidho/item/u-u-va-mav-ei-zan-az-nigo-i-onun-dar-um-urii-to-ikiston.html (санаи муроҷиат 28.02.2021 4.https://mfa.tj/tg/main/view/5441/pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-peshvoi-millat-muhtaram-emomali-rahmon-ba-majlisi-oli- (санаи муроҷиат 04. 03.2023)
2. Хизматчиёни давлатї ва гендер: маводњо барои истифодабарї дар кори амалї. – Душанбе, 2006. –342с.
3. http://www.gst.tj/tj/navidho/item/u-u-va-mav-ei-zan-az-nigo-i-onun-dar-um-urii-to-ikiston.html (санаи муроҷиат 28.02.2021 4.https://mfa.tj/tg/main/view/5441/pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-peshvoi-millat-muhtaram-emomali-rahmon-ba-majlisi-oli- (санаи муроҷиат 04. 03.2023)
4.http://www.stat.tj (санаи муроҷиат 03.03.2023)
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции