casino malaysia
casino malaysia
Зеботарин гули дунё ту ҳастӣ Модар!

wrapper

 
  Имрӯз фурсатест, ки дар оғӯши Зан-Модари меҳрубон аз гузашта ва айёми кӯдакии худ ёдовар шавем ва ба ёд орем, ки ҳеҷ осмон ба андозаи меҳрубонии Модар фарох нест ва дар фарҳанги меҳрубонӣ ҳарфе арзишмандтар аз «Модар» нест. Симои покизае, ки дар ин даврони парешон пайдо мешавад, табассуми модар аст. Модаре, ки зеботарин лаҳзаҳои умрашро барои фарзандонаш курбон мекунад.
  Рӯзи Зан ‒ Модар дар кишвари мо яке аз ҷашнҳои бузург буда, дар ин рӯз ба Занону Модарон туҳфаҳо тақдим карда мешавад. Роҳҳои гуногуне барои шод кардани модарону занон дар ин маврид вуҷуд дорад, ки яке аз ин роҳҳо туҳфа кардани гул, фиристодани матни зебо бо як табрикоти оддӣ дар исботи арзишманду нотакрор будани вуҷуди онҳо.
Зеботарин гули дунё ту ҳастӣ Модар!
Хушбӯтарин гули дунё ту ҳастӣ Модар!
Атри тамоми гулҳо тақдим ба ту Модар!
РӮЗИ МОДАР МУБОРАК! МОДАР!
***
Зан агар паранда офарида мешуд, ҳатман Товус буд.
Зан агар чаҳорпо офарида мешуд, ҳатман Оҳу буд.
Зан агар ҳашара офарида мешуд, ҳатман Парвона буд.
Аммо Ӯ инсон офарида шуд, то хоҳару модар ва олиҳаи ишқ бошад!
Зан ‒ модар чунон бузург аст, ки ашрафи мавҷудоти Худост!
То ҳадде, ки як гул Ӯро розӣ ва хушбахт мекунад.
Пас, эй Мард!!! Мувозиб бош!!!
Зан аз устухони паҳлӯи чап ‒ наздик ба дили мард офарида шудааст,
То ӯро дар қалбат ҷо диҳӣ, эй Мард!!! Шигифтангез аст!
Зан дар кӯдакӣ дарҳои баракати илоҳиро ба рӯи падараш боз мекунад.
Дар ҷавони дини шавҳарашро комил мекунад ва ҳангоме, ки модар мешавад, биҳишти зери пои ӯст. Қадрашро бидон, эй Мааааард!!! 
***
Зан, яъне ‒ Нози ҳастӣ дар вуҷуд!!!
Зан, яъне ‒ як фаришта дар суҷуд!!!
Зан, яъне ‒ Як ҷаҳон осудагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Пок аз олудагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Ҳадяву лутфи Худо!!!
Зан, яъне ‒ Меҳри Яздон, ҳамсадо!
Зан, яъне ‒ Ишқу Ҳастӣ!!! Зиндагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Як ҷаҳон пояндагӣ!!!
Зан, яъне ‒ лутфу латофат, фасли Баҳор!!!
Зан, яъне ‒ Зиндагӣ дар Лолазор!!!
Зан, яъне ‒ Ошиқӣ, Дилдодагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Ростиву содагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Отифа Меҳру Вафо!!!
Зан, яъне ‒ Маъдани Нуру Сафо!!!
Зан, яъне ‒ Рози Маҳрам; Як Рафиқи Меҳрубон!!!
Зан, яъне ‒ Ёри Якдил ‒ Як шафиқ!!!
Зан, яъне ‒ Модари мардони Мард!!!
Зан, яъне ‒ Ҳамдами даврони дард!!!
Зан, яъне ‒ Ҳисси хуш, ҳисси аҷиб!!!
Зан, яъне ‒ Бӯстоне пурнасиб!!!
Зан, яъне ‒ Боғҳои орзӯ!!!
Зан, яъне ‒ Неъмате дар пеши рӯ!!!
Зан, яъне ‒ Бандаи хуби Худо!!!
Зан, яъне ‒ Ними Мардони Худо!!!
Зан, яъне ‒ Ҳамсари Хубу Шафиқ!!!
Зан, яъне ‒ Беҳтарин Ёру Рафиқ!!!
Зан, яъне ‒ инфиҷори Нурҳо!!!
Зан, яъне ‒ Нағмаи Рӯҳу Равон!!!
Зан, яъне ‒ Сози мусиқии Ҷон!!!
Зан, яъне ‒ Марҳами ҳар хастагӣ!!!
Зан, яъне ‒ Беҳтарин вобастагӣ!!!
***
  Аз модаре пурсиданд: «Кадом як аз фарзандони худро бештар аз дигарон дӯст медорӣ?» Модар гуфт: «Ғоиби онҳоро, то вақте ки бозгардад, бемори онҳоро, то вақте ки хуб шавад, кӯчактарини онҳоро, то вақте ки бузург шавад, ҳамаи онҳоро, то вақте ки зинда ҳастам дӯст дорам!!!
  Эй Мардон!!! Қадри ин гавҳари ноёб ва ғайри қобили такрор, яъне Модарро то ҳаст бидонед ва ҳурматашро ошиқона пос бидоред!!!
***
  Имрӯз бо шахагуле сурх ва дастоне ларзон ба дидорат меоям. Ин ашкҳои ман аз сари дилтангӣ аст. Дилтангӣ барои бӯса задан бар дастҳои меҳрубонат. Эй кош дар барам будӣ ‒ Модар!!! Имрӯз дилам оташ гирифт ва дубора ҷои холиятро ҳис кардам. Медонам ҷои ту хуб аст. Фариштаҳои осмон имрӯзро бароят ҷашн мегиранд. Охир медонам, ки биҳишт зери пои туст, Модар!!!
Эй кош имрӯз фақат як лаҳза рӯи зебои нурониятро медидам. Худоё!!! Кош фақат як лаҳза ва як бори дигар атри оғушатро мешамидам!!!   
***
Эй Мард, бидон!!! Ки агар гурусна шудӣ, Модар бароят беҳтарин Ресторанро дуруст мекунад! Агар бемор шудӣ, Модар бароят бемористон аст! Агар хушҳол шудӣ, барояш ҷашн аст! Агар хобидӣ, бедоркунанда аст! Агар муҳоҷир шудӣ, дуокунанда аст!
Эй Мард!!! Оё бо Модари худ бо меҳрубониву эҳсон рафтор кардӣ?
Мо мардон чун дохили хонаамон мешавем, бо он ки аз Ӯ чизе намехоҳем, дарҳол мепурсем: «Модар куҷост?» Ангор Ватан аст! Ҳатман Ватан аст! Ҳам Ҷони Тан аст!!!
***
Эй Мард, бидон!!! Агар тамоми дунёро бигардӣ, ҳеч кас мисли Модар туро дӯст нахоҳад дошт!!! Аз он дӯстдоштанҳои тамомнашуданӣ!!! Пас, дунёро ба пеши пояш бирез!!!
***
Модар будан сахттарин ва пурмашаққаттарин кори дунёст, ки то охири умр ҳам бознишастагӣ (нафақа) надорад. Ва танҳо ҳуқуқе, ки бобати он талаб мекунад, андаке муҳаббат аст. Модар дарёи муҳаббат аст!!!
***
Модаре ба духтараш мегуфт: «Ҳар замоне хостӣ дилат берун аз баданат битапад, бачадор шав!». Эй Мард, бидон ‒ Модар ба ту дилу ҷонашро тақсим кардааст!!!
***
Модар! Эй якдонаву танҳотарин ғамхори ман,
Аз ман ошиқтар ба ман, девонаву бемори ман.
Васфи ту натвон ба садҳо дафтару девон навишт,
Эй, ки васфат рӯзу шабҳо то абад дар кори ман.
Парварондӣ ҷони ман бо ранҷҳои бешумор,
Кай шавад қурбониат ин ҷони бемиқдори ман.
Харҷ карди умри худро то бирӯяд ҷони ман,
Ман ба лутфат зиндаам, эй абри борондори ман.
Шарҳи лутфат дар азал афсонае нанвишта буд,
Ҷон ба қурбони ту, эй зеботарин пиндори ман.
Қиссаи нанвиштаи меҳру вафоро хондаӣ,
Эй ки меҳрат то абад дар синаи табдори ман.
Дардҳоям дарди ту, ранҷам ҳама дар ҷони ту,
Эй ба дардам марҳаму эй махзани асрори ман.
Ҳастиям ҳаст аз туву номам зи ту номе гирифт,
Сабз мебошам зи ту, эй сабзии афкори ман.
Солҳои умрат афзун аз ҳазорон сол бод,
Солҳои умри ман қурбониат, эй ёри ман.
***
 
У.Н. Камолов
н.и.ф, ходими калони илмии Шуъбаи таърихи
фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia