Ҷойгоҳи хоси модар дар рушди тафаккури инсон
- Панҷшанбе, Мар 02 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Модар – сарчашмаи ҳастӣ аст. Тамоми буду набуди инсон ба он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад. Дар ин маврид гуфта мешавад, ки аввалин мураббии фалсафа ҳам барои инсон модар аст.
Зеро маълумоти аввалинро дар бораи ҳастии беканор ба тифл модар медиҳад.
Чунонки зикр шуд ва ҳамагон инро мушоҳида мекунанд, тифли навзод ин ҷаҳонро аз тариқи суолу ҷавоб дарк мекунад. Модар, воқеан ин рӯҳияии кӯдакро хуб дарк мекунад, ва ба суолҳои ӯ бе дудилагӣ ҷавоб мегардонад. Вале чун кӯдак ба дунёи фарохтар ворид мешавад, манзара каме дигар мешавад: аввал мураббии дабистон ва баъдан муаллим (а)и мактаб ба кӯдак бархурди дигар мекунанд. Баъзе аз ин бархурдҳо созанда, вале дигаре иродатшикананда мебошанд. Илми замони нав собит намудааст, ки парасторон ва устодон бояд кори модарро давом бидҳанд, онҳо набояд рӯҳияи саволдиҳии зиёди кудакро (ки баъзан чолишбарангезанд) саркуб кунанд, балки бояд ба суолҳои ӯ бодиққат гӯш бидиҳанд ва дар пайдо кардани посухи оқилона ӯро роҳнамоӣ кунанд, яъне ба ҳамон тарзе ки то кудак худаш омодаи ҷавоб бишавад ва ба дарки масъалае бирасад. Аз ин ҷост, зарур аст, ки аввал волидайн ва баъдан парасторон ва устодон бояд танҳо ва танҳо нақши роҳнамо ва тасҳилгар (осонсоз)-ро иҷро кунанд. Инчунин набояд аз муҳаббат ва нақши тарбиятии онҳо ғофил буд.
Аз ин ҷост, ки нақши модар дар рушди маҳоратҳои тафаккури кудакон, аз ҷумла тафаккури интиқодӣ ва эҷодӣ бештар аст. Зеро модар барои кудак кӯшиш мекунад, то бидуни ин ки як масъалаи омодашударо ба зеҳни ӯ интиқол диҳад, ба бозсозии дониши кудак, бо истифода аз қувваи ақли худ бипардозад, ҳамчунин тафаккури интиқодии кудакро дар ин ҳолат фаъол созад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муҳаббат ба кудакон ва баровардани ниёзҳои отифии онҳо метавонад пуле миёни кудак ва волидайн ва баъдан ҷомеа эҷод кунад, то онҳо беҳтар битавонанд ба ҳадафҳои тарбиятии худ бирасанд. Барои дарки бештари ин масъала ба таҷрубаи фалсафӣ-тарбиявии Суқрот, файласуфи Юнони қадим муроҷиа бояд кард. Суқрот дар муколамаҳо (диалогҳо)-и худ кори устоди илму фалсафаро ба кори момодоя монанд мекунад, ки барои тавлиди тавли тифли навзод танҳо мусоидат мекунад, зеро зоянда зани дигар аст, ба ӯ танҳо кумаку ёрмандӣ бояд. Дар акси ҳол иродаи зани зоянда барои тавлиди насли минбаъда шикаста мешавад...
Ҷойгоҳи модар дар ояндаи фарзанд бисёр муассир аст. Модар аст, ки метавонад бо офаридани рӯҳияи шикастнопазир аз як фарзанди ноуҳдабаро ва дар ибтидо воқеан ва табиатан кундзеҳн як шахсияти фарҳехта ва бузургеро бисозад. Шояд хонандаи азиз қисса ё достони Эдисон ва модарашро шунида бошед. Ин достон чунин аст: Дар вақти хонандаи мактаб будан Эдисон хатчае оварда ба модараш дод ва гуфт: "Инро аз мактаб доданду гуфтанд, ки танҳо модарат хонад”. Модар ба чашмони пуроб хатчаро ба Эдисон хонд: "Писари шумо нобиға аст. Ин мактаб барои ӯ кифоят намекунад. Аз ин рӯ хоҳишмандем, ӯро ба тарбияи худ гиред."
Солҳо гузаштанду Эдисон воқеан ба нобиғаи аср табдил ёфт. Модараш аз олам гузашт. Рӯзе Эдисон аз хона дар миёни коғазҳо хатчаеро ёфт, ки дар кӯдакияш аз мактаб ба модараш фиристода шуда буд. Бале, ин ҳамон хатчае буд, ки худи Эдисон оварда ба модараш дода буд. Ӯ он варақро кушода, хонду ғайри ихтиёр гиря гулӯгираш, чунки он ҷо чунин навишта шуда буд:
"Писари шумо аҳмақ (яъне аз нигоҳи ақлонӣ комил нест). Мо ба ӯ дигар иҷозаи таҳсил дар ин мактабро намедиҳем."
Эдисон баъд аз гиряи зиёд дар дафтари хотироташ навишт: "Томас Алва Эдисон аҳмақе буд, ки тавассути як модари қаҳрамон ба нобиғаи қарн табдил ёфт!".
Воқеан Эдисон кӣ буд? Томас Алва Эдисон (1847-1931) ихтироъкор ва соҳибкори машхури амрикоист. Ба шумули ихтироъоти ӯ инҳо дохил мешаванд: тавлиди энерҷии барқ, ихтироъи дастгоҳи иртиботи оммавӣ, дастгоҳи сабти садо, ихтироъи хунари филмсозӣ дар кино ва ғ. Ба ин гурӯҳ ихтироъи фонограф, камераи кино ва нусхаҳои аввалини лампаи барқ ва ташкили кори лабратории гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ барои ихтироъот дохил мешаванд, ки имрӯз ҷаҳони муосири саноатӣ бе онҳо кореро карда наметавонад.
Дар ҳақиқат модар як шахсияти бузургест, ки барои инсоният қуваву тавон ва нерӯ мебахшад. Маҳз модар аст, ки тифл тавассути ӯ фикр кардан ва эҷод намуданро меомӯзад. Ҷолиби диққат аст, ки Пешвои миллат дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Зан – модар, офаринандаи ҳаёт, муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад”.
Ин суханон суханони оддӣ нестанд. Ёд дорем, ки ҳангоми яке аз вохӯриҳои худ дар арафаи Рӯзи занону модарон Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз модари азизи худашон ёд карданд ва ҳамзамон манзарае аз айёми наврасии худро ба ёд оварданд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки баъди хатми синфҳои болоии мактаби мутавассита дар дили ман ишқу иродати сахти давом додани таҳсил ва ба даст овардани илму дониши бештар ва касби ихтисос пайдо шуд. Он вақт ин ишқи хондану таҳсил дар донишгоҳ дар дили ман чунон маъво гирифт, ки рӯз ба рӯз қиём мекард. Вале мутаассифона, ин хоҳиши ман аз тарафи атрофиён ба хушӣ истиқбол наёфт. Бисёре аз онҳо таъкид ба он доштанд, ки ман набояд аз назди падару модар, хешу табор ва деҳотиёнам дур равам, балки доимо дар деҳот (колхоз), дар хидмати онҳо қарор дошта бошам. Вале он замон аз миёни ҳамаи ҳозирон овози ширадори модарам баланд шуд: “Рав писарам, дониш бигир, ихтисос бигир, одами баобурӯ шав! Ман ба ту дуои хайр медиҳам!” Ин суханони модар раҳнамои тамоми ҳаёти Президенти ояндаи Тоҷикистон гардиданд.
Ба таври фушурда – ин аст қудрати офаринандагии МОДАР!
Рамазониён А.Б.
корманди илмии Маркази синошиносии ФСҲ и АМИТ
корманди илмии Маркази синошиносии ФСҲ и АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции