Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ғамхориҳоро нисбати Зан – Модар бештар намуда, онро ба пояи сиёсати давлатӣ ва рукни муҳими сиёсати давлатдории миллӣ ворид намуд. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, дар ин робита аз ҷумла қайд кардаанд, ки кору пайкори Зан-Модар барои тоҷикон дар тўли таърихи он бо ҳарфҳои заррин сабт гардида занону модарони мо ҳамеша намунаи ибрат, сазовори пайравӣ ва манбаи ифтихороти миллии мо мебошанд:
«Дар таърихи тамаддуни чандинҳазорсолаи мо занон нақши басо бузургу саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон барои пойдории халқу миллати хеш дар радифи мардон кору пайкору ҷонбозиҳо кардаанд. Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».
Барои ҳар як инсон, чи зану чи мард маълум аст, ки зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар сарчашма мегирад. Шоирон дар тўли таърих дар васфи зан-Модар шеъру достонҳои марғуб навиштаанд. Онҳо Зан-Модарро ҳамчун чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мо муаррифӣ намудаанд. Воқеан таҷрибаи фардии ҳар яки мо аз он далолат мекунад, ки фазилати оливу рушду нумуи ҷомеа аз талошҳои Модар сарчашма мегирад.
Зан – Модар, чи калимаи муқаддас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро аз вақти дар батнаш будан то дами маргаш дӯст медораду эҳтиёт ва навозиш мекунад.
Падида ё расолати модариро ман шахсан дар ҳаёти худ бо чашми сар дида ва озмўдаам. Зеро модари ман ба ғайр аз вазифаи модарӣ бароям чун омўзгор низ хизмат намудааст. Дар воқеъ модарам аввалин муаллимаи ман ҳам дар хона ва ҳам дар мактаб буд, зеро чор соли таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ ман дар зери сарпарастии ў қарор доштам. Аввалин устоди дунёи илму ҳикмати ман модари ман аст. Ин аст, ки ҳарфи нахустину охирини инсон ин модар аст. Дар ҳақиқат модар ягона шахси мунису ғамхор барои ману мост.Ў аст, ки ҳар нафасу ҳар лаҳза аз аҳволи мо пурсон мешуду мешавад.
Насли мо, насли истиқлол аз таҷрибаи талхи замони мухолифати таҳмилии шахрвандӣ дар Тоҷикистон гузаштааст. Он вақтҳо борҳо дида будем, ки чи гуна мардум аз камбуди ғизо барои таъмини оила ранҷ мебаранд, вале модар аз ҳеҷ ягон ғизоеро барои фарзанди худ меофарад. Ин лаҳзаҳо ман борҳо дар таҷрибаи шахсӣ мушоҳида менамудам, ки Модар худаш намехўраду фарзандашро мехўронад, ва чи гуна дили софу беолоише доранд. Модар барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони азизи худро фидо кунад. Ин лаҳзаҳоро набояд фаромўш кард. Ҷавобан мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бештар бирасем. Ӯро дӯст дорем, ба ў доимо меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш ғамгин шавад, зеро ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.
Ҳар яке аз мо воқифи ҳоли онем, ки Модар тифли худро нўҳ моҳ дар батни худ бо чи ранҷу машаққатҳо нигоҳ медорад ва парвариш менамояд. Вале ин маънои онро надорад, ки мақом ва манзалати падар камтар аст. Нақши модар дар таълиму тарбияи фарзанд мавқеи калидӣ дошта, вале расолати падар –чун пушту паноҳи фарзанд ва оила, чун таъминкунандаи моддии оила муайян аст. Пештар таъкид намуда будем, ки таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ва адабиёти пурғановати ҷаҳон тавассути асарҳои арзишманд муҳимияти ин масъаларо бо тамоми паҳлӯҳояш мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст, ки овардани онҳо инҷо ҳоҷат нест. Вале биёед ба ин чанде аз гуфтаҳои онҳо зеҳн монем. Бузурге мефармояд:
“агар ман модари худро ба оғӯш гирифта ҳафтод маротиба хонаи Худоро таввоф кунам, ба як шаби бехобии модар ҷуброн намешавад”. Яъне заҳматҳои модар ҷуброннопазир аст.
Модар бо дасте гаҳвора ва бо дасти дигар оламро такон медиҳад. (Наполеон).
Дунё ҳар чи дорад аз ман аст ва ман ҳар чи дорам аз модар аст (Томас Алва Эдисон).
Модар соҳиле аст, ки мо ҳама осебҳо ва нигарониҳоямонро дар онҷо баҷо мегузорем. Аксари бачаҳо ҳатто навҷавонон метавонанд бепарда ва ошкор ва ҳамаи розҳо ва тарсҳояшонро барои модарашон бозгӯ кунанд. Модар диле барои шунидан ва фаҳмидан ва ишқе бидуни шарт дорад. (Петер Де Вриес).
Пас биёед ба ҷомеаи имрўзи худ назар андозем. Мо аз он ифтихор менамоем, ки дар дарозои таърихи миллатамон занону модарони оқилу баору номусу соҳибхиради тоҷик дар паҳлуи мардон баҳри ҳифзу марзу буму ватан, забон, озодиву истиқлолу осоиштагии Ватан шуҷоатмандона мубориза бурдаанд. Имрўз ҳам мо шоҳиди он астем, ки занони тоҷик бо рӯҳи озод, иродаи қавӣ, афкори наҷибу ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоён чун дар ҳама давру замон бори ҳастии миллатро баробари мардон саф кашидаанд. Аз ин ҷост, ки модарони мо сазовори ҳама гуна арҷгузорӣ ва ҳурмату эҳтироманд. Чунонки аз таҷрибаи шахсӣ ишора рафт, медонам, ки нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозишҳои ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Бузургони миллати хуб гуфтаанд, ки биҳишт зери қудуми модарҳост. Ба назари ман дар бораи модар аз ин сухани баланд вуҷуд надорад. Саодати зиндагии мо осоишти рӯзгори мо, бахту барори мо аз дуои неки модарон аст. Пас ба қадри модарон бояд аз гузашта бештар бирасем, зеро бавоситаву бевосита ба давлати ҳуқуқбунёду дунявии мо, ба занону модарон ва хоҳарони фаъоли мо ҳоло ҳар гуна таҳдиди лафзӣ аз беруни мамлакат (ба таври мисол, аз сарҳадоти Афғонистон) содир шуда истодааст.
Ҳоло ба қадри он бояд расид, ки имрўз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар муҳандис ронанда корманди мақоимоти ҳифзи ҳуқуқ олиму омӯзгор ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда, қариб ки дар ҳамаи соҳаҳо ширкати фаъол дорад. Ин дастоварди бузурге аст, ки ҳоло занону модарони давлати ҳамсояи мо аз он бенасиб мондаанд. Боиси дастгирист, ки Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи худро бе иштироки бонувон тасаввур карда наметавонад. Мушоҳида ва таҳлили хеле кўтоҳи фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрўза нишон дод, ки воқеан занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозанд.
Хулоса Зан – Модар оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат аст, сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Тарбияи насли навраси имрӯза пойдевори ояндаи ҷомеаи мо мебошад. Ба назари инҷониб, Рӯзи Модарон – ин иди ҳар як инсон ва ҳар як хонавода аст ва бешак дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Зеро модар аст, ки олами мо хушу гуворову пурнишот аст. Модар аст, ки зиндагӣ зебост. Ин рӯзи саид, рӯзи гулафшони муаттари баҳори нозанин инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан- Модар, ба эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад. Мо имрӯзи фараҳбахшро бо як ҷаҳон шодию фараҳ, хушҳоливу хушнудӣ, истиқбол мегирем, пос доштану иззату эҳтироми Зан-Модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯро қарзи муқаддаси худ мешуморем, бо модарони некному хирадманду поктиннату нексиришти худ сари ифтихор дорем.
Пас таманно менамоем, ки ин олиҳаи ҳусн ва сутуни пурқуввати хонадон, таровати ҳаёту гармии қалби наздикон такондиҳандаи гоҳвора ва ҷаҳон ҳамеша худшиносу зиндаву пояндаву ҷовидон боқӣ бимонад. Бигзор тамоми модарони руйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд!
Мавлуда Наврўзова,
Корманди илмии Маркази синошиносии ИФСҲ-и АМИТ