casino malaysia
casino malaysia
Таъғиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ

wrapper

  Маълум аст, ки ҳар як давлат ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ идора карда мешавад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол идоракуниашро ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ ба амал мебарорад. Дар илмҳои сиёсӣ зери мафҳуми механизмҳои идаракунии давлатӣ, дар назар дошта мешавад, Конститутсия, Ҳокимияти Қонунгузор, Ҳокимияти иҷроия, Ҳокимияти Судӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, Милиция, ва ғайра.
  Дар байни механизмҳои идоракунии давлатӣ, Конститутсия дар ҷои аввал меистад, ва дилхоҳ шуморабандии онҳо бояд аз он оғоз гардад. Зеро Конститутсия моҳиятан қоидаҳои тартиботи сиёсиро дар ҷомеа мауйян намуда, тартиби кори системаи сиёсии ҷомеа ва баҳамтаъсиррасонии элементҳои онро муқарар менамояд.
 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз  механизмҳои асосии идоракунии давлатӣ, аввалин маротиба 6 – ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Миллати тоҷик имрузҳо дар остонаи 28 - умин солгарди қабули қонуни асосии кишвар қарор дорад.
Бо назардошти рушди ҷомеа ва ташаккули низоми сиёсии мамлакат борҳо зарурати такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар зарфи 28 сол, се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба қонуни асоси кишвар таъғиру иловаҳо ворид гардид.
  Мувофиқи таъғиру иловаҳои дар соли 1999 ба Конститутсия ворид шуда, дар низоми сиёсии мамлакат парламенти як палатагӣ ба парламенти касбии дупалатагӣ иваз гардид. Но вобаста ба он, ки дар ҳамон замон буданд, сиёсатшиносоне, ки ба зарурияти парлумони дупалатагӣ дар Тоҷикистон шубҳа доштанд, ва онро монеае дар кори системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ медонистанд, вале довари асосӣ – вақт, нишон дод, ки парлумони дупалатагӣ на монеа, балки дар такмили кори низоми сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ саҳми назаррасе гузоштаистодааст.
  Таъғироти соли 2003 ум ба Конститутсия ворид гардида, муҳлати ваколати Презедентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 5 ба 7 – ва судҳоро аз 5 ба 10 сол дароз намуд. Агар мо равандҳои иҷтимоию-сиёсӣ ва воқияти ҷамъиятии ҳамон замонро пеши назар орем, зарурати ин таъғиротҳоро дарк хоҳем кард. Дар он замон вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ва сиёсии мамлакат талаби ҳокимияти пурқувват ва ҳукумати тавоноеро менамуд. Илова бар ин барои тамини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳури таҳкими ҳокимияти судӣ зарур буд.
  Бо такя ба гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки таъғиру иловаҳое, ки солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия ворид карда шудаанд, заминае барои такмили систамаи сиёсии мамлакат гардиданд. Таъғиротҳо асосан ба такмили се шохаи ҳокимияти давлатӣ - Қонунгузор, Иҷроия ва Суддӣ равона гардида буданд.
  Таъғироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, минбаъд дар қаламравӣ мамлакат фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмон додани ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диннӣ доштаро манъ гардонид. Муқаррар карда шуд, ки тадавлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва  шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи дастгиррии молиявӣ кардани ҳизбҳои сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд. Талабот ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таъини дар кишвар аз ҷумла мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олӣ, ва судяҳо то 5 сол поин карда шуд. Ҳамзамон талабот барои савганд ёдкардани аъзоёни ҳукумат ва вакилони маҷлиси Олӣ ҷори гардида доуталабоне, ки мақоми душаҳрванди доранд ба ин мансабҳо роҳ дода намешаванд. Илова бар ин дар системаи сиёсии мамлакат элементи нав - ниҳоди Пешвои миллат ҳамроҳ карда шуд.
 Дар ҷори намудани қоидаҳои тартиботи нави сиёсии мамлакат таъсири равандҳои номатлуби сиёсии солҳои охир дар дохил ва беруни кишвар рафтаистода бараъло ба назар мерасад. Масалан, мо дар таҷрибаи давлатдории хеш, дидем, ки ҳизби сиёсии хусусияти диннӣ дошта ва дастгирии молиявии чунин ҳизб аз хориҷи кишвар ба тартиботи сиёсии ҷомеа халал ворид карда, қоидаҳои бозиҳои сиёсиро, ки Конститутсия ва қонунҳои конститутсиони муайян менамоянд войрон менамуд. Он таъғиротҳое, ки вобаста ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таини ворид гардидаанд, имкон медиҳанд, то ҷавонони мамлакат битавонанд ба ин ё он мансаби давлатии интихобӣ талош варзанд. Дар мавриди элементи нави системаи сиёсӣ - институти Пешвои миллат, метавон гуфт, ки равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавии рафта истода, ки аксарияти онҳо пешгуинашаванда ҳастанд, зарурати пайдо шудани чунин ниҳодро тақозо менамуд. Зеро ин ниҳод имконият медиҳад, ки зимни тасмигириҳо дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тасмимҳои дуруст ва оқилона гирифта шавад, то, ки дар ҷаҳонни пуртаззод соҳибистиқлолӣ, якпорчагӣ ва сохтори конститутсионии мамлакат нигаҳ дошта шавад.        
  Дар маҷмуъ ҳаммаи се таъғироти ба Конститутсия воридгардидаро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки як қисмати онҳо барои ҷори намудани қоидаҳои тартиботи нави сиёсӣ дар мамлакат равона гардидаанд. Махсусан таъғиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016. Зеро мувофиқи таъғиру иловаҳои дар ин солҳо ба Конститутсия воридшуда муҳлати ваколати Президент аз 5 ба 7 ва судяҳо аз 5 ба 10  сол дароз карда шуда, талабот ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таини дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мансаби Президентӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, ва судяҳо то 5 сол поин гардид. Илова бар ин қоидаҳои тартиботи нави сиёсии ҷори гардида, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои дар асоси ақидаҳои миллӣ ва диннӣ дар қаламравӣ мамлакатро манъ намуда, дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷи ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ намуд. Қисмати дигари таъғиротҳои воридгардидаро бошад, иваз намудани парлумони якпалатагӣ ба парлумони дупалатагӣ дар низоми сиёсии мамлакат ва ба он ҳамроҳ намудани ниҳоди Пешвои миллат ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ таъғиру иловаҳои ба Канститутсия ворид гардида заминаи муҳиме барои такмили системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ гардид.
Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович
 номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи
сиёсатшиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia