casino malaysia
casino malaysia
Чанд андеша оид ба мафҳуми тоҷикият

wrapper

  Масъалаи муайянсозии миллияти ин ё он халқҳо, аз ҷумла мушаххас сохтани муҳтаво ва моҳияти тоҷикият, ки мавриди баҳси ҷомеашиносон қарор дорад, як мушкилоти хеле нозук ва аз ҷониби дигар, хеле мураккаб буда, баррасиҳои амиқу дақик ва хеле тӯлониро тақозо мекунад. Вобаста ба ин мехостем чанд андешаеро бо такя ба таҳқиқоти мавҷуда дар ин самт доир ба масъалаи тоҷикият ва мавзӯъҳои дигари алоқаманди он ҳамчун ибтидои баҳс баён созем.
  Бояд таъкид намуд, ки дар илм оид ба миллияти ин ё он халқҳо бештар дар бораи олмоният (бо забони олмонӣ – deutschtum) ва русият (бо забони русӣ – русскость) сухан гуфтаанд, агарчи мафҳумҳои дигаре низ чун «даниягият», «фаронсавият» ва амсоли он мавриди истифода қарор доранд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки ҳанӯз файласуфи машҳури олмонӣ И. Фихте (1762-1814) дар бораи олмоният сухан гуфта буд. Дар ин зимн таҳти мафҳуми олмоният  чунин маъниҳо фаҳмида мешаванд: умумияти олмонӣ, халқ ва миллати олмонӣ; фарҳанги ба худ хос ва беназири олмонӣ; миллат, рӯҳия, яъне психология ва ҳувияти олмонӣ; тарзи ҳаёт ва характери олмонӣ. Дар маҷмуъ ҳамаи ин сифатҳо, ки олмоният ном доранд, дар якҷоягӣ халқ ва миллати олмониро мефаҳмонанд. Миллат бошад, ҳангоми тавсифи олмоният дар фаҳмиши муҳаққиқони олмонӣ «ҳар гуна маҷмуи фардҳое ба шумор меравад, ки ризоияти шаҳрвандиро дар шакли давлат ба даст оварда, қодиранд, ки истиқлолияти худро дар мубориза бо давлатҳои дигар ҳифз намоянд ва ҳадафу манфиатҳои шаҳрвандони онро таъмин созанд». 
  Дар бораи русият низ сухан гуфта, коршиносон онро ҳамчун «ҳолати табиии руҳ ва сатҳи таҳаввули инсон» шумурдаанд. Дар ин зимн масъалаи русият бо масъалаи худмуайянкунии ҳувият аз ҷониби ҳар як шахс дар алоҳидагӣ наздик дониста мешавад. Ҳамзамон, таъкид мегардад, ки русият на танҳо масъалаи мансубият ба этнос ё фарҳанги миллии муайян ё забони мушаххас, балки бештар ба сифати ҳолати руҳу қалби инсон дахл дорад. Ба ибораи дигар, ба андешаи мутахассисон, русият масъалаи психологию фарҳангӣ аст. Ба таври мушаххас бошад, ҳомили русият, аз нуқтаи назари муҳаққиқони рус, ки ин масъаларо то андозае баррасӣ кардаанд, танҳо шахсе мебошад, ки дар дохили фарҳангу психологияи русӣ ба воя расида, бо бузург шудан дар синну сол аз он канда намегардад ва бо баланд гаштани сатҳи таҳсилоту маърифати худ ба он, ки ин фарҳангу психологияро ба мерос гирифтааст, муқобил намеистад. Барои ташаккули русият забон ва пайравӣ аз дини православӣ муҳимманд, вале асоси онро, ба андешаи муҳаққиқон, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳанги ба худ хосу беназир ва ҳифзи он ташкил медиҳад. Оид ба русият инчунин ҳаминро илова кардан зарур аст, ки ба андешаи муҳаққиқони рус, танҳо донистани забон ба миллият таъсире надорад, аз ин рӯ ҳеч гоҳ Чингиз Айтматов ва Фозил Искандарро аз нигоҳи ин гуна муҳаққиқон «ифодакунандаи русият гуфтан имкон надорад, агарчи ҳар ду ҳам забони русиро дар сатҳи хеле олӣ балад буданд».
Дар асоси суханони дар боло омада метавон таъкид намуд, ки барои муайян сохтани миллияти ҳар як халқу миллат чунин унсурҳо муҳим ба ҳисоб мераванд: фарҳанги ба худ хосу беназир ва ҳифзи он, руҳия ё ҳолати руҳӣ, психология, ҳувият, тарзи ҳаёт, характер, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳангу психологияи миллӣ ва амсоли он. Ба ин унсурҳо, агар аз нигоҳи фарҳанги миллии тоҷик назар андозем, бояд асли баромад ё решаҳои табиии хунии ҳар як шахс низ илова карда шавад, зеро маъмулан мо шахсро ба миллати худ танҳо дар он ҳолат мансуб медонем, ки ҳадди ақал волидони ӯ (ё бобою модаркалон ва аҷдодони дигар) асли тоҷикӣ дошта бошанд.
  Дар бораи тоҷикият сухан гуфта, бояд қайд намуд, ки миллати мо дар пояи қавмҳои ориёинажоди Осиёи Марказӣ, ки авруосиёӣ ҳисобида мешаванд, аз ҷумла бохтариҳои ду соҳили Ҷайҳун, суғдиёни соҳилҳои Зарафшону Сайҳун ва Қашқадарё, марғиёни водии Марв, парфиёни Хуросон, хоразмиёни қисми поёнии Амударё, парканҳои Фарғона ва қабилаҳои сакоию массагетии Помиру Тиёншон ва даштҳои Аралу баҳри Хазар ба вуҷуд омадааст. Сарзамини ниёкони тоҷикон хеле қадимӣ буда, номи мамлакатҳои онҳо ҳанӯз  дар «Катибаи Беҳсутун» (солҳои 521-520 то мелод) зикр шудаанд. Аз ҷумла, дар сатрҳои 12-17-уми сутуни якуми он чунин навиштаҷот мавҷуд мебошад: “Дорошоҳ мегӯяд: ана мамлакатҳое, ки аз меҳрубонии Аҳурамаздо ба ман дода шудаанд ва болои онҳо ман шоҳам - Форс, Элам, Бобул, Ассирия, Арабистон, Миср, мамлакатҳои соҳили баҳр, Спарда, Яуна, Мидия, Арманистон, Каппадокия, Парфия, Зранка, Харайва, Хоразм, Бохтар, Суғд, Гайдара, Сака, Сатагу, Харахвати, Мака – ҳамагӣ 23 мамлакат”. Инҷо номҳои Хоразм, Бохтар, Суғд, инчунин  Сака («сакҳои хаумаварга» – қабилаҳои кӯчманчии сокини минтақаҳои кӯҳӣ аз Помир ва Ҳиндукӯш то ҳамвории Ҳинд дар назар дошта шудааст) бевосита  ба ниёгони мо дахл доранд.
Бо ҳамин сабаб ва бо шарофати ба мерос бурдани хуни одамони қадимӣ ва омехта гаштани пешгузаштагони миллати мо бо халқҳои дигар гаплогуруҳи хуни мо R1a аз гуруҳи авруосиёӣ 89% (авруосиёи ғарбӣ 62,6% ва гуруҳи авруосиёи шарқӣ 26,4%), инчунин аз гаплогуруҳи ҷанубиосиёӣ 9,9% ва африқоӣ 1,1% иборат мебошад.
  Ба ибораи дигар, тоҷикият, аз нуқтаи назария, бояд ба шахсе, ки чунин навъи хун дорад, дахл дошта бошад, вале дар амалия кор тамоман тарзи дигар аст: аввалан, ба таври таҳтуллафзӣ фаҳмидани асли табиии хунӣ масъалаи хеле нозук буда, метавонад ба нажодпарастӣ барад ва сониян, ҳар гуна миллият, аз ҷумла тоҷикият, бештар ҷанбаи маънавию фарҳангӣ дорад, на табиию биологӣ. Аз ин рӯ, тоҷикият ба ҳар як шахсе дахл дошта метавонад, ки худро сидқан, самимона, аз таҳти дил, на муғризона ё барои дастёбӣ ба ягон ҳадафу манфиати нопоке мутааллиқ ба фарҳанги миллати тоҷик медонад.
Мутааллиқӣ ба фарҳанги тоҷик ё худ тоҷикиятро метавон бо унсурҳои гуногуну хеле зиёд шарҳ дод, вале баъзе аз муҳимтарини онҳо, аз нуқтаи назари мо, чунинанд:
- такя ба чунин хосиятҳои анъанавию иҷтимоию ахлоқӣ, ки дар онҳо нармӣ, дақиқназарӣ ва напазируфтани бадию зӯроварӣ бо сабаби аз замони қадим пайравӣ доштан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек дар мадди аввал меистанд;
- арҷгузорӣ ба оила ва муносибатҳои оилавӣ, эҳтиром ба падару модар ва дигар пайвандону наздикон, ба калонсолон;
- арҷгузорӣ ба донишу маърифат ва бо сабаби ин муносибати эҳсосотӣ доштан ба олим, адиб ва амсоли он, ҷаҳонфаҳмии образию эстетикӣ, ривоятию идеалӣ, на воқеӣ;
- принсип ё кодекси хеле қавии меҳмоннавозӣ;
- муҳаббат ба диёр, Ватан, тоқатнопазирӣ ба ғарибӣ;
- пойбандӣ ба анъанаҳо ва урфу одатҳо ва ғайра.
  Чунонки мебинем, дар ин унсурҳои тоҷикият ҳам ҷанбаҳои қавӣ ва ҳам заифи  миллати мо (махсусан, ҷаҳонфаҳмии образию эстетикӣ, ривоятию идеалӣ, на воқеӣ, ки бояд бо ҷаҳонбинии ақлонию мантиқӣ, воқеиятгароӣ комил карда шавад) инъикос гардидаанд. Аз ин рӯ, барои рушди тоҷикияти худ мо бояд ба ҳифзи фарҳанги ба худ хосу беназир, руҳия ё ҳолати руҳӣ, психология, ҳувият, тарзи ҳаёт, характер, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳангу психологияи миллиамон таваҷҷуҳи хоса дошта бошем. Дар ин роҳ такя ба арзишҳои миллӣ бояд дар мадди аввали таваҷҷуҳи мо қарор дошта бошад. Ва ниҳоят, бори дигар таъкид месозем, ки тоҷикият дар дохили фарҳангу психологияи тоҷикӣ ба воя расиданро фаро гирифта, маънии онро дорад, ки бо бузург гаштан дар синну сол шахс аз онҳо канда намешавад ва ё бо баланд гаштани сатҳи таҳсилоту маърифати худ шахс онҳоро рад намекунад ва ба он, ки ӯ ин фарҳангу психологияро ба мерос гирифтааст, ҳаргиз муқобил намеистад. Ба ибораи дигар, агар мо касе ё чизеро бо ягон  сабабе дӯст медорем, лек Ватан ва миллатро танҳо ва фақат бо сабаби он дӯст медорем, ки Ватану миллати  мо ҳастанд.
 
Хуршед Зиёӣ 
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
и.в.мудири Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia