Ҳамкории байналмилалӣ-ҳуқуқии давлатҳо дар соҳаи об дар партави амалишавии консепсияи рушди устувор
- Панҷшанбе, Июн 30 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, истифода ва муҳофизати захираҳои об ба ҳисоб меравад.
Захираҳои об ба маънои маҳдуд - захираҳои оби тозаи (ошомидании) сайёра мебошанд, ки обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро дар бар мегиранд. Ба маънои васеъ бошад, захираҳои об он обҳоеро дар бар мегиранд, ки дар ҳолати моеъ, сахт ва газӣ дар рӯи замин қарор доранд. Ба ин маъно захираҳои об ҳамаи обҳои гидросфера, яъне обҳои дарёҳо, кӯлҳо, каналҳо, обанборҳо, баҳру укёнусҳо, обҳои зеризаминӣ, намии хок, оби пиряхҳои кӯҳӣ ва қутбӣ, буғи обҳои атмосфераро дар бар мегиранд.
Ҳаҷми умумии захираҳои об дар рӯи Замин 1390 миллион километри мукаабро ташкил медиҳад, ки тақрибан 1340 миллион километри мукааби онро (96,4%) оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳанд. Ин обҳо ошомиданӣ нестанд. Камтар аз 3% захираҳои оби кураи Заминро оби тоза ташкил медиҳад. Аммо инсоният ба ҳамаи ин 3% захираҳои об дастрасӣ надорад, зеро ҳамагӣ 0,3-0,5% захираҳои об аз ҷиҳати техникӣ истифода мешавад.
Тақрибан 98% тамоми оби тозаи рӯи замин дар ҳолати моеъ дар қаъри замин қарор доранд, аммо танҳо тақрибан нисфи он дар чуқурии на бештар аз 800 м ҷойгир аст. Танҳо 0,01% ҳаҷми умумии оби тоза дар ҳолати моеъ дар дарёҳо ва ҷӯйҳо, 1,47% бошад, дар кӯлҳо қарор дорад[1].
Ба ҳисоби миёна дар рӯи Замин тақрибан 70% об дар бахши кишоварзӣ, 22% дар бахши саноат, 8% барои эҳтиёҷоти маишӣ истифода мешавад. Дар бахши кишоварзӣ обро на танҳо барои обёрии киштзорҳо, балки барои баланд кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, шустани намакҳои дар хок ҷамъшуда, барои об додан ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, барои коркарди ҳосили рӯёнидашуда ва ғайра истифода мебаранд.
Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки новобаста аз кам будани захираҳои оби тоза, онҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолии кураи Замин кифоягӣ мекунанд, аммо ба шарте ки аз тарафи давлатҳо оқилона ва одилона истифода шаванд. Аммо, мутаассифона, рӯз аз рӯз норасоии захираҳои об эҳсос мегардад, ки ин ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи истифода ва муҳофизати оби тоза тақозо дорад.
Аз як тараф, аҳолии ҷаҳон босуръат меафзояд ва ҳамзамон талабот ба оби тозаи ошомиданӣ меафзояд, аз тарафи дигар ифлосшавии оби тоза захираи мавҷударо хеле кам мекунад. Ба ин ифлосшавӣ партовҳои саноатӣ ва шуста шудани заминҳои бо нуриҳои минералӣ омехташуда мусоидат мекунанд.
Ҳоло зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашанд. Аз асри ХХ ин ҷониб мушкилоти нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун мушкилоти глобалии замони мо ба ҳисоб меравад.
Об омили муҳими таъмини ҳаёти инсон ҳамчун як намуди биологӣ дар сайёраи мо мебошад - маълум аст, ки одам ҳатто як ҳафта бе оби нӯшокӣ зиндагӣ карда наметавонад. Об омили ҳатмии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад. Захираҳои об инчунин барои истеҳсоли нерӯи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мешаванд, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ. Аксар вақт объектҳои об, масалан дарёҳо ҳамчун роҳҳои наклиётӣ хизмат мекунанд. Истифодаи нооқилонаи захираҳои об ба он оварда расонидааст, ки инсоният ба бӯҳрони ҷиддии ҷаҳонии об дучор шудааст. Имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд[2], зиёда аз 2 миллиард нафар аз оби нӯшокии бо наҷосат олудашуда истифода мебаранд[3], зиёда аз 1,1 миллиард нафар ба системаи самараноки обтаъминкунӣ дастрасӣ надоранд, ки ҳадди ақалл 20 литр оби безарар ба як нафар дар як шабонарузро таъмин намояд[4]. Захирахои об барои истеҳсоли кувваи барқ низ ба таври нокифоя истифода бурда мешавад - дар минтақаҳое, ки барои сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ шароит мавҷуд аст, бештар аз 1,2 миллиард нафар одамон аз норасоии кувваи барқ танқисӣ мекашанд[5].
Барои он ки ҳатто дар вақти хушксолӣ ҳам норасоии об эҳсос нагардад, давлатҳо кӯшиши мекунанд, ки обро дар обанборҳо ва коллекторҳои зеризаминӣ захира кунанд.
Сарфа кардани захираҳои об аз ҳисоби ба кор бурдани усулҳои пурсамари обёрӣ, аз ҷумла бо истифодаи чандкаратаи об, бо роҳи дар саноат истифода бурдани технологияи камталаби об, сарфаи об ҳангми қонеъ намудани эҳтиёҷоти маишӣ ва ғайра сурат мегирад.
Яке аз роҳҳои рафъи норасоии оби тоза, ин соф кардани оби баҳр аст, аммо он хеле гарон меистад. Инчунин лоиҳаҳои кашидани айсбергҳо аз Антарктида барои таъмини об ба минтақаҳои хушк вуҷуд доранд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифода ва муҳофизати об аз он сабаб аҳамияти хоса доранд, ки ҷумҳурӣ, аз як тараф, дорои мавзеи кӯҳистонӣ ва захираи об дар кӯҳҳо мебошад, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ замина фароҳам меорад; аз тарафи дигар, дар вақти ҷамъ овардани об дар обанборҳо мумкин аст, ки он ба манфиатҳои мамлакатҳои поёноб таъсир расонад. Вазъият дар бобати истифода бурдани об барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ қариб ки ҳамин хел аст: ба таври ҳадди аксар истифода бурдани об аз тарафи як давлат боиси норасоии об дар мамлакати дигар ё ба баҳр (кӯл) ҷорӣ нагардидани миқдори дахлдори об мегардад. Мисоли ғамангези баҳри Арал нишон медиҳад, ки беэътиноӣ нисбати ҳифзи табиат ба чӣ гуна оқибатҳои фоҷиавӣ оварда мерасонад. Инкишофи босуръати обёрӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар миёнаҳои асри ХХ бе назардошти ченакҳои экологӣ боиси хушк шудани баҳри Арал гардид; оқибатҳои ин ҳанӯз ҳам аниқ муайян карда нашудаанд.
Бояд гуфт, ки тахминан 55,4% захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, вале меъёри (лимити) истифодаи об барои Тоҷикистон аз ҳавзаи дарёи Амударё ҳамагӣ 15%, аз ҳавзаи дарёи Сирдарё бошад — 7% муқаррар гардидаастp[6,39-40]. Ин нишондиҳанда зарурати ҳамкориҳои дигар давлатҳои ҳавзаи баҳри Аралро бо Тоҷикистон оид ба истифода ва тақсими захираҳои об нишон медиҳад.
Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат дар як солро ташкил диҳанд ҳам, ҳамагӣ 5-6 фоизи онҳо азхуд карда шудаанд[7]. Аз ин рӯ дар кишварамон дар фасли сармо норасоии нерӯи барқ эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, яке аз чор ҳадафи стратегии кишвар ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати захираҳои об тадбирҳои муассир меандешад.
Пеш аз ҳама, қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 55/196, 55-ум сессия аз 20 декабри соли 2000 соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуд. Мақсади асосии чунин иқдом баланд бардоштани иттилоотноки аҳолӣ оид ба муҳим будани оби тоза ва мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар ҳошияи соли байналмилалии оби тоза аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид[8].
Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти захираҳои обии ҷаҳон дар қабули як қатор санадҳои дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Эъломияи Ҳазорсолаи СММ то соли 2015 ва Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 зоҳир гардид.
Яке аз қадамҳои муҳим дар самти ташаккули қоидаҳои танзими байналмилалии ҳуқуқии масъалаи об пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаронидани чорабинии умумиҷаҳонӣ – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» буд, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бо ташаббуси сарвари давлатамон Маҷмаи Умумии СММ 23 декабри соли 2003 қатъномаи 58/217-ро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Дар санади мазкур ду мақсади асосӣ гузошта шуд, ки онҳо аз Эъломияи Ҳазорсолаи СММ бармеоянд ва бояд то соли 2015 амалӣ мегардиданд. Инҳо: 1) то ду баробар коҳиш додани ҳиссаи аҳолии ба оби бехатар дастрасӣ надошта, аз ҷумла бинобар набудани маблағ; 2) қатъ кардани истифодаи нооқилонаи захираҳои об ва таҳияи стратегияи фаъолияти идоракунии об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ, ки ба дастрасии одилона ба об ва таъмини кофии он мусоидат мекунанд.
Дар натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зикр гардид, ки ба шарофати амалҳои ҳамоҳангшудаи давлатҳо дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба оби ошомиданӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд, вале дар масъалаи санитария натиҷаҳои қаноатбахш ба даст наомадаанд.
Пешниҳоди минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бе таваҷҷуҳ ва дастгирӣ намонд. Бо ташаббуси он кас Маҷмаи Умумии СММ бо қатъномаи 65/154 дар ҷаласаи 65-ум аз 20 декабрисоли 2010 соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкориҳои об» эълон намуд. Дар баромади худ дар ҷаласаи пленарии Конфронси СММ оид ба рушди устувор аз 21 июни соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Мо итминон дорем, ки гузаронидани ин соли байналмилалӣ ба таҳкимиякдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар ҳама гуна сатҳҳо, дар сатҳи байналмилалӣ ноил шудан ба мақсадҳо дар соҳаҳои обёрӣ ва санитария, ҳамчунин, нигоҳ доштани захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат мекунад»[9].
Дар доираи чорабинии мазкур 20-22 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки эъломияҳои дар конфронсҳои солҳои 2010 ва 2013 қабулгардида бешак зинаҳои муҳими ҷараёни меъёрэҷодкунии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии об мебошанд ва Эмомалӣ Раҳмонро ташаббускори асосии ин ҳамкориҳо дар соҳаи об гуфтан мумкин аст.
Дар баромади худ дар маросими кушодашавии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соҳаи об аз 20 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Тоҷикистон на як бор бо ташаббус оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи гидроэнергетики ӯ баромадҳо кардааст.
Мо мехоҳем чунин зикр кунем, ки Тоҷикистон на танҳо оид ба азхудкунии муштараки захираҳои гидроэнергетики худ, балки оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби нӯшокии худ пешниҳодҳо кардааст. Дар Паёми худ аз 30 марти соли 2007 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки Тоҷикистон таъсиси Консортсиуми обию энергетики Осиёи Марказиро оид ба истифодаи оби тозаи кӯли Сарезро пешниҳод мекунад[10]. Дар кӯли Сарез тахминан 17 км3 оби тозаи дорои сифати олӣ ҷамъ шудааст. Дар замони камёфтии оби ошомиданӣ қабул намудани чунин пешниҳод мувофиқи мақсад хоҳад буд. Мутаассифона чунин консортсиум ҳоло таъсис дода нашудааст.
Пешниҳоди дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, ки давоми мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ба ҳисоб меравад, аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд. Ин буд ки 21 декабри соли 2016 бе овоздиҳӣ, бо созиши якдилонаи 178 мамлакати ҷаҳон қатъномаи А/RES/71/222 Маҷмаи Умумии СММ - “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ғояи эълон доштани даҳсолаи байналмилалии мазкурро аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар 7-умин Форуми умумиҷаҳонии об (ш. Тегу, Кореяи Ҷанубӣ) пешниҳод карда буданд. Сарвари давлат дар баромадашон қайд намуданд: «… даҳсолаи навбатиро эълон карда, мо амалигардии тадбирҳои дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» пешбинишударо давом медиҳем, онро бо тадбир ва кӯшшҳои нав оид ба ноил гардидан ба Мақсадҳои Рушди Устувор ғанӣ мегардонем…»[11].
Рушди устувор ҷараёни тағйиротҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, ки дар он истифодаи захираҳои табиӣ, рушди имлу техника, рушди шахсият, фаъолияти сармоягузорӣ ва дигар омилҳо бо ҳам дар ҳамоҳангӣ қарор дошта, баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти насли имрӯза, бе расонидани зиён барои насли оянда равона гардидаанд.
Чи тавре, ки В.И. Данилов – Данилян, К.С. Лосев қайд мекунанд, рушди устувор чунин рушде мебошад, ки тамаддуни глобалиро берун аз ҳудуди зичии хоҷагидории биосфера намебарорад[12,158]. Дар ҳолати рушди устувор таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи ҳифзи муҳити зист дода мешавад.
Консепсияи рушди устувор дар Эъломияи Стокголмии принсипҳо аз 16 июни соли 1972 дастгирӣ ёфтааст, ки дар он чунин қайд мегардад: «Захираҳои табиии Замин, аз ҷумла ҳаво, замин, набототу ҳайвонот, хусусан намунаҳои репрезентативии экосистемаи табиӣ бояд бар нафъи наслҳои имрӯзаву оянда бо роҳи банақшагирии амиқ ва идора аз рӯи зарурат ҳифз карда шаванд» (Принсипи 2)[13].
Дар иҷлосияи ҳафтодуми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи A/RES/70/1 - «Таҷдиди ҷаҳони мо: рӯзнома дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» аз 25 сентябри соли 2015 қабул гардид, ки дар он 17 мақсади зерини рушди устувор пешбинӣ карда шудааст:
- Саросар барҳам додани камбизоатӣ дар ҳама шаклҳояш;
- Барҳам додани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳдошти хӯрока ва мусоидат ба рушди устувори хоҷагии қишлоқ;
- Таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба беҳдошт барои ҳама дар ҳама синну сол;
- Таъмини ҳамаҷониба ва аз ҷиҳати адолат босифати таҳсил ва ҳавасмандгардонии имконияти таълим дар тӯли тамоми ҳаёт барои ҳама;
- Таъмини баробарии гендерӣ ва васеъ кардани ҳуқуқу имкониятҳои тамоми занон ва духтарон;
- Таъмини мавҷудият ва истифодаи самараноки захираҳои об ва санитария барои ҳама;
- Таъмини дастрасии умумӣ ба манбаҳои энергияи арзон, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама;
- Мусоидат ба пешравии мутараққӣ, ҳамаҷониба ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурра ва маҳсулӣ, кори арзанда барои ҳама;
- Таъсиси инфрасохтори босубот, мусоидат ба индустрализатсия ва инноватсияи устувор;
- Кам кардани нобаробарӣ дар дохили мамлакат ва байни мамлакатҳо;
- Таъмини озод будан, бехатарӣ, ҳаётан устуворӣ ва устувории экологии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- Таъмини гузариш ба моделҳои самараноки матлубот ва истеҳсолот;
- Қабули тадбирҳои муваққатӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он;
- Муҳофизат ва истифодаи самараноки уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираҳои баҳрӣ бар манфиати рушди устувор;
- Муҳофизат ва барқарор намудани экосистемаи хушкӣ ва мусоидат ба истифодаи самараноки онҳо, ҷангалистифодабарии самаранок, мубориза бо биёбоншавӣ, қатъ кардан ва ба қафо бурдани ҷараёни деградатсияи замин ва қатъ кардани ҷараёни талафёбии гуногунии биологӣ;
- Мусоидат ба таъсиси ҷомеаи сулҳпарвар ва озод бар манфиати рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ барои ҳама ва таъсиси муассисаҳои самарабахш, ҳисоботдиҳанда ва ба иштироки васеъ асосёфта барои ҳама;
- Таҳкими воситаҳои амалигардонӣ ва фаъолнокии кор дар чаҳорчӯбаи Шарикии Глобалӣ бар манфиати рушди устувор.
Аз мақсадҳои рушди устувори зикргардида бармеояд, ки мақсади шашум бевосита ба масъалаи муҳофизат ва истифодаи самараноки захираҳои оби тоза, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшиданӣ ва маишӣ зарур аст, дахл дорад. Аммо барои амалӣ гардидани дигар мақсадҳои рушди устувор низ об нақши муҳим мебозад. Инро дар якчанд мисолҳо дида мебароем:
- истифодаи сарфакоронаву оқилонаи об метавонад боиси азхуд кардани заминҳои нави корам гардида, ба рушди устувори хоҷагии қишлоқ (мақсади 2) мусоидат намояд;
- дар бисёр минтақаҳо норасоии энергия барои истеҳсоли шумораи кофии озуқа монеа эҷод мекунад ва рушди гидроэнергетика метавонад ин монеаро бартараф намуда, барои ноил гардидан ба мақсади 2 кӯмак намояд;
- энергия барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим аҳамияти калон дорад ва дастрасӣ ба манбаҳои энергия омили муайянкунанда ба ҳисоб меравад. Энергияи устувор барои таҳкими иқтисодиёт, муҳофизати экосистема зарур аст. Дар баъзе минтақаҳо, масалан, баъзе мамлакатҳои Осиёи Марказӣ энергия аз захираҳои сӯзишворӣ гирифта мешавад, ки он аз як ҷиҳат гарон афтад, аз тарафи дигар боиси хориҷ гардидани газҳои гулхонагӣ гардида, суръати гармшавии иқлимро метезонад. Аз ин рӯ, азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикӣ боиси истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва нисбатан арзон мегардад. Ин иқдом ба мақсадҳои 7-ум ва 13-уми рушди устувор мувофиқ аст;
- баҳрҳо, кӯлҳои азим барои нигоҳ доштани вазъи мусоиди муҳити зист нақши калон мебозанд. Паст гаштани сатҳи баҳру кӯлҳо на танҳо боиси кам гаштани захираҳои баҳрӣ мегардад, балки ба намакдор шудани обу қуми онҳо оварда расонида, ин намакҳо метавонанд тавассути ҳаво ба дигар минтақаҳо интиқол гарданд ва таъсири манфии худро ба онҷо ҳам расонанд. Бешубҳа зиёни он ба худи маҳалли дар наздикии баҳру кӯл ҷойгирбуда зиёдтар аст. Ин ҳолат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташвишовар аст. Истифодаи нооқилонаи об дар минтақа, яъне истифодаи ҳадди аксари об, бе ба инобат гирифтани манфиатҳои экологӣ ба ҷараёни хушкшавии баҳри Арал шиддат бахшидааст. Дар ҳолати наандешидани тадбирҳои зарурӣ ин ҳолат метавонад хатари обшавии пиряхҳои дар қаламрави Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳо ҷойгирбударо, ки манбаи асосии захираҳои оби минтақа ба ҳисоб мераванд, зиёдтар гардонад. Аз ин рӯ, муҳофизати баҳру кӯлҳо бо роҳи ҷорӣ намудани шумораи кофии заираҳои об ба онҳо истифодаи сарфакорона ва идораи оқиланаи обро тақозо дорад. Ин иқдом баҳри амалишавии мақсадҳои 14-ум ва 15-уми рушди устувор мусоидат хоҳад намуд[14,267-268].
Мақсадҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» тибқи қатънома инҳоянд:
- қабули тадбирҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои мувофиқашуда дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об;
- хотиррасон намудани он ки дар Барномаи Аддис-Абебии амал хусусан таҳия ва татбиқи механизмҳои идораи комплексии таваккали офатҳо дар ҳама сатҳҳо барои солҳои 2015-2030 таъкид гардидааст;
- таваҷҷуҳи зиёд додан ба рушди устувор ва идораи комплексии захираҳои об барои ноил гардидан ба мақсадҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи табиат ва ба амалигардонию тарғиби барномаву лоиҳаҳо, ҳамчунин ба васеъ намудани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат ба амалишавии мақсаду вазифаҳои мувофиқшуда дар сатҳи байналмилалӣ, ки ба об вобастагӣ доранд, аз ҷумла дар Рӯзмарра дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 зикр гардидаанд;
- тарғиби истифодаи самараноки об дар ҳама сатҳҳо, ба назар гифтани баҳамалоқамандии захираҳои об, озуқа, энергетика ва муҳити зист, аз ҷумла ҳангоми амалишавии барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушд;
- таҳия, паҳн кардан, пешкаш кардан ва таҳвил додани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар ба мамлакатҳо рӯ ба инкишоф бо шартҳои мусоиди мувофиқшуда, аз ҷумла бо шартҳои имтиёздор ва преференсиалӣ, фаъолнок кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионӣ ба манфиати рушди устувори захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ[15].
Об барои рушди устувор нигоҳ доштани чунин ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаро дар назар дорад: «экология – энергия - озуқа». Аммо ҳарсе омили номбурда бояд дар тавозун бошанд ва яке аз дигаре набояд бартарӣ дошта бошад.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 22 марти соли 2018 оғоз гардида, 22 марти соли 2028 ба охир мерасад. Сабаби интихоб гардидани 22 март ҳамчун санаи оғози даҳсолаи байналмилалӣ ин аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об пазируфта шудааст.
Даҳсолаи байналмилалӣ ба чунин натиҷаҳо хоҳад овард:
- мусоидат ба ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони дар идоракунии об иштироккунанда дар ҳама сатҳҳо;
- мусоидат ба паҳн кардани дониш, осон кардани дастрасӣ ба ин дониш, инчунин тавлиди иттилооти нав, ки ба масъалаи об ва Ҳадафҳои Рушди Устувор алоқаманд аст;
- мусоидат ба пешбурди истифодаи самараноки об дар ҳама сатҳҳо бо назардошти робитаи байни захираҳои об, ғизо, энергетика ва муҳити зист, аз ҷумла дар татбиқи барномаҳои миллии рушд;
- сохтани шабакаҳо ва мусоидат ба шарикӣ ва фаъолиятҳо дар байни субъектҳои гуногун барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳадафҳои марбут ба об;
- иштироки пурраи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо дар татбиқи Даҳсола[16].
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати идомаи талошҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муколама оид ба масъалаҳои сиёсат, шарикӣ ва амал дар соҳаи об дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, бо дастгирии СММ ва дигар шарикон конфронсҳои сатҳи баланд баргузор менамояд. Силсилаи ин чорабиниҳо “Раванди оби Душанбе”-ро ташкил медиҳанд. Дар доираи ин раванд Якумин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Аввалин Конфронси Душанбе оид ба татбиқи амали Даҳсолаи об) 20-21 июни соли 2018 баргузор гардид. Дар ҷамъбасти конфронс тавсияҳо ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки соли 2018 баргузор гардид, пешниҳод карда шуданд. Эъломияи ниҳоии Конфронси якуми Душанбе тасдиқ кард, ки конфронси навбатӣ бояд ба мавзӯи «Пешбурди амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ» ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсола ва масъалаҳои марбут ба об тамаркуз кунад. Ба далели сар задани пандемияи COVID-19 Конфронси дуюми шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи амали об ба соли 2022 гузаронида шуд.
Инак, Дуюмин конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Пешбурди амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Конфронси дуюми Душанбе аз дувоздаҳ панели мавзӯӣ ва интерактивӣ иборат буд. Панелҳо ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, дигар ҳадафҳои марбут ба об, ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об ва механизмҳои расидан ба онҳо тамаркуз гардиданд. Панелҳо дар якҷоягӣ бо шарикони Раванди оби Душанбе, аз ҷумла кишварҳои узви СММ, муассисаҳо ва барномаҳои СММ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои хусусӣ, инчунин доираҳои илмӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ташкил карда шуданд. Дар панелҳои алоҳида мавзӯҳои гуногуни вобаста ба об баррасӣ гардиданд, аз ҷумла нақши об барои саломатии аҳолӣ, нақши об дар таъмини фаъолияти ҳаёт ва рушди иқтисодӣ, муҳити зист ва баланд бардоштани устуворият дар тағйирёбии иқлим, маориф, технология ва баланд бардоштани дониш ва иттилоотнокии аҳолӣ ва ғайра.
Дар маросими ифтитоҳии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» суханронӣ намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон чунин қайд намуданд: “Итминон дорем, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид”. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ Пешвои миллат бори дигар пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад[17]. Хотиррасон мекунем, ки моҳи марти соли 2021 Пешвои миллат Э. Раҳмон дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим бори аввал чунин пешниҳодро ироа карда буданд.
Итминони комил дорем, ки истифодаи самараноки захираҳои об бо роҳи амалигардонии барномаву лоиҳаҳои дахлдор, васеъ кардани ҳамкорӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба муносибати эҳтиёткорона ва боэҳтиромона намудан бо об барои ноил гардидан ба мақсадҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мусоидат хоҳанд кард.
Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович –
ходими калони илмии шуъбаи
ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
-
Водные ресурсы // Материал из Википедии – свободной энциклопедии [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: https://ru.wikipedia.org/wiki/Водные_ресурсы
-
Вода. ООН [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://www.un.org/ru/sections/issues-depth/water/index.html
-
Питьевая вода [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: https://www.who.int/ru/news-room/fact-sheets/detail/drinking-water
-
Факты о глобальном кризисе питьевой воды [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://naqwa.com/rus/about/articles/drinking-water-crisis/
-
Первый глобальный набор данных о доступе к энергоресурсам, о возобновляемых источниках энергии и энергоэффективности [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://www.vsemirnyjbank.org/ru/news/press-release/2013/05/28/first-set-of-global-data-on-energy-access-renewable-energy-and-energy-efficiency-released
-
К укреплению сотрудничества по рациональному и эффективному использованию водных и энергетических ресурсов Центральной Азии. ¾ Нью-Йорк, 2004. ¾ С. 39–40.
-
Концепция по рациональному использованию и охране водных ресурсов в Республике Таджикистан от 1 декабря 2001 г. [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://www.cawater-info.net/bk/water_law/pdf/waterconcept_tj.pdf
-
Речь Президента Республики Таджикистан Э. Рахмон на Конференции ООН по устойчивому развитию от 21 июня 2012 г. [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: president.tj (Санаи муроҷиат:05.2022)
-
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2007. - Душанбе, 2007.
-
Выступление Президента Таджикистана Эмомали Рахмона на 7 Всемирном водном форуме (г. Тэгу, Республика Корея, 12 апреля 2015 г.еРеРР) [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://www.cawater-info.net/7wwf/statement-tajikistan.htm (санаи муроҷиат: 20.06.2022).
-
Данилов – Данильян В.И., Лосев К.С. Экологический вызов и устойчивое развитие. М., 2000. С. 158.
-
Стокгольмская декларация ООН от 16 июня 1972 г. // Действующее международное право. ¾ Том III / сост. Ю.М. Колосов, Э.С. Кривчикова. ¾ М., 1997.
-
Раҷабов С.А., Ҷабборов Ф.Н. Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об. Монография. Душанбе: Эр-граф, 2018. С. 267-268.
-
Резолюция ООН о Международном десятилетии действий «Вода для устойчивого развития», 2018–2028 годы [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://www.president.tj/ru/node/14109 (санаи муроҷиат: 10.06.2022
-
Международное десятилетие действий «Вода для устойчивого развития», 2018-2028 годы [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: https://www.mewr.tj/?page_id=704 (санаи муроҷиат: 10.06.2022).
-
Э. Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» [Манбаи электронӣ]. ¾ URL: http://prezident.tj/node/28485 (санаи муроҷиат: 19.06.2022).