Ҳуқуқ ҳамчун арзиш ва арзишҳо дар ҳуқуқ: ҷанбаи назарӣ ва ҳуқуқӣ
- Панҷшанбе, Июн 30 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Проблемаҳои арзишҳои ҳуқуқӣ агарчи тӯли даҳсолаҳо дар мадди назари бисёре аз олимони назарияшиноси ҳуқуқ буданд, то имрӯз аҳаммияти худро гум накардаанд. Ин падида комилан табиист, зеро ташаккули арзишҳои ҳуқуқӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ вобаста ба сатҳи рушди иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, ниҳодҳои демократии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин ба муносибати оқилона ва таҳаммулпазирона нисбат ба арзишҳои нави ҳуқуқии демократӣ сурат гирифтааст.
Аммо ташаккули арзишҳои ҳуқуқии демократиро дар шакли афзалиятҳои асосї эълон доштан, самти рафтори намояндагони сиёсии давлат ва шаклҳои татбиқи манфиатҳои қонунии онҳоро муайян мекунад. Дар ин маврид ин дар фаҳмиши ҳамаҷонибаи раванди ташаккули ҳаёти ҳуқуқӣ ва фазои ҳуқуқии ҷомеа ва давлат низ зоҳир мегардад. Аз ин нуқтаи назар дарки фаҳмиши раванди танзими ҳуқуқӣ ва арзёбии он дар низоми умумии арзишҳои ҳуқуқӣ аҳамияти камтар дорад[1,3].
Илми ҳуқуқ, сарфи назар аз мероси бузурги ҳуқуқии худ, то ҳол дар баҳси ҳуқуқ чист ба ақидаи ягона нарасидааст. Бесабаб нест, ки олими машхури немис И. Кант дар вақташ таъкид намуда будааст, ки масъалаи ҳуқуқ чист барои ҳуқуқшинос ба ҳамон андоза мушкил аст, ки барои файласуф масъалаи ҳақиқат чист[2,89]. Дар таърихи афкори ҳуқуқӣ борҳо кӯшиш шудааст, ки мафҳуми ҳуқуқро дар асосҳои гуногун муайян кунанд. Чунончи, дар марҳалаҳои аввали инкишофи ҷомеаи башарӣ ақидаҳои динӣ ва асотирӣ барои дарки мафҳуми ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иродаи қудрати илоҳӣ замина фароҳам оварда буданд. Тасаввуроти динӣ ва асотирии одамони қадим қонуни умумиеро ба вучуд овард. Ба инкишофи минбаъдаи афкори ҳуқуқӣ назариёти файласуфони қадим — Афлотун, Арасту таъсири калон расонд. Онҳо аввалин бор принсипи асосии ҳуқуқ— адолат, зарурати ҳукмронии бо қонунҳо — хаттӣ ва нонавиштаро нишон доданд.
Дар илм ҳуқуқ ба «табиӣ» ва «мусбӣ» ҷудо карда мешавад. Ин фаҳмиши ҳуқуқ ба Афлотун нисбат дорад, ки ӯ табиат, урфу одат ва қонунҳоро аз ҳам фарқ фарқ мекард. Ӯ дар муколамаи «Горгий» таъкид намудааст: «Дар табиат ҳар он чи бадтар аст, нангинтар аст, зишттар аст, масалан, тоб овардан ба беадолатӣ, вале аз рӯи одати муқарраршуда беадолатонатар аст»[3,307]. Бино бар навиштаи Афлотун, «дар аксар маврид онҳо - табиат ва урфу одат ба ҳамдигар мухолифанд»[3,307]. Ба мушоҳидаи файласуф қонунҳоро нотавонҳо муқаррар мекунанд, вале қонунгузорон барои худ ва манфиати худ қонунҳо муқаррар мекунанд[3,307-308]. Мутобиқати қонунҳои ҳуқуқӣ ба ҳуқуқи табиӣ (фитрӣ), татбиқи пайвастаи онҳо боиси пойдории адолат мегардад. Адолате, ки бо ақл дарк мешавад, ба гуфтаи Афлатун, асоси қонун аст.
Арасту муқаррароти Афлотунро тасдиқ намуда, дар асарҳои худ таълимотро дар бораи ду намуди адолат инкишоф медињад: баробар кардани адолат ва тақсимоти адолат. Дар ин ҷо Арасту дар бораи баробарӣ ҳамчун тадбире сухан меронад, ки дар муносибатҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмист ва одилона номида мешавад[4,326]. Арасту нақши асосиро дар раванди ташаккули ҷомеа ва ташаккули шаҳрванди башар ба давлат гузошта, робитаи зичи ғояҳои адолат ва давлатро зикр мекунад: «Мафҳуми адолат бо ғояи давлат алоқаманд аст, зеро қонуне, ки ҳамчун меъёри адолат хизмат мекунад, меъёри танзимкунандаи муоширати сиёсӣ мебошад»[4,380].
Ҳуқуқшиносони муосир монанди мутафаккирони даврони гузашта байни қонунҳои нонавишта (табиӣ) ва ҳуқуқи хаттӣ (навишта) фарқ мегузоранд. «Вазифаи асосии ҳуқуқи навишта, — зикр менамояд мутафаккири барҷастаи рус И.А. Илин, - иборат аст аз гирифтани мазмуни ҳуқуқи фитрии як қатор қоидаҳои рафтори беруна, ки ба шароити зиндагии ин ё он ва ба талаботи замони муайян мутобиқ шудаанд. Ба ин қоидаҳо шакли мушорикати шифоҳӣ дода мешаванд ва минбаъд, ба шуур ва иродаи мардум ҳамчун як амри ҳатмии бонуфуз ворид мешавад... Ҳуқуқи навишта шакли ба мақсад мувофиқи риояи ҳуқуқи фитрӣ мебошад»[5,58].
Моҳияти ҳуқуқро муҳаққиқоне, ки ҷаҳонбинии гуногун доранд, ба таври гуногун тафсир мекунанд. Дар илмҳои муосири ҷомеашиносӣ фарқ кардани ҳуқуқ аз рӯи равишҳои синфӣ ва ғайрисинфӣ одат шудааст. Дар фалсафаи иҷтимоӣ мавқеи устуворро тафсири классикии марксистии ҳуқуқ ишғол мекунад, ки мувофиқи он хоҳиши синфи ҳукмрон нисбат ба қонун афзалият дода мешавад. Зимнан, дар ду даҳсолаи охир муносибати ғайрисинфӣ ба ҳуқуқ хеле зиёд эълон мешавад, аммо ҷонибдорони ин равиш на бо асосҳои мантиқӣ ва на таърихӣ аҳамияте надоданд. Агар дар таърихи ин ё он халқ дар кадом давру замон иродаи иштирокчиёни муносибатҳои танзимшавандаро ҳамоҳанг созад, он гоҳ давлат ба вуҷуд намеомад, қонуни хаттӣ, суд, зиндон ва ғайра лозим намешуд. “Замимаҳои давлат”, дар ҳама ҷо ва ҳамарӯза нодида гирифтани “афзалиятҳо ва арзишҳои шахсият” мебошад.
Инкишофи минбаъдаи назарияи ҳуқуқ дар доираи консепсияҳои позитивистӣ, психологӣ, фитрӣ (табиӣ), таърихӣ, сотсиологӣ, ҳуқуқи либертарӣ боиси ташаккули шаклҳои тамоман дигар ва бевосита ба ҳам мухолифи фаҳмиши ҳуқуқ гардид[5,58].
Дар забони тоҷикӣ вожаҳои арабии «ҳуқуқ», «ҳақиқат», «адолат» як реша дошта, бо ҳам пайвандии зич доранд. Мафҳуми «адолат» аз ҷиҳати маъно ва шакл бо мафҳуми «ҳуқуқ» наздик аст. Кодекси қонунгузории Юстиниан бо таърифи мафҳуми «ҳуқуқ» оғоз меёбад: «Таҳқиқгари ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, дарк намояд, ки калимаи «ҳуқуқ» - (ius) аз куҷо пайдо шудааст. Ҳуқуқ номи худро аз "ҳақиқат, адолат" (iustitia) гирифтааст, зеро тибқи таърифи Селсус, ҳуқуқ илм оид ба некӣ ва одилӣ аст. Яке аз аввалин муҳаққиқони ҳуқуқ Улпиён, ки дар асрҳои II-III умр ба сар бурдааст, принсипҳои асосии ҳуқуқро дар се муқаррароти мухтасар муайян кардааст: поквиҷдонона зистан, ба каси дигар зарар нарасондан, ба ҳар кас чизеро, ки ба ӯ тааллуқ дорад, баргардонидан.
Истилоҳи "ҳуқуқ" дар якчанд маъноҳои семантикӣ истифода мешавад:
1) меъёрҳои ҳуқуқӣ (ҳуқуқӣ, аз лотинии juris — ҳуқуқ);
2) қобилияти амал кардан бо тарзи муайян;
3) ҳуқуқи табиӣ (ба инсон аз вақти таваллудаш дода шудааст: ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, ҳуқуқи доштани моликият ва ғайра, ки онро касе гирифта наметавонад).
4) меъёру принсипҳои олие, ки аз давлат вобаста нестанд: адолат, ҳақиқат (аз ин ҷост ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии қадим— «Русский правда» дар давлати кадими Рус; «Ҳақиқати салиҷӣ» дар байни франкҳо ва ғайраҳо).
Барои дуруст фаҳмидани ҳуқуқ бояд хусусиятҳои муҳимтарини он низ муайян карда шаванд:
1) он хусусияти низомӣ дошта, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расман ифода ёфтааст;
2) дар асоси принсипҳои адолат ва арзишҳои муҳтарам дар ҷомеа асос ёфтааст;
3) бо давлат алоқаманд мебошанд (қоидаҳои дар ҷомеа таҳияшаванда аз ҷониби давлат иҷозат дода мешаванд);
4) он хусусияти умумиҳатмӣ дошта, барои вайрон карданаш ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад.
Д.Ю. Шапсугов таърифи универсалии ҳуқуқро ҳамчун чораҳои озодӣ, адолат, баробарӣ ва ҷавобгарии субъектҳои ҷамъиятӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо, ки мазмун ва шакли онро таърихан бо сатҳи объективии ба даст омадаи рушди иҷтимоию фарҳангӣ муайян мекунад, мураттаб кардааст[6].
Баррасии хосиятҳои асосӣ ва мундариҷавии ҳуқуқ ба мо имкон медиҳад, ки ба хулосаи зерин биёем. Ҳуқуқ, ки низоми мураккаби муносибатҳо ва институтҳои ҷомеаи башарӣ мебошад, дар ибтидо ба ҳуқуқи табиӣ, ба принсипҳо ва арзишҳои маънавӣ, ба анъанаи тамаддунҳо ва ифодаи хоси ахлоқӣ асос ёфтааст. Имрӯз, дар асри ХХI ҳуқуқ аз пояҳои маънавию ахлоқии худ ба андозае дур шудааст.
Бозгашт ба пайдоиши табиии худ, муроҷиат ба хотираи таърихии ахлоқии худ ба эҳёи ҳуқуқи фитрӣ, иҷрои вазифаҳои аз ҷиҳати ахлоқӣ ва иҷтимоӣ танзимкунанда ва тарбиявӣ, ба рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи ҷомеаи инсонӣ ва тамоми аъзои он мусоидат мекунад. Чунин бозгашти ҳуқуқ ба сарчашмаҳои маънавию ахлоқӣ ва таҷассуми зиндаи ҳуқуқ барои давлатдории Тоҷикистони муосир, тамоми сохторҳо ва ниҳодҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ махсусан муҳим аст.
Мафҳуми ҳуқуқ ҳамчун меъёри озодӣ, адолат, баробарӣ ва масъулияти субъектҳо равшан ва фаҳмост. Ин имкон медиҳад, ки зиндагии мо беҳтар гардад, дар қонунгузорӣ ва дар амалия татбиқ намудани он принсипҳои ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шаванд ва ба ҳуқуқ ҳамчун яке аз арзишҳои олии иҷтимоӣ баҳо дода шавад.
Зоҳиран муаллифон бар он назаранд, ки маънидоди ҳастии инсон дар ҷаҳон аз ин ё он арзишҳои муайян иборат аст. Арзиш ҳамчун категорияи фалсафӣ чунин маънӣ карда мешавад: чизе, ки барои шахс ва зеҳни мардум аҳамияти хоса дошта, ба хатори он ҳаёт ба сар мебарад, чизе, ки инсон ба хотири худаш мехоҳад, на ба хотири дигар чиз. Арзиш худ ба худ ҳамчун ҳадаф амал мекунад ва инсон саъйу кӯшиш ба хотири худи он мекунад, на ба хотири манфиати моддӣ ё лаззати нафсонӣ.
Арзиш, чунон ки ҷомеашиносон мегӯянд, «маҳли бадастомада, мафҳуми умумӣ ва устувори аз таҷриба омӯхташуда, ки матлуб аст; ин тамоюл ва меъёри гузоштани ҳадаф мебошад»[7,329]. Низоми арзишҳо ба муносибати аввалиндараҷаи шахс бо воқеият - ниёзҳое, ки дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ мешаванд, асос ёфтааст. Дар натиҷа он падидаҳои воқеияти объективие, ки қобилияти қонеъ гардонидани талаботи муайяни субъективии шахсро доранд, барои мавҷудият ва инкишофи он зарур ва муфид мебошанд, аз ҷониби ҳуқуқ эътироф гардида, таъмин ва кафолат дода мешаванд.
Таърифи арзиш мисли таърифи ҳақиқат қадимист. Ҳам категорияи «арзиш» ва ҳам категорияи «ҳақиқат» дар замони қадим ташаккул ёфтаанд. Мавқеъҳои муҳаққиқони ҳуқуқшиноси қадим оид ба алоқаи ногусастании ҳуқуқ ва адолат, ҳуқуқ ва некӣ аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд. Арасту чунин меҳисобад, ки ҳуқуқ бояд ҳамчун «меъёри адолат» хизмат кунад. Аммо дар он замон ҳақиқат ва арзиш қариб ҳамчун муродиф истифода мешуд, яъне арзиш ҳамчун як навъи ҳақиқат дарк ва ё бо он монанд карда мешуд[8].
Ҳамзамонони мо арзишҳоро чунин тавсиф мекунанд: 1) маҷмӯи махсуси маъноҳое, ки хосиятҳои моддию объективии падидаҳоро муайян мекунанд ва дар айни замон муносибати амалӣ ва эмотсионалии шахсро нисбат ба онҳо ифода менамоянд[9,10]; 2) муносибатҳои арзишӣ, ки «тавассути алоқаи муносибатҳои субъектӣ-объектӣ» ҳамчун «тавсифоти хоси фалсафӣ ва воқеан фалсафии рафтор ва фаъолияти одамон» ба вуҷуд меояд[10,51]; 3) идеале, ки аз чизи додашуда болотар ва бартарӣ дорад, ки ба мо имкон медињад, ки на танҳо фардият, инчунин мавҷудияти арзишҳоро низ фаҳмем[11]; 4) ҳодисаҳои воқеӣ (фактҳои олами идеалӣ ва моддӣ), ки барои ҷамъият, гуруҳҳо ё шахсони алоҳида ин ё он маъно доранд[12,20].
Бо вуҷуди хеле дер ташаккул ёфтани худи мафҳуми «арзиш» падидаи аҳамият ва баҳодиҳӣ ба он дар фалсафа аз замони ташаккулёбиаш вуҷуд дорад. Дар пажӯҳишҳои фалсафии ҷаҳонии давраҳои гуногун (Давраҳои қадим, Асрҳои миёна, Эҳё, Маърифат) ҷаҳонбинии арзишӣ дар заминаи таҳияи масъалаҳои ахлоқию эстетикӣ ташаккул ёфта, тавассути он роҳнамоҳои маънавии ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ муайян карда шудаанд[13,9]. Дар фалсафаи қадим масъалаи арзишҳо бевосита ба сохтори масъалаи ҳастӣ дохил мешуд: пуррагии ҳастӣ ҳамчун арзиши мутлақ барои инсон фаҳмида мешуд, ки идеалҳои ахлоқӣ ва эстетикиро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки омӯзиши проблемаи арзишҳо дар фаҳмишҳои илмӣ дар фалсафа анъанаи қадим дорад, аммо бояд эътироф кард, ки то ҳол таърифи ниҳоии арзиш вуҷуд надорад. Ин ногузир ба он оварда мерасонад, ки дар таълифоти илмӣ мо бо тафсири аз ҳад зиёди густурдаи арзиш, то муайян кардани натиҷаи ҳар амали муҳокима бо арзёбии арзиш рӯ ба рӯ мешавем.
Доктринаи муфассал оид ба арзишҳоро бори аввал дар солҳои 60-уми асри ХIХ файласуфи немис Р.Г. Лотзе дар рисолаи «Асосҳои фалсафаи амалӣ» дода буд. Маҳз ӯ муҳим будани (маъноро) ҳамчун меъёри арзиш ҷудо кардааст. Баъдтар, дар соли 1902 файласуфи фаронсавӣ П. Лапи барои муайян кардани соҳаи проблемаҳои фалсафии марбут ба арзиш мафҳуми «аксиология»-ро (аз юнонӣ axia — арзиш ва logos — таълим) ворид кард ва пас аз ду сол Э. фон Ҳартман аксиологияро ҳамчун яке аз ҷузъҳои низоми фанҳои фалсафӣ, ки дар таърихи он се давра ҷудо карда мешавад: токлассикӣ (1860-1980), классикӣ (1890-1920), постклассикӣ (аз солҳои 1930 то имрӯз), пешниҳод намуд[12,20].
Тибқи таърифи «Энсиклопедияи фалсафӣ», арзиш «мафҳумест, ки аввалан, аҳаммияти мусбат ё манфии предметро бар хилофи хусусиятҳои мавҷудият ва сифатии арзиши он (арзишҳои объективӣ) ифода мекунад ва дуюм, маънои тарафи меъёрӣ, дастурӣ - баҳодиҳии падидаҳои шуури ҷамъиятиро дорад (арзишҳои субъективӣ)[14,462]. Энсиклопедияи фалсафӣ ба арзишҳои предметӣ чунин ишора мекунад: некуву бадии табиӣ, ки дар сарватҳои табиӣ ва офатҳои табиӣ мавҷуданд; арзиши истифодаи маҳсулоти меҳнат (умуман фоида); некӣ ва бадии иҷтимоӣ, ки дар падидаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд; аҳаммияти прогрессивӣ ё реаксионии воқеаҳои таърихӣ; мероси фарҳангии замони гузашта, ки ҳамчун объекти сарвати муосирон дониста мешаванд; маънои ҳақиқати илмӣ; некиву бадии ахлоқӣ, ки дар кирдори одамон таҷассум ёфтааст; хусусиятҳои эстетикии объектҳои табиию ҷамъиятӣ ва асарҳои санъат. Арзишҳои субъективӣ: муносибатҳои ҷамъиятӣ, амрҳо ва мамнуъиятҳо, ҳадафҳо ва лоиҳаҳое, ки дар шакли ақидаҳои меъёрӣ ифода шудаанд (дар бораи неку бад, адолат, зебоӣ ва зишт, дар бораи маънои таърих ва ҳадафи инсон; идеалҳо, меъёрҳо, принсипҳои амал)[15]. Бояд қайд кард, ки арзишҳои субъективӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ зоҳир мешаванд, ҳатто агар онҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ҷудо карда нашаванд ҳам, дар ҳар ҷомеа арзишҳои ҳукмрон ё бартарӣ дошта вуҷуд доранд. Шахс метавонад қобилияти интихоби низоми инфиродии арзишҳоеро дошта бошад, ки барои ӯ бартарӣ дорад, аммо агар онҳо ба некӯаҳволии умумӣ мухолифат кунанд, пас натиҷааш танқиди ҷамъият хоҳад буд.
Муносибати арзишӣ ба ҳуқуқ дар консепсияҳои хеле гуногуни тафаккури ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Аз нигоҳи таърихӣ самти аввал ва асосии ҳуқуқшиносии позитивистӣ равиши легалистӣ ба фаҳмиши ҳуқуқ мебошад, ки дар он ҳуқуқ бо қонун ҳаммонанд мешавад, яъне бо қоидаи умумии ҳатмии рафторе, ки аз тарафи ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда шудааст ва бо фишори сиёсӣ ва зӯрӣ таъмин карда мешавад. Дар доираи аксиологияи ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқ ва қонун муайян карда шуда, муайянкунии объективии ҳуқуқ инкор карда мешавад. Аз ин лиҳоз, меъёри фарқ кардани ҳуқуқ аз худсарӣ «норавшан» гардида, таҳлили баҳои воқеии ҳуқуқӣ ва арзиши ҳуқуқии қонун мушкил мегардад. “Арзиш”-и легистии қонун (ҳуқуқи позитивӣ (мусбӣ)) хусусияти ҳатмии расмии он, ҳукмдории императивӣ, на эътибори умумибашарӣ дар ягон заминаи ҳуқуқии объективӣ (на ваколатдор) мебошад[16,].
Дар доираи аксиологияи легализм назарияи Келсен таваҷҷӯҳи хоса дорад, ки мувофиқи он ҳуқуқ танҳо ҳамчун фармон, ҳамчун меъёр арзиш дорад. Ба ин маънӣ ҳуқуқро ҳамчун шакли ӯҳдадорӣ тавсиф мекунад. «Гуфтан мумкин нест, чунон ки аксар вақт иҷро мешавад, - таъкид мекунад Келсен, - ҳуқуқ на танҳо меъёр (ё фармон) аст, балки он арзишро низ ташкил медиҳад ё ифода мекунад (чунин изҳорот танҳо дар бораи фарзияи мутлақ маъно дорад). Баъд аз ҳама, ҳуқуқ барои он арзиш дорад, ки он меъёр аст...»[17]. Мувофиқи муносибати прагматикӣ ба ҳуқуқ, арзишҳои ҳуқуқӣ бо арзишҳои сиёсӣ робитаи ногусастанӣ доранд ва арзиши асосии ҳуқуқ, пеш аз ҳама, дар қобилияти мутобиқат кардан ба воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳамчун воситаи расидан ба максадхои сиёсӣ хизмат мекунад.
Камбудии назарраси легистӣ аз мавзӯъи он хориҷ кардани хусусиятҳои муҳим ва арзишҳои ҳуқуқ мебошад. Ҷомеашиноси маъруфи ҳуқуқ Ж. Гуревич зикр кардааст: «Декрети Калигула, ки аспашро сенатори рим таъин кардааст, аз рӯи ин консепсия аз ягон падидаи ҳуқуқии дигар фарқ карда намешавад»[18,326]. Ҳамин тариқ, дар доираи тафсири легистии ҳуқуқ, аслан дар бораи баҳодиҳии воқеии ҳуқуқӣ ва арзиши ҳуқуқии қонун объективона сухан рондан ғайриимкон аст.
Навъи ғайрипозитивии фаҳмиши ҳуқуқиро равиши ҳуқуқи табиӣ ифода мекунад. Тарафдорони консепсияи ҳуқуқи табиӣ чунин мешуморанд, ки арзиши ҳуқуқ дар имкони «фаҳмидани ҳуқуқ ҳамчун принсипи маънавие, ки одамонро тавассути тафаккури онҳо бо меъёрҳои оқилона идора мекунад»[19,27]. Яъне арзишҳои ҳуқуқиро танҳо тавассути донистани ахлоқ ва муносибати байниҳамдигарии онҳо метавон дарк кард, ки тавассути он мақсади ҳуқуқ ҳамчун озодии воқеии инсон ошкор мегардад.
Барои равиши ҳуқуқи табиӣ меъёри арзёбии ҳуқуқи навишта на дарки назарии моҳияти ҳуқуқ, балки ҳуқуқи табиӣ мебошад, ки ҳам ба сифати идеал ва ҳамчун ҳуқуқи воқеан амалкунанда вуҷуд дорад, ки қонунгузории амалкунанда бояд ба он мутобиқ бошад. «Дар иуснатурализм, — зикр мекунад В. Нерсесянс, - мафҳуми қонуни ҳуқуқӣ вуҷуд надорад, яъне ҳуқуқи навиштае, ки моҳияти ҳуқуқи табииро таҷассум мекунад, моҳияти ҳуқуқи табиӣ аллакай дар падидаи ҳуқуқи табиӣ таҷассум ёфтааст, бинобар ин моҳият ва падида ин ҷо як навъи ягонагии вайроннашавандаи ҳуқуқи табиӣ, як комилро — дар шакли як ё дигар мавқеи ҳуқуқи табиӣ (талаби муайян, принсип, маҷмӯъ, ҳуқуқҳои табиӣ ва ғайра)-ро ташкил медиҳад»[20,22-23]. Дар баробари ин, шоистагии бешубҳаи намояндагони равиши ҳуқуқи табиӣ бояд аз он иборат бошад, ки маҳз иуснатурализм як навъ такони омӯзиши проблемаи арзишҳои ҳуқуқӣ буд, зеро дар доираи назарияҳои он проблемаҳои арзиши ҳуқуқ, ақидаҳои озодӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи одамон, табиати адолати ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои фитрӣ ва ҷудонашавандаи инсон ва ғайра мураттаб ва инкишоф ёфтанд.
Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ дар доираи консепсияи либертарии тафаккури ҳуқуқӣ, ки ба тафсири ҳуқуқ ҳамчун шакли универсалӣ ва андозаи баробарҳуқуқии озодии шахсони алоҳида асос ёфтааст, рушди устувортарин пайдо кардааст. Моҳияти ин навъи фаҳмиши ҳуқуқӣ тафовути байни ҳуқуқ ва қонун ва шарҳи ҳуқуқро ҳамчун шакли универсалӣ ва андозаи баробари озодии шахсон ташкил мекунад[21]. Арзиши ҳуқуқ, тибқи аксиологияи ҳуқуқии либертарӣ, дар он аст, ки ҳуқуқ шакли универсалӣ, зарурӣ ва ҳатмии ифодаи арзишҳои фундаменталии инсонӣ, ба мисли баробарӣ, озодӣ ва адолат мебошад. Ҳуқуқ дар ҷанбаи аксиологии худ на ҳамчун барандаи ғайрирасмии арзишҳои омехтаи маънавию ҳуқуқӣ, ки барои муносибати табиии ҳуқуқӣ хос аст, балки ҳамчун шакли қатъии муайяншудаи арзишҳои ҳуқуқӣ, ӯҳдадории ҳуқуқӣ, ки аз дигар шаклҳои ӯҳдадорӣ фарқ мекунад, амал мекунад. Ин мафҳуми тафсири ҳуқуқӣ (расмӣ-ҳуқуқӣ) арзишҳои асосии мавҷудияти инсон (баробарӣ, озодӣ, адолат) ҳамчун лаҳзаҳои шакли ҳуқуқии ӯҳдадорӣ мақоми арзишии ҳуқуқро (доира, таркиб, иқтидори ҳуқуқ ҳамчун арзиш, хусусиятҳои ҳуқуқ ҳамчун ӯҳдадории ба арзиш вобаста дар низоми умумии арзишҳо ва шаклҳои ӯҳдадорӣ ва ғайра). Аз ин мавқеъҳои арзишҳои ҳуқуқ, арзиши ҳамаи падидаҳоро метавон ва бояд дар ҳуқуқи мувофиқ ва дахлдор (ҳуқуқ аз рӯи асос, ҳамчун мақсад, ҳамчун асоси талабот, сарчашмаи ақидаҳо ва мафҳумҳои ҳуқуқӣ) муайян кард, ки — дар доираи аксиологияи ҳуқуқӣ (бо назардошти мушаххасоти мавзӯъ, соҳа ва вазифаҳои он) —қонун (ҳуқуқи позитивӣ) ва давлат бо тамоми зуҳуроту андозаҳои воқеии худ, бо тамоми мавҷудияти воқеии худ, инчунин рафтори аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳими тамоми субъектҳои ҳуқуқро ташкил медиҳад[22].
Дар ҷабҳаҳои иҷтимоию ҳуқуқии дарки арзишҳои ҳуқуқӣ гуфта мешавад, ки «на ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва дигар ақидаҳо, назарҳо ва эҳсосот... ба фаъолияти одамон бевосита таъсири худро мерасонанд, балки моҳияти онҳо»[23,257]. Ҳамин тариқ, моҳияти арзишҳои ҳуқуқиро танҳо тавассути таҳлили вобастагии диалектикӣ ва вобастагии омилҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ донистан мумкин аст.
Аз ин рӯ, ҳуқуқ ҳамчун арзишҳое зуҳур мекунад, ки субъект онро ба қадри имкон аз худ меомӯзад ва аз худ мекунад. Тамоюлҳои арзишӣ шахсро ба муҳити далелҳои ҳуқуқӣ равона карда, ба фаъолияти маърифатии ӯ оғоз мебахшад. Ҳангоми таҳияи проблемаҳои аксиологияи ҳуқуқӣ тамоми равишҳои методологиро дар ин масъала ба назар гирифтан муҳим аст. Дар нимаи дуюми асри ХХ давраи тафаккури «ғайриклассикӣ» ба охир расид, ки дар ибтидои аср ҷои «тафаккури классикиро», ки даҳсолаҳои зиёд ҳукмрон буд, иваз кард. Парадигмаи нави гносеологӣ ба синтези ҳарду дастури методологӣ - ғайриклассикӣ ва классикӣ асос ёфтааст. Ин парадигма дар зери таъсири бозёфтҳои соҳаи кибернетика, назарияи информатсия, назарияи низомҳо ва синергетика ташаккул ёфтааст. Охирин ба равандҳои рушди иҷтимоӣ, татбиқ намудани принципњои низомиро ба зимма гирифта, инчунин фаҳмиши нави созгорӣ ва бесарусомониро асоснок мекунад[24,5].
Ҳуқуқи табиӣ ба дарки арзишҳои олии умумибашарии инсоният табдил меёбад: озодӣ, адолат, баробарӣ, ки дар иддаои инсон ба ҳуқуқ ва озодиҳо ифода ёфтаанд. Яке аз аввалин шахсоне, ки ин арзишҳоро амалӣ намуд, И. Кант буд. Ба ақида ӯ фаҳмиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун ба се принсипи асосӣ асос ёфтааст: 1) озодии ҳар як узви ҷомеа ҳамчун шахсият; 2) баробарии ӯ бо ҳамдигар ҳамчун субъект; 3) истиқлоли ҳар як узви ҷамъият ҳамчун шаҳрванд[25,283].
Маънии озодӣ, ба кавли И. Кант, дар он аст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад андоза ва роҳҳои хушбахтии худро муайян кунад. И. Кант ахлоқро ҳамчун илме мефаҳмад, ки он таълим медиҳад, ки мо набояд чӣ гуна хушбахт бошем, балки чӣ тавр сазовори хушбахтӣ гардем[25,251]. Дар навбати худ, имкониятҳои хушбахт будан аз сифатҳои шахс буда, қобилияти ҳамоҳанг кардани ҳадафҳои худ бо ақидаи умумибашарӣ (ҳам барои табиат ва ҳам аз рӯи иродаи озод), қонунгузорӣ, яъне ахлоқ аст. Хушбахтӣ расидан ба ҳадафҳое мебошад, ки асоси ҳаёти инсонро ташкил медиҳад. Мутаносибан, арзиши амал ва падидаи воқеиятро ӯ аз он ҷиҳат баррасӣ мекунад, ки то кадом андоза ба хушбахтӣ мусоидат менамояд. Афзалияти як ҳолати муайянкунандаи иродаи дигар маҳз иродаи холиси озодист. Арзиши баландтарин (неъмат) он ҳолате мебошад, ки дар он ҳангоми бархӯрди ин ё он ҳадафҳои муайяни шахсӣ бо қонуни ахлоқии қарз, афзалият ба қарз дода мешавад. «Хушбахтӣ ҳамаи он чизеро (ва танҳо он чизеро) дар бар мегирад, ки табиат ба мо додааст; ва фазилат он чизест, ки танҳо худи инсон метавонад ба худ диҳад ё аз худ дур кунад[25,263].
Баробарӣ бо ақидаи И. Кант аз мавқеъи таалуқ доштани мардум ба давлат баррасӣ мешавад. Ба ин маъно баробарии онҳо ҳамчун баробарии субъектҳои давлат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ имконпазир аст. Аз ин ғояи баробарии одамон дар дохили ҷомеа ҳамчун субъектҳо усули зерин бармеояд: ҳар як узви ҷомеа бояд имконият дошта бошад, ки дар он ҳар як қадами ин ё он ҳолати (дастрас ба субъект), ки ӯ қодир аст, ба шарофати истеъдод, меҳнатдӯстӣ ва бахти худ ноил шавад; ҳама субъектҳои дигар набояд бо имтиёзҳои ирсии худ (ҳамчун имтиёзҳои як табақаи муайян) дар муқобили ӯ қарор гиранд, то ки ӯ ва насли ӯро ҳамеша дар сатҳи поёнтар нигоҳ доранд[25,289-291].
Истиқлоли ҳар як узви ҷомеа ҳамчун шаҳрванд ба ҷуз ҳуқуқи овоздиҳии дар қонунгузорӣ чизе дигаре нест. Мутаносибан ҳуқуқи муқаррар намудани қонунҳоро, ки дар онҳо ӯар кас бояд дар байни худ баробар ҳисоб карда шавад, принципи иродаи умумӣ (оммавӣ) амал мекунад, вақте ки ҳама мутаносибан ҳамаро хал мекунад, яъне хар кас мутаносибан бораи худаш. Ҳар касе, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад, шаҳрванд аст.
«Моҳияти ҳуқуқ» ҳуқуқи мусбӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои ҳуқуқ (санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ) ифода ёфтааст. Меъёрҳои ҳуқуқӣ маънои арзишҳоро пайдо карда, объекти арзёбӣ мегарданд, зеро рафтори бошуурона - ихтиёрии шахс ба ин ё он дараҷа аз амали меъёрҳои иҷтимоии омӯхта ва арзёбишуда ба вуҷуд меояд. Худи арзиш, чунон ки А. В. Белинков таъкид мекунад, воқеъӣ будани меъёри ҳуқуқиро пешакӣ муайян мекунад, амал ё беамалии онро иҷозат медихад, воқеияти ҳаёт, мавҷудият ва таърифи меъёрро ба ҳам мепайвандад ва ё ҷудо мекунад[26,174].
Ҳамин тариқ, зуҳуроти асосии арзиши ҳуқуқро метавон чунин муайян кард:
1) арзиши ҳуқуқ дар он аст, ки вай ҳамчун омили тавонои пешрафти таърихӣ амал мекунад, зеро он дорои арзишҳои мутлақест, ки ҳамчун дастур барои рушд хидмат мекунанд;
2) арзиши ҳуқуқ бо он муайян карда мешавад, ки вай ифодаи ғояи адолат ва баробарӣ, мизони озодии шахс мебошад;
3) ҳуқуқ ҳамчун арзиш дар таҳқиқоти назарии муосир ҳамчун дастур, воситаи ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа - иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ дида мешавад. Вай ҳамчун воситаи тавонои идораи давлатӣ амал карда, тамоми муносибатҳои имконпазири ҷамъиятиро ба тартиб медарорад;
4) ҳуқуқ дорои арзиши хоси худ буда, маҷмӯаи асосҳои бунёдии ҷамъияти мутамаддинро таҷассум мекунад, ба худсарӣ муқобил мебарояд, чорчуби қатъии кирдору амалро муқаррар меунад. Афзалияти ҳуқуқ, принсипҳои ҳуқуқӣ дар ташкили ҷомеа, дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, дар ҳаёт афзалияти ахлоқи баланд, адолат, муташаккилии заруриро дар ягонагӣ ифода намуда, аз фарҳанги баланди умумӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва аъзои он шаҳодат медиҳад.
Ба андешаи мо, аз меъёри эътирофшудаи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ чунин бармеояд, ки дигар арзишҳо низ ба андозае, ки дар сирати ҳуқуқӣ зоҳир мешаванд, аз ҷониби Конститутсия низ ҳифз шудаанд. Конститутсия ба маънои муайян ифодакунандаи арзишҳои асосии ҳуқуқӣ, аз қабили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон; волоияти қонун, адолат ва баробарӣ; давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ; тақсимоти ҳокимият, парламентаризм мебошад.
Дар баробари ин метавон гуфт, ки мувофиқи қисми 3 моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки дар як вақт ду шарт мавҷуд бошад: 1) агар ҷузъҳои асосии тартиботи давлатӣ ва ҷамъиятии дар боло номбаршуда таҳти таҳдид бошанд; 2) агар ҳифзи ин арзишҳо ба ғайр аз маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайяни шаҳрвандон ва танҳо он ҳуқуқҳое, ки татбиқи онҳо бо ба вуҷуд омадани таҳдид ба арзишҳои асосии зикршуда алоқаманд бошад, бо роҳи дигаре имконнопазир бошад.
Ҳамин тариқ, дар доираи равиши арзишӣ сохти муайяни арзишҳои ҳуқуқиро ҷудо кардан мумкин аст: «арзишҳои мутлақ» – озодӣ, адолат, баробарӣ, демократия, қонун ва тартибот; «арзишҳои асосӣ (олӣ)», яъне шахс ва он арзишҳое, ки бо ӯ зич алоқаманданд ва ё ҳуқуқҳое, ки аз ӯ ҷудонашаванда (ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф) мебошанд; «арзишҳои махсус», ки аксаран бо ҳуқуқҳои ӯ вобаста мебошанд, амният, моликияти хусусӣ, озодии эътиқод ва ғ.
Илова бар ин, арзишҳои ҳуқуқиро метавон ҳамчун принсипҳои арзишӣ, асосҳои роҳбарикунанда, моделҳои дорои хусусияти умумӣ ва махсус донист, ки меъёри асосии баҳодиҳии падидаҳои ҳуқуқӣ ба мутобиқати онҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Арзиши қоидаҳо, ки дар шароити муайян иҷозат ё талаби содир кардан ё худдорӣ аз содир намудани кирдори қонунӣ ё ғайриқонунӣ, ки дар кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд, иборат мебошанд. Арзиши расмиятҳо усул ва тартиби расман муқарраршудаи амалҳоро дар раванди ташаккули муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар қоидаҳое пешбинӣ шудаанд ва доираи шахсон ва намудҳои муносибатҳои танзимшавандаро ҷудо мекунанд, ифода меёбад.
Дар баробари ин, ба арзишҳои асосӣ ва бунёдии ҳуқуқӣ инҳо дохил мешаванд: арзишҳои конститутсионӣ, арзишҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, арзишҳои шаҳрвандии ҳуқуқӣ ва арзишҳои меҳнатӣ. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки арзишҳои ҳуқуқиро ба навъҳои зерин тасниф кардан мумкин аст: арзишҳое, ки ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон (ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ва ғайра) нигаронида шудаанд.); арзишҳое, ки аз моҳияти гуманистии ҳуқуқ бармеоянд (инсонпарварӣ, озодӣ, баробарӣ); арзишҳое, ки аз моҳияти меъёрию ҳуқуқӣ бармеоянд (қонуният ва ғ.); арзишҳое, ки аз моҳияти ҳуқуқ ҳамчун меъёри озодии инсон бармеоянд (дар раванди ҳаёти ҷомеа, низоми қоидаҳои зарурии ҷомеаро, ки рафтори имконпазир ва ё дилхоҳи иҷтимоиро, яъне меъёрҳои рафтори қонунӣ, ғайриқонунӣ ва ғайриодилонаро таҳия менамояд); арзишҳое, ки аз моҳияти ҳуқуқ ҳамчун амри меъёрӣ-арзишӣ бармеоянд (аз нуқтаи назари муқаррар намудани категорияҳои ахлоқӣ – некӣ, вазифа, фазилат ва ғ. – ҳамчун рафтори мушаххаси умумиҳатмӣ); арзишҳо, ки ба ташаккули муносибати мусбӣ дар байни шаҳрвандон ба ҳуқуқ ҳамчун неъмати умумибашарӣ нигаронида шудаанд (ва дар мафкураи ҳуқуқӣ, идеяҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқ ифода карда мешаванд)[27,20].
Мо инчунин пешниҳод менамоем, ки арзишҳои ҳуқуқӣ вобаста ба доираи он ба се гурӯҳ тақсим карда шаванд: арзишҳои ҳуқуқӣ ҳамчун ифодаи мушаххаси арзишҳои умумӣ (масалан, озодӣ, адолат, итоат ба қонун); арзишҳои ҳуқуқӣ, ки моҳият ва мазмуни қонунҳои танзимкунандаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятро муайян мекунанд (қонуният, қонунӣ ва ғ.); арзишҳои ҳуқуқии институтсионалӣ, яъне ки дар шакли ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ вуҷуд доранд (адвокатура, суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра).
Ҳамин тариқ, бояд иброз намуд, ки ҳуқуқ бо меъёрҳои худ ҳамчун арзиш амал мекунад, яъне ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъятиро ба танзим дароварда, воситаи ҳали баҳсҳо ва низоъҳо мебошад. Дар навбати худ дар ҳуқуқ арзишҳое мавҷуданд, ки моҳияту мазмуни ҳуқуқро ифода намуда, ҳамчун маҳаки баҳодиҳии ҳуқуқу озодии инсон ва ҷомеа (озодӣ, адолат, баробарӣ ва ғайра) баромад мекунанд.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
мудири Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктор илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктор илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Китобнома:
- Михайлов С.В. Правовые ценности: теоретико-правовой аспект. Автореф. дисс. на соис. уч. степ. кан. юр. наук.- Ростов-на-Дону. 2011.- С. 3.
- Мирошник С.В. Право в современном понимании //Северо-Кавказский юридический вестник, 2014, №1.- С. 89.
- Платон. Сочинения: в 3-х т.- М.: Мысль, 1968. Т. 1.- С. 307
- Аристотель. Сочинения: в 4-х т.- М.: Мысль, 1984. Т. 4.- С. 326
- Ильин И. А. О сущности правосознания. -М.: Рарогъ, 1993. -С. 58
- Шапсугов Д.Ю. Размышления о праве // Северо-Кавказский юридический вестник. 2012. № 2.
- Ивин А.А. Современная философия науки.- М., 2005.- С. 329.
- Пушкарев С.А. Понятие правовых ценностей и методология их изучения // Философия права, 2017 №3.
- Столович Л.Н. Красота. Добро. Истина: Очерк истории эстетической аксиологии. -М., 1994. -С. 10.
- Каган М.С. Философская теория ценности.- СПб., 1996. -С. 51.
- Леонтьев Д.А. Ценность как междисциплинарное понятие: опыт многомерной реконструкции // Вопросы философии. 1996. №4.- С. 15–26.
- Жуков В.Н. Введение в юридическую аксиологию (вопросы методологии) // Гос-во и право. 2009. № 6. -С. 20.
- Баева Л.В. Ценности изменяющегося мира: экзистенциональная аксиология истории : монография.- Астрахань, 2004. -С. 9.
- Дробницикий О.Г. Ценность // Философская энциклопедия. -М., 1970. Т. 5.- С. 462.
- Алексеев П.В., Панин А.В. Теория познания и диалектика: Учеб. пособие для вузов. М., 1991.-383c.
- Джанхуватова З.С. Трансформация правовых ценностей в современном российском обществе: Автореф. дис. … канд. социол. наук. -Ростов н/Д.- С. 15–16.
- http:/www.edy.ru/db/portal/sites.html
- Гурвич Г.Д. Философия и социология права. Избранные сочинения.- СПб., 2004.- С. 326.
- Лядов А.О. Методологические проблемы историко-правовой науки // Юридическое образование и наука. 2003. № 3. -С. 27.
- Нерсесянц В.С. Философия права: Краткий учебный курс.- М., 2000.- С. 22–23.
- Нерсесянц В.С. Различение и соотношение права и закона как междисциплинарная проблема.- М., 1973.-580c.
- http:/www.edy.ru/db/portal/sites.html
- Уледов А.К. Структура общественного сознания. Теоретико-социологическое исследование.- М.: Мысль, 1968.- С. 257.
- Бабенко А.Н. Правовые ценности и освоение их личностью: Дис. … докт. юрид. наук. -М., 2002.- С. 5
- Кант И. Сочинения : в 4 т. на нем. и рус. языках. -М., 1993. Т. I. : Трактаты и статьи (1784–1796). -С. 283.
- Рашева Н.Ю., Гомонов Н.Д. Ценность права в контексте системы ценностей современного российского общества // Вестник МГТУ. 2006. Т. 9. № 1.- С. 174.
- Михайлов С.В. Правовые ценности: теоретико-правовой аспект. Автореф. дисс. на соис. уч. степ. кан. юр. наук.- Ростов-на-Дону. 2011. -С. 20.