Асосҳои конститутсионии ҳуқуқи иттилоотӣ
- Сешанбе, Май 11 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Ҳуқуқи иттилоотӣ – яке аз соҳаҳои низоми ҳуқуқи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷамъоварӣ, тавлид ва паҳн намудани иттилоотро дар бар мегирад. Ҳарчанд ин соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон навташкил аст, вале то андозае рушди худро ёфта, дар танзими муносибатҳои иттилоотии ҷомеа нақши муҳим гузоштааст. Татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрванд дар соҳаи иттилоот дар байни манфиатҳои миллии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Инкишофи илму техника раванди бефосилаву мураккаб бошад ҳам, аммо барои пешравии ҷомеаи муосир аҳамияти зиёд дорад. Сиёсати давлатии иттилоотонӣ, маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маданӣ ва ташкилие мебошад, ки барои муқаррар намудани афзалиятҳои умумидавлатии рушди муҳити иттилоотонии ҷомеа, муносибатҳои иттилоотӣ ва дарёфти имкониятҳо барои ба ҷамъияти иттилоотӣ дохил шудани Тоҷикистон равона шудааст.
Танзими ҳуқуқӣ, самти мақсадноки бо ёрии воситаҳои махсус ба муносибатҳои ҷамъиятӣ барои банизомдарории онҳо ва нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳои шахсони гуногун барои барқарор кардани манфиатҳои вайроншуда мебошад. Қонун вазифаи танзимсозиро бо муайян кардани тартиби фаъолият ва вазифаи муҳофизатие, ки ба барқарор кардани манфиатҳои вайронгардида алоқаманд аст, иҷро мекунад. Ҳуқуқ воситаи универсалӣ нест ва танзими ҳуқуқӣ расонидани таъсир ба муносибатҳое мебошад, ки ифодаи рафторӣ доранд, яъне ҳуқуқ наметавонад ба афкор, ҳиссиёт, эҳсосоти одамон таъсир расонад. Танзими ҳуқуқи иттилоотии шаҳрвандон яке аз мушкилтарин масъалаи қонунгузории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сатҳи конститутсионӣ, ин ҳуқуқ дар зиёда аз бист муқаррароти конститутсионӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад ва дар сатҳи васеътари қонунгузорӣ, ба гуфтаи коршиносон, ин ниҳод меъёрҳои зиёда аз се даҳ санади қонунгузориро дар бар мегирад. Чунончи: «Меъёрҳои дахлдор, ҳатто бе дар назардошти ҳуқуқҳои иттилоотии ВАО, дар зиёда аз 10 қонун, 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 қарори Ҳукумат, 30 санади сатҳи идоравӣ, ки масъалаҳои тандурустӣ, экология, нақлиёт, алоқа, ҳуқуқи истеъмолкунандагон, фаъолияти корҳои дохилӣ, ҳифзи меҳнат, муносибат бо мақомоти гумруки андоз ва дигар соҳаҳои ҳаёт дарҷ гардидаанд».
Албатта меъёрҳои мушаххас дар қонунҳои махсуси соҳавӣ пешбинӣ карда шудаанд, вале муқаррароти ибтидоӣ-заминавии соҳаи иттилоот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Ин муқаррарот дар бобҳо ва моддаҳои гуногуни Конститутсия, пеш аз ҳама, дар асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон сабт шудаанд. Аз ҷумла:
- Тоҷикистон ҷумҳурӣ аст, яъне ҳокимияти олиро халқ интихоб мекунад, аз ин рў, ҷомеа бояд аз мавқеи андешаҳои номзадҳо ба мансаби интихобӣ огоҳ бошад.
- Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад, инчунин халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Барои қабули қарорҳои минбаъда, ба ў лозим аст, ки дар бораи фаъолияти намояндагони интихобшуда иттилоъ дошта бошад.
- Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон гардидааст ва яке аз аломатҳои ҳуқуқбунёдии давлат озодии ВАО мебошад, ва аксар вақт ВАО ҳамчун ҳокимияти чорум тавсиф карда мешавад.
- Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад (дин аз давлат ҷудо аст), ҳеҷ дин наметавонад давлатӣ бошад ё умуман ҳатмӣ бошад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, наметавонанд ба корҳои давлатӣ мудохила намоянд.
- Ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад ва барои ҳама ҳатмӣ бошад, сензураи мафкуравӣ ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, аз 50 ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд тақрибан 25%-ро метавон ба худи иттилоот мансуб кард, аз ҷумла:
- Ҳифзи шаъну шараф ба ҳама кафолат дода мешавад. Ҳеҷ чиз барои паст задани онҳо асос шуда наметавонад [М.17-22]
- Ба ҳама махфият кафолат дода мешавад. Инчунин, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи шахс танҳо бо розигии ў иҷозат дода мешавад. [М.23, с/х.2]
- Ҳуқуқ ба дахолатнопазирии мукотиба, яъне маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. [М.23, с/х.1]
- Ба ҳар кас озодии андеша ва сухан кафолат дода мешавад. Ҳеҷ касро ба баён намудани ақидаҳои худ ва ё рад кардан аз онҳоро маҷбур кардан мумкин нест. [М.30, с/х.1]
- Ҳар як инсон ҳуқуқи ҷустуҷў, гирифтан, тавлид ва паҳн кардани иттилоотро дорад. Маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, тибқи қонун муайян карда мешавад. Дар айни замон, сўйистифода аз озодии иттилоот барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва ғайра иҷозат дода намешавад. [М.30, с/х.2; 4]
- Озодии ВАО кафолат дода мешавад, сензура вуҷуд надорад. [М.30, с/х.1; 3]
- Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан, ба таври инфиродӣ ва ё дастаҷамъона ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. [М.31]
- Ҳар шахс доштани ҳуқуқи маълумоти боэътимод дар бораи ҳолати муҳити зистро дорад. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. [М.38, с/х.1]
- Ҳар як инсон ҳақ дорад ба ҳама намуди фаъолияте, ки қонун манъ накардааст машғул шавад (аз ҷумла рўзноманигорӣ). Ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба натиҷаҳои эҷод кафолат дода мешавад. [М.35, с/х.1; М. 40]
Дар рўйхати нишондодашуда меъёри асосӣ, марказӣ ва звенои низом-ташкилкунанда дар танзими ҳуқуқи иттилоотии шаҳрвандон моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мо маҳз дар ҳамин модда имконияти татбиқи васеи ҳуқуқи иттилоот дар ҷомеа ва давлат пешбинӣ карда шудааст. Моддаи 30 дар як вақт ҳам ҳуқуқи сиёсӣ ва ҳам шарти татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Моддаи 31, сархати 1-и моддаҳои 35, 38 давоми моҳияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва мундариҷаи он мебошанд.
Ин рўйхатро бо муқаррароти моддаҳои зерин пурра кардан мумкин аст:
- ҳуқуқи ҳар кас барои шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо ва маводҳое, ки мустақиман ба ҳуқуқу озодиҳои ў таъсир мерасонанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (моддаи 25); ин меъёр ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро тавассути таъмини ўҳдадории мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди маълумоти дархостшуда муқаррар мекунад;
- ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот дар бораи далелҳо ва ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд (моддаи 46-47); мувофиқи ин меъёр: «ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мўътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад. Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мўҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд». Инчунин: «Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад. Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад».
Ба андешаи мо, моддаи 40 низ мундариҷаи ҳуқуқ ба иттилоот мебошад, зеро он ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки дар натиҷаи эҷодкорӣ, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба даст оварда шудааст, муқаррар мекунад. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқии ҳуқуқи шаҳрванд барои дастрасӣ ба маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори онҳо моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз нуқтаи назари мубориза бо пинҳон доштани иттилоот, сархати 1, моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. Аз ин бармеояд, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст ва дар маҷмўъ, бо ягон санади дигари ҳуқуқӣ тасдиқ кардан лозим нест.
Амалӣ намудани ҳуқуқ ба ҷустуҷў, бадастовардан ва интиқоли иттилоот (ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ё ҳуқуқи донистан), ба назари мо, моҳиятан, муҳимтарин ниҳодҳои муайянкунандаи ҳуқуқи иттилоотӣ мебошад ва чуноне қайд карда шуд, заминаи ҳуқуқии ин ниҳодҳо меъёрҳои иттилоотӣ-ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қонунҳои соҳавӣ ба танзим дароварда мешавад. Чунончӣ, тадбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи датрасӣ ба иттилоот» ба таври зайл муқаррар карда шудааст: «ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд, мебошад”.
Хизматрасонии иттилоотӣ дар фазои телекаммуникатсионӣ – истифодаи маъхазҳои иттилоотӣ ва асоси хизматрасонӣ ба истифодабарандагони он мебошад. Истифодабарандагон (шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои шаклҳои гуногун ва созмонҳои ҷамъиятӣ) барои дастрас намудани маъхазҳои иттилоотӣ ҳуқуқҳои баробар доранд ва вазифадор нестанд, ки дар назди соҳиби чунин маъхазҳо гирифтани маълумоти заруриро асоснок намоянд. Кафолат ва ҳуқуқи додани маълумот, дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилоот, вазифа ва ўҳдадориҳои соҳибони маъхазҳои иттилоотӣ, амнияти иттилоот ва ҳуқуқи истифодабарандагонро қонунгузории ҶТ муайян мекунад. Чунончӣ, моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи умумии дастрасии ҳар шахсро ба иттилооте, ки бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои ў дахл дорад, муқаррар кардааст. Мувофиқи ин ҳуқуқ ўҳдадории умумии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор, ки ҷобаҷокунандаи чунин навъи иттилоотанд, онро аз рўи дархости мувофиқаткунанда дастрас мекунанд. Истисноҳои эҳтимолии ин қоидаҳои умумӣ бояд ҳатман дар шакли қонун бошанд.
Нуқтаи муҳимеро бояд ёдовар шуд, ки ВАО яке аз қисмҳои маъмул ва муҳими ҳуқуқи иттилоотӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, Конститутсия ўҳдадории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ўҳдадории хусусияти иттилоотидоштаро низ ба чунин тарз муайян мекунад:
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд ҳатман дар ВАО интишор карда шаванд (санадҳои интишорнашуда эътибори ҳуқуқӣ надоранд !!!).
Манбаъҳои расмии нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инҳоянд: Маҷмўаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ахбори Маҷлиси олии ҶТ», Рўзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ» ва ғайра.
- Фаъолияти парлумонӣ ва мурофиаи судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оммавият эълом шудааст, рўзноманигорон метавонанд дар ҷаласаҳои парлумонӣ ва суд ҳузур дошта бошанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои пўшида талаб карда мешавад.
- Ҳукумат ҳақ надорад, маълумотро дар бораи вазъи муҳити зист ва дар бораи дигар омилҳо ва ҳолатҳое, ки метавонанд ба саломатӣ ва ҳаёти инсон таҳдид кунад, пинҳон кунанд.
Амалияи ҳуқуқии ватанӣ дар масъалаи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ аз чунин тафсири моддаҳои қайдшудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ки мутобиқи онҳо ниёз ба қабули зер-қонунҳо барои татбиқи муқаррароти конститутсионӣ пайдо мегардад. Ҳолати мазкур ҳуқуқи мавҷудиятро дорад, яъне моддаи 25 бо ибораи “ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст” ба поён мерасад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар асоси Конститутсия ҶТ, оид ба ҳуқуқӣ иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ ва масоили марбут ба он як қатор санадҳои муҳими меъёрию ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001, № 40, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002, № 51, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» аз 10 майи соли 2002, № 55 (тағйиру иловаҳо ба он тибқи Қонуни ҶТ аз 03.07.2012, №848), Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 02 декабри соли 2002, № 71, Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007, № 320, Қонуни ҶТ «Дар бораи датрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008, № 411, Қонуни ҶТ«Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013, № 961, Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» аз 01 августи соли 2003, №34, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 03 августи соли 2018, №1537 ва ғайра таҳия ва қабул гардидааст.
Дар ин замина Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1174 аз 05.11.2003с.), Барномаи давлатии «Рушд ва ҷорикунии технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсоинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати ҶТ №468 аз 03.12.2004) ва амсоли инҳо низ ба тасвиб расидаанд.
Бояд гуфт, ки ҳар як санади меъёрии қабулшуда вобаста ба самтҳои алоҳидаи иттилоотии муносибатҳои ҳуқуқиро муайян ва ба танзим медароранд. Чунончи, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ» муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим намуда, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад. Ҳамзамон мақсади Қонуни мазкур “муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ ба иттилоот дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоот мебошад. Қонун шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ муқаррар менамояд”. Албатта дар ин маврид, наметавон гуфт, ки заминаи ҳуқуқии дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад. Аммо, дар асл қонунгузорӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ танзим мекунад, на мақомоти худидоракунии маҳаллӣ. Илова бар ин, ба ақидаи мо, дар маҷмўъ, хусусияти ғайримутамаркази қонунгузорӣ дар бораи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот имкон намедиҳад, ки он ҳамчун воситаи кофӣ дар татбиқи ҳуқуқи субъективии дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдори онҳо пурра баррасӣ карда шавад.
Аз нуқтаи назари мо, ҳадди аққал, нисбати ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии дар тафсири амалияи ватанӣ бароҳмондашуда, ки татбиқи шартии ин ҳуқуқи субъективиро бо қабули зерқонун таъмин мекунад, одилона мебошад. Бе муайян кардани тартиби дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар кишваре, ки дорои таҷрибаи кофии ҳуқуқӣ нест, сухан кардан дар бораи имконияти таҷассуми ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар амал маъное надорад.
Таҳлили меъёрҳои конститутсионии иттилоотии дар боло овардашуда бо қабули тарҳи соҳаи иттилоотӣ имкон медиҳад, ки самтҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳоеро, ки аз ҷустуҷў, қабул ва интиқоли иттилоот бармеоянд, метавон ҷудо намуд.
Саидзода Мавҷуда Ёралӣ,
ҳодими хурди илмии Шуъбаи
ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ