Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сешанбе, Май 11 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Албатта, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани давлат сарнавишти миллат бо дасти худаш иншо гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад. Дар ин росто, шароити инкишоф ва ташаккулу такомули давлатдорӣ дар бисёр ҳолат аз сатҳи инкишоф ва танзимёбии муносибатҳои ҷомеа вобастагии зич дорад.
Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои ҳама махсусятҳои давлатдории муосир муарифӣ намуда, барои асос гузоштани пояҳои бунёдии давлатдории миллии тоҷикон имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушараф гардидан ба ин сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қадам гузошт. Дар ин марҳила шароитҳои инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии кишвар тақозо менамуд, ки танзими ҳуқуқии демократии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳамин вобастагӣ такмили мақомти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воқеона иҷро гардидани вазифаи қонунан ба уҳдадоштаи онҳо, махсусан дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ амалан, зуҳур намояд. Аммо, пӯшида нест, ки дар оѓози давлатдории муосири миллӣ зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандии дар кишвар ба вуқуъ пайваста, сатҳи инкишоф ва ташаккули падидаҳои ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои мураккабгаридаи ҷамъиятӣ, ҳолат ва фаъолияти қонунии мақомоти фавқуззикрро дар сатҳи номусоид қарор дода, барои таъмин гардидани эътироф риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дигар арзишҳои олии инсонӣ монеъаи ҷиддӣ ба бор оварда буд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи то ин замон амалкунандае, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таъмини адолати иҷтимоиро ба танзим медароварданд, низ ба шароити нав ҷавобгӯ набуданд.
Ба идомаи чунин вазъияти буҳронии ҳуқуқӣ қабули конститутсияи нав нуқта гузошт. 6- ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардида, дар заминаи он низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳолат марҳилаи муҳимтарин азнавташаккулёбии мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардид.
Эълон гардидани муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс аз номи халқи Тоҷикистон дар муқадимаи ин санади олии меъёрии кишвар, ки мақсади қабул намудани онро ифода менамояд, мустаҳакам гардида, ҳамчун ғояи конститутсионӣ дар муайян намудани ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд нақши асосӣ бозида, дар дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи таҷассум ёфтааст.
Бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохта шуда, арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлат муқаррар гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории нави миллиро аз самти ҳуқуқӣ расмӣ гардонида, таҳкурсии ин давлат, шакл, вазифаҳо ва моҳияту ҳадафи онро муайян намуд.
Дар ин росто, моҳияти иҷтимоии давлат ва мантиқан, ҳадафи асосии он барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муайян гардид. Ҳолати ҳӯқуқии инсон ва шаҳрванд дар боби алоҳидаи Конститутсия мушаххасан, ба танзим дароварда шуда, усулҳо ва кафолати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шуд.
Дар ҳамин замина номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд васеъ гардонида шуда, кафолати онҳо эълон гардидааст. Як қаттор падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз қабили шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар боби мазкур муттаҳид карда шуда аст, ки онҳо дар маҷмӯ ҳамчун маҳаки муайянкунандаи мақоми инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва давлат нақш мебозанд. Маҳз ҳамин меъёрҳо уҳдадории давлатро ҷиҳати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамоянд.
Мусаллам аст, ки ба сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба он баҳо дода мешавад, ки давлат онҳоро дар қонунгузории миллии худ дар кадом сатҳ муқаррар намуда, амамлигардонии онҳоро чӣ гуна кафолат додааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар фарқият аз қонугузории даврони пешин дар замони соҳибистиқлолият номгӯи падидаҳое, чун бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолати ҳифзи судӣ тавсеа ёфта, вазифаҳо камшумор ва мушаххас гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки падидаи ба танзим даровардани ҳолати ҳуқуқии инсон дар вазъияти фавқулодда низ, аввалин маротиба дар қонугузории замони соҳибистиқлоли кишвар таҷассуми худро ёфтааст.
Маҷмӯи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва роҳҳалҳои татбиқгардонии онҳо яке аз маҳакҳои муайянкунандаи демократӣ будани ҷомеа маҳсуб мегардад. Бо ҳамин манзур дар марҳилаи фақуззикр ҳамвора бо инкишофи сифатан нави низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқ намудани онҳо ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким ёфта, ширкат варзидани онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ вусъат меёбад.
Дар ҳамин росто, демократукунонии падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзиши олӣ ба ҳисоб рафтани инсон ва ҳуқуқу оздии онро бозтоб намуда, дар фарқият аз замони шуравӣ нисбат ба манфиатҳои давлату ҷамъият ба манфиатҳои шахс афзалият бахшида шуда, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс ҳамчун асос муқаррар гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифта аст, ва дар ин ҷода фароҳам овардани фазои ҳуқуқии ҷомеа вазифаи авалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд буда, ғояи меҳварии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Ташаккули ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар қонунгузории миллӣ инчунин, вобастагии ногусастанӣ дорад ба санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон. Мусаллам аст, ки дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ инсон, озодӣ шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он ба сифати волотарин арзиш ташреҳ гардидааст. Дар ҳамин иртибот, кулли давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба риояи талабот ва таъмини иҷрои ин таъинот уҳдадор мебошанд. Аз ҷумла ин таъинот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ (аз 2-юми марти соли 1992) паҳн мегардад.
Яке аз иқдомҳои саривақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи мутобиқ намудани низоми қонунгузории миллии худ ба низоми ҳуқуқии байналмилалӣ ва инкишоф додани принсипҳои умумиэътирофгардидаи хусусияти демократию инсондустидошта ин иштирокчии комилҳуқуқи созмонҳои бузургӣ сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ гардидан, инчунин ба созишномаҳои байналмилалию минтақавии дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба тасвибрасида пайваст шудани он мебошад.
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 10-уми декабри соли 1948, бо дарназардошти ба ҳама инсоният хос будани эътирофи қадру қимат, асоси адолат ва сулҳи умум ба ҳисоб рафтани баробарҳуқуқию дахлнопазирии инсон ва тавассути қудрати қонун ҳимоя карда шудани ҳуқуқи инсон, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул намуда, иҷрои талаботи онро вазифаи ҳамаи халқҳо ва давлатҳо эълон дошта аст.
Албатта,муқаддас эътироф гардиданиҳуқуқу озодиҳои инсон дар мундариҷи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки ҳамчун санади асосии байналмилаӣ муқарароти умумӣ доир ба шараф ва арзиши шахсияти инсонро тазим намудааст, ба сифати маҳаки муайянкунандаи вазъи ҳуқуқию сиёсии шахс бозтоб мегардад.
Дар робита ба ин гуфтаҳо метавон мулоҳиза намуд, ки ташаккули вазъи ҳуқуқи инсон ва низоми ҳуқуқу озодиҳои он дар қонунгузории миллӣ вобастагӣ дорад аз алоқамандии он ба санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон. Дар санадҳои байналмилалии дахлдор ҳуқуқҳои фитрӣ ва ҷудонопазири инсон, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, қадр, номус, шараф, эътибор ва дахлнопазирии шахсӣ арзиши олӣ эътироф гардида, ин нишондод дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан, инкишоф ёфтааст. Бо ибораи дигар, ҳамгироӣ ва наздик шудан ба низоми ҳуқуқии муосири байналмилалӣҳамчун василаи муҳимтарини ҳифзи ҳуқуқуозодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақш мебозад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати демократию ҳeқуқбунёд чунончӣ болотар қайд намудем арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ба сифати мароми халқ дар муқаддимаи Конститутсияи кишвар таҷассум ёфта, муҳтавои меҳварии сиёсати пешгирифтаи давлати муосири миллии тоҷикро ифода менамояд. Бо ҳамин манзур, дар радифи таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, муваззаф ба эъмори давлати адолатпарвар будан, муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс мақсади халқи Тоҷикистонро ҷиҳати қабул ва эълони Конститусиия-санади олии меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар маъно мебахшад.
Конститусиияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд [мод.14].
Табиист, ки кафолати конститутсионии бунёди давлати ҳуқуқбунёд сатҳи олии инкишофи ҳуқуқро ҳувайдо сохта, ин талабот такмил ва зарурияти тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқи ҷомеаро ба вуҷуд меорад.
Ҷиҳати инкишофи низоми ҳуқуқие, ки дар он санадҳои ҳуқуқии умумиэътирофшуда ҷойгоҳи хосса доранд, дар ҶумҳурииТоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ мешавад.
Дар санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон озодӣ ва баробарии одамон аз лиҳози шарафу ҳуқуқ эътироф карда шуда, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ доштани онҳо тарѓиб гардида аст (моддаи 1; 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 6; 9-и Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ). Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон баробарии ҳамаро одамонро дар назди қонун пешбинӣ намуда, бидуни тафовути табию иҷтимоӣҳуқуқ ба ҳимояи қонунӣ доштани онҳоро муқаррар намудааст (м. 7), ки мазмунан, ин муҳтаво дар Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (м. 2; 3) ва Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (м.2; 3; 26) низ инкишофи худро ёфтааст. Дар ҳамин замина, ҳуқуқи шахс барои тавассути судҳои босалоҳияти миллӣ пурра барқарор намудани ҳуқуқҳои асосии поймол гардидааш, ки Конститутсия ё қонуни дигар муайян намудааст, ба танзим дароварда шуда аст (м. 8-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон; қ. 3-и м. 2; м. 14-и Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ).
Умуман, дар ҶумҳурииТоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ шинохта шуда аст. Дар ин росто дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон муқаррар гардида, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда аст (моддаи 5).
Чуноне, ки аз муҳтавои боло бар меояд, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба давлат ва сохторҳои он таалуқ дошта, давлат ўҳдадор аст, ки барои аз ҷониби шахс амалӣгардидани ин ҳуқуқу озодиҳо имконияти мусоид ба вуҷуд биорад. Бо ибораи дигар метавон шарҳ дод, ки ўҳдадории давлат ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқуозодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ба вуҷуд овардани шароити мусоид, барои аз тарафи онҳо пиёда намудани ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодашуда, бозтоб мегардад.
Бо ин мақсад идомаи мантиқии ин таъинот дар санадҳои муҳими меъёрии миллӣ густариш ёфта, дар низоми ҳуқуқ ва қонунгузории кишвар мустаҳакам гардида, ба сифати пояи аслии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар гардида аст. Гузашта аз ин метавон тазакур дод, ки ин ѓоя вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро тобиши каонститутсионӣ бахшида, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин вобастагӣ муқаррароти қисми 2-и моддаи 14 Конститутсияи кишвар пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.
Дар идомаи мантиқии муҳтавои фавқуззикр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд пешбиннамуда, ба ҳар кас, сарфи назар аз ҳамагуна тафовутҳои миллию, нажодӣ, ҷинсият, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк кафолатдиҳандаи ҳуқуқуозодиҳо будани давлатро эълон дошта аст. Гузашта аз ин, дар ҳамин росто баробарҳуқуқии занон ва мардон дар сатҳи муқаррароти конститутсионӣ мустаҳакам гардидааст. (Моддаи 17).
Дар партави муқаррароти санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсро ҳамчун ѓояи хусусияти демократидошта мустаҳакам намуда (моддаи 18), кафолати ҳифзи судӣ (моддаи 19) ва қонунан ҳифз гардидани ҳуқуқи ҷабрдидаро (моддаи 21) пешбинӣ намудааст.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон расман эътироф гардида, табиист, ки таъсири он ба Конститутсия-санади олии меъёрӣ-заминавӣ ва дигар санадҳои меёрӣ-дохилии кишвар бараъло эҳсос мегардад. Дар асоси талаботи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътироф кардашуда қисми таркибии низоми ҳуқуқии миллӣ маҳсуб гардида, дар сурати мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ ба онҳо меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд (моддаи 10).
Дар санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон ҳуқуқи бевосита ва ё бавоситаи намояндагон дар идораи давлати худ иштирок намудани шахс ва баробарҳуқуқии онҳо тарѓиб гардида, иродаи халқ асоси ҳокимияти ҳукумат ҳисобида шудааст. Ҳамчунин, вобаста бо тартиботи иҷтимоию байналмилалие, ки дар он ҳуқуқуозодиҳои дар санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон таҷассумёфта пурра таъмин карда мешавад, ҳуқуқи ҳар як инсон ба таъминоти иҷтимоӣ, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаи меҳнат, таъсиси иттиҳодияҳои касаба, инкишофи озодонаи шахсият, истироҳату фароѓат, саломатии ҷисмонӣ, тахсил, иштироки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, озодона муайян намудани мақоми сиёсии худ, ва ҳуқуқ ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ ба танзим дароварда шуда аст (м. 21; 22; 23; 24; 25; 26; 27; -и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон; м. 1; 6; 7; 8; 9; 11;12; 13; 14; 15;-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; м. 1; 22; 25; Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ).
Бояд тазакур дод, ки таъиноти умумиэътирофгардидаи оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар санадҳои асосии байналмилалии дахлдор иникос гардида дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқии миллии давлатҳои иштирокчӣ дар сатҳи гуногун, мантиқан идома ёфтаанд, дар ҷодаи таъмимн намудани ҳимояи ҳуқуқуозодиҳои инсон ва шаҳрванд омили муҳими заминавӣ ба ҳисоб мераванд. Бо ин манзур, дар мундариҷаи моддаҳои 27; 28; 35; 37; 38; 39; 40; ва 41-и Конститусиияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти болозикри санадҳои асосии байналмилалии оид баҳуқуқи инсон инкишофи мантиқии худро дарёфтатанд.
Санадҳои дахлдори байналмилалӣ давлатҳои иштирокчиро уҳдадор месозад, ки дар вазъияти фавқулода, уҳдадории худро ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, танҳо дар ҳадди муайян маҳдуд намоянд.Масалан, дар асоси муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ: “Ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда... давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Паймон метавонанд бо инҳироф аз уҳдадориҳои худ аз рўйи ҳамин Паймон ба андозае тадбир андешанд, ки чунини андозаро шиддати вазъият тақозо мекунад... чунин тадбирҳо бо дигар уҳдадориҳои онҳо аз рўи ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф набошанд...” (моддаи 4).
Дар ҳамин алоқамандӣ, матлаби мазкур дар қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш дода шудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 47-и Конститутсияи кишвар, дар давраи вазъияти фавқулодда, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 21, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.
Ҳаминтавр метавон хулоса намуд, ки аз талошҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати эъмори давлати миллии мустақилу ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ бармеояд, ки миллати тоҷик барои иҷрои вазифаи бениҳоят бузургу муқаддас ва ояндадор камар бастааст. Ин мақсад, ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон дар дебочаи Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, ба ҳадафи аслӣ ва бунёдии давлату миллати Тоҷикистон мубадал гардидааст. Бо ҳамин манзур, барои дар воқеият амалӣ намудани ин мароми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократӣ ба сифати аркони асосии фарҳангӣ давлатдории муосири миллӣ шинохта шуданд. Ҳолати мазкур ба он шароит фароҳам овард, ки дар мудати на чандон дарозмудати таърихӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаҳои давлати ҳӯқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун ҷузъи меҳварии сиёсати давлатдорӣ муайян карда шуд.
Сангов Тоҷиддин
ходими илмии Шуъбаи
ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ