casino malaysia
casino malaysia
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ

wrapper

  Баъд аз барҳам хурдани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи таърихии давлатдорӣ сар мешавад. Маҳз аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шурӯъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном “ҳукумати мусолиҳаи миллӣ” имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
  Хатарнокии вазъият дар он буд, ки қувваҳое, ки барои ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекарданд, бо шиорҳои демократӣ баромад мекарданд, гарчанде ниятҳои аслиашон дур аз осоиштагӣ ва сохти конститутсионӣ буданд. Илова бар ин, халқи Тоҷикистон ба минтақаҳо, маҳалҳо ва миллатҳо тақсим гардид, ки ҳар кадоме манфиати худро аз манфиати умумимиллӣ афзалтар медонистанд.
 Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда буд, ки сабабҳои он дар мушкилоти барвақт бавуҷудомадаи сиёсӣ, хусусияти иқтисодӣ - иҷтимоӣ дошта, зиддиятҳои байни гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ, динӣ ва маҳаллӣ, ки бевосита аз хориҷи кишвар дастгирӣ меёфтанд ва барои бо роҳи зӯроварии мусалаҳона амалӣ намудани ниятҳои дурбинонаи худ ва мақсадҳои дигари сиёсӣ манфиатнок буданд, ниҳон гардида буд.
Шаҳрвандӣ ва таҳлили сиёсию таърихии он мадди назар шудаанд.
  Раванди ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ таҳкими истиқлолият ва мустақилияти давлатӣ, бо муваффақият паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани шароитҳо барои ба эътидол овардани ҷомеа ба қадри имкон объекти омӯзиши олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ ва як қатор муаллифоне, ки ҳиссаи худро дар тадқиқоти мушкилоти мусолиҳаи миллӣ ва оштӣ ҳамчун рукни демократикунонии ҷомеа гузоштаанд, дарҷ гардидааст ва дигарон арзише доранд.
  Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ба нестӣ омадани сохти Конститутсионии Тоҷикистон ба таври расмӣ ва аз нигоҳи тадқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон[1-11] таҷассум ёфтааст. Маҳз Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Чунки он кас медонистанд, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат бунёд намудани дигар созандагиҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшида буданд.
  Бесабаб нест, ки бисёре аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ консепсияи ризоияти миллӣ ва оштии халқи Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои нодире ҳисобиданд, ки таҷрибаи онро дар ҳалли муқовиматҳои сиёсӣ дар дигар давлатҳо истифода кардан мумкин аст.
   Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушода намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
   Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям.
  Имрӯзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки натиҷаи талошҳои ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва таҷриба гирем.
   Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ гузошт. Натиҷаҳои асосии раванди дастоварди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- низои дохилии ҳарбӣ-сиёсӣ дар натиҷаи муқобилати тӯлонии қувваҳои сиёсӣ, динӣ ва этникии зиддимуҳорибавӣ бо сулҳ анҷом ёфт. Вай бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик аз рӯи маърифати худ халқи сулҳдӯст мебошад;
- дар Тоҷикистон амалигардонии сулҳу суботи ҷамъиятӣ пояи ягонагии миллӣ гардид, ки он яке аз нишонаҳои асосии барқароршавии миллати тоҷик мебошад;
- барои амалигардонии сулҳ ва ризоияти миллӣ омилҳои дохилӣ - кӯшиши умумихалқии тоҷикон ба сулҳ ва ризоияти ихтиёрӣ ба қувваҳои сиёсии муборизабаранда дар ҷомеа нақши асосиро бозид;
- раванди таҷрибаи сулҳҷӯёна дар Тоҷикистон исбот намуд, ки барои ноил шудан ба мақсади умумиқабулшаванда - арзишҳои миллӣ метавонад нисбат ба мақсадҳои маҳдуди ҳизбӣ боло истад;
- дастоварди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон асоси таҳкими худшиносии миллии тоҷикон дар таърихи навини ӯ - ба рушди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонид;
- сулҳ дар Тоҷикистон миллат ва давлатдориро аз нав эҳё намуд. Ба халқи Тоҷикистон замина барои меҳнати осудаи созандагӣ, эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқӣ ва дунявӣ пайдо гардид.
  Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд.
Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
  Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби давлат ва тараққиёт. Озодиҳои демократӣ пурра вуҷуд дошта, аҳзоби сиёсӣ дар интихобот пурра ширкат меварзанд, ҳатто намояндагони онҳо дар парлумони мамлакат фаъолият доранд[12,255].
  Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол карда, онро чун гавҳаракаи чашм ҳифз менамоянд. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро иди ваҳдат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намудааст, ки он ҳар сол дар тамоми ҳудуди мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
  Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйиротҳои куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худро ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид намояд. Низоми нави давлатдорие, ки Президенти кишвар дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа, муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ ба бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти миллӣ оварда расонид.
  Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки дастури Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо дастовардҳои баланди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ гузаронидани ин идҳои аҳамияти муҳими иҷтимоию сиёсӣ дорад. Зеро ин тадбири судманд ба гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъматҳоии олӣ мусоидат мекунад.
  Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид намуд, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.
  Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, амалӣ гардонидани саноатикунонии мамлакат, ба ҷомеаи ҷаҷонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр намуд.
  Мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»[13] Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
  Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.

БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ ҲУСЕЙН
мудири Шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент
 
Адабиёти истифодашуда:
1.Рахмонов Э. Юбилей независимости и второй всемирный форум таджиков. –Душанбе: Ирфон, 1993;
2.Рахмонов Э. Таджикистан на пороге будущего. – М., ИТАР – ТАСС, 1997;
3.Рахмонов Э. Таджики в зеркале истории. – Душанбе: Ирфон, 1997;
4.Рахмонов Э. Молодёжь – будущее суверенного Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 1997;
5.Рахмонов Э. Долгий путь к миру. – Душанбе: Шарқи озод, 1998;
6.Рахмонов Э. Ман ба Шумо сулҳ меоварам. – Душанбе: Авесто, 1998;
7.Рахмонов Э. Главное – верховенство закона. – Душанбе: Ирфон, 1999;
8.Рахмонов Э. Наша цель – единство, согласие, созидание! – Душанбе: Ирфон, 2000;
9.Рахмонов Э.: Доклад на семнадцатой сессии Верховного Совета РТ 25 июня 1993 г. – Душанбе: Ирфон, 1993;
10.Рахмонов Э. Мы обязаны искоренить преступность. – Душанбе: Авесто, 1999;
11.Рахмонов Э. Таджикистан: десять лет независимости, национального единства и созидания.В 4 томах. – Душанбе: Ирфон, 2001;
12. Абдуллоев C., Сайфуллоев A. Президент Эмомалӣ Раҳмонов: дируз, имруз ва истиқболи Тоҷикистон. Хуҷанд, 1997.
13. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” №225 аз 15 ноябри соли 2016.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia