Таҳаммулпазирӣ, томияти ҳудудӣ ва истиқлолият
- Чоршанбе, Май 05 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Тоҷикон ва тоҷикистониён бо ҳамсоягони худ ҳамеша дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ зиндагонӣ менамоянд ва доимо ҷонибдори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта ҳастанд. Ин ҷанбаҳои ҳуввияти миллиро бисёриҳо ҳамчун нишонаи оҷизӣ, тарсӯӣ ва хатаргурезӣ мепиндоранд ва ҳамеша сӯйистифода кардан мехоҳанд. Аммо онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки шаҳрвандони мо дар ҳолати аз ҳад гузаронидан, расидан ба ғурур ва номуси миллӣ ва кӯшиши ғасби хоку сарзамин хомӯш нахоҳанд монд ва ҷавоби сазовор хоҳанд дод. Сокинони Тоҷикистон барои ҳимояи нангу номуси миллӣ, марзу бум ва ҳар як порчаи Ватан, ҳифзи Модар ва фарзандон ҷони худро дареғ намедоранд, то охирин имконият хоки Ватанро аз ғосибон пок нигоҳ медоранд.
Ҳодисаҳои охири дар сарҳади кишварамон рӯйдода бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони мо дар ҳолати зарурӣ ҳамеша пуштибони миллат, давлат ва Ватани худ ҳастанд. Дар шабу рӯзҳои барои ватанамон мушкил сокинони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон омодагии худро аз ҳифзи Ватан ва пуштибонии сиёсати пешгирифтаи давлат иброз намуданд. Бори дигар мо боварӣ ҳосил намудем, ки бо вуҷуди ташвиқоту тарғиботи нерӯҳои иғвоангез ҷавонони ватандӯсти мо барои муҳофизати Ватани худ таёранд ва аз ҳама гӯшаю канори кишвари азизамон барои ҷавоби сазовор додан ба ғосибон садо баланд намуданд. Аммо як воқеият бебаҳс аст, ки тоҷикон ҷонибдори сулҳ, оромӣ, осудагӣ, тарафдори ҳамзистии осоишта ва ҳалли мусолиҳаомези масъалаҳои пайдошуда мебошанд ва бо ҳамсоягон ҳамеша бо забони сулҳ ва ваҳдат суҳбат кардан мехоҳанд.
Низои мусаллаҳонае, ки дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ҳар як тоҷикистониро нигарон кардааст. Аз таҳлили коршиносони ватанию хориҷӣ маълум мегардад, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набудааст ва ҳудудҳое, ки ҳоло шаҳрвандони Қирғизистон худсарона забт карда, хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд, ҳеҷ вақт ба Қирғизистон тааллуқ надоштааст. Аммо тарафи Қирғизистон ҳуҷҷатҳои таърихию ҳуқуқиеро, ки анкалав набудани Ворухро собит менамоянд, эътироф кардан намехоҳад. Шаҳрвандони Қиғизистон ба эътирозҳои мардуми наздисарҳадии Тоҷикистон эътибор надода, дар қаламрави қонунии Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва роҳҳоро идома медиҳанд ва ҳатто дар ин кор ба онҳо нерӯҳои ҳарбии сарҳадиашон кӯмак мерасонанд. Онҳо ботадриҷ даъвои заминҳои нав мекунанд.
Дар ҳодисаи охирин ба талабҳои қонунии шаҳрвандони наздисарҳадии Тоҷикистон қирғизҳо аввалин шуда оташ кушоданд. То ин замон қирғизҳо сарҳадро бо Тоҷикистон бастанд, интиқоли молу маҳсулотро боздоштанд, сарҳадбонони қирғиз шаҳрвандони ноболиғи аҳолии наздисарҳадии Тоҷикистонро латтукӯб намуданд. Дар чанд низои охирини сарҳадӣ асосан шаҳрвандони Тоҷикистон зарари моддӣ, маънавӣ ва талафоти ҷонӣ медиданд ва муносибатҳои аҳолии наздисарҳадии тоҷикҳо ва қирғизҳо тезу тунд мегардиданд.
Рӯзи 29 апрели соли 2021 аҳолии маҳаллӣ бо гурӯҳи сарҳадбонон ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, чандин хонаҳоро оташ зада, як шаҳрванди Тоҷикистонро куштанд. То ин замон ҳукумати Тоҷикистон ва аҳолии наздисарҳадии кишварамон роҳи таҳаммул, гузашт ва эҳтиёткориро пеш гирифта буд, аммо тоқатпазирӣ ҳам ҳаду ҳудуд дорад. Худи қирғизҳо вазъиятро то задухӯрди мусаллаҳона оварда расониданд ва боз дар тамоми васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тамоми нерӯ ҷор мезананд, ки дар низои охирини мусаллаҳонаи сарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон гунаҳгор аст. Ҳоло бошад, ҷониби Қирғизистон кӯшиш дорад, ки тоҷикистониёнро ба аҳдшиканӣ, моҷароҷӯйӣ ва зӯроварӣ мутаҳам намояд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷанг ҷанг аст, ғолибу мағлуб надорад, дар ҷанг ҳарду тарафи даргир ҳисороти ҷонӣ ва молӣ мебинанд. Баъдан, дар ин байн қувваҳои манфиатхоҳе пайдо мешаванд, ки аз вазъияти бавуҷудомада суистифода бурда, ба оташи ҷанг равған мерезанд. Аз ин сабаб, вақти он расидааст, ки ҳарду ҷониби низоъ ба эҳсосот дода нашаванд, барои ҳалли мушкилот аз музокирот ва гуфтушунид истифода баранд, масъалаи муайян намудани сарҳади давлатиро бо роҳи осоишта ҳал намоянд. Мо ба ақлу заковат ва таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва тоҷикистониён эътимоди комил дорем. Боварӣ дорем, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хоҳони ҷангу даргирӣ нест ва ҷонибдори бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати умум ҳал гардидани масъалаҳои марзӣ мебошанд. Мақсади ниҳоии ҳарду миллат ҳам рӯзгори осоишта, накӯаҳволии мардум, таъмини амният ва томияти арзии кишвар мебошад. Дар ин самт бояд шаҳрвандони қирғиз аз ақли солим кор бигиранд, ба созишномаҳое, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шудаанд, эҳтиром гузоранд ва ба роҳбарони сиёсии худ боварӣ ва эътимод дошта бошанд.
Фирӯз Миров
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими калони илмии Шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ