casino malaysia
casino malaysia
Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод

wrapper

  Созмони Ҳамкории Шанхай – ташкилоти доимоамалкунандаи байнидавлативу байналмилалӣ мебошад. Ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар заминаи паймони «Панҷгонаи Шанхай» 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Паймони «Панҷгонаи Шанхай» бошад дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерўҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалаҳои умдаву ҷиддии ҳаёти рўзмарраи мардумони ин давлатҳо гардид.
  Аслан зарурати имзои Созишномаи таҳкиму эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин ва Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои нуқта гузоштан ба баҳсҳои мухталиф оид ба масъалаҳои марбут ба марзҳо, ки ҳанўз аз замони Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун «мерос» вуҷуд дошт, ба миён омада буд. Ба имзо расидани созишномаҳои зикршуда ба густаришу тавсеаи ҳамшарикии давлатҳо асоси мустаҳкам гузошта, ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳадӣ муваффақ гардид ва барои дар доираи Панҷгонаи Шанхай ҳамкориҳои пурвусъати гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди  сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро ба роҳ мондан, заминаи мусоид фароҳам овард.
  Мутобиқи қарордоди байни давлатҳои Панҷгонаи Шанхай - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба бо навбат дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Биноан дар фосилаи солҳои 1996-2000-ум мулоқоти сарони кишварҳо дар шаҳрҳои Шанхай, Маскав, Алма-ато ва Бишкек доир гардид. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай- 5 июли соли 2000 дар пойтахти мамлакати мо-шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мулоқоти Душанбе пеш аз ҳама ба тавсеаи фаъолияти Паймони Панҷгонаи Шанхай мусоидат намуд ва хусусияти фарқкунандаи ин ҳамоиш боз дар он буд, ки идеяи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай маҳз дар Душанбе ба миён омад. Дар ин мулоқот сарони кишвварҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, проблемаҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ карда, ба Эъломияи Душанбе имзо гузоштанд, ки дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Панҷгонаи Шанхайро муайян намуд.
  Лозим ба зикр аст, ки сарони кишварҳо, хусусан Раиси ҳамонвақтаи Чин Сзем Сземин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти вақти Узбекистон Ислом Каримов, ки ба ҳайси мушоҳид дар мулоқоти Душанбе ширкат меварзид, ба сатҳи омодагиву баргузории мулоқот баҳои баланд доданд ва дастоварду пешравиҳои назарраси Тоҷикистонро махсус ёдовар шуданд.
  Мулоқоти навбатии Паймони Панҷгонаи Шанхай, ки моҳи июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай баргузор шуд, мулоқоти таърихӣ буд. Сарони давлатҳои узви Паймон бо назардошти вазъи зудтағйрёбандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҳазорсолаи нав ворид гардида, бо истифода аз имкониятҳои таърихӣ дар иттиҳод ва ҳамгироиву ҳамшарикии байнидавлатии дастаҷамъона рафъ сохтани таҳдиду хатарҳои нав, ҳамчунин таъмини амнияти минтақаву ҷаҳонӣ, ба сатҳи сифатан нав бардоштани доира ва механизми фаъолияти Панҷгонаи Шанхайро зарурияти таърихӣ донистанд. Дар ин чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеи минбаъдаи Паймонро тақозои вақту замон арзёбӣ намуда, барои ба зинаҳои нав раҳнамун сохтани фаъолияти созмон пешниҳодҳои муфид намуданд. Сарони кишварҳои дигари Панҷгонаи Шанхай ин ташаббусҳоро дастгирӣ намуда. 15 июн Эъломияи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки то ин вақт ба ҳайси мушоҳид пазируфта шуда буд, ба имзо расид ва ташкилёбии созмон расман эълон гардид. Дар ин ҳуҷчати муҳим аз ҷумла қайд карда мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси СҲШ пеш аз ҳама таҳкими робитаҳои дўстона ва анъанаҳои неки ҳамсоягиву эътимоди кишварҳои аъзо, тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин вусъат бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, маорифу ҳифзи сиҳатии омма, масоили иҷтимоиву муҳити зист, саъю талоши муштарак дар роҳи таҳкими амният ва сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон, мусоидат ба ташаккул ва бунёди низоми нави байналмилалии демократӣ ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ адолатнок мебошад.
  Дар тўли солҳои арзи ҳастӣ намудани Созмон 26 ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзо  (1 ҷаласа-11 ноябри соли 2020 тариқи видеоконференсия баргузор шуд) доир гардид, ки дар онҳо умдатарин масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳими вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
  Дар миқёси ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани созмоне, амсоли Созмони ҳамкории Шанхай, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи Шарқи ҷаҳон мусоидат намуда, дар фазои стратегию геополитикии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Воқеан ҳам Созмони ҳамкории Шанхай дар давоми солҳо сохтори хешро такмил бахшида ба ғайр аз Шўрои сарони давлатҳо, дар таркиби он шўрои сарони хукуматҳо, шўрои вазирони корҳои хориҷӣ, машварати роҳбарони вазорат ва идораҳо, шўрои ҳамоҳангсозони миллӣ, сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ва котибот амал менамоянд.
  Имрўз 8 давлат – Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон кишварҳои аъзои СҲШ мебошанд. Давлатҳое ба мисли Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон – давлатҳои нозир буда, Бангладеш, Сурия, Миср, Исроил, Арабистони Саудӣ, Малдиви, Украина, Ироқ, Ветнам, Баҳрайн ва Қатар давлатҳое ҳастанд, ки барои давлати нозир будан дар СҲШ ариза додаанд. Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка – давлатҳои шарики мусоҳибавӣ мебошанд.
  Ҳамчунин ба саммитҳои СҲШ давлатҳои Амрико ва Туркманистон, созмонҳои байналмилалии СММ, ИДМ, ЕАЭС, АСЕАН давъват шудаанд.
  Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зиёда аз 34 млн км2, яъне 60% қаламрави Авруосиёро дар бар гирифтааст. Ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 млрд 40 млн (2015) нафарро ташкил медиҳад, ки он зиёда аз нисфи аҳолии сайёра мебошад.
  Чи тавре, ки зикр намудем Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай буда, ҳамчун аъзои пурташаббустарин ва давлати меҳварии он маҳсуб мешавад. Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар чунин як созмони муътабар ва ба раванди ташаккули он саҳмгузор будани кишварамон собитгари сиёсати боэътимоду оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ташкили созмон яке аз чеҳраҳои сиёсии калидӣ маҳсуб меёбанд, дар асос гузоштани ғояву ҳадафҳои он нақши барозандае гузоштаанд. Ҳамин аст, ки ташаббус ва пешниҳодоти судманди ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили муҳокимашаванда ҳамеша арзишманд арзёбӣ шуда, мавриди дастгирии умум мегардад. Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари хеш, бо кулли кишварҳои аъзои созмон муносибати неки ҳамҷаворӣ, робитаҳои густурдаи иқтисодиву фарҳангиро  ба роҳ монда, таҳкими дўстиву ҳамгироии байни давлатҳоро амалан исбот намудааст.
  Инак, имсол Тоҷикистон бори чаҳорум, аст ки раёсати ин ташкилоти бонуфузи байналмилалиро ба ўҳдаи худ мегирад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия 11 ноябри соли 2020 баргузор гардид иброз намуданд, ки «… ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи нави босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душнбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад».
  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти таъсири хатарҳои пешгўинашавандаи бемории коронавируси СOVID-19 ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуданд.
  Итминон дорем, ки Тоҷикистони азизи мо, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд, ҳамзамон чорабиниҳои ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро низ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи арзандаи байналмилалӣ баргузор месозад.
 
Мирзошоҳрух Асрорӣ
Номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ                              

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia