Хиёнат ба миллати худ гуноҳи авфнопазир аст
- Панҷшанбе, Апр 29 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Дар баъзе сомонаҳо, ки фаъолияташон бар зидди сиёсати Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст, хабару овозаҳои ивғоангез аз ҷониби ватанфурӯшони беномус, ки дар хориҷа иқомат доранд, интишор мегарданд. Фаъолияти ин сомонаҳо ба резонидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ниаронида шудааст ва аз тарафи хадамоти махсуси кишварҳои алоҳида маблағгузорӣ карда мешаванд. Онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ба хотири молу пул Тоҷикистони соҳибистиқлолро бадном мекунанд, сарпаноҳ дода, тавассути ин хоинон бом о ҷанги иттилоотӣ мебаранд.
Ин нафарон, ки аксарашон ба афкори экстремистию террористӣ гаравидаанд, аз хориҷи кишвар истода дар бораи ҳаёту фаъолияти сокинони Тоҷикистон «андеша меронанд». Аслан онҳо ғуломони зархариду ҳалқабаргӯши хадамотҳои махсуси кишварҳои муайяне мебошанд, ки аз онҳо гранту идрорпулӣ гирифта, рӯз мегузаронанд. «Касб»-и онҳо ватанфурушӣ аст, ки тавассути он нафси худро қонеъ мегардонанд. Ин хоинони миллат худро мухолифин (оппозитсия)-и ҳукумати феълии Тоҷикистон мешиносонанд, ки ин комилан нодуруст аст ҳатто хилофи қонунҳои амалкунандаи байналмиллалӣ аст, зеро оппозитсияи сиёсӣ бо чунин тарзи муборизаи «ватанфурӯшона» дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон қобили қабул набуд ва нест. Бо ҳаминроҳ онҳо «ба чашми мардум хок пошида», дар шароити вазнини пандемия миллату давлати моро дар хориҷи кишвар бадном карданӣ мешаванд ва зери табли хоҷагонашон мерақсанд.
Ин гурӯҳи беватану сарватдӯст магар барои саодати ватану миллат ягон хизмате кардаанд ва оё карда метавонанд? Ба гумон, ки аз онҳо нафъе ба халқ расад: онҳо парвои дигаронро надоранд. Ин тоифа ба ғайр аз сиёҳ кардани номи ходимони фаъоли сиёсии Тоҷикистон дигар коре накардаанд. Онҳо ҳатто қодир нестанд, ки ба пешравии воқеии ҳаёти мамлакат қоил шаванд. Кас ба тааҷуб меафтад, ки ин беномусҳо шарм надошта, дар ҷомаи динӣ сиёсатдонӣ мекунанд, ин сиёсатро дар бадномкунии бедалел беибо истифода мекунанд. Маънии ҳаёт барои онҳо – «ҷангу ҷидол бо худию бехудӣ» аст. Чунин тарзи ҳаёт барои онҳо одатӣ шудааст.
Эълон кардани «ҷанги идеологӣ»-и онҳо маънӣ надорад, чунки онҳо ба ғайр аз сафсатаю дуруғбофӣ кори дигареро карда наметавонанд. Онҳо «фахр» мекунанд, ки овози онҳоро баъзе гумроҳшудагон қабул карда, бидуни таҳлил бо онҳо розӣ мешаванд. Ин нохалафон дар мавзӯи «Ворух», пешгирии касалии сироятӣ (пандемияи КОВИД-19), ҳифзи марзу буми кишвар ва баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон кадом мавқеъро ишғол карданд, ба ҳамаи сокинони кишвар маълум аст. Онҳо ба «сухтор равған» рехта, баръакс бадбинони миллати моро дастгирии маънавӣ мекарданд.
Мо ба онҳо гуфтанием, ки бо умри дуруғ кӯтоҳ аст. Онҳо бояд ба гӯш гиранд, ки давлати имрӯзаи Тоҷикистон, нисбат ба солҳои 90-и асри ХХ, нерӯю имконоти бештар барои пешрафту тараққиёт дорад, таманнои миллати тоҷик фақат суботу рушд, созандагӣ ба хотири фардои неки кишвар аст.
Назар М.А.
директори ИФСҲ АМИТ
директори ИФСҲ АМИТ