casino malaysia
casino malaysia
Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақавӣ

wrapper

 
  Мавриди қайд аст, ки мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ на танҳо масъалаи асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки масъалаи мубрами Россия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА низ мебошад. Ин таваҷҷӯҳ комилан маълум аст, зеро ҳалли ин мушкилот барои таъмини амнияти ин кишварҳо аҳамияти хосса дорад,хусусан дар даврони афзудани созмонҳои террористӣ. Маълум аст, ки терроризм таърихи тулонӣ дошта, дар тамоми љаҳон, аз љумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таъсири манфӣ дошт. Кишварҳои гуногун ҷаҳон кушиш мекунанд,ки бо ин падидаи номатлуб дастаҷамъона  муқовимат намоянд. Дар минтақаи  мо низ  ташкилотҳои сатҳи байналмилалӣ ба мисли  Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бар зидди    ҳаргуна таҳдидҳо ба  амнияти минтақа  тадбирҳои назаррас меандешад.
  Алҳол Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 18 кишварро муттаҳид менамояд, ки дар ҳудуди онҳо тахминан 45 % аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад. Имрӯз таъсири СҲШ ба равандҳои геополитикии Осиёи Шарқӣ, Марказӣ, Љануби ва Шимолӣ хеле бузург аст. Имрӯз мо шоҳиди он гаштем,ки дар муқовимат ба таҳдидҳои нави љаҳонӣ бозингарони сиёсии минтақавӣ кӯшиш менамоянд, ки аз нерӯҳои беруна истифода намоянд ва бештар дар стратегияи онҳо истифодаи љониби сеюм дар назардошта шудааст. Аммо, бидуни суботи дохилӣ, ба даст овардани амнияти воқеӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ѓайри имкон аст.
Маълум аст, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ ба муҳимтарин пойгоҳи захиравии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфт. Нақши минтақа, дар баробари кам шудани захираҳои энергетикӣ дар дигар қисматҳои ҷаҳон, имрӯзҳо хеле афзоиш меёбад. Дар чунин вазъ бояд эътироф кард, ки Осиёи Марказӣ таҳти фишори масъалаҳои зиёди ҳалношуда қарор дорад, ки дар якҷоягӣ бо таҳдидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, низоъҳои маҳаллӣ, терроризм ва экстремизму радикализми динӣ қарор дорад.
  Дар марҳилаи ҳозира, бо тамоюли пайдоиши падидаҳои бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва паҳншавии пандемияи КОВИД-19, мушкилоти давлатҳое, ки "пешсафон"-и ислоҳоти муваффақи иқтисодӣ ҳисобида мешаванд, шиддат гирифтааст. Дар иртибот ба вазъи амниятии Осиёи Марказӣ, мо метавонем сохторҳои сершумореро дар ин минтақа номбар кунем, ки сулҳу суботро дастгирӣ мекунанд. Воқеан, ин барномаю нақшаҳо ба манфиатҳои бозингарони ҷаҳонӣ (Россия, ИМА, Чин, Иттиҳоди Аврупо) хеле созгор ҳам ҳастанд: онҳо рӯзномаи кориро мутобиқи таҳияи стратегияҳои амнияти ИДМ, СААД, СҲШ, НАТО ташкил медиҳанд. Дар ин ҳолат мо мебинем, ки тамоюлҳои ҳамгироӣ, талошҳои дастаљамъӣ, ташкили минтақаҳои "муштарак"-и масъулияти ин сохторҳо мавҷуданд. Масалан, кӯшиши таҳияи стратегияи муштараки амал дар формати муколамаи СААД ва ЕврАзЭС дида мешавад.
  Аммо, ҳанӯз барвақт аст эътироф намоем, ки стратегияҳои мазкур нисбат ба бозиҳои сиёсӣ бартарӣ дорад. Сабаби ин – бӯҳрони эътимод аст, ки ҳам дар шакли ҳамкории давлатҳои минтақа ва ҳам дар муносибатҳои Русия ва Ғарб ошкор мешавад. Масалан, аксари коршиносон СҲШ-ро ҳамчун воситаи таъсири Чин дар минтақа арзёбӣ намудаанд. СААД ва ЕврАзЭС ҳамчун "лоиҳаҳои тарафдорони Русия" ва НАТО бошад, як воситаи таъсиррасонии амрикоӣ арзёбӣ карда мешавад. Агар ин масъаларо аз лиҳози татбиқи қарорҳои воқеӣ барои ташкили иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ дида бароем, пас метавон гуфт, ки онҳо низ манфиатҳои муҳими Қазоқистонро эътироф намуда, онро асоси воқеияти амалкунандаи Иттиҳоди оянда медонанд.
Маҳз дар чунин вазъият аҳамияти СҲШ дар рушди амнияти минтақавӣ меафзояд. Вале СҲШ бошад, аз ибтидо як сохтори ғайримутамарказ мебошад, ки бояд мушкилоти ҳукмронии ҳарбӣ-сиёсии ягон қувваро ба миён наорад.
Чун ба таърихи таъсис ёфтани СҲШ назар меафканем, таваҷҷуҳи моро, пеш аз ҳама, мӯҳтавои созишномаҳои мазкур ба худ ҷалб мекунад. Яъне чӣ омил ва ё зарурат пеш омад, ки сарони Русияву Тољикистон, Қазоқистону Қирғизистон, дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳз дар бораи таҳкими эътимод ва коҳиш додани нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадӣ созишнома имзо карданд?
  Тавре, ки дар Эъломияи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай омадааст, “ҳадаф аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай пеш аз ҳама таҳкими робитаҳои дӯстона ва анъанаҳои неки ҳамсоягиву эътимоди кишварҳои аъзо, тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин такон бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, маорифу муҳити зист ва дигар бахшҳои афзалиятнокии ҳаёти ҷомеа буда, саъю талоши муштарак дар роҳи таҳкими амният ва сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон, мусоидат ба ташаккул ва бунёди низоми нави байналмиллалии демократӣ, ва аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ адолатнок аз мақсадҳои асосию стратегии он ба шумор мераванд”.
Сарони давлатҳои узви СҲШ инчунин ба Аҳдномаи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва сепаратизм имзо гузошта, оид ба натиҷаҳои мулоқот иттилоия интишор намуданд. Дар айни замон, ин ташкилот вазифадор аст, ки ба чолишҳои нави замон саривақт вокуниш нишон диҳад ва омодагии худро барои масъулият барои таъмини амният ва инчунин ба ташаккули умумии минтақа изҳор намояд.
Фарқи асосии СҲШ аз дигар созмонҳои ҳамгироӣ ин рад кардани ҳамагуна зӯроварӣ, риояи принсипи иттифоқӣ, ҳамкорӣ ва ошкорбаёнӣ мебошад.
  Беҳамтоии Созмони ҳамкории Шанхай аз нуқтаи назари таҳияи стратегияҳои амният маҳз дар он аст, ки он «платформаи универсалӣ барои ба даст овардани ризоият» мебошад. Дар он, аз як тараф, муҳокимаҳои ҷиддӣ гузаронида мешаванд ва аз ҷониби дигар, моделҳои самарабахши ҳамкорӣ пайдо кардан имкон дорад. Аз ҷумла, бо иштироки ИМА, ки барояш ин минтақа аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст ва ба нигоҳдорию таҳкими субот манфиатдор аст. Стратегияи навшудаи ИМА аз рӯи принсипи "ҳар кас бояд ҷои кофӣ дошта бошад" амал мекунад. Ин маънои онро дорад, ки Вашингтон манфиатҳои ин қудратҳоро дар минтақа эътироф мекунад, вале аз ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ даст намекашад.
  Ҷаҳонишавии хатарҳо зарурати таҳияи тарҳҳои навро барои стратегияи амниятӣ пеш меорад. СҲШ метавонад ба сохторе табдил ёбад, ки манфиатҳои бозигарони асосии ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақаро муттаҳид созад, дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ барои иштирокчии баробарҳуқуқ шудан кӯшиш намояд.
  Дар айни замон Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи СҲШ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ бо кулли кишварҳои сулҳпарвари сайёра муносибату робитаҳояшро беш аз пеш тавсеа мебахшад. Бояд гуфт, ки тибқи баррасиҳои котиботи СҲШ, имсол мизбонии силсилаконфронсҳои илмию назариявии ин созмонро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар ба ӯҳда гирифтааст. Дар ин замина, то имрӯз якчанд конфронс ва ҳамоишҳои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ дошта бо иштироки васеи масъулони амниятӣ, низомӣ, дифоӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва энергетикии ин Созмон дар Тоҷикистон баргузор гашт, ки мавқеи мизбонӣ ва масъулияти баланди љониби Тоҷикистонро дар таҳкими СҲШ нишон медиҳад.
 
Маҳмадова Ф.
 
ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии
Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia