casino malaysia
casino malaysia
Усули давлатдории дунявӣ ва нақши он дар пешгирӣ аз ифротгароии мазҳабиву динӣ

wrapper

  Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1 омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва ҳамин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ соли 1997 қайд намуда, чунин гуфтаанд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рў на пайравони тариқи атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурўғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ, ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву диннӣ конститутсия ва дигар Қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд»[1].
Инчунин, ҳамин нуқтаро бори дигар дар «Уфуқҳои Истиқлол» соли 2018 дар шакли ҷамъбасти чорякасраи эъмори давлати дунявӣ ёдрас мешаванд: «Истиқлолияти давлат ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатии миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намоянд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд» [2,16-17].  
   Аз инҷо бар меояд, ки тамоми принсипҳои дунявияти давлати демократӣ дар чунин сохти давлатдорӣ татбиқ мегарданд. Вале аввалан мебояд, ки асли ин мафҳум ва моҳияти онро равшан созем, ки дунявият чист? Давлати дунявӣ будан чӣ маънӣ дорад ва асли он яъне дунявият ё худ секуляризм дар чи зоҳир мегардад. Инҷо ҳамин нуқтаро бояд қайд намуд, ки асли дунявият қабл аз ҳама дар татбиқи усули секуляризм, яъне ҷудо намудани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат зуҳур меёбад. Зери мафҳуми давлати дунявӣ, мо давлатеро мадди назар дорем, ки дар он, на дин аз давлат,балки иттиҳодияҳои динӣ ҷудо аст ва онҳо ба корҳои идории якдигар ҳеҷ дахолате надоранд.Дар давлати дунявӣ ҳамаи шохаҳои ҳокимият: ҳокимияти қонунгузор (маҷлиси миллӣ), иҷроия (ҳукумат), судӣ(судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо) дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии дунявӣ, яъне ратсионалистӣ-ақлӣ, хирадгароёна амал мекунанд, на аз руи қавонини динӣ-шаръӣ ва меъёрҳои дунявии ҳуқуқӣ ҳамчун меъёр ё критерияи асосии татбиқи ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ба шумор меравад.
  Интихоби модели муайяни давлати дунявӣ бо хусусиятҳои  хоси худ дар доираи ваколати давлат қарор дошта, аз ҳолати  инкишофи муносибатҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, маданӣ-ахлоқӣ, дину мазҳаб ва расму русуму анъаноти он кишвар ва миллат вобаста мебошад. Дар мавзўи афзалият ва бартарӣ доштани низоми дунявии давлатдорӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин изҳори назар мекунанд: «Афзалияти низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва ихтилофи идеологиро ба вуҷуд намеорад». Ба таври дигар, дунявият як шароит буда, аз як тараф баробарӣ ва фаъолияти баробару яксони мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат медиҳад, аз ҷониби дигар имкон намедиҳад, ки ҳеҷ як мафкура худро идеологияи ягонаи давлатӣ эълон карда, пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Ин моҳияти низоми дунявии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди ҳаштуми Сарқонуни кишварамон сабт шудааст[2,16].
  Принсипи дунявият ҷудоии динро аз давлат талаб менамояд, вале он ҳеҷ гоҳ ба маънои мухолифат ё зиддият бо дин нест ва тамоман аз ҳаёти ҷамъият дур намудани динро талаб намекунад, балки барои таъмини ҳамкории муфиду мусолиматомези миёни давлат ва иттиҳодияҳои диннӣ шароиту замина фароҳам меорад. Принсипи дунявият дар ҳеҷ маънӣ ва умуман маънои вуҷуд доштани зиддият миёни дин ва давлатро надорад. Қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии давлати дунявӣ дар баъзе маворид метавонанд пурра ва ё қисман ба меъёрҳои  диннӣ-шаръӣ монандӣ дошта бошанд, вале усулан ва моҳиятан диди дунявӣ дошта ба асоси хулосаҳои ратсионалистӣ-ақлӣ тарҳрезӣ шудаанд.
  Аслан, дунявият на аз рўи мавҷуд будани ихтилоф миёни дину давлат ва ё комилан ҷудоӣ аз дин, балки бо озод будан аз чунин ихтилофу зиддиятҳо (конфронтатсияҳо) муайян карда мешавад. Дигар хусусияти давлати дунявӣ дар ин аст, ки он тибқи принсипи озодии эътиқодот ва виҷдон амал намуда, нисбат ба ҳамагуна мафкура, дину мазҳаб, идеология ва иттиҳодияҳои диннӣ, муносибати ягона баробар ва мутавозин дорад. Махсусияти дигари асосии давлати дунявӣ дар он аст, ки ҳар шахс дар интихоби дину оин, кешу мазҳаб, адои фароизи динию эътиқодии худ комилан озод аст, риоя ва ҳифзи ин озодиҳоро қонун барои ў кафолат медиҳад. Намояндагони ҳама дину мазҳабҳо, иттиҳодияҳои диннию ҷамъиятӣ, дар назди қонун баробар буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд. Зимни сухан оиди афзалият ва аҳамияти модели давлати дунявӣ метавон гуфт, ки арзиши давлати дунявӣ дар бамиёнорӣ ва таъмину ҳифзи мувозинати манфиатҳои эътиқодманду ғайриэътиқодмандон, имкони таъмини озодию мустақилӣ дар интихоби дину оин, дахлнопазирии эътиқодии шахс ва шаҳрванд, инчунин дахлнопазирии мутақобилаи дин бо давлат дар корҳои идории якдигар зуҳур меёбад. Танҳо модели далати дунявӣ имкон медиҳад, ки дину мазҳабҳо, оину фирқаҳо, намояндагону эътиқодмандони ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ дар назди қонун ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар ва нисбати якдигар муносибати таҳаммулгароёнаю хайрхоҳона дошта бошанд ва дар ҳамзистии осоишта кору фаъолият намоянд. Фақат шакли давлати дунявӣ метавонад, ки ҳамзистии осоиштаву таҳаммулгароёнаи дину мазҳабҳо ва равияву фирқаҳои гуногунро ба миён оварда, шароиту заминаи сарзадани зиддиятҳову низоъҳоро миёни адёну мазоҳиби мухталиф аз байн барад ва барои муколамаи мусолиматомези миёни онҳо шароити мусоид фароҳам намояд, танҳо чунин модели давлати дунявиро метавон давлати дар асл дунявӣ-демократӣ ва ҳуқуқбунёд номгузорӣ намуд.Инҷо дар баррасии мафҳуми дунявият, бояд ҳамин нуктаро қайд намуд, ки асли дунявият пеш аз ҳама, дар мардумсолорӣ ё худ демократия ва асли демократия дар муносибат ба инсон ҳамчун шахсият мебошад ва дин инҷо ҳамчун як василаи таъмини мувозинат дар ин муносибат баромад менамояд. Дунявият на дар муносибати давлат бо дин ҳамчун боварӣ ва эътиқодот балки бо инсон, шахсият ва шаҳрванд ҳифзу кафолати озодиҳои фитрии он озодии виҷдон, забон, эътиқодот ва имкони доштани арзишҳои барои инсон муқаддас: озодӣ, баробарӣ ва ҳаёти бошарафона зуҳур меёбад.
  Асли дунявият, дар маънои томаш дар вуҷуд доштани озодиҳои табиӣ-фитрии инсон ва шахсият; истиқлолияти том, озодии виҷдону баён, эътиқодот, дошатани ҳуқуқу имкони интихоби ин эътиқодот, озодандешӣ ва зиндагонии осоиштаи бошарафона мебошад, ки давлати дунявӣ ва системаи ҳуқуқии он кафили риоя ва ҳифзи ин арзишҳо бошад. Дар давлати дунявии воқеан демократӣ, инсон ирзиши олӣ ба ҳисоб рафта, дахлнопазирии ҳуқуқҳои табиӣ-фитрии он аз ҷониби давлат риоя ва ҳифз карда мешавад. Маҳз дар ҳамин зуҳур меёбад, асли дунявияти давлат, ҳамчун як механизм ва ташкилоти идории ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ [10,9;20,37;22,11].
  Биноан маҳз модели давлати дунявӣ метавонад ҳамчун омили суботи саросарӣ, истиқрори комили сулҳу оромӣ, василаи таъмини мувозинати комил миёни кулли адёну мазоҳиб ва фирқаҳою иттиҳодияҳои динию ғайридинӣ баромад намояд. Зимни омӯзиш ва баррасии мафҳуми асли дунявият маълум гашт, ки давлати аслан, моҳиятан ва воқеан дунявии демократӣ давлатест, ки дар системаи ҳуқуқӣ-қонунгузории он муносибати давлат бо дин дар доираи қонун пурра ба танзим дароварда шудааст, дар муносибати онҳо ихтилофе вуҷуд надорад ва онҳо бидуни дахолат ба умури идории дохилии якдигар дар ҳамкории мусолиматомез ва ҳамзистии осоишта қарор доранд. Принсипҳои қонунии озодии виҷдон, баён ва эътиқодот, принсипи баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамаи дину мазҳаб ва иттиҳодияҳои динию ғайридинӣ дар назди қонун барои таъмини адолати иҷтимоию фарҳангӣ миёни ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа замина фароҳам меорад. Онҳо метавонанд ва имкон доранд, ки бидуни дахолат ва рақобат ба корҳои якдигар дар оромӣ ва ҳамзистии осоишта кору фаъолият дошта бошанд.
  Тибқи принсипҳои дар боло зикргашта, ҳеҷ шахс ё гурӯҳе ҳуқуқ надорад, ки ба ҳаёти шахсӣ ва муқаддасоти шахси дигар дахолат намояд ё онро мавриди беэҳтиромӣ ва таҳқир  қарор диҳад, риоя ва ҳифзи ин принсипу озодиҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст. Дар давлати аслан дунявии демократӣ, озодии виҷдон ва эътиқодот аз ҷониби қонун кафолат дода шуда, озодандешӣ ва озодбаёнӣ меъёри муқаррарии ҳаёт ба ҳисоб меравад.Ҳама гуфтаҳои болоро ба инобат гирифта, хулоса кардан мумкин аст, ки дунявият ҳамчун модели таъминкунандаи фазои мусолиматомези муҳити динии ҷомеа модели нисбатан муваффақ, мувофиқу созгор ва қобили қабул мебошад.Афзалияти дигари  модели давлатдории дунявӣ, дар он таҷассум меёбад, ки он на танҳо муносибати ҳасанаву мутавозини миёни давлат ва иттиҳоддияҳои динро таъмин менамояд, балки муносибати мусолиматомези таҳаммулгароёнаи байни худи иттиҳодияҳои динниву равияю фирқаҳо ва мазоҳиби гуногунро дар асоси қонун ба танзим дароварда, баробарии ҳуқуқу озодиҳои онҳоро риоя ва ҳифз мекунад ва имкон намедиҳад, ки ҳеҷ як дин мазҳаб ё равияву фирқае мафкураи худро ҳамчун идеологияи ягонаи ҳукмрон талаққӣ созад. Принсипи дунявияти давлатдории муосири миллии мо муносибати динро бо давлат дар асоси сарқонун муайян намуда, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳо ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандони кишварро новобаста ба дину мазҳаб ва эътиқодоту боварияшон эълон медорад ва ин ҳамчун як асли низоми сиёсӣ ва принсипи давлатдории мо ба ҳисоб меравад, ки дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ дарҷ гаштааст»[3, 13].
Нақши давлати дунявӣ дар пешгирӣ аз тундгароии диннию-мазҳабӣ, бемуҳобо басо бузург ва арзишманд буда бартарӣ ва афзалияташ, ба ғайр аз он чи, ки дар боло зикр намудем, боз дар он аст, ки қонунҳои  давлати дунявӣ, ки тавассути он ҳаёту фаъолият ва амалу рафтори аъзоёни ҷомеа идора карда ва ба танзим дароварда мешавад, хирадгароёна, ақлонӣ (ратсионалӣ) ва воқеӣ мебошад. Дар қонунэҷодкунии давлати дунявӣ, пеш аз ҳама зарурати таърихӣ, воқеияти таърихӣ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таъсир ва нақши бевосита дорад. 
  Қонунҳои давлати дунявӣ бо назардошти авомили дар боло зикршуда, баррасии масъаларо аз нигоҳи ақлонӣ вобаста ба шароиту муҳити муайян ба таври (ратсионалистӣ) хирадгароёна ва воқеъбинона ба миён гузошта, паҳлуҳои мусбату манфии онро аз ҳар  нигоҳе дида баромада, аслан чун қоида дар тамоми ҷаҳони мутамаддин пас аз тарафдории аз 3/2 ҳиссаи қонунэҷодкунандагон (қонунгузорон) қабул гашта, расман эътироф мегардад ва мавриди амал қарор мегирад. Яъне ин ҷо омил ё маҳаки асосӣ ақл ва хирад аст, на эҳсосу эътиқод ва ё боварӣ ба чизе. Аз рўи мантиқ бар меояд, ки ҳар қонуне, ки дар давлати дунявӣ ҳаст, бояд ҳатман ба манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони он хизмат намояд ва ба ҳамин самт равона шуда бошад ва ҳар амали ношоистае бар зидди  давлат, шахс ва ҷомеа равона шуда бошаду аз нигоҳи ақлӣ ва ахлоқӣ зараровар шуморида шавад, тибқи қонун мамнуъ ва барои иҷрои ин амал ҷазо пешбинӣ мешавад. Амнияти комилу саросарӣ дар дилхоҳ кишвар, танҳо замоне даст медиҳад, ки тамоми муносибатҳои ҷамъияти пурра ва оқилонаю боадолатона ба танзим дароварда шуда бошад. Инҷо бояд қайд намуд ки,низоми сиёсии модели давлати дунявӣ, баробарии ҳуқуқию уҳдадориҳо ва озодиҳои шахсро новобаста ба миллату нажод, эътиқоду дороӣ, ранги пўст, маълумоту касбу кор, мавқеи иҷтимоӣ ва ғайра эълон доштааст, ва низоми мардумсолорию қонунмадор мебошад, ки ин ҳуқуқу озодиҳоро таъмин менамояд, ва ба халалдоршавии онҳо аз ҷониби шахсе ё гурӯҳе роҳ намедиҳад. Аз ин ру метавон гуфт, ки принсипи баробарӣ ва дахолатнопазирию озодии эътиқодии низоми давлати дунявӣ ба он мусоидат мекунад, ки заминаҳои пайдоиш ва тазоҳури ҳама гуна ихтилофу зидиятҳо ва чун натиҷаи он низоъҳои миёни дину мазҳабҳо ва мафкураҳои ғоявию ақидатӣ аз миён бурда шавад, аниқтараш барои ин падидаҳо замина ва шароит вуҷуд надошта бошад. Модели дунявии давлат, муносибати дину давлат ва ҳама мазҳабу фирқаҳо иттиҳодияҳои динию ҷамъиятӣ, хулоса тамоми муносибатҳои ҷамъиятро дар асоси қонун ба танзим медарорад, то ки дар самти баамалбарории ин муносибатҳо ҳеҷ хало (вакуум)-и ҳуқуқию қонуние дар фазои динии ҷомеа  боқӣ намонад, зеро ки мавҷудияти дилхоҳ шикоф ва хало дар фазои қонуни ҷомеъа, метавонад натиҷаи ғайридилхоҳ ба бор орад. Чаро кӣ ҳама гуна хало дер ё зуд, аз унсурҳои бегонаю музир пур хоҳад шуд ва ин унсурҳо ҳавои вабоӣ-уфуниро мемонанд, ки фазои ҷомеаро носолим мегардонад.Аз ин сабаб, мавҷудияти қонун дар ҷомеаи инсонӣ як амри ногузир буда, дараҷаи солимии фазои ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеъа, аз он вобастагии сахт дорад. Барои таъмини амнияти миллию давлатӣ дар шароити муосир, мебояд дар  зеҳни омма ва бахусус наслҳои ҷавон тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии илмиро ҷой намуд, ки онҳо ба воқеаву ҳодисаҳо ва падидаҳои ҷаҳони муосир, ба таври дуруст ва воқеию огоҳона баҳо дода тавонанд. Ин кор танҳо дар сурате муяссар мегардад, ки ҳар фарди ҷомеа бо ақли худаш ҷонибҳои неку бади масъаларо дарк карда тавонад, огоҳии сиёсӣ ва дониши кофии илмӣ дошта бошад. Танҳо доштани дониши комил (универсалӣ), маълумоти пурра ва дурусти таърихӣ, бохабар будан аз гузаштаи таъриху илму фарҳанги худ ва умумибашарӣ, ба фард имкон медиҳад, ки дар ин набардҳову гирудорҳои мутаззоду садранг ва шадиди ҷаҳони муосир барои «тасарруфи ақлҳо» ояндаи хешро бе хато муайян созад, огоҳона ба пеш ҳаракат намояду ба худшиносии миллӣ бирасад. Танҳо фарди худогоҳу худшинос қодир аст ба худшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои умумибашарӣ даст ёбад, ин муқаддасотро эҳтиром ва ҳифз намояд, ҳуввияти асили миллӣ дошта бошад ва барои ҳифзи дастовардҳову арзишҳои миллию давлатии худ таёр бошад, зеро ки яке аз сабабҳои асосӣ ва аввалини пайдоиши ҳама гуна ақида ва равияву гурўҳҳои тундраву ифротӣ, пеш аз ҳама, нодонӣ, ноогоҳии сиёсӣ, надоштани тарзи тафаккури мантиқию таҳлилӣ мебошад.
  Акнун қабл аз он, ки бевосита дар бораи нақши давлати дунявӣ дар пешгирӣ ва ифротгароиву тундгароии диннӣ-мазҳабӣ бипардозем, мебояд аввалан ба таври мухтасар дар бораи омилҳое, ки ба пайдоиши ин гурўҳҳою чунин ашхос сабаб мешаванд мухтасаран маълумот диҳем. Бояд бигуем, ки ин ҷо метавонад авомили зиёду гуногуни объективию субъективӣ, дохилию хориҷӣ вуҷуд дошта бошад. Мисли омилҳои: иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, геополитикӣ, динӣ-мазҳабӣ, равонӣ, тиббӣ ва ҳатто техногению нуҷумӣ ва боз, мумкин садҳо омили шинохташудаю шинохтанашудаи ошкору ниҳон мавҷуд бошад. Ба ҳар ҳол ва дар ҳар сурат, мо мекўшем, то ки чандтои онро ба таври умумӣ ва мухтасар, ки аввалӣ ва асосӣ ба шумор мераванд нишон диҳем, ки инҳоянд:
- нодонӣ, бесаводӣ ноогоҳии сиёсӣ, надоштани маълумоти кофӣ ва дониши қазоӣ барои қиёси неку бад;
- хурофотпарастӣ, мутаассибият ва ноогоҳӣ аз асли дин ва кулли адён
- тарбияи нодуруст дар хурдсолӣ дар оила ва ҷомеа;
- таълими нодуруст, (таълими ғайримактабӣ дар назди ашхоси чаласаводу мутаассиб), таълими ғайримеъёрӣ;
- ниёзҳои иқтисодӣ: дастрасӣ надоштан ба маводи ниёзи аввалия: хўрок, пўшок, сарпаноҳ, таҳсил, ёрии аввалии тиббӣ ва ғ.;
- ноадолатии иҷтимоӣ. Нодуруст ва беадолатона тақсим шудани неъматҳои моддии марбут ба ҳама шаҳрвандон миёни аҳли ҷомеъа монанди обу хок ва сарватҳои зеризаминии он кишвар.
- мавҷудияти коррпусия, порагирӣ, ки ба косташавии эътибору нуфузи давлат ва норозгии аҳли ҷомеъа оварда мерасонанд;
- омилҳои тибби-равонӣ. Ба таври генетикӣ ё модарзодӣ-ғаризавӣ тамоил ба ҷиноят ва таҳрибкорӣ доштан.
- мавҷуд будани нуқсоне дар қонунҳо ё дар боамалбарории онҳо, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ё ҳараҷу мараҷ дар муносибатҳои ҳуқуқӣ;
- норозигӣ аз сиёсати мавҷудаи давлат;
- мутаасибияти мафкуравӣ дар пояи ақида ва ё ғояе;
- пойбандӣ ба хурофот (секта,равия ё фирқаҳои бегона)
- афтодан зери таъсири фазои итилоотии бегона ва душман, киберҷинояткорӣ;
- ҳама гуна ҷангу нооромӣ ва ноамнӣ;
- ба хотири барқарор намудани адолате ё қасд ситонидан;
- ҷоҳталабӣ, мансабталошӣ, ҳарисию гурусначашмӣ;
- хоҳиши ҳукумронӣ кардан болои аз худ заифтаре;
- худфурўшӣ ба ивази сарват, мансаб ва ё чизе дигаре, хоинӣ;
- мавҷудияти стандарту меъёрҳои дугонаю сегона ва даҳгона ё қонунтатбиқкунии интихобӣ дар саннадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ё дохилӣ;
- мавҷудияти меъёрҳои дугона дар тарбия ё ҳар муносибати дигаре;
- сустбудани сутуни амудии ҳокимият.
  Ва боз садҳо омилҳову сабабҳои шинохташудаю шинохтанашудаи дигар метавонанд бошанд, ки шахсро аз моҷарои дурусти зиндагӣ бо роҳи тахрибкорию худфарсоӣ бикашонанд, вале дар асос ва умум, аз тадқиқотҳои олимони соҳаҳои гуногун, равоншиносону сиёсатшиносон, табибону ҷомеашиносон, дар манотиқи гуногуни олам бар меояд, ки дар аслан омилу сабабҳои ба ифротгароию тундгароӣ даст задани афрод, ҳаминҳоянд. Равоншиносони равияи равоншиносии ҷинояткорӣ муайян намуданд, ки баъзе ашхос ба таври генетикӣ тамоюли ҷинояткорӣ ва тахрибкорӣ доранд. Бархе дигар, аз сабаби тарбияи нодуруст гирифтан дар хурдсолӣ ё наврасӣ ва ё зиндагӣ доштан дар фазои носолим ва бардоштани зарбаҳои равонӣ, нуқс ё худ (комплекс)-и равонӣ пайдо мекунанд, ки сабаби тамоюли ҷинояткорию тахрибкорӣ пайдо кардани шуури онҳо мегардад. Дар анҷоми сухан ҳаминро гуфтан кофист, ки кулли нокомиҳои инсонҳо аз нодонию ҷоҳилист ва ягона давои он ба омӯзиш машғул шудан аст.
  Хулосаи нақши давлати дунявӣ дар пешгирӣ аз ифротгароии мазҳабию динӣ фикр мекунам, ки овардани иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кофист то ин нақш пурра равшан гардад: “Бартарии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва ихтилофи идеологияро ба вуҷуд намеорад…”[2,16]
Замоне ки ихтилофу зиддият вуҷуд надошта бошад, низоъ ҳам ҳамчун натиҷаи ихтилоф, имкони сар задан ва вуҷуд доштан надорад. Аз ин гуфтан мумкин аст, ки низоми дунявии давлатдорӣ шакли беҳтарини таъминкунандаи амният дар фазои динию идеологии ҷомеа мебошад.
 
 
Холов Ш. А.
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Бознашр : Ахбори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, №1,2021
 
Адабиёти истифодашуда:
 
  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 1997.// “Дин ва ҷомеа”. Душанбе-2013, -с. 5.
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. Душанбе, 2018.
  3. Абдуллоев Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ.// “Набзи замон” №2-Душанбе, 2013.
  4. Протоиерей Николай Емельянов. Анализ «секуляризации» в России со стороны предложения \\ Христианское чтение № 1, 2017.
  5. Грудцина Л. Ю. Церковь как связующее звено между гражданским обществом и государством в России // Адвокат. 2007, №9
  6. Понкин И. В. Современное светское государство: Дис. … д-ра юрид. Наук. М., 2004.
  7. Живулин В. А. Теоретико-правовые основы регулирования современных государственно-конфессиональных отношений в Российской Федерации: Дис. … канд. юрид. наук. Новгород, 2006
  8. Словарь иностранных слов. М. Русь. 1982
  9. Мирзоев Г. Дж. Принцип светскости государства и исламская традиция // Известия Института философии политологии и права им. А. Баховаддинова АН РТ.-2015.-№4.-с. 23-27 (на тад. яз.).
  10. Мирзоев Г. Дж. Соотношение религиозного и национального сознания в современных процессах стран Центральной Азии. //Известия АН РТ Серия: Философия и право.-2009. №3.-с. 115-119.
  11. Мирзоев Г. Дж. Ислам и национальное самосознание // Известия АН РТ. Отделения общественных наук.-2006. №3-с. 66-71. (на тадж. яз.).
  12. Ахмедов С. Светские и религиозные элементы в национальной государстве \\ Построение доверия между исламистами и секуляристами – таджикский эксперимент. -Душанбе, 2004. С. 88- 108.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia