casino malaysia
casino malaysia
Паём – дастур дар самти ташаккули робитаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ

wrapper

  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун паёмҳои қаблӣ фарогирандаи самтҳои асосии ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар буд.
  Нуқтаи асосиеро, ки сарвари давлат дар баромади худ дар самти мазкур қайд намуданд, вобаста ба хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла ҷиноятҳои фаромиллӣ буд.
  Ҳамгироии давлатҳо вобаста ба ҷаҳонишавии иқтисод, сиёсат ва фарҳанг, ки дар ҷаҳони муосир сурат мегиранд, раванди объективӣ буда, рушди муносибатҳои байнидавлатиро мустаҳкам мегардонанд. Аммо бо ташаккули равандҳои ҳамгироӣ ҳамзамон ҷинояткорӣ низ рушд карда, шакли муташаккил ва фаромиллиро мегирад. Чунин вазъ на танҳо барои амнияти кишварҳои алоҳида ва созмонҳои байналмилалии минтақавӣ, балки ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Албатта, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб барои таъмини зиндагии осоишта ба тамоми аҳолӣ ва ҳар як фарди алоҳида бетараф буда наметавонад. Ба назари мо, аввалан низоми танзим ва ҳамкорӣ миёни мақомотҳои дохилидавлатӣ мустаҳкам гардонида шавад ва сониян робитаҳо бо мақомотҳои ваколатдори кишварҳои хориҷӣ устувор гардад. Агар мо ҷиноятро ҳамчун омили аксултаъсир ба ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф шуморем, моро мебояд ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҷанбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ нахуст бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мунтазам густариш диҳем. Дар ин маврид Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карданд, ки «Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо дигар кишварҳои хориҷӣ фаъол намуд ва иштирокчии чунин созмонҳои байналмилалии мубориза бо ҷинояткорӣ ба монанди Суди байналмилалии ҷиноятӣ ва Созмони байналмилалии полиси ҷиноятӣ  (Интерпол) гардид.
  Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии бисёре аз санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дар доираи Созмони Милали Муттаҳид қабулшуда мебошад, ки ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла: Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ аз соли 1988 (ҶТ 6 майи соли 1996 ҳамроҳ шудааст); Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия аз соли 2003 (ҶТ 16 апрели с. 2008 ҳамроҳ шудааст); Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз соли 2000 (ҶТ аз 29 майи соли 2002 ҳамроҳ шудааст) ва ғ.
  Бояд қайд намуд, ки кишварҳои ИДМ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамкориро дар ин ҷода ҳам миёни ҳамдигар ва ҳам бо дигар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монданд. Аз ҷумла чунин санадҳои байналмилалиро қабул намуданд: Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз с. 1993, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аз с. 1994, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ аз с. 1998, Шартнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни с. 1999, Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз с. 2002 ва ғ.
  Яке аз рўйдодҳои муҳим барои кишварҳои ИДМ, ин дар моҳи сентябри соли 1993 аз тарафи Шўрои сарони давлатҳои ИДМ қабул намудани қарор дар бораи таъсиси Бюро оиди ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави ИДМ буд. Кунун бюрои зикргардида дар механизми байниидоравии ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ нақши муҳимро мебозад ва дорои вазифаҳои зерин аст:
- ташаккули бонки махсусгардонидашудаи маълумотҳо ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ маълумтҳои ташаббусӣ;
- ба роҳ мондани ҷустуҷўи байнидавлатии аъзоёни гурўҳҳои ҷиноятӣ, ашхосе, ки ҷиноятҳои аз ҳама хатарнок содир намудаанд ва аз таъқиби ҷиноятӣ пинҳон мебошанд;
- таъмин намудани амалҳои мувофиқакардашуда дар мавриди гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва амалиётҳои мураккаб, ки манфиатҳои якчанд давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро дар бар мегирад, таҳияи тавсияҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории байналмилалӣ.
  Баъдан, барои таҳкими муносибатҳои мақомот тавассути таҳияи тадбирҳои муштарак дар доираи барномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ иқдомоти мушаххас андешида шуданд. Дар барномаҳои зикргардида тадбирҳои зерин мувофиқа карда шуданд: масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таҳкими асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории байни давлатҳо; тадбирҳои ташкилӣ ва амалӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ; дастгирии иттилоотӣ ва илмӣ тавассути мубодилаи маводҳои илмӣ ва методӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баланд бардоштани тахассуси кормандони худ.
   Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки имрўз кишварамон аъзо ва иштирокчии санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии универсалӣ ва минтақавӣ, хусусан дар доираи ИДМ мебошад, ки ба мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ равона карда шудаанд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, «Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ – Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад».
Созмони ҳамкории Шанхай аз зумраи созмонҳои минтақавие ба шумор меравад, ки дар роҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва фаромиллӣ, хусусан терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ пешқадам аст.
  Санади муҳими минтақавӣ, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои давлатиро дар мубориза бар зидди чолишҳо ва таҳдидҳои нави ҷиноятӣ дар асри XXI гузоштааст, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад, ки 15 июни с. 2001 қабул карда шудааст. Конвенсияи Шанхай бори аввал дар сатҳи байналмилалӣ мафҳуми сепаратизм ва экстремизмро ҳамчун амали зӯроварона ва ҳамчун ҷинояти таъқибшаванда муайян кард. Меъёрҳои байналмилалӣ-ҳуқуқие, ки дар он пешбинӣ гардидаанд, ҳамкориҳоро дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои зикргардида танзим мекунанд ва камбудиҳои мавҷударо дар мубориза бо таҳдидҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ бартараф мекунанд.
Инчунин дар доираи ин созмони байналмилалии минтақавӣ маркази махсуси зиддитеррористӣ таъсис дода шудааст. Маркази минтақавии зиддитеррористӣ (РATC), ки бо созишномаи махсуси байни кишварҳои узви СҲШ аз 7 июни соли 2002 таъсис ёфтааст, механизми самарабахши татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои пешбининамудаи ин конвенсия мебошад. 1 январи соли 2004, РАТС ҳамчун механизми корие, ки объекти фаъолияти он ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистии дар замимаи Конвенсия зикргардида мебошанд, амалҳои мушаххасро оғоз кард. Ҳамин тариқ, заминаи ҳуқуқии фаъолияти ин марказ оид ба мубориза бо терроризм бо созишномаи махсус дар доираи созмони байналмилалии байниҳукуматӣ фароҳам оварда шуд.
  Аммо, новобаста аз чораҳои андешидашуда, чуноне ки Сарвари давлат қайд карданд, «Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад».
Таҳдидҳои вобаста ба амнияти байналмилалӣ (терроризм, экстримизм) пеш аз ҳама аз норасогии зеҳнӣ, набудани тафаккури таҳилилии шахсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва демографӣ сарчашма мегиранд, ки табиат ва миқёси онҳо гарчанде минтақавӣ бошанд ҳам, бо вуҷуди ин метавонанд ба тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ расонанд.
  Илова бар ин, кишвари мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки як кишвари ҷангзада аст, марзи дарозтарин дорад. Бинобар ин, ҳар як фард нигоҳдории сулҳу оромӣ ва таъмин намудани амнияти миллиро вазифаи худ донад ва зиракии сиёсӣ нишон дода, дар ин раванд масъулият эҳсос намояд. 
  Хуллас, чуноне ки мебинем, кишвари мо яке аз муассисон ва иштирокчиёни фаъоли созмонҳои байналмилалии минтақавӣ буда, созишномаҳои гуногуни универсалӣ ва минтақавиро дар соҳаи мубориза бо ҷинояткории фаромарзӣ эътироф кардааст. Бинобар ин баъзе аз олимони бурунмарзӣ Тоҷикистонро ҳамчун «локомотив»-и рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавсиф медиҳанд. Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин шартномаҳои муҳими бисёрҷониба метавонад ҳалли мушкилоти мухталифи марбут ба мутобиқати қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ, механизми амалӣ намудан ва татбиқи шартномаҳои байналмилалиро дар амалия ба бор орад.
  Аз ин рў, олимонро мебояд, ки оид ба самтҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шудааст, тадқиқотҳоро пурзўр намоянд ва дар робита бо мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва шиддат бахшидани мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ чораҳо андешанд.
 
Раҷабов Ф. Н
н.и.ҳ., ходими калони илмии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia