Таълиму тарбияи кӯдак масъулити ҳамагонист!
- Ҷумъа, Июл 05 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Масъалаи тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқ дар ҳама давру замонҳо ҷойгоҳи хос дошту дорад, зеро барқарор будани ҷамъият ба дараҷаи маънавиёт, ахлоқу одоб вобаста аст. Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия чанде пеш аз тарафи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷ Т “Дар бораи масъулияти падару модар” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки баъзе нофаҳмиҳоро дар ҷомеа аз байн бурд ва нишон дод, ки қонунгузорӣ низ як ҳолати шахшуда намуда, дар баробари тағйири ҷомеа қонунҳо низ тағйир меёбанд. Ин тағйирот дар ҷомеа боис гашт, ки дар баробари падару модар, ҷомеа ва омӯзгор низ масъул ба ҳисоб меравад. Ҳар чанд омӯзгорони мо бидуни Қонун ҳам дар таълиму тарбияи насли наврас масъул буданд ва мемонанд ва мо ба шарафи онҳо эҳтиром мегузорем.
Аммо баъзан мушоҳида мегардид, ки дар ҷомеа мардум бетарафиро нишон дода, нисбати тарбияву таълими насри наврас бетарафӣ мекарданд. Аммо баъд аз нашри ин қонун бояд тамоми ҷомеа масъул ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.
Вазъи тарбияи насли наврас имрӯзҳо нигаронкунанда буда, ин, албатта, ба ҷомеа таъсири манфии хешро мерасонад. Дар коста гардидани одобу ахлоқ ва тарбияи насли наврас то тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур бештар падару модарро масъул меҳисобиданд ва аммо тағйиру иловаҳо бар Қонун се ниҳод оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа масъул мебошанд. Ҳар чанд дар таълиму тарбияи насли наврас нақши оила бештар аст. Аммо ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ низ таъсиргузоранд ва ин се иниҳод бояд дар якҷоягӣ як занҷираеро ташкил диҳанд, ки ба ҳам пайваст бошанд. Дар таълиму тарбияи насли наврас оила, якҷо бо мактаб ва ҷомеа нақши муҳим доранд.
Якчанд омили таъсиррасонро гуфтан мумкин аст, ки имрӯз боиси коста гардидани одобу ахлоқи насли наврас гардидаанд. Пеш аз ҳама, оилае, ки дар он волидайн тарбияи кӯдакро бар дӯши якдигар ва ё муассисаи таълимӣ вогузор менамоянд. Дигар ин ки волидайн якҷо бо муассисаи таълимӣ ҳамкориро тақвият бахшида, бояд нагузоранд, ки кӯдак вақти хешро беҳуда гузаронад. Муҳити носолим ба коста шудани одобу ахлоқи кӯдак сабаб мешавад. Инчунин, истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ, ки дар тамоми оилаҳо инро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар баробари ин ҳама бетарафии омӯзгор ва ҷомеа низ дар пастшавии сатҳи маърифати ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Дар маҷмуъ, беаҳаммиятӣ ва бемасъулиятии тарафҳо метавонад ба оворагардию муноқишаҳои гурӯҳӣ ва даст задан ба ҷинояткории насли наврас боис шавад. Ҷомеаи зудтағйирёбандаи муосир ва гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд зуд ҷавонони ноогоҳ ва дур аз донишу одобу ахлоқро ба доми хеш афтонанд.
Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои қонуни мазкур бори дигар нишон дод, ки дар тарбияи насли наврас Ҳукумати Кишвар ғамхориҳои зиёд намуда, дар рушди ҳамаҷонибаи онҳо корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Рамазониён А. Б, ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ