Нақши шоирони Балх дар рушди фарҳанги даврони Сомониён
- Ҷумъа, Июл 05 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар даврони Сомониён, ки марзу буми давлати онҳо Мовароаннаҳр ва Хуросон, аз ҷумла дар баробари шаҳри Балх инчунин Марв, Ҳирот, Нишопур ва шаҳрҳои дигарро фаро мегирифт, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эълон гардида, дар асоси он дар ин минтақа адабиёти оламшумул, махсусан назми наве бо саромадии устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941) ташаккул ёфт. Аз ин давра, тибқи маълумоти маъхазҳои асримиёнагӣ ва муҳаққиқони муосир номи 57 шоир маълум аст, ки панҷ нафари онҳо аз Бухоро, панҷ нафари дигар аз шаҳри Балх ва боқӣ аз мавзеъҳои дигари тоҷикнишин будаанд. Дар ин бора шоири асри XI Манучеҳри Домғонӣ (с.ваф. 1040-1041) гуфтааст:
Аз Бухоро панҷу панҷ аз Марву панҷ аз Балху боз
Ҳафт нишопурию се тӯсию се Булҳасан.
Сазовори таъкид аст, ки Сомониёни тамаддунпарвар барои тақвияти фарҳангии давлати худ олимону адибонро аз минтақаҳои гуногуни тоҷикнишин ба пойтахт даъват карда, онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ бо мақсади саҳмгузориашон дар рушди илму адаб ҳамаҷониба дастгирӣ менамуданд. Аз ҷониби дигар, саъю кӯшиши Сомониён барои ҷамъоварии мероси бостонии ориёӣ ва эҳёи он шоирону олимонеро, ки дар тобеияти араб зиста, ғурури миллии худро то ҳол аз даст надода буданд, ба Бухоро раҳсипор менамуд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо, шоирон Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Сонеи Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Маъруфии Балхӣ ва дигарон бо амирони сомонӣ ҳамкорӣ намуда, дар рушди адабиёти тоҷик нақши босазое аз худ боқӣ гузоштанд.
Дар байни шахсиятҳои зикршуда Абулҳасан Шаҳид Ҷуҳудонакии Балхӣ (с.ваф. 937-938) шоир ва мутафаккири бузург буда, бо олимони шинохтае чун Абубакр Закариёи Розӣ (865-925) баҳсу мунозираҳои илмӣ доштааст. Ӯ амирону шахсиятҳои дигари бузурги даврони сомониро дар сатҳи баланде мадҳ гуфтааст. Аз мероси Шаҳиди Балхӣ ҳамагӣ 102 байт то даврони мо расидааст, ки ҳамагӣ гувоҳи истеъдоди баланди ин тоҷики зодаи Балх ва хислатҳои илмпарварии ӯянд. Аз ҷумла, дар бораи илму адаб ва дониш шоир чунин фармудааст:
Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к
Бебаҳоӣ, валекин аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зорвор бо ту равост.
Боадабро адаб сипоҳ бас аст,
Беадаб бо ҳазор кас танҳост.
Ногуфта намонад, ки дар вафоти Шаҳиди Балхӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як марсияи ҷонсӯзе сурудааст.
Абулмуайяди Балхӣ низ аз шоирони машҳури даврони Сомониён ва аз ҳамасрони Рӯдакӣ буда, “Шоҳномаи бузург” (ё “Китоби Гаршосп”), достони “Юсуф ва Зулайхо” ва асари насрие бо номи “Аҷоиб-ул-булдон” таълиф намудааст, вале то замони мо ҳамагӣ 22 байт аз ашъори ӯ боқӣ мондааст. Ин абёти пароканда ба пуррагӣ саршор аз панду ҳикмат аст:
Далере, ки тарсад зи пайкори шер,
Зани зоҷ хонаш, махонаш далер!
***
Рав, зи каҷиҳои дарун соф бош,
Ростгарои раҳи инсоф бош.
Аз шоири дигари даврони Сомониён – Сонеи Балхӣ танҳо як рубоӣ то ба мо расидааст, ки онро муҳаққиқон дар саҳифаҳои “Таърихи Систон” пайдо намудаанд:
Хони ғами ту паст шуда, вайрон бод,
Хони тарабат ҳамеша ободон бод!
Ҳамвора сари кори ту бо некон бод,
Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод!
Миёни шоирони даврони Сомониён тоҷики дигари зодаи Балх – Маъруфии Балхӣ низ, ки Рӯдакиро “Султони шоирон” хондааст, дар рушди илму адаб дар ин замона хизматҳои шоиста намудааст. Ӯ дар эҷодиёти худ мадҳи шахсият ва фаъолияти амири сомонӣ Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ (955-962) намуда, оид ба ин мавзуъ ва масъалаҳои дигар ғазал, қасида ва байтҳои алоҳида сурудааст. Аз Маъруфии Балхӣ то мо 55 байт расидааст, ки дар онҳо мавзуъҳои лирикӣ, пандуахлоқӣ ва амсоли он инъикос ёфтаанд:
Овози ту хуштар ба ҳама рӯй,
Наздики ман, эй луъбати Фархор.
З-овози намози бомдодин
Дар гӯши ғамин марди бемор.
***
Мардумон гӯянд, к-ин ишқ салим аст, оре
Ба забони арабӣ моргазида-ст “салим”.
Бештар аз шоирони дигар аз зумраи тоҷикони Балх Абушакури Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик дар даврони Сомониён саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар ашъори худ на танҳо мадҳи амир Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ намудааст, балки дар пайравӣ аз асари бостонии ниёгони мо “Ҷовидон хирад” андарзномае сурудааст, ки минбаъд асос барои таълифи “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ (1200-1291) ва маснавиҳои дигари пандуахлоқӣ дар адабиёти тоҷик гардид. Ашъори то имрӯз боқимондаи Абушакури Балхӣ аз 429 байт иборат мебошад. Аз ин мерос зиёда аз 300 байти он аз андарзномаи шоир аст, ки бо номи “Офариннома” машҳур аст.
Аз “Офариннома”, ки саросар панду ахлоқ буда, баёнгари он аст, ки дар қатори Дақиқӣ (948/950-978-983) ва Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020) муаллифи он Абушакури Балхӣ яке аз саромадони достонсароӣ дар назми тоҷик ба ҳисоб меравад, чунин бармеояд, ки шоир на танҳо андарзҳо гуфтааст, балки алоқамандии худро ба мероси бостонии ниёгони миллати мо нишон додааст. Ҳама ин гувоҳи саҳми ин тоҷики балхӣ дар гиромидошти таърихи гузашта ва Эҳёи Аҷам мебошад. Байтҳои зерин ин нуктаро ба куллӣ собит месозанд:
Ба доноӣ фармой ҳамвора кор,
Чу хоҳӣ, ки корат бувад нигор.
Ки доно ба ҳар кор бошад тамом,
Ба доно супорад замона лагом.
Чунин хондам аз дафтари Зардиҳишт,
Ки доно бувад, бегумон, дар биҳишт.
Чанд мисоле аз эҷодиёти шоирони балхӣ, ки дар аҳди Сомониён ва замони Рӯдакӣ зистаанд, ҳамчун намуна оварда, бори дигар таъкид месозем, ки ин даврон авҷи Эҳёи Тоҷик ҳисоб мешавад, ки онро муҳаққиқи тоҷик, академик А. Турсунов «аҳди тиллоӣ» номгузорӣ кардааст. Ин олими шинохта таъкид доштаанд, ки давлати сирф миллии тоҷикӣ Сомониён аз миён рафта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангии онҳо ҷовидонӣ боқӣ монданд, зеро барандаву муҳофизатгари он “халқи пуркору пурбардори тоҷик” зинда буд. Хушбахтона, миёни ин тоҷикони пуркору пурбардор мардуми ҳар ду соҳили Омударё, аз ҷумла тоҷикони Балх буданд, ки барои рушди илму адаб ва фарҳанги миллати худ дар аҳди Сомониён хизматҳои шоиста ба анҷом расонида, имрӯз ҳам дастаҷамъона аз пайи ҳифзу нигаҳдошт ва таҳаввулу такомули ин тамададуни оламшумул саъю кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳанд.
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор