Паём. Рушди соҳаи илму маориф вусъат меёбад
- Панҷшанбе, Мар 04 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Пояи давлат набошад бемаориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯ бар маориф биёр!
(Камолиддин Биноӣ)
Партави ҳусн аст эй писар илму ахлоқу адаб,
Беадаб, беилм, беқадр аст кас, в-ин набвад аҷаб.
Гар набинад мактабу таълиму устоду адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад в-ар чӣ бувад олинасаб.
(Саъдии Шерозӣ)
Ин суханони воло ва иршодгароёнаи бузургон ишора ба он мекунанд, ки нақши маорифу мактаб ва таълиму тарбия дар ҳаёти шахс ва ҷомеа то чӣ андоза муассиранд...
Дар оғози солҳои аввали истиқлоли давлатї, душманони миллати тоҷик дар баробари дигар зиёну хисороти ҷонию молии ба давлату миллат расондаашон, кӯшиданд, ки зарбаи асосӣ ва аввалиро ба илму маориф ва забону фарҳанги миллати кӯҳанбунёди мо зананд. Ин ашхоси ғуломтабору ғуломманиш, бефарҳангу беҳувият ва курзамиру ҷаҳолатпеша ба қатли олимону адибону рӯзноманигорон, аҳли илму фарҳанг ва арбобони давлатию сиёсӣ даст зада, кӯшиданд, ки илму дониш, мактабу маориф ва устодро беқадр ва дар чашми аҳли ҷомеа, бахусус, насли наврасу ҷавон хору залил ва беарзиш нишон диҳанд, бо ҳамин роҳ ояндаи ҷомеаи моро ба торикию зулмат ва мардуми моро ба ғуломию гумномӣ бикашонанд.
Хушбахтона, миллати мо аз вартаи нобудї халос шуд. Акнун, пас аз ҳазор сол, боз тақдир ба мо муждаи саодат дод, тоҷикон боз соҳиби давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонае, ки хостораш будем, гаштанд. Боз шаҳпари баландпарвози давлат бар бозӯи фарзанди тоҷики тоҷдор нишасту ҳумои ҳумоюнфар фарри каёнию хусравонии ориёиро бар сари мо бозгардонд.
Ин фарри каёнии хусравонӣ чашми дилу дидаи сари миллати моро рушан хоҳад сохт ва замиру роҳи моро ба сӯи ояндаи саодатнишон дурахшон ва ливои давлату миллати моро барои ҷовидон дурафшон хоҳад кард. Ҷаласаи тақдирсози шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 16-уми соли 1992, ки дар “Қасри Арбоб” баргузор гардид, ба миллати тоҷик фарзонафарзанди миллатро чун арбоби давлатӣ барои давлатсозию давлатдорӣ меъмору маъмур кард, ки басо созгор афтод ва ин меъмори барӯманд тавонист, ки барои миллату Ватани хеш таќрибан аз сифр давлат эъмор кунад, нишону парчам парафшон кунад, қонунномаи миллату суруди миллӣ иншо кунад ва бузургтарин рисолат, истиқрори Сулҳу Ваҳдат ва таъмини амниятро дар дӯш дошта бошад. Ҳар саодату дастоварде, ки имрӯз мо дорем, самараи истиқлол ва заҳмату талоши миллати шарифу фарҳангсолор ва фарзонафарзанди ҷоннисори ӯ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомилӣ Раҳмон аст.
Бояд зикр кунем, ки сиёсати хирадмандонаи ӯ миллатро ба сӯи илму маориф ва нуру зиё раҳнамун мекунад.
Эй чашми ту рушан бод, ки чашми миллат рушан кардӣ,
Қабои шоҳӣ туро ҷавшан бод, ки хизмати Ватан кардӣ!
Чун анъана, бо сипарӣ гардидани ҳар сол Пешвои муаззами миллат “Паём”- е ба мо - мардуми Тоҷикистон ироа менамоянд, ки дар он ҳама бурду бохти яксолаи тамоми соҳаҳои ҳаётро ба риштаи таҳқиқ кашида, мӯшикофона аз зери заррабин мегузаронанд. Ҷомеаро бо дастоварду муваффақиятҳои дар тӯли сол баамаломада ошно месозанд ва барои соли оянда ба роҳбарону мутахассисон дастуру супоришҳо медиҳанд.
Бо дарназардошти давлати иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи афроди ниёзманди ҷомеа ғамхориҳои гуногун зоҳир менамояд ва барои саҳлгардонии ҳаёти воқеии ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва судмандеро амалӣ месозад. Чунончи, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои бӯҷетӣ ва стипендияҳо 15%, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10% зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд 50% зиёд карда шуд.
Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар омадааст, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар соли сипаригаштаи 2020 дар мамлакат 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супурда шуданд.
Дар тӯли 29 соли сипаригардидаи истиқлолият, яъне аз соли 1991 то соли 2020 дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1300000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва ин раванд бемайлон идома дорад, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар беҳтар гардонидани сифати таълим, баланд бардоштани савияи дониши насли љавон ва нисбатан осон гардонидани шароити кори пурзаҳмати устодону мураббиён саҳми худро мегузорад. Илмомӯзӣ дар мактабҳои типи нав бо шароитҳои хуби таълимӣ, тахтаҳои электронӣ, компютерҳо, асбобҳои аъёнӣ, синфҳои лингофонӣ, синфҳою лабораторияҳои фанҳои химияю физика бо асбобу дастгоҳҳои таҷрибагузаронӣ ва ғайра натанҳо ба сатҳи таълим бевосита таъсир мерасонад, балки сатњи тафаккури илмии донишомӯзонро баланд бардошта, шавқу рағбати онҳоро ба донишандӯзӣ ва қобиллияту истеъдоди хонандагонро сайқал медиҳад.
Бо ин мақсад, барои боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим, дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиї дар соҳаи илму маориф” эълон карданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд, инчунин дар Паёми имсолаашон Президенти мамлакат даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм фуруғи маърифат” гузаронида шавад. Фикр мекунам, ки ин тадбир низ дар баробари озмунҳои қаблӣ монанди “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доної китоб аст” дар пайдо намудану тарбияи истеъдодҳои нодир миёни ҷавонону наврасон ва дигар ашхоси лаёқатманду боистеъдод хизмати шоёне хоҳад кард. Ҳамаи ин тадбирҳои судманд ва ин озмунҳои сатҳи љумњуриявӣ дар дарёфти ашхоси лаёқатманду боистеъдод, ҷалби наврасону ҷавонон ва умуман ҷомеа ба илму дониш, азхуд кардани фарҳангу таърихи миллат ва арзишњои умумибашарӣ, амиќтар аз бар кардани забони ширину шеваи тоҷикӣ ва забонҳои дигар, шиносоии бештар бо адабиёти тоҷику форс, адабиёти арзишманди ҷаҳонӣ нақши арзандае дорад. Бахусус, дар шароити пуртаззоди имрӯзаи ҷаҳони муосир, дар шароити бархурди тамаддунҳо, набардҳои шадиди иттилоотӣ барои тасхири ақлҳо, мафкурасозии нав, тамоюли оламшумули касб кардани равандҳои ҳаёти ҷаҳони муосир дар кулли соҳаҳо, бевосита ба таъриху адабиёти тоҷику форс – адабиёте, ки зиёда аз сию шаш ҳазор абармарди соҳибрисола, адибону олимон, ҳакимону табибон, мунаҷҷимону риёзидонон ва ҳазорон нухбагону нобиғагон ва фарзонагон дорад, ки кулли улуми роиҷи замони хешро фаро гирифта буданду чи кашфиётҳову дастовардҳои нодирро барои башарият ҳадя намудаанд, чи арзиши бузурге дорад. Озмуни “Фуруғи субҳи доної китоб аст” нишон дод, ки бохабар шудан аз панду андарз, насиҳату маслиҳат, орои хирадмандонаву башардӯстона ва ҳакимонаи ин устодони илму адаб ва худи таълиму тарбия худаш чи арзише дорад. Он ошкор сохт, ки миллати кӯҳанбунёд ва фарҳангсолору фарҳангии тоҷик асолати миллиашро натанҳо гум накардааст, балки дар бархурд бо адабиёти ҷаҳонию тамаддуни умумибашарӣ хеле тақвият ёфтааст ва анъанаи таърихии худ – китобдорию китобнависӣ ва китобхониро дар худ нигоҳ доштааст...
Дар баробари омӯзиши адабиёти классику муосир, ки дар худшиносии миллии насли наврас таъсиргузор аст, омӯзиши таърихи миллат низ яке аз роҳҳои асосии бедорнамоии ҳуввияти миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ин рӯ қобили зикр аст, ки яке аз ташаббусҳои беназири сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин сол ин тақдим намудани китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров ба ҳар оила мебошад, ки воқеан шоёни таҳсину офарин аст. Ин иқдом барои боз ҳам беҳтар шинохтану пос доштани таърихи гузаштагони миллат мусоидат ва кӯмаки ҳамаҷониба хоҳад расонд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо – баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиї дар кишвар мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда ва арзишманд моро зарур аст, ки таълиму тарбияро аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сар карда то донишкадаву донишгоҳҳо, дар ҳамаи сатҳҳои таҳсилот ҳадафмандона ва дуруст ба роҳ монем, аз роҳу усулҳои пешқадами мавҷуда мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ва бо назардошти талаботи замону ҷомеаи мо, хусусиятҳои хосу ҳувияти миллии хеш истифода барем.
Як нуктаро бояд қайд намуд, ки инсон қабл аз таълим ба тарбия ниёз дорад. Таълими илм танҳо замоне шурӯъ мешавад, ки агар тифл забони модариашро ёд гирад ва ба дарки олами атроф қодир гардад, ба таври дигар инсон – яъне тифл, дар оғоз бояд ба тарбия фаро гирифта шавад ва ин тарбия аз оила оғоз мегардад, баъд дар боғча, мактаб, донишгоҳ ва ғайра такмил меёбад. Дар ҳамин замина бояд қайд намуд, ки барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи атфол ва наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандорию ватарпарастӣ, илмдӯстиву донишомӯзӣ ва башардӯстї, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, таъриху фарҳанги миллию умумибашрӣ нақши муассисоти таълимии томактабӣ, ба истилоҳ “Боғчаи бачагон” хеле бузург аст, зеро аз рӯзҳои нахустини ба тарбия фаро гирифтан фазои мусоиди тарбия ба зеҳни кӯдак бузургии ин муқаддасоту арзишҳоро бебадал мегардонад ва гиромидошту арҷгузорӣ ба ин муқаддасоту арзишҳо барои ӯ як ҷузъи ҳувияташ мегардад. Дар шуури ӯ барои эҳсоси бегонагӣ нисбати ин арзишҳо ҷой намемонад, мафҳуми Ватан, ватандорию ватанпарастӣ, ҳифзи Ватану миллат, забону фарҳанг ва таърихи миллат барояш худ ба худ ба арзише табдил меёбад, ки барои њифзи он њамеша омода аст.
Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2020 дар кишвар 14 муассисаи таълимоти томактабӣ барои 2520 кӯдак ба шумораи муассисоти қаблан фаъолияткунанда илова гаштааст, вале бо дарназардошти зиёдшавии шумораи аҳолӣ, ин кифояткунанда арзёбї намегардад. Бинобар ин, Президенти мамлакат ба вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дигар бахше, ки рушди ҷомеаро таъмин менамояду илму маърифати онро тақвият мебахшад, албатта, ин – муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд. То замони истиқлол дар кишвар ҳамагӣ 13 адад бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекарданд. Имрӯз шумораи ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад ва донишҷӯён ба 245000 ва бо иловаи 40000 нафар донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд ба 285000 нафар расидааст. Ин низ яке аз дастовардҳои арзишманди замони истиқлол буда, ба ривоҷу равнақ ёфтани илму фарҳанг, сатҳи маърифат, худогоҳиву худшиносии ҷомеа ва миллат, рушду нумўъи иқтисодӣ ва баландравии сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд. Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, дар замони истиқлол дар соҳаи маориф низ ислоҳот сурат гирифт, ки ба беҳтаршавии вазъ дар ин соҳа мусоидат намуд. Масалан, таъсиси маркази тестии назди Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод ва шароит фароҳам овард, ки ҳар довталаб бо донишу маҳорати хеш сазовори номи донишҷӯ шавад. Ҳамзамон муносибатҳои коррупсионӣ дар ин ҷода решакан шуд, ки ин ҳам як қадами муваффақ дар бозсозии соҳа ба ҳисоб меравад.
Яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушду тараққии илму маориф ин ба муасисањои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристодани зиёда аз 40000 донишҷӯ, аспирантҳо ва магистрҳо мебошад, инчунин таъсиси стипендияҳои президентӣ “Дурахшандагон” барои донишҷӯёну аспирантҳо ва магистрҳо, дар дохили кишвар стипендияҳои раисони вилояту шаҳрҳо барои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ боиси дастгирӣ ва ба донишандӯзӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон мегардад.
Инчунин дар Паёми имсола Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи кишвар вусъат бахшем”. Воқеан, ин иқдоми нек низ барои дастгирии донишҷӯёни бурунмарзии тоҷик аст.
Иқдоми дигари арзанда ва шоистаи дастгирӣ, ин ҳамеша тадриҷан баланд бардоштани сатҳи маоши кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷӯён мебошад, ки дар ин бора дар Паёми имсолаи Президенти кишвар чунин омадааст: “Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантону докторантҳо пешниҳод менамоем, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда шаванд”.
Нуктаи дигари муҳимми Паёми имсолаи Президенти мамлакат дар рушд бахшидани илми кишвар ва тайёр намудани олимону мутахассисони баландпояи касбӣ дар он зоҳир шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникии озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо пайваста таҳким ёфта, барои тайёр намудани олимони ҷавону мутахассисони варзидаи соҳибихтисос шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Масалан, агар дар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расидааст, қайд гардид дар Паём. Инчунин “Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академикҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст”, иброз доштанд, Президенти кишвар. Биноан “Академияи миллии илмҳо, академикҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд”. Ва ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳар чи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияҳои илмҳои дақиқ, табиї ва риёзӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030”-ро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ногуфта намонад, ки дар тӯли ин муддат шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо ду баробар афзудааст. Доир ба ин мавзўъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд”. Дар баробари ҳамаи ин гуфтаҳо, нуктаи муҳимми дигар дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ин супориш ба Ҳукумати мамлакат дар бораи бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе мебошад, ки дар ҳақиқат ҳам арзандаи таҳсину офарин ва дастгирист. Биноан фаро гирифтани чунин наврасону тифлон дар мактаб-интернатҳои типи нави замонавӣ бо шароити будубошу таҳсили илм дар муассисаҳои бо ҳамаи шароитҳои илмомӯзӣ ҷиҳозонидашуда, зери назари омӯзгорону мураббиёни касбӣ, равоншиносону кормандони тибб хеле мувофиқи мақсад аст. Пеш аз ҳама, ин иқдом ва амалї шудани он барои худи ин нафарон хеле судманд аст.
Дар анљоми сухан ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи 17-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни имзои 27 созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ қарор шуд, ки аз ҳисоби Ҳукумати Россия дар Тоҷикистон 5 мактаб бо забони таҳсили русӣ бунёд карда мешавад, ки ин низ ба рушди илму фарҳанг ва забондонии хонандагони мо мусоидат хоҳад кард.
Њамин тавр, дар Паёми Президенти мамлакат ба масъалаи рушди вусъатёбандаи соњаи илму маориф таваљљўњи муњим зоњир гардида, роњњои минбаъдаи инкишофи ин соња асоснок карда шудаанд.
Холов Шаҳбоз
ходими илмии Шуъбаи масъалањои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ходими илмии Шуъбаи масъалањои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ