casino malaysia
casino malaysia
Паём. Сиёсати хирадмандона ва созанда дар арсаи байналмилалӣ

wrapper

  Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар партави ҷашни пуршукӯҳи миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил ва хулосабарории амиқ қарор гирифтааст.
  Истиқлолият падидаи муҳим ва арҷманд дар арсаи байналмилалӣ буда, ба шарофати он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Дар ин робита Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид».
  Ҷойгоҳи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар он зуҳур меёбад, ки дар пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе даҳҳо сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дарҳои худро боз намуданд. Дар навбати хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои ҷаҳон намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худро таъсис намуд, ки баҳри таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба муваффақона фаъолият доранд. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба узвияти аксарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.
  Арзишмандтарин хусусияти Паёми навбатии Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ – ин дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин, тақвият ва дар оянда низ густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздик – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд. Тибқи Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
  Дар Паём омадааст, ки «мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид».
  Дар Паём боз як нуктаи муҳими сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ зикр ёфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби  соддаи  таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст. Таъкид гардидааст, ки  ҷиҳати ҷалби бештари  сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад. Ба назари мо, ин раванд дар тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ саҳми сазовор хоҳад дошт.
Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома медиҳад. Дар ин робита, кишвари мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш хоҳад дод.
  Ҷойгоҳи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ  дар он низ зуҳур мегардад, ки  соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ – Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад. Ин аз эътирофи таҷрибаву малакаи кофӣ доштани давлати мо дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ва минтақавӣ ва обрӯю нуфузи баланди  сарвари он гувоҳӣ медиҳад.
Соли ҷорӣ аз таъсисёбии  Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст. Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Бояд қайд намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як созмони минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар минтақаи АвруОсиё, дар рушди мутараққии ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаҳои амният, ҳамкории иқтисодӣ, рушди нақлиёт, ҳамкории башардӯстона саҳми калон гузоштааст. Он исбот кард, ки дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмин кардани субот ва амният дар минтақа имконпазир аст.
Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳад дод.
  Бешубҳа, бо дар назардошти манофеи миллӣ, Тоҷикистон хоҳони ҳалли мусолиматомези низои мусаллаҳона дар Афғонистони ҳамсоя мебошад, ки барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ  ҳамчун таҳдид боқӣ мемонад. Аз ин рӯ,  пеш аз ҳама ба сулҳофарӣ дар Афғонистон вусъати тоза бояд бахшид. Дар Паём дар ин робита чунин омадааст: «Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад».
  Яке аз вижагиҳои сиёсати хориҷии давлати мо, ки дар Паёми имсола таъкид ёфтааст – ин ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқии робитаҳои дипломатӣ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти  ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо ба манфиатҳои умумибашарӣ мебошад. Дар ин робита дар Паём чунин омадааст: «Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди  ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Ба ин манзур, мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод».
  Ҳамин тавр, дар асари сиёсати хирадмандона ва созандаи хеш дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати ҳуқуқбунёд ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як мамлакати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили муҳими ҷаҳони муосир ва минтақа саҳми мондагор хоҳад дошт.
 
Раҷабов С.А. 
д.и.ҳ., профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia