Паёми Президенти ҶТ – Барномаи сафарбарсозӣ
- Сешанбе, Фев 23 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Имрўзҳо ҳар як сохтори давлатӣ, ҳизматчии давлатӣ, вакилон, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо бо рўҳбаландӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар андеша ва кўшиши тақвият бахшидан ба рушди самараноки фаъолият дар соҳаҳои истеҳсолӣ, таҳқиқоту кашфиёт, хондану касбомўзӣ мебошанд. Зеро ки дар ин ҳуҷҷати муҳим манфиати кулли ҷомеа ва ҳар як фарди ҷумҳурӣ ифода ёфтааст.
Ходимони илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ низ дар ҳамин маҷро қарор гирифта, ҳар як нуктаи Паёми имсолаи Президенти кишварро дар ҷаласаи парлумон бо диққат омўхта, аз он рўҳбаланд гардида, вазифаҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо даъватҳои Президенти ҶТ ба амал мебароранд. Хусусан, нуктаҳое, ки оид ба баланд бардоштани самараи фаъолияти парлумон дар самти қонунгузорӣ ва татбиқи қонуну қарорҳо, таҳкими минбаъдаи фаъолияти парлумон ва рушду такмили қонунгузорӣ, ки мавзўи эътибори Президенти мамлакат гардиданд, ходимони илмии шўъбаи ҳуқуқи давлатӣ бо диққат омўхта, барои дар асарҳои худ дақиқона инъикос намудан ва ҷустуҷўи роҳҳои боз ҳам мукаммал кардани шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолият, дарёб кардани самтҳои мухталифи таҷрибаи қонунгузории парлумон камар мебанданд.
Пешвои миллат хеле бамаврид ва асоснок таъкид менамоянд, ки фаъолияти парлумон набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад. Ва ба вакилон тавсия карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд. Ҳамчунин бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонун-гузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи пешравии ҷомеа мувофиқро таҳия ва пешниҳод намоянд. Чунин вазифа дар назди парлумон аз татбиқи меъёрҳои Конституция бармеояд, вале аз тарафи Пешвои миллат таъкид шудани он моҳияти масъаларо боз ҳам баланд мебардорад ва аз вакилон дар ҷодаи сифатнок ба иҷро расидани онҳо масъулият талаб карда мешавад. Мавқеи мазкур чандин самт дошта, самти назариявию амалии он бояд дар асарҳои илмӣ амиқ таҳлил ва роҳҳои мукаммал кардани онҳо таҳқиқ карда шаванд.
Дар Паёми имсола аввалин бор ба яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси Олӣ, зарурияти тақвият бахшидан ба муҳокимаҳои парлумонӣ, ва дар онҳо баррасии қонунҳо, амалияи татбиқи онҳо, барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рўз қайд ёфтааст, ки он дар пешрафти ҳаёти ҷомеа омили муҳим мебошад. Воқеан дар бо таҷрид мукаммал ва сифатнок гаштани фаъолияти Маҷлиси Олӣ, хусусан, татбиқи ваколатҳои он гузаронидани муҳокимаҳои парлумонӣ омили хеле муҳим мебошад. Дар таҷрибаи кори Маҷлиси Олӣ даъватҳои охир муҳокимаҳои парлумонӣ то рафт мавқеи хоса пайдо мекунад. Аммо дар таъмини самаранокии онҳо ҳанўз масоилҳо мавҷуданд. Аз ҷумла, муҳокимаҳои парлумонӣ бештари вақт оид ба мавзўҳои рафти харҷи буҷаи давлатӣ дар ин ё он соҳаи хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва фаъолияти муасиссаҳои давлатӣ баргузор гашта, аммо баъзе соҳаҳои дигарро дарбар нагирифтааст. Қарорҳои дар муҳокимаҳои парлумонӣ тасвиб ёфта на ҳама вақт ба пуррагӣ иҷро мешаванд. Дар Паёми имсола Президенти мамлакат маҳз ба ҳамин самтҳои таҷрибаи муҳокимаҳои парлумонӣ этибор додааст.
Дар нақшаи дурнамои илмӣ-таҳқиқотӣ ва нақшаҳои фардии ходимони илмии Шўъбаи ҳуқуқи давлатӣ масъалаҳои танзими асосҳои конститутсионии моҳият ва шакли идораи ҷумҳурӣ, таъмини устувории истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқу миллат, шаклҳои пурраҳокимиятии халқ, волоияти Конститутсия ва қонунҳо таҳқиқ карда мешаванд. Масъалаҳои таҳлилу таҳқиқи асосҳои ҳукуқии тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла:
- нақши Президенти ҶТ дар асоснок ба роҳ мондан ва амалӣ кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ;
- фаъолияти Маҷлиси Оли дар самти қонунбарорӣ ва иштироки аъзоёни парлумон дар таҳия, баррасӣ, қабул ва назорати иҷрои қонунҳо;
- нақши Ҳукумати ҶТ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини иҷрои талаботи қонунҳо;
- нақши низоми судии ҷумҳурӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, судҳои умумӣ ва судҳои иқтисодӣ баррасии кирдорҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва молу мулкӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд;
- мавқеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораи самтҳои мухталифи ҳаёти маҳал, таъмини иҷрои қонун ва қарорҳои мақомоти болоӣ, таъминоти тартибот ва қонуният, ҳифзи манфиати аҳолӣ, таъмини некуаҳволӣ, рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободонии маҳал;
- ташкили низоми худидораи маҳаллӣ ва тавассути Ҷамоатҳо ба роҳ мондани иштироки аҳолӣ дар идораи корҳои маҳал ва иҷрои талаботи қонунҳо, низ мавзўҳои илмии таҳқиқотии шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ мебошанд. Ходимони илмии шўъба аз рўи нақшаи фардии илмии таҳқиқотӣ оид ба мавзўҳои фанҳои ҳуқуқи қонститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи мурофиавӣ, ҳукуқи молиявӣ ва ғайра мақола ва рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ ба чоп мерасонанд. Ѓайр аз ин, ходимони илмии шуъба ба таври дастаҷамъӣ ҳар сол рисолаҳои илмӣ нашр менамоянд. Оид ба мавзўҳои рўзмарраи фанҳои сикли ҳуқуқи давлатӣ, хусусан, оид ба мавзўҳои нақши Конститутсия дар инкишофи давлатдорӣ ва ҳуқуқ, ҷойи Конститутсия дар низоми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ бо Конститутсия ва қонунҳои миллӣ, нақши парлумон дар амалӣ намудани ваколатҳои намояндагӣ, қонунгузорӣ ва назоратӣ конфронсу семинарҳои илмию амалӣ мегузаронад.
Ходимони илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ бо супориши роҳбарияти Академия ва Институт ба лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо ва баъзе Барнома, Консепсия ва дигар ҳуҷҷатҳо хулосаю таклифҳо пешниҳод менамоянд. Ҳар сол бо роҳбарии ходимони илмии шўъба чандин унвонҷўён рисолаҳои илмии номзадӣ ва доктории илмҳои ҳуқуқро дифо намуда, ба кори илмию амалӣ машѓуланд. Дар рафти иҷрои вазифаҳои илмӣ-таҳқиқотии худ ходимони Шўъбаи ҳуқуқи давлатӣ нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ба асос гирифта, вазифаҳои хизматии худро ба иҷро мерасонанд
А. Имомов
профессор,
сарходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
профессор,
сарходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ