casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ҳасад аз унсурҳои ахлоқи разила (дар асоси «Тибби рӯҳонӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розӣ)

 Муҳаммад Закариёи Розӣ (1Х-Х) аз қабили  бузургтарин донишмандон ва симои намоёни афкори фалсафӣ, тиббӣ ва ахлоқии мардуми Шарқ мебошад. Ӯ дар баробари ҳаллу фасли масоили фалсафӣ боз аз пешвоёни илми тиб ва ахлоқ буд, ки дар ин боб асарҳои зиёде таълиф намудааст.
 Ҷавҳари таълимоти Закариёи Розиро ахлоқ ташкил додааст, ки онро тибби рӯҳонӣ номидааст, яъне  масоили ахлоқӣ бо тибби амалӣ дар иртибот ва вобастагӣ ба ҳам баёноти худро ёфтаанд. Китоби «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ахлоқӣ буда, дар он аксар ахлоқи замимаи  инсонҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, аз лиҳози иҷтимоӣ онҳоро мавриди муҳокима қарор додааст.
  Муҳаммад Закариёи Розӣ самту тамоилҳои мухталифи фазилатҳо ва разолатҳои ахлоқи инсониро дар муқоиса бо ҳам дида баромада, иллати зуҳурёбии онҳоро хеле моҳирона ба хонанда ошкор месозад. Муфассал ...
Хондан 1079 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Риторикаи сиёсӣ ва мақоми он дар илмҳои ҷомеашиносӣ

  Дар доираи илмҳои ҷомеашиносии муосир риторикаи сиёсӣ мақом ва нақши хоса дорад. Риторикаи сиёсӣ ин илм дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, инкишоф ва предмети нутқи сиёсӣ аст. Яъне, ин илм дар бораи таъсир расонидан ба инсон тавассути сухан буда, қонуниятҳо ва принсипҳои ташаккули нутқи сиёсиро меомӯзад. Риторикаи сиёсӣ  аз давраи пайдоиши худ нисбат ба дигар шаклҳои суханварӣ нақши бориз дошт ва имрӯз ҳам  муҳиммияти хосса дорад.
  Ҳамин тавр, агар риторикаро ҳамчун фанни таълимӣ баҳогузорӣ намоем, пас муҳтавои он ҳамчун илм ва санъат муаррифӣ мегардад. Аз ҷониби дигар онро ҳамчун санъати суханварии сиёсӣ – яъне ҳамчун илми идораи давлат ва ҳокимият баҳо додани шавем, пас амалӣ шудани онро дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа бояд баррасӣ намоем. Ин аст, ки риторикаи сиёсӣ бештар хусусияти байнифаннӣ гирифта, омӯзишу таҳқиқи он вобаста ба тағйиротҳои нави ҷомеа шаклу мазмунашро дигар карда метавонад.

Муфассал ...
Хондан 1742 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Факторы, влияющие на изменения климата и окружающей среды

  В последние годы большинство стран мира озабочены последствиями изменения климата, заметно увеличивается отрицательное влияние изменения климата на состояние  окружающей среды. Изменение климата превращается в глобальный вопрос. В Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли 26 декабря 2019 года  этому вопросу было обращено серьёзное внимание ученых страны. В нем была поставлена перед Академией наук РТ задача  -  необходимость  сотрудничества с учеными других стран с целью проведения исследования в направлении последствий изменения климата.
 Проведению международного и регионального сотрудничества государств в области  изменения климата и его влияния на окружающую среду требуют многие факторы: экологического, техногенного, экономического и политического характера. Муфассал ...
Хондан 1464 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҳикмати сад аср дар хоки Саразм

  Ин айвонҳои бузург таваҷҷуҳи  ҳар нафареро,  ки  аз  ҷониби  Самарқанд  ба  Панҷакент  ворид  мешавад,  ҷалб  мекунад.  Ин  ҷо  Саразм  аст,  ки  бо  бозёфтҳои  беназири  худ  мавриди таваҷҷӯҳи машҳуртарин марказҳои  бостоншиносии  ҷаҳонӣ  қарор гирифтааст.  Он  дар  сарҳади  паҳно  ва  кӯҳсори  водии  Зарафшон,  15 километр ғарби  Панҷакент ва 45 километр шарқи  Самарқанд ҷойгир мебошад.
Бозёфти  ин   ёдгории  беназири  5500 – сола  ба номи сокини  деҳаи Авазалии  Ҷамоати  деҳоти  Чимқӯрғон (ҳоло  Саразм) Ашӯралӣ  Тайлонов  марбут аст. Соли  1976 ӯ  аз  паҳнои  назди  деҳа   табареро пайдо  кард ва   баъди чанде онро   ба  бостоншинос,  равоншод  Абдуллоҷон  Исҳоқов, ки  он  замон  дар  Панҷакенти  қадим  ҳафриёт мегузаронид,  супурд.  Ва ин  табари  биринҷӣ   саҳфаи тозае кушод дар илми  бостоншиносии шӯравӣ  ва  баъдан  ҷаҳонӣ. Муфассал ...
Хондан 819 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia