casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Озодандешӣ ҳамчун тамоюли фикрӣ дар таърихи афкори фалсафии тоҷик

 Дар ташаккулёбии андеша ва тафаккури фалсафӣ на танҳо мактабҳо ва шохаҳои алоҳида, балки тамоюлу ҷараёнҳои фикриву фарҳангӣ низ нақши муҳим бозидаанд. Ин ҷараёнҳои фикриву фалсафӣ паҳлуҳои муҳими  фарҳанги башариро пурра намуда, талаботи маънавӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин сохтаанд. Ба қатори чунин тамоюлҳои фикрӣ ҳаракати маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ва инчунин озодандеширо низ ном бурдан мумкин аст, ки охирин дар байни ин ҷунбишҳо мавқеи асосиро дошта, метавон гуфт дар саргаҳи ҳамаи онҳо  қарор дорад. Озодандешӣ гоҳо чун усул, гоҳо чун ҷараён ва гоҳо чун тамоюли фикрӣ дар адабиёти илмиву фалсафӣ ва бадеӣ баромад намудааст. Ба вуҷуди ҷой доштани таҳқиқотҳои муайян дар мавриди озодфикрӣ дар фалсафаву фарҳанги тоҷик [5, 64 ] боз ақидаҳои гуногун ва ҳатто зидду нақиз то ба имрӯз низ садо медиҳанд. Муфассал ...
Хондан 1103 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Занон дар илм ҳамқадами мардонанд

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ташаббускорон ва пештозони таҳқиқи масоили марбут ба вазъи занон дар ҷомеа мебошад.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз муассисаҳои маориф ва илми ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд; курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд. Муфассал ...
Хондан 894 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Карантин* бори аввал барои пешгирии паҳншавии беморӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод шудааст

  Аввалин бор фикри ба карантин фаро гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби маъруфтарин донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу  риёзидон, ситорашиносу шоири тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни  Сино ба вуҷуд омадааст. Ин матлабро мудири  Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Сунатулло ҶОНБОБОЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд. Муфассал ...
Хондан 857 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Гули лола- «Ороиши саҳро»

   Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули лола ҳамчун гули «Ороиши саҳро» ва ё «Аруси сол» ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даманҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову дилкаш менамояд. Аммо ин гули худрўи табиии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо дорад. Ин гули «Аруси сол» ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дўст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сўзон душмани ҷон аст. Гули лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрўи табиат мебошад ва ў ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад.

Муфассал ...
Хондан 848 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia