casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Аҳамияти илми ҷадал (диалектика) дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа аз нигоҳи Абуалӣ ибни Сино

   Мантиқ ва далеловарии ақливу мантиқӣ заминаи муҳими ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мебошанд. Сарони давлат ва бузургони миллат борҳо дар бораи рушд ва густариши тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии илмиву табиатшиносӣ суханронӣ намуданд ва дар ин раванд олимону равшанфикронро барои мадад расонидан дар самти баровардани ҷомеа аз рукуди фикрӣ (таассуботи диниву мазҳабӣ) ба сӯи пешрафт даъват намуда буданд. Ахиран чунин даъват аз тарафи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷод, ки дар арафаи Наврӯз барпо гардид, ба амал омад. Хушбахтона мақоми тафаккури илмиву мантиқӣ дар осори фарҳангии халқи тоҷик хеле бориз аст ва мо мехоҳем, ки барои дастгирии раванди созандаи тафаккури илмӣ ба ин осори гаронмоя муроҷиат намоем ва даъват ба амал орем, ки ин осор дар тарбияи ҷавонон ба таври натиҷабахш истифода бурда шавад. Муфассал ...
Хондан 1037 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

«Бетарафӣ худ нишонаи марг аст»

  Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо  аҳли илму маорифи   мамлакат, ки дар  остонаи ҷашни  байналмилалии  Наврӯз доир гардид, дар рушди илму маориф нақши калидӣ мегузорад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.
-Президенти ҷумҳурӣ андешаҳои худро доир ба дурнамои  рушди илм, маориф ва беҳтар намудани  омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзию дақиқ, ташаккул додани  тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан  ба навовариву  ихтироъкорӣ, бурду бохти  раёсат ва  институтҳои  Академияи  илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ,  сохторҳои  онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ  баён намуда, дастуру ҳидоятҳои худро барои  беҳбудӣ ва рушди илми ватанӣ пешниҳод намуданд.
  Ҳамзамон  аҳли илму маорифи мамлакатро муваззаф намуданд, ки  дар  шароити  соҳибистиқлолии Ватани азизамон бояд дар қатори  забони давлатӣ ба рушди забонҳои дигар, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ  таваҷҷуҳи зиёд дошта бошем.
Пешвои миллат зимни суханронӣ вазъи чандсолаи  илми тоҷикро таҳлил намуда, дар қиёс  бо солҳои пешин  изҳори нигаронӣ намуда, бо нишондоди дастоварду  ихтироот ва дигар пешравиҳои илмӣ  ибрози ақида доштанд, ки «иқтидори  кадрии  Академияи  илмҳо имрӯз назар ба солҳои  пеш хеле  коҳиш ёфтааст».  Муфассал ...
Хондан 916 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Ҷаҳонбинии илмӣ – шоҳсутуни давлати дунявӣ

  Наврӯзи   имсолаи  Ватан бо    суханронии таърихии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 оғоз гардид. Ба назари мо, мазмуну мӯҳтавои ин суханронии  Сарвари давлат,  бешубҳа,   ҳамчун самти стратегияи миллӣ оид   ба ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеа   пазируфта шуд.
Чуноне ки  Президенти мамлакат зимни суханрониашон барҳақ зикр  намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Муфассал ...
Хондан 1724 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(53 Овозҳо)

ҲАМОВОЗӢ аз Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимон ва зиёиёни кишвар

 Дар баромади имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони кишвар ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд:
  • Дарёфти роҳи ҳалли истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
  • Ташуккул додани тафаккури техникии ҷомеа. Муфассал ...
Хондан 947 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia