casino malaysia
casino malaysia
Занон дар илм ҳамқадами мардонанд

wrapper

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ташаббускорон ва пештозони таҳқиқи масоили марбут ба вазъи занон дар ҷомеа мебошад.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз муассисаҳои маориф ва илми ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд; курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд.
   Тавре аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст.
Имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону бонувон фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла дар низоми Академияи миллии илмҳои кишвар аз ҳисоби бонувон 25 доктори илм ва 106 номзади илм фаъолият доранд.
  Дар конференсияҳои ҳарсолаи “Саҳми занон дар рушди илм” аз 39 мактаби олӣ ва академияву пажухишгоҳҳои соҳавии кишвар солона беш аз 300 нафар занону бонувон бо гузоришу ахбори илмӣ иштирок менамоянд.   1400 нафар бонувони пажуҳандаи соҳаҳои дақиқ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ  ,   натиҷаҳои кори худро ба таври баҳси илмӣ ва нашрия аз баррасии илмӣ гузарониданд
  Аксари ин соҳаҳои илм то соли 2000 дар кишвар ба нестӣ расида буданд, кор ба ҷое расида буд, ки дар бораи мавҷудияти як идда пажуҳишгоҳҳои илмҳои дақиқ танҳо шаклан сухан кардан мумкин буд. Ҳайати кормандони онҳо парешон, шароити кориашон хароб ва табодули синнусолии ҳайат аз байн рафта буд. Дар назди илми тоҷик вазифаи натанҳо таъмини иштироки занон дар ин соҳаҳо, балки умуман, зарурати барқарор кардани соҳаҳо истода буд. Бештар аз ин, ҷиҳати пешрафти занон дар фаъолияти илмии худ, таъмини дастрасии бонувони пажуҳанда ба захираҳои илмӣ, таҷҳизот ва васоити пажуҳишӣ, дар баъзе ҳолат- таъмини амнияти ҷисмонии онҳо дар ҷои кор ва марказҳои таҷрибавӣ, дастрасӣ ба нашри маводи техникӣ ва иттилоот, имконияти муаррифии дастовардҳои илмии худ дар сатҳҳои гуногун умуман гап намерафт.
  Дар шаш соли охир  дар низоми Академия миллии илмҳои Тоҷикистон ба риояи тавозуни гендерӣ дар ҷобаҷогузории кадрҳо аҳамияти хоса дода шуда, пеш аз ҳама иштироки занону духтарон дар соҳаҳои дақиқ ва техникии илм, дастгирии бонувони пажуҳандаи соҳаҳои астрономия, мошинсозӣ, химия, биология, генетика, ботаника, фармакология, соҳаҳои гуногуни тиб, математика, физика, геология, география барқарортаъмин карда шуд. Аз соли 2014 дар Академияи илмҳо шўъбаи магистратура ва докторантура аз рўи ихтисос PHd кушода шуд, ки дар баробари аспирантура, унвонҷуӣ ва докторантураи урфӣ бо омода кардани кадрҳои ҷавони баландихтисос машғул аст. Дар курсҳои 1 ва 2-ми шуъбаи магистратура дар соли хониши 2019-2020 аз шумораи умуми 447 нафар магистрҳо 141 нафар, ё 31,5%-ро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр дар шўъбаи илмҳои техникӣ 22 нафар, дар шуъбаи илмҳои биологӣ 19 нафар духтарон таҳсил доранд. Аз ҷумлаи 67 нафар аспирантони таҳсили рўзона ва 85 нафар ғоибона, умуман – 152 нафар, 50 нафар бонувон, аз шумораи умумии докторонатон аз руи ихтисос PHd – аз 139 нафар- 39 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки 5 нафар дар курси 3-юм, 14 нафар дар курси дуюм ва 18 нафар дар курси якум таҳсил менамоянд.
  Аксари бонувони муҳассили мо саривақт барномаҳои илмии худро иҷро намуда саҳми худро дар пешрафтҳои илми миллӣ мегузоранд. Мо имрўз бо чунин бонувони пажуҳанда монанди Зарина  Хоҷаева, Бунафша Шарипова, Индираи Абдусамад, ки дар соҳаи ботаника таҳқиқот мебаранд,  Миҷгона Ҷумъаева, ки дар соҳаи кимиё фаъолият дорад, Санавбар  Саломова, ки дар соҳаи паразитология рисолаи докторӣ навиша истодааст, аз магистрҳои соҳаи химияи органикӣ, биохимия, ботаника -Икромӣ Саломат, Фароғат Самадова, Хурмо Нозимшоева, соҳаи зоология- Ойхоним Мирзоева, энергетика- Миҷгона Зарипова, соҳаи геология- Ганҷина Холназарова, математика - Гулнора Ҳайдарова  ифтихор менамоем. Кушиш менамоем, то ба боварии Пешвои миллат сазовор ва  ба дигаргуниҳои сифатӣ ва миқдории мусбат, махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ, гуманитарӣ ва техникӣ ноил гардем.
Муҳиба МАҲМАДҶОНОВА
доктори илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Маркази синошиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia