casino malaysia
casino malaysia
Озодандешӣ ҳамчун тамоюли фикрӣ дар таърихи афкори фалсафии тоҷик

wrapper

 Дар ташаккулёбии андеша ва тафаккури фалсафӣ на танҳо мактабҳо ва шохаҳои алоҳида, балки тамоюлу ҷараёнҳои фикриву фарҳангӣ низ нақши муҳим бозидаанд. Ин ҷараёнҳои фикриву фалсафӣ паҳлуҳои муҳими  фарҳанги башариро пурра намуда, талаботи маънавӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин сохтаанд. Ба қатори чунин тамоюлҳои фикрӣ ҳаракати маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ва инчунин озодандеширо низ ном бурдан мумкин аст, ки охирин дар байни ин ҷунбишҳо мавқеи асосиро дошта, метавон гуфт дар саргаҳи ҳамаи онҳо  қарор дорад. Озодандешӣ гоҳо чун усул, гоҳо чун ҷараён ва гоҳо чун тамоюли фикрӣ дар адабиёти илмиву фалсафӣ ва бадеӣ баромад намудааст. Ба вуҷуди ҷой доштани таҳқиқотҳои муайян дар мавриди озодфикрӣ дар фалсафаву фарҳанги тоҷик [5, 64 ] боз ақидаҳои гуногун ва ҳатто зидду нақиз то ба имрӯз низ садо медиҳанд.
  Иддае аз муҳаққиқони дигар, ҳатто муҳаққиқони ватанӣ ҳам даъво доранд, ки гӯё озодандешӣ дар фалсафаву фарҳанги тоҷик, алалхусус фалсафаи исломии он  вуҷуд надоштааст. Аз ин мушкилот мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Г. Гегель, Б. Рассель  ва дигарон низ озод набудаанд ва иддао кардаанд, ки фасафаи мардумони Шарқ (аз он ҷумла тоҷикон - М. Ғ. ) ба ҷуз ақоиди диниашон ва шарҳу тавзеҳи он чизи дигаре нест[6,444]. Ин гуна ақидаҳо бар пояи идеологияи миллигароии аврупомеҳварӣ (идеологияи европотсентризм) ташаккул ёфтаанд, ки чанде бо ном файласуфмаобону равшанфикрони хасакии моро низ ҷиҳати нигилизми фарҳанги миллиямон илҳому ғизо бахшидааст. Онҳо дар навиштаву чакидаҳои сатҳияшон худро пайравони фалсафаи ғарбӣ муаррифӣ намуда, осори фалсафиву адабии гузаштаи моро   нолозим ва  онро фақат тахайюлоти ночизи динӣ ба қалам доданӣ мешаванд.
  Вале таҳқиқҳои амиқ ва ҳаматарафаи таълимоти фалсафии мардумони Шарқ ва аз он ҷумла тоҷикон собит месозад, ки дар таърихи фалсафаву фарҳанги ин сарзамин тамоюлҳои қавӣ ва гуногуни илмиву озодфикрӣ вуҷуд доштаанд, ки аз таъсири онҳо  фалсафаи Ғарб низ баҳраҳо бурдааст. Ин масъала ҳавсалаи таҳқиқоти алоҳидаро мехоҳад ва мо ҷиҳати дур нарафтан аз доираи мавзӯи матраҳкардаи худ аз шарҳу тавзеҳи таъсирпазирии низомҳои фалсафии Шарқу Ғарб инҷо худдорӣ месозем.
 Озодандешӣ ба ҳайси як майлон ва тамоюли фикриву ғоявӣ дар таърихи фарҳангу  фалсафаи  тоҷик собиқаи бешубҳа қадиме дорад. Ин тамоюл дар тамоми соҳаҳои ҳаёти маънавӣ аз қабили фалсафа, адабиёт, санъат, мусиқӣ ва ҳатто адабиёти шифоҳӣ, яъне фолклори мардумӣ низ бо чеҳра ва шеваҳои  ба худ хос  зуҳур  кардааст. Он бо падидаҳои дигари фархангиву ичтимоӣ ба монанди  ақлгароӣ, моддигароӣ, секулоризми фарҳангӣ ва инчунин таълимотҳои динии муътадил ҳам робитаву ҳамгироӣ дошта, паҳлуҳои муҳими андешаи милливу маънавии ҷомеъаро пурра намудааст. Ба вуҷуди ҷой доштани таҳқиқоту таълифотҳои муайян дар ин мавзӯъ дар илму фарҳанги тоҷик, вале боз чеҳра ва ҷанбаҳои аслии  он дар адабиёти илмиву таҳқиқотии мо ба таври бояду шояд мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор нагирифтааст.    
 Ҳамзамон таҳқиқотҳои мавҷуда ба вуҷуди аҳамияти муайян доштанашон боз аз ҷиҳати методологиву услубӣ ва объективияти илмӣ яктарафа ҷараён гирифта, моҳият ва мундариҷаи аслии озодандешӣ аз муҳтавои онҳо берун мондааст. Ба андешаи мо  як иллати заъф ва ба ҷунбиши ҳамагонӣ  табдил наёфтани  тамоюли мазкур  дар ҷомеаи мо  маҳз дар ҳамин ниҳон мебошад. Қабл  аз матраҳ намудани масъала ва доманаи мавзӯъ лозим аст, то хусусиятҳои аслии онро муайян созем, ки зери мафҳуми озодфикрӣ ва озодандешӣ дар адабиёти илмӣ мо  чиро мефаҳмем.
 Фаҳмиши истилоҳии озодфикрӣ ва маънии таҳтуллафзии он дар истифодабарии рӯзмарра ба як андоза аён аст. Он яъне андеша ва тафаккури озод, берун аз ҳама қайдҳову бандҳо ва қолабҳои идеологиву ғоявӣ  ва ғайраро ифода мекунад. Дар афкори фалсафиву иҷтимоӣ бошад, он бештар дар муқовимат бо ҳукмронии догмаҳои динӣ баромад намудааст. Дар адабиёти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ истилоҳотҳое, ки мухолифат бо динро ифода мекунанд, чун бидъат, шаккокии зидди динӣ, индеферентизм, нигилизми динӣ, антиклерикализм, илҳод, секуляризм, атеизм ва  ғайраҳо зиёданд. Аммо танқиди дин,  ё баъзе аз таълимоти динӣ  аз назари мазмун ва муҳтавои худ  гуногун буда, вобаста ба шароити конкретии таърихӣ, иҷтимоӣ ва ҷабҳагириҳои синфию ҳизбӣ моҳиятан фарқ мекунанд. Озодандешӣ ба фаҳмиши мо як майлон ва ҳаракати фикриву омӯзишӣ мебошад. Хусусияти аслии он ба ақидаву догмаҳои маъмулӣ пойбанд набудан, истиқлол ва озодии фикр доштан, гуногунфикрӣ ва плюрализми андешаро соҳиб будан, дар  назди  воқеият ростпазироӣ ва ростбаёнӣ доштан, ҳамчунин хусусияти таҳаввулпазирӣ ва таъйирпазирии меъёрҳоро соҳиб будан, мутлақ надонистани андешаҳои мавҷуда ва инчунин доштани чуръату шуҷоатмандӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Шеваи аслии озодандешӣ,  ба предмет ва объекти омӯзиш бо шубҳа ва  чуну чаро муносибат кардан  аст. Ҳамин тариқ, озодфикрӣ ҳаракати ғоявиест, ки пойбанди меъёрҳову қолабҳои маъмулӣ набуда, на мухолифати соддалавҳонаи   ифротӣ бо дин, балки бо ҳама гуна ақидаву ғояҳо ва идеологияҳои мутлақгаро ва шахшуда дар муқобилат ва муборизаи фикрӣ қарор дорад.  Муҳаққиқи тоҷик Ш. Абдуллоев  дуруст қайд мекунад, ки озодфикриро дар маънои васеъяш яъне ҳамчун мухолифат бо ҳаргуна афкори иҷтимоии шахшудамонда-догматикии ҳоким ва консервативӣ бояд  шинохт ва меъёри арзёбии онро низ гуманизм,  ақлгароӣ  ва мусоидат ба рушди    ҷомеаи инсонӣ бояд фаҳмид [1,79].
Озодфикрӣ ҳамчун  истилоҳи илмӣ аввалин бор  аз тарафи файласуфи деисти англис А. Коллинз  дар асри XVIII дар мубориза бо авторитаризму догматизми динӣ истифода шудааст. Ӯ озодфикриро воситаи муҳими пайдо кардани ҳақиқат медонист. Ба андешаи Коллинз ин ҷараён ба худ шаклҳои озодфикрии комил, озодфикрии мусолиҳакорона ва озодфикрии рамзиву пардапӯшонаро доро буда, дар қолабҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Дар тамоми тӯли адабиёту фарҳанги тоҷик низ он гоҳҳо ба шакли барҷаставу гоҳҳо заифона аз худ дарак додаст. Дар ин ҷо кӯшиш менамоем, дар бораи шеваҳои асосии озодандешӣ дар афкори фалсафиву бадеии гузаштаи мардуми мо ба таври мухтасар ибрози андеша намоем.
  Баъзе муҳаққиқон ба озодфикрӣ ҳамагуна маданияти маънавии тараққихоҳро дохил кардаанд. Шаклҳои асосии  озодфикрӣ дар мамолики Шарқи исломӣ шаккокӣ (скептитсизм), ваҳдати вуҷуд (пантеизм), танқиди рӯҳоният ва ғайра буда, мӯҳтавои онро танқиди исломи расмӣ, таълимот дар бораи тақдиру қисмат, зиддиятҳои догмаҳои динӣ, нақди маросимҳои динӣ ва тарғиби гуманизму ратсионализм ташкил медиҳад. Ба вуҷуди ин, ба истиснои илҳоду зандиқа озодфикрӣ дар асрҳои миёна дар Шарқ чун озодфикрии асри XVIII  фаронсавию англисӣ  ба як ҳаракати оммавии қавӣ табдил наёфта буд.
Дар фарҳангу адабиёти тоисломии точик намунаи озодандеширо метавон дар таълимоти «даҳрия» ва «табоия» мушоҳида намуд. Ин ҳар ду таълимот бар асоси андешаҳои моддигароӣ бунёд ёфтаанд. Баъди он таълимоти «асҳоби ҳаюло» ва афкори намояндагони ин мактаб аз қабили Ибни Ровандӣ ва Абӯбакри Розиро метавон номовар шуд.
  Дар марҳилаҳои баъдина бошад, андешаҳои озодфикрӣ дар таълимоти намояндагони фалсафаи машшоъ, исмоилия, тасаввуф ва дигарон идома ёфтаанд. Намояндагони фалсафаи машшоъ бар асоси принсипи ақлгароӣ масоили бунёдии дину фалсафаро бо ҳам наздик ҳаллу фасл намудаанд. Андешаҳои озодфикрии онҳо дар қолаби таълимотҳои деизм ва пантеизм ифода ёфтаанд. Таълимоти «ҳақиқати дугона», ки тавассути ақидаҳои Ибни Рушд ба фалсафаи Давраи Эҳёи Ғарб таъсир намудааст, аз назариёти ин мактаб об мехӯрад. Мактаби диниву фалсафии исмоилия низ ҳамчунин масоили уқдавии диниро бо меъёрҳои хирадгароӣ мавриди баррасӣ ва бардошт қарор додаст. Намояндагони барҷастаи он Абӯҳотими Розӣ, Абӯ Яқуби Сиистонӣ, Носири Хусрав ва дигарон мебошанд. Хусусияти озодандешии онҳо дар он ифода меёфт, ки масоили усулӣ ва фурӯи дини исломро аз меъёрҳои ақлӣ бардошт намуда, ҳамчунин онҳоро аз ҳамлаи дигар  мухолифони ғоявӣ ҳимоя  намудаанд. Дар ин маврид баҳсҳои Носири Хусрав ва  Абӯҳотими Розӣ  бо Абубакри Розиро метавон намунаи равшани ифодаи озодфикрӣ  дар андешаҳои фалсафии ҳар ду ҷараён номид.
     Дигар масоиле, ки дар атрофии онҳо мутафаккирони гузаштаи тоҷик баҳсу бардоштҳое бо дидгоҳҳои озодманишӣ доштаанд, ин дар атрофи масоили офариниш, сарнавишт, ростохез, маъод ва ғайраҳо  сурат гирифтааст. Хусусияти аслии озодфикрии ин давраро метавон дар мунозираи хеле машҳури Носири Хусрав бо номи «Мунозира бо Худо» мушоҳида намуд:
....Надорам эътиқоде як сари мӯй,
Каломи зоҳиди нодон шунидан.
Каломи орифи доно қабул аст,
Ки дар гавҳар бибояд баркашидан.
 
   Гарчи байни муҳаққиқон ба қалами Ҳаким Носири Хусрав тааллуқ доштан ва ё надоштани ин мунозира ихтилофи назар аст, вале он намунаи хеле возеҳи афкори озодфикрӣ дар адабиёти ин давраи тоҷик ба шумор меравад. Носири Хисрав масъалаи эҳёи ҷисмонии баъд аз маргро, ки дар асрҳои миёна нуқтаи ҳассоси баҳси мутакаллимон ва файласуфони машшоъ гашта буд, дар  баробари Ибни Сино ва Ибни Рушд  фаҳмиши соддалавҳонаи динӣ ба қалам дода, онро муҳол ва дарки омиёнаи матни динӣ маънидод намудааст:
 
Мардакеро ба саҳро гург бихӯрд,
Хӯрданд аз ӯ  каргасу   зоғон.
Пас чун метавонад бархезад,
Эй, тиз бар риши мардуми нодон.
 
 Намуни барҷастаи озодандеширо метавон ҳамзамон дар адабиёти тасаввуфиву ирфонӣ, ки дар образи «мурғи ринд», «мурғи озод»  ва ғайра ифода ёфтаанд, пайдо намуд. Инчунин, дар ин адабиёт танқиди рӯирости  ходимони исломи расмӣ ва дурӯягиву судхӯрии онҳо  равшан баён мешавад:
                Воизон, кин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
                Чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд.
                Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис  бозпурс,
                Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
                                                                        (Ҳофизи Шерозӣ)
  Намояндагони ирфону тасаввуф завқияту хостаҳои инсонии худро бебиму ҳаррос баён  намуда, неъматҳои  дунёиро барои худ ва барои аҳли ҷомеа  заруру муҳим шуморидаанд.
             Хошалиллоҳ, ки наям муътақиди тоати хеш,
            Айбам ин аст, ки гаҳ-гаҳ қадаҳе менӯшам,
            Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
            Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.
                                                                        (Ҳофизи Шерозӣ)
  Дар  адабиёти ирфонӣ манзалати касб ва кӯшишу иродаи инсон дар роҳи зиндагии шоиста гоҳо аз тобеияти тақдиру сарнавишт ва илтиҷову муноҷоти қувваҳои осмонӣ  боло мегирад:      
 Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Касб кун, пас такя бар ҷаббор кун!
                                                                    (Ҷалолиддини Румӣ)  
  Хусусияти озодфикриву маорифпарварӣ дар асрҳои XIX  ва ибтидои асри XX бошад, аз он иборат аст, ки афкори иҷтимоӣ-сиёсии Шарқ аз гӯшанишиниву  инзивои қарни охир берун омада,  ба нигоҳи тозае ба олами атроф, махсусан ба Ғарб нигарон мешавад. Дар он афкори иҷтимоӣ-фалсафии нав, ҷаҳонбинии дунёгаро, ҳаётдӯст, созанда ва инсонпарвар дар мубориза бо ҷаҳонбинии охиратпарастӣ, ҳаётбезорӣ, дарвешиву сӯфигарӣ  ба худ роҳ  меҷӯяд.
  Ба таври умум, таҳлили хусусиятҳои озодандешӣ  дар фарҳанги тоҷикро метавон  ба хулосаҳои зерин  ҷамъбаст  намуд:
  1. Озодандешӣ дар тамоми соҳаҳои маънавии фарҳанги гузаштаи мо фалсафа, адабиёт, мусиқӣ ва ғайра бо шаклҳо ва шеваҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст.
  2. Вучуд доштани андеша ва тамоюли пурқуввати озодандешӣ собит менамояд, ки идеологияи динӣ дар фалсафа ва фарҳанги гузаштаи тоҷик идеологияи ягона, яккатоз ва умумифарогири чомеаву фарҳанг  набудааст, балки дар баробари он равияҳои дигари фикрӣ низ вуҷуд доштаанд.
  3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки озодандешӣ дар қолабҳо ва таълимотҳои солими динӣ низ ифода ёфта, он аслан бо исломи расмӣ, хурофоти динӣ, таассуб ва ифротгароии динӣ мухолифат намудааст.
  4. Озодандешӣ таълимот ва идеологияи алоҳида набуда, балки майлон ва усули фикриву фарҳангиест, ки хоси тафаккури фалсафӣ ва жанрҳои гуногуни адабӣ мебошад.
  Вале ба вуҷуди ин ҳама пешравиву доманаи фарох ва намунаҳои олии худ озодфикрӣ ҳамчун майлони пешқадам натавонист ба як ҷунбиши умумифарогир ва густардаву пуртаъсири ҷомеаи гузаштаи мо табдил ёбад. Он дар доираи маҳдуди мутафаккирону равшанфикрони алоҳида боқӣ монд. Оммаи васеи мардум ва қишрҳои боқимондаи ҷомеа бошанд, ҳамоно  зери таъсири андешаи мазҳабӣ қарор доштанд, ки ин масъала ва мушкилоти ҷунбиши озодфикрӣ  таҳқиқоти алоҳидаро мехоҳад.
 
Мирзоев Ғаффор,
 номзади илмҳои фалсафа,
мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
  
                                АДАБИЁТ:
  1. Абдуллоев Ш. Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ. - Душанбе, 1984.
  2. Айнӣ С.Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.-Теҳрон: «Суруш», 1381 ҳ.ш.
  3. Ашуров Ғ. Дар мавриди баъзе масоили методологии маорифпарварӣ.- Душанбе, 1986.
  4. Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. - Душанбе: Сарват, 1992.
  5. Баҳоваддинов А. М. Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик.- Сталинобод, 1961.
  6. Гегель Г. Сочинение, т.9, 1935, с.92; Рассель Б. История западной филисофии.-Москва, 1959.
  7. Додихудоев Х. Очеркҳои таърихи исмоилия.-Душанбе, 1969.
  8. Раҷабов З. Маорифпарвар Аҳмади Дониш.-Душанбе, 1965.
  9. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт.- Душанбе «Ирфон», 1983.
  10. Ҷалолиддини Румӣ. Гузидаи ғазалиёти Шамс.- Теҳрон, 1372 ҳ. ш. 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia