casino malaysia
casino malaysia
Андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва эпистемологии Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти онҳо барои насли имрӯза

wrapper

 Зимни суханронии қарибулвуқӯъи худашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, олимону намояндагони аҳли эҷоди Тоҷикистон ин қишри ҷомеаро вазифадор намуданд, ки барои рушди ҷаҳонбинии илмии насли ҷавони кишвар чун василаи муҳими инкишофи иқтисодиву иҷтимоии минбаъдаи мамлакат ва муқовимат ба андешаҳои ифротӣ, ки шумораи муайяни ҷавононро ба доми худ андохтаанд, саҳми бориз дошта бошанд. Ҳақиқатан ин як даъвати саривақтии Сарвари давлат мебошад, ки дар лаҳзаи ҳассоси таърихии миллати тоҷик баён гардидааст.
  Мақоми ҷаҳонбинии илмӣ на танҳо дар замони гузаштаи шӯравӣ, балки дар аҳди қадим ва дар асрҳои миёна низ дар ҷомеаи тоҷик ва тамоми минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр муҳим ба назар мерасид. Вале мутаассифона бо сабабҳои мухталифи дохиливу берунӣ (аз ҷумла, ба ибораи М.Иқбол, ба иллати баста шудани дарҳои иҷтиҳод, таҳти таъсири фарогири фақеҳону суфиён мондани мардуми авом, истилоъи муғул, ишғолгариҳои хориҷиву мустамликадорон) ба ин ҷиҳати мероси фарҳангии тоҷикон   дар муддати дарози таърих диққати зарурӣ дода нашудааст. Ин мерос то ба имрӯз ба таври бояду шояд омӯхта ва таблиғ нашудааст, аз имкониятҳои он истифодаи амалӣ (прагматикӣ) ба вуҷуд наомадааст. Ин дар ҳоле аст, ки бегонагон аз ин мероси пуриқтидор тоҷикон  давоми садсолаҳо  истифода бурдаанд. Аммо дар Ватани мо солҳост, ки ин мерос дар сояи мероси диниву мазҳабӣ қарор дорад. Вақти он аст, ки ин мероси бузург аз сояи андешаҳои урфии динӣ берун бароварда шавад ва ба халқ пешниҳод гардад. Боиси сарафрозист, ки имрӯз чунин фурсатро роҳбарияти давлат ба олимони ватанӣ додааст ва аз ин бояд оқилона истифода бурд. Сухан дар бораи он меравад, ки ин мероси фарҳангии мардуми мо, махсусан мероси зеҳнии гузаштагони мо, олимони номии минтақаи мо метавонад чун фишанги пешрафти минбаъдаи сарзамини мо истифода бурда шавад. Яке аз чунин ситораҳои илми осмони пурситораи тамаддуни тоҷикону эрониён Абурайҳони Берунӣ буд, ки дар асри X дар Хоразм таваллуд шудааст ва дар рушди илми ҷаҳонӣ дар баробари дигар фарзандони ин халқ, ба мисли Форобӣ ва Ибни Сино, хидмат намудааст. Маълум аст, ки Хоразм ва хоразмиён аз нигохи таърих ва тамаддун ба мисли тоҷикони имрӯз мансуб ба мардумони эрониасли шарқӣ мебошанд ва як шохае аз тоҷикон(форсҳо) буда бо тоҷикони имрӯза аз як дудмон ба вуҷуд омадаанд. Имрӯз зарур аст, ки аз мероси илҳомбахши ин олими нотакрор дар тарбияи зеҳниву маънавии насли ҷавон истифодаи бештар барем.
   Абурайҳони Берунӣ мутафаккири зуфунан (энсиклопедист), олими бисёрҷабҳа аст, ки қариб дар тамоми соҳаҳои илми замони худ асар эҷод карда ва ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Ин усули ҷуяндагӣ, ки хоси олимони асил мебошад, ӯро то охири умр шарик ва ҳамдам будааст ва тибқи нақли ҳамзамонон, гӯё ӯ пеш аз маргаш ҳам аз шогирдону атрофиёни худ натиҷаи баҳси пештара ва роҳи ҳалли кадом масъалаи илмиро пурсон шудааст, ки ҳосили он бо чӣ анҷом шуда бошад. Бояд зикр намуд, ки умдатан самти тафаккури Берунӣ самти фалсафаи табиатшиносӣ аст ва назари ӯро мухтасар назари натурфалсафӣ (мутамоил ба кайҳонмеҳварӣ ва инсоншиносӣ) номидан ба назар мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин назарияҳои илмии Берунӣ дар баробари ҳирфаӣ будан, ба мушоҳидаву озмуни мушаххас асос ёфтанашон фарогир ва вусъатнок низ мебошанд. Ӯ дар ҳалли бисёре аз масоил бештар на аз махсусиятҳо сухан мегӯяд, то дарки масъларо боз ҳам чигилтар кунад, балки устодона аз усулҳои байнисоҳавиву байнифаннӣ истифода мебарад, то умқи масъалаҳо барои доираи васеътари хонандагон дастрас ва фаҳмо созад.
    Ҳамин тариқ, азбаски фаъолияти илмиву фалсафии Абурайҳони Берунӣ бештар майл ба масоили табиатшиносӣ, таҷрибаи илмиву амалӣ (эксперимент, озмун) дошта буд, ӯ назарияҳои илмии худро на ба таври сунъӣ чун иқтибос ё тақлид аз олимону гузаштагони номдор, балки бо такя ба баъзе андешаҳои гузаштагон дар аксари вақт назари мушаххаси худро дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва маҳсули амалҳои мантиқӣ, хулосабарориву фарзиясозиҳо бунёд есозанд. Ин усули таҳқиқро ӯ дар омӯзиши ҳама соҳаҳои илм, аз ҷумла, заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат(астрономия), улуми дақиқ (илми ҳисоб, алҷабр, ҳандаса ва ғ.) истифода мебарад ва  ба ғайр аз ин ӯ усули таҷрибавиро дар таҳқиқи  осори илмиву фархангӣ, расму русум (антропология)и халқу миллатҳои гуногун низ моҳирона  истифода мебарад, ки ин тарзи таҳқиқ осори ӯро дар таърихи илм, нодир, нотакрор ва худи ӯро нобиғаи айём менамояд.
   Хеле ҷолиб аст, ки Абурайҳони Берунӣ аз муҳокимарониву фаъолияти назариявиву муроқибавие, ки ба тарзи тафаккури пайравони Арасту ва бисёре аз мутафаккирони асрҳои миёна хос буд, муқобил меистод. Фалсафаи табиатшиносии ӯ дар тамаддуни ҷаҳони ислом бештар ба тарзи тафаккури Абубакри Розӣ наздик буд, вале Берунӣ, ки худро бештар мансуб ба тарзи тафаккури мусулмонон мешуморид, ҷаҳонбинии фалсафии Розиро, ки майл ба боварҳои пешазисломии тоҷикону эрониён ва тафаккури соф илмӣ дошт, наметавонист пурра қабул бикунад. Вале дар баробари ин дар муқобили назариёти соф табиатшиносии метафизикии пайравони Арасту, Берунӣ аз нуқтаҳои муҳими ҷаҳоншиносии таҷрибавии Абубакри Розӣ дифоъ мекард, ба ин хотир ӯ аввалин бор “Феҳрасти осори Розӣ”ро тартиб дод, ки то ба замони мо арзиши илмии худро аз даст надодааст (чун бисере аз осори Розӣ то замони мо нарасидааст!).
 
    Масъалаи пайдоиши ё офариниши олам.
Чунонки ишора рафт, азбаски Абурайҳони Берунӣ файласуфи сирф табиатшинос аст, ақидаҳое, ки  оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат,  фаҳмиши таърих ва ҷамъият аз нигоҳи Абурайҳон мавриди баҳс карор гирифтаанд, бештар ҷанбаи амалӣ ва таҷрибавӣ доранд. Аз мазмуни мукотибаи Абурайҳони Берунӣ бо Абуалӣ Ибни Сино равшан мешавад, ки ӯ назарияи физикии Арастуро ба зери тозиёнаи сахти интиқод кашида, дар фалсафа назарияи машшоии қадимии оламро қабул надошт ва тарафдори ҳудуси олам аст.[1] Гузашта аз ин дар ин мукотибот Берунӣ аз боби мавҷудияти чандин оламҳои дигари беканор сӯҳбат мекунад, ки дорои сохту таркиб ва қонунҳои худ мебошанд. Дар баробари ин Берунӣ ба мавҷудияти нахустасоси олам қоил аст, зеро ба ақидаи ӯ ягон қуввае бояд бошад, ки низоми олами беканорро назорат бикунад. Дар “Осор-ул-боқия” ӯ менависад, ки “...шояд дар ибтидо ҷисмҳое ки Офаридгор офарида буд, дар ҳоли бетартибона вуҷуд доштанд, вале дар баробари ин онҳо дорои ҳаракате буданд, ки дар раванди гузаштани вақт ин ҳаракат онҳоро дар ягон нуқтае ба ҳам пайваст мекард”.[2] Аз ин суханҳо маълум мешавад, ки тибқи назари Абурайҳон офаридгор оламро на аз “ҳеҷ”, балки аз чизе мавҷуд офардааст ва ин чиз ба назари ӯ дар ибтидо шояд “об” будааст. Ин ақидаро Абурайҳон бо назари мутафаккирони Ҳинд муқоиса мекунад: “назари ҳиндувони қадим ин буда, ки дар ибтидо об буд, ки тамоми фазои олами беканорро фаро гирифта буд. Ин дар замоне буд, ки оғози рӯзҳои аввали пайдоиши нафс буда, замоне ки шаклҳо арзи ҳастӣ намуда, аз чизҳои содда чизҳои мураккаб ба вуҷуд омада буданд. Мегӯянд, ки баъдан Об ба шӯр омада ба кафк кардан шурӯъ намуда буд ва аз он як чизе сафед ба вуҷуд омад, ки Офаридгор аз он тухмаи Бараҳманро офарид”.[3] Ин назари ҳиндувони қадим дар бораи офариниши нахустин аз об аст, ки бо вуҷуди олоишоти афсонавиву ривоятӣ арзиши илмиву фарҳангиро низ доро мебошад. Чунин заминаро барои шинохти Об ҳамчун нахустасос Берунӣ дар китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Карим низ ҷустуҷӯ мекунад ва дар ояҳои он санадеро ҳам меёбад: “Ба ҳамин монанд дар ваҳй, дар сухани Аллоҳ омада: “Ва тахти он дар болои об буд”. Берунӣ менависад, ки он чиз аҳамият надорад, ки ин маънии бевостаи сухани Худо аст, ё шояд ин таъвили сухани Худо бошад, муҳим ин аст, ки мазмуни умумии ин гуфтор чунин аст: дар давраи офариниш дар баробари Аллоҳ ба гайр аз обу Тахти Худованд чизе набуд”.[4] Ҳамин тариқ ба назари Абурайҳон Об яке аз нахустасосҳои олам аст. Дар мукотибаи Абуалӣ ибни Сино бо Абурайҳон ба ғайр аз об ҳамчун нахустасос боз унсурҳои дигари Табиат, ба мисли Оташ, Ҳаво ва Замин илова мешаванд. Аз ин сабаб муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки ҷаҳонбинии мутафаккир ҳарчанд ки дар доираи тамаддуни ислом сохта шудааст, дар баробари ин бештар тобиши илмиву деистӣ дорад, яъне Худо ҳамчун Иллати Иллатҳо Оламро меофарад, ба ҳаракати олами беканор такони аввал медиҳад, вале минбаъд ин олам тибқи конуниятҳои дохилии худ ҳаракат ва инкишоф мекунад. Ин ҷо андешаи озодии ирода аст, ки чун рамз истифода бурда шудааст, яъне намешавад, ки тамоми бори масъулиятро ба гардани Худо андохт.
     Бо вуҷуди ин Абурайҳон ба андешаи дар шаш рӯз офарида шудани оламро, ки дар динҳои иброҳимӣ доимо ба он ишора меравад, комилан қабул надорад. Ӯ ин андешаи қуръониро андешаи зидду нақиз мешуморад ва мегӯяд: “Рӯзи аввали офариниш, ки офариниши олам аз он оғоз мешавад наметавонад, ки бо шабу рӯз анҷом ёбад, зеро сабаби пайдоиши шабу рӯз тулӯъ ва ғуруби Офтоб аст. Дар ҳоле тибқи ин ақида ин ҷирмҳои осмонӣ на дар рӯзи якум, балки дар рӯзи сеюми офариниш пайдо мешаванд...”.[5] Чунон ки мебинем, мушоҳидаи Абурайҳон дар ин робита хеле ҷолиб аст. Тафаккури интиқодии ҳамзамони мо, ки ҳоло хеле таассубзада шудааст, ба гумон аст, ки ба чунин умқ расида тавонад.
   Дар бораи сабабияти дохилӣ сухан ронда бояд гуфт, ки дар баррасӣ ва таҳлилҳои илмӣ-табиатшиносии худ Берунӣ ба масъалаи илал, сабабият (детерминизм) диққати махсус медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки сабаби ҳодисаҳои табииро дар дохили худи табиат ҷустуҷӯ намояд.
   Масъалаи “макони табиӣ”. Яке аз андешаҳои хеле маъмули Арасту, ки дар Шарқи мусулмонӣ хеле роиҷ буд, ин мавҷудияти макон ё “ҷойҳои табиӣ” барои ҳар як чисму моддаҳои олам мебошад, яъне ҳар яке аз унсурҳои табиат ба худ ҷое дорад, ки ба сӯи он ҳаракат мекунад. Тибқи назарияи Арасту ҷисмҳо ду хел мешаванд, ҷисмҳои вазнин (замин, сангҳо, фулузот, об ва ғ.), ки ба маркази Замин ҳаракат мекунанд ва сабук (ҳаво, буғ ва оташ) аз маркази Замин, ё “маркази олам” ба тарафи муқобил ҳаракат мекунанд. Ҳамоҳангӣ ва баробарвазнии олам маҳз аз он иборат аст, ки ин ҷисмҳо ҳар яке дар ҷои “табии” худ қарор дошта бошанд. Ин андешаи ғолиби аксар ҷараёнҳои илмиву фалсафаи асрҳои миёнаи ислом, махсусан, фалсафаи машшоъ буд. Абурайҳон аз ин қатор берун буд, ӯ ин назарияро комилан қабул надошт.  
     Берунӣ таълимоти Арастуро дар бораи «махалли табиӣ» рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳамаи чизҳо ба сӯи маркази олам кашида мешаванд, новобата аз он, ки онҳо “вазнин”, ё “сабук” бошанд ва масъала ин аст, ки дар ин ҳаракати худ баъзе аз онҳо ба мамоният дучор мешаванд. Ин вазъро ӯ ба воситаи таҷриба кардан ва санҷиши ҳаракати об ва хок дар замин нишон медиҳад ва хулоса мекунад, ки ягон “маҳалли табиӣ” барои ягон ҷисм вуҷуд надорад. Баъди ин Абурайҳон суол мегузорад, ки “...кадоме аз ду ҳақиқат мегӯянд: оне ки мегӯяд, ки об ва замин ба маркази Замин мекӯшанд ва ҳаво ва оташ баръакс аз марказ ё оне, ки мегӯяд тамоми ҷисмҳо ба сӯи марказ ҳаракат мекунанд, вале ҷисмҳои нисбатан вазнин дар ҳаракати худ ба сӯи марказ нисбат ба ҷисмҳои сабук бошитобтаранд”. Аз нигоҳи Абурайҳон “...Замин дар марказ қарор дорад, ва из ин сабаб тамоми ҷисмҳо ба сӯи он ҳаракат мекунанд. Об ба маркази Замин дар сурате ворид мешавад, агар хок бо ҳаво омехта бошад, вале агар замин сахт бошад, об дар сатҳи замин боқӣ мемонад”.[6] Нодурустии назарияи Арасту ва Ибни Сино дар бораи “маҳалли табиӣ”- ро Берунӣ аз тариқи таҷрибавӣ ё озмун, эксперименталӣ низ исбот мекунад: ӯ ба зарфи пури об санг меандозад ва нишон медиҳад, ки бо фурӯ рафтани санг об ба болои зарф баланд мешавад. Ӯ мегӯяд: “Чаро об, ки ҷисми вазнин аст ба боло мебарояд? Ва дар ҷавоб мефармояд, ки дар ин ҷо ба ғайр аз ҳодисаи ҳаракати тамоми ҷисмҳо ба сӯи маркази Замин чизи дигаре нест”. [7] Яъне таълимот дар бораи мавҷудияти “маҳалли табиӣ” барои баъзе дар боло ва баъзе дар поён нодуруст аст, - ҳамаи ҷисмҳо ба сӯи марказ кашида мешаванд. Мурод аз ин сӯҳбат боз ҳам ҳукми қонуни, ба ибораи илми замони мо, ҷозибаи замин ва ҷозибаи ҷаҳонӣ аст, ки ҳоло ба И.Нютон мансуб дода мешавад.
   Бисёр муҳаққиқон бар он назаранд, ки бо рад кардани назарияи “маҳалли табиӣ” ва пазириши ҷазби ҷисмҳо ба маркази Замин Берунӣ заминаро барои таълимот дар бораи қувваи ҷозибаи чаҳон (ҳаракат ва кашида шудани чизҳо ба маркази замин) ба вуҷуд оварад. Зимнан ӯ  ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикр ва баъдан назарияи баъдан пешниҳодшудаи Иисаак Нютон, физики бузурги англис (а. 18) дар бораи қувваи гравитатсия ё қонуни умумиҷаҳонии ҷозибаи олам ва Заминро ба хотир меорад.
 
Масъалаи ҳаракат.
    Ҳамин тариқ аз миёни қонунҳои дохилии олами беканор Берунӣ хосияти универсалии он – ҳаракатро ном мебарад, ки ба таври ҳатмӣ ҷирмҳо ва мавҷудоти оламро ба ҷунбиш ва тағйирёбӣ водор мекунад, фаслҳои сол ҷойгузин, куҳна ҷои худро бо нав иваз мекунад ва ғ. Яке аз шаклҳои дигари тағийрот ба ғайр аз ҳаракати ҷисмҳо ба маркази Замин, ҳаракати гирдогирдии ситораву сайёраҳо дар осмон, табдили моддаҳо аз як шакл ба шакли дигар ва ғ., мебошанд, ки дар маркази диққати Берунӣ мебошанд.  Ба андешаи Абурайҳон ҳаракати қисматҳои дохилии Замин, пайдошавӣ ва ҳамворшавии кӯҳҳо, ҳаракати қишри Замин шароити ҳаракати умумии Заминро фароҳам меоранд, зеро “Замин ҳам ба таври куллӣ дар ҳаракат мебошад”. [8]
Қувваи ҷозибаи ашъёҳо ба сӯи маркази Замин (қувви гравитация) ҳамвазниро дар рӯи Замин нигоҳ медорад. Абурайҳон ҷойивазкунии ашъёҳоро дар рӯи замин, аз марказ ба атрофи замин, ҳаракати чизҳо дар рӯй ва умқи Заминро шарти зарурии мавҷудият ва мувозинати он медонад, ки ин илмро ҳоло ба ибораи дигар “компенсатсияи изостатикӣ” меноманд. “Ҳангоме ки ашъёҳо аз як қисми замин ба қисми дигари он интиқол меёбанд, бо ин ҳаракати онҳо ҳамзамон вазнинии онҳо низ ба дигар тараф мекӯчад ва дигар мешавад. Он тағйироте ки дар рӯи замин ба амал меояд сабаби ҳаракати умқи замин низ мегардад ва дар натиҷа ин ҳодиса сабаби ҳаракати умумии Замин мешавад”.[9] Ин андеша, чунон ки мо дар дигар қисматҳо дида мебароем, андешаи инқилобии Абурайҳон буд, ки ҷаҳонбинии замонҳои минбаъдаи инсоният чи дар Шарқ ва чи дар Ғарбро тағйир дод, яъне тасаввуроти нодурусте, ки дар бораи маркази Олам будани Заминро ба зери шакку шубҳа гузошт. Вале на тамоми намудҳои ҳаракат дар рӯи замин сарчашмаи дохилӣ доранд. Замин бо дигар ситораву сайёраҳо дар алоқаи ногусастанӣ аст. Ҳаракат ва мадду ҷазри баҳрҳоро Абурайҳон натиҷаи таъсир ва тағйирёбии ҳаракати Моҳтоб медонад.[10]
          Дар ин раванд, хизмати Берунӣ дар инкишофи назарияи атомистика (ҳаракати зарраҳои хурдтарин дар хало), таълимоти натурфилософӣ дар бораи ҳаракати коинот ва тамоми моддаҳои олам, табдили моддаҳо ба шаклҳои гуногун, пайдоиш ва нузул, мабдаъ ва маод, ҳаракати даврӣ ё сиклии олам (циклическое движение мира), яъне аз офариниш (ибтидо) то интиҳо ва баръакс, ё ба ибораи илми имрӯза – эволюсия ва инволюсия, хеле бузург аст. Дар ин самт Берунӣ бисёр ақидаҳои соф диалектикиро баён кардааст: роли зиддиятро дар мавҷудияти табиат бузург арзёбӣ карда, ҳаракат ва тағйирёбиро хосияти умумии мавҷудот шуморида будаст. 
 
   Масълаи касрат ва беохирии олам.
Замин, ба ақидаи Абурайҳон саққомонанд ё куррашакл буда дар олами куррашалкл ва мудаввар қарор дорад. Сабаби куррашакл будан ин аст, ки ҳамаи аҷсом ба сӯи марказ кашида мешаванд. Чунонки дар боло зикр карда шуд, Берунӣ тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар коинот, яъне таълимот дар бораи касрати олам мебошад.  Дар ҳамовозӣ бо мутафаккири юнонӣ Демокрит ӯ мавҷудияти оламҳои беканорро асоснок мекунад ва фикр дорад, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд ва ин барои ягонагии олам ягон мушкиле эҷод намекунад. Дар баъзе аз ин оламҳо “...на Офтоб аст, на Моҳтоб, дар баъзе аз онҳо офтобу моҳтоб ҳаҷми аз олами мо бузургтар, ва дар баъзеи дигар онҳо бештар мебошанд”.[11] Ин ақидаро, яъне мавҷудияти олами комилан дигарро албатта Арасту қабул карда наметавонист, зеро он андешаи ӯро дар бораи мавҷудияти низоми оламеро бо як маркази ягона, ки ӯ тасвир карда буд, барбод медод. Оламҳои дигар барои дарки мо, одамон аз имкон дур аст, вале онҳо вуҷуд доранд. “Ба мисле ки одами кӯр наметавонад он чизе, ки дигарон мебинанд бибинад, вале бо он ки онҳо намебинанд наметавон воқеияти биноиро инкор кард. Айнан ба ҳамин монанд оламҳои дигар вуҷуд доранд, вале инсон наметавонад ки онҳоро бо воситаҳо ва кайфиятҳои ба ӯ дастрас буда дарк намояд”.[12] Ибни Сино дар мукотибаи худ бо Берунӣ бо андешаи касрати олам розӣ мешавад вале боз чунин фикре баён медорад, ки эътирофи мавҷудияти оламҳои бисёр барои маърифати олам мушкил эҷод мекунад, зеро агар оламҳои беканорро эътироф кунем, пас мо роҳро барои донистанашвандагии олам мекушоем, ақидае ки ба суфастоиҳо хос аст. Абурайҳон тайёр аст, ки ба худ лақаб ё “гуноҳи” суфастоиро бипазирад, вале аз ақидаи худ дар бораи мавҷудияти оламҳои дигар даст намекашад. Ӯ мегӯяд, ки оламҳо беканоранд, “шояд дар ин оламҳо самти ҳаракат аз олами мо фарқ бикунад, вале баид нест, ки дар табиати худ онҳо бо олами мо ягона бошанд”.[13] Берунӣ мегӯяд, мавҷудияти касрати оламҳо набояд бо ягонагии онҳо дар таззод бошад, зеро ки чунин оламҳо вуҷуд доранд ва ба мисле ки мо ба дарки мавҷудияти табиат ва мақоми чор унсур дар он расидем, ҳамин тавр мо метавонем, мавҷудияти дигар оламҳоро ҳам эътироф намоем. Агар Ибни Сино ба мисли Арасту оламро ба шакли чизе мудавваре, ки бо курраи фазо иҳота карда шудааст ва берун аз он олами дигареро тасаввур намекунанд, Берунӣ, баръакс касрати оламро эътироф мекунад, ва дар баробари ин маркази ягонаи оламро, ки дар он оламҳои дигаре низ вуҷуд доранд, мепазирад. Чунонки мебинем, Берунӣ дар инҷо кӯшидааст, ки ду андешаи баҳам муқобил ё зиддро ба ҳам орад: яке андешаи касрати олам ва дигаре андешаи мавҷудияти маркази ягонаи оламро. Дар фаҳмиши ин масъала боз ҷунбиши минбаъдаи фикрҳо зарур буд. Қадами дигар барои бартараф кардани ин зиддиятро Фахруддина Рази(1149-1209, шаҳри Райи Эрони ҳозира), файласуф, мутакаллим ва мунаҷими асри дувоздаҳи тоҷику эронӣ ва   Николай Кузанский (1401-1464, ҳоло Олмон), мутафаккир, файласуф, мутакаллим ва табиатшиноси асри понздаҳуми Аврупо тавонистанд, ки гузоранд. Бо истифода аз илми нуҷум ва таълимоти мутакаллимон дар бораи ирода ва қудрати беканори Худо, Фахриддини Розӣ иброз медорад, ки оламҳо ба таври ломутаноҳӣ бешумор ва беканоранд, берун аз ин олами қобили дарк хало (фазое) вуҷуд дорад ва азбаски қудрати Офаридгор беохир аст, ӯ метавонад оламҳои бешумореро ба вуҷуд биёварад, ки ҳар яке аз онҳо дорои осмонҳо, Офтобу Замин ва ситораҳову сайёраҳои бешумори худ бошанд.[14] Ба ибораи дигар Худо зиддияти (диалектикаи) байни консепсияи ломутаноҳӣ ва мутаноҳиро аз тариқи беканории худ ҳал ва ҳазм мекунад.
    Николай Кузанский ба мисли Фахри Розӣ, ки дар монанди бо андешаи имом Фахри Розӣ ба ғайр аз олим будан пеш аз ҳама мутакаллим ва ё  кардинали калисои масеҳӣ буд, ин мушкилро аз тариқи эълон доштани беохирии (ломутаноҳӣ)и олам бо истифода аз усулҳои муқоисавии риёзӣ (математика) ва диалектика ҳаллу фасл мекунад. Албатта, чунон ки зикр рафт, ин андешаҳоро ӯ бо такйя ба назарияи теологӣ-фалсафии худ баён медорад. Ӯ эълон дошт, ки ҷуфти зиддиятҳои диалектикӣ қобили баҳам омадан мебошанд, ба мисли ин мутаноҳӣ ва ломутаноҳӣ ҳар ду метавонанд, ки яке бошанд, чун Худо ки ломутаноҳӣ ё беохир аст ва Оламе ки ба назар табиати мутаноҳӣ дорад. Ба назари Н. Кузанский Худо “бузургии мутлақ- абсолютный максимум” аст ва Олам “бузургии нисбӣ” – “относительный максимум”, онҳо яке давоми дигаре ҳастанд. Худоро аз сабаби беканории он наметавон тасвир кард ва Олам, ки он шакл ва тариқи “вусъатёфтан” ё ифшошудани Худо мебошад,[15] яъне он зарраи беканорие, ки қобили дарк аст. Назари умумии Кузанский ба формулаи машҳури пантеистӣ ифода меёбад:  – “Ӯ дар ҳама аст” ва “ҳама дар Ӯст”, ки ба гуфтаи машҳури мутасаввифҳо бо баъзе тафавутҳо моҳиятан монанд аст: - “Ҳама Ӯст” ва “Ҳама аз Ӯст”.
     Аз ин ҷост, ки Николай Кузанский боварӣ дошт, ки Олам беканор аст ва ин Олам аслан дорои ягон “марказ” нест: на Замин, на Офтоб ва на ягон ҷирми дигари осмонӣ дар ин олам мақоми махсус ё марказӣ надоранд. Тамоми ҷирмҳои осмонӣ дорои табиати ягона буда аз як моя (материя) иборатанд ва шояд дар онҳо ҳам ба мисли Замин зиндагӣ вуҷуд дошта бошад. Азбаски ситораву сайёраҳои нуҷум дар фазо ҳаракат доранд ҳар як мушоҳидачӣ  (дар куҷое қарор надошта бошад) метавонад, ки худро нисбат ба онҳо сокит ва беҳаракат бишуморад.[16]
    Масъалаи зарраҳо ё атомистика.
Дар масъалаи атомистика низ Берунӣ ақидаи мустақили худро дорад. Ӯ тақсимпазирии зарраҳои оламро дастгирӣ мекунад, вале то ба беохир, беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро ба ақидаи ӯ ин ақида метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Ин масъала дар мукотиботи ӯ бо Ибни Сино хеле равшан ҳаллу фасл гардидааст. Ҷиҳати исботи ботил будани тақсимшавии беохир ӯ мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин “беохирӣ”-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Диққати Беруниро масъалаҳои дигари натурфалсафӣ, аз қабили “атомизми геометрӣ”, моҳияти фалсафии ҳаракат, масъалаи вакуум (фазои беҳаво), моҳияти табдили ҳолатҳои моддаҳо, масъалаҳои илми назар (оптика) – инъикоси нур ва шикасти рушноӣ ва ғ., ба худ кашидааст. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикӣ-табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла, масъалаи шаклҳои ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғ. мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба андешаи Берунӣ ягон мавҷудоти олам дар ҳолати оромӣ қарор надорад, ҳама чиз дар тағийрот ва ҳаракат мебошанд (ин андеша инчунин асоси назарияви рад карда шудани мавҷудияти “маҳалли табиӣ” барои унсурҳо ва ҷисмҳои табиат буд). Абурайҳони Беруниро метавон яке аз паҳнкунандаҳои назарияи хуршедмарказии (гелиосентризм) кайҳон муаррифӣ намуд. Абурайҳон дар масъалаи пайдоиши кӯҳу дарёҳо, уқёнусҳо (океан) ва китъаҳои олам низ назарияҳои бикр баён намудааст. Олимон аввалин назарияи барои илм нави мавҷуд будани қитъаи Амрикоро ба ӯ нисбат медиҳанд.  
 
   Назари Берунӣ ба масоили илми диалектика ё ҳаракату инкишоф аз тариқи зиддҳо. Дар баробари таълимоти Берунӣ дар бораи ҳаракат заминаи аслии афкори илмиву фалсфаии ӯро диалектии ӯро ташкил медиҳад. Абурайҳон ба сифати яке аз мисоли ҳаракат ва тағйирёбӣ дар рӯи Замин қабатҳои кӯҳии геологиро меорад, вақте ки “хушкӣ ҷои дарёро мегирад ва баҳр ба мавзеи хушкӣ мекӯчад”. Ба ғайр аз ин Абурайҳон масъалаи пайдоиши Заминро мегузорад, ӯ андеша баён медорад, ки дар ибтидо зарраҳои замин ва дигар унсурҳои он дар атрофи маркази он дар алоҳидагӣ вуҷуд доштанд ва баъди баҳам часпидан Заминро ба вуҷуд оварданд.[17] Ин дар ҳолест, ки андешаи ҳукмрони он замон чунин буд, ки ҷирмҳои фалаки осмон бетағйир ва доимӣ мебошанд. Бузургии Берунӣ ин буд, ки ӯ андешаи ҳаракат ва тағйироти куллии кайҳониро пешниҳод намуда пеш мебарад: “Чун онҳо офарида шуданд, онҳо хурд мешуданд, калон мешуданд, ва дар айни замон чи дар сифат ва чи дар миқдор,...ҳама чиз дар ин дунё аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегуранд.”[18] Дар ин андешаҳо заминаҳои чандин қонунҳои физикӣ, аз ҷумла, қонуни бақои неруи кайҳонӣ ниҳон аст. Чун сухан аз таълимоти диалектикии Абурайҳон рафт, наметавон муҳокимарониҳои ӯро дар бораи зиддиятҳо зикр нанамуд. Мавҷудияти зиддиятро Берунӣ шарти зарурии фаолияти ҳаётии организмҳо мешуморад. Вале бояд тазаккур дод, ки андешаҳои диалектикии мутафаккир ба мисли дигар мутафаккирони асрҳои миёнаву давраи эҳё  бо тобишҳои натурфалсафӣ, механикӣ ва метафизикии ӯ омехта мебошанд, ки ин хусусияти тарзи тафаккури ҳамон замон буд. Берунӣ мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои амалии худро хулоса мекунад ва дар бисёр мавридҳо аз онҳо заминаро барои баровардани фаразия ва назарияи нав ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла, хулосаи ӯ дар бораи табиати сиклӣ ё даврӣ доштани ҳаракат дар олами табиат ҷолиб аст, ки ба диалектика такя мекунад: ҳар як падида тавлид мешавад, ба камол мерасад ва ба дараҷаи шукуфоӣ мерасад ва баъди он ба таназзул мерасад ва нобуд мешавад. Ба андешаи матафаккир чунин хислати ҳаракат на танҳо барои табиат, балки барои ҷомеа, ё таърихи инсоният низ хос мебошад. “Одамон оғози инсониятро аз Одаму Ҳавво ҳисоб мекунанд ва фикр мекунанд, ки вақт ба таври доира давр мезанад, ки дар охири ҳар доирае ҳама чизи тавлидшуда нобуд мешавад, ва дар оғози нав аз сари нав пайдо мешавад.”[19] Барои дастгири назарияи даврӣ ё сиклии кайҳону таърихи инсоният Берунӣ ба таълимоти файласуфони ҳиндӣ муроҷиат мекунад. “Гурӯҳе аз онҳое ки абадияти оламро эътироф мекунанд, мегӯянд ки ҳар замоне ки шумораи одамон дар рӯи замин зиёд мешаванд, ягон бадбахтие рух медиҳад, ба мисле ки онҳоро сели бузурге шуста мебарад, ки баъди он аз сари нав пайдоиши олам шурӯъ мешавад”.[20]Албатта, назарияи даврии таърихе, ки Берунӣ тарафдорӣ ва пешниҳод мекунад, то андозае диалектикаи яктарафа буд, зеро он олам ва таърихи инсониятро дар дохили якчанд доира тасаввур мекунад ва мебинад, роҳи пешрафи минбаъдаро нишон намедиҳад. Вале нуқтаи ҷолиби ин назария ин аст, он ба таври дигар абадияти оламро эътироф мекунад, андешае, ки барои аҳли уламои динӣ хушоянд набуд.  Андешаҳои диалектикии Абурайҳони Беруниро дар инкор кардани тасаввуроти соддалавҳонаи Арасту дар бораи “тарафи рост”, “тарафаи чап”, “поену боло”-и олам низ дидан мумкин аст. Асосҳои назарияи диалектикаро ба кор бурда Абӯрайҳон Берунӣ мегӯяд, ки ин гуна тарафҳо ва поёну боло мафҳумҳои на мутлақ, балки сирф нисбӣ мебошанд, зеро воқеият ин аст, зидҳо дар раванди ҳаракат яке ба дигаре табдил меёбад.
   Хулосаи матолиб дар мавриди фалсафаи табиатшиносии тоҷики даврони Абурайҳони Берунӣ ин аст, ки дар он давра ду тамоили муҳим ва мустақили фалсафӣ-табиатшиносӣ вуҷуд доштанд, ки яке мактаби муроқибавии пайравони Арасту ва дигаре тамоили аз ҳар гуна система озоди илмӣ-табиатшиносӣ, тамоюли таҷрибавӣ-озмунӣ ё эксперименталӣ мебошанд, ки ин ҳар ду дар бахсу ҷадали ҳамешагӣ қарор доштанд. Бояд тазаккур дод, ки тамоюли дуюм, чунонки аз осори табиатшиносии мутафаккирони ҳамзамони ӯ мебинем, дар осори Абурайҳони Берунӣ хеле барҷаста ба назар мерасад. Хамин тариқ, нахустмоя ё моддии ақсоми кайҳон ба эътирофи Берунӣ чор унсур – обу хоку боду оташ мебошанд. Берунӣ назарияи тарафдорони Арастуро дар борои олам, аз ҷумла, шакли мудаввар ва курра доштан ва дорои як марказ будани онро рад мекунад, касрат (бисёрӣ) ва беканории оламро дастгирӣ мекунад, системаи геосентристӣ ё заминмеҳвариро ба зери суол мегузорад.     
     Дар масъалаи амали қонуни сабабият (иллалу маълул) дар олам Берунӣ пайравӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён мекунад ва амалкарди сабабиятро дар кайҳон эътироф карда меписандад, махсусан, мақоми Муҳаррики Аввал ё Иллати иллатҳоро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал додааст. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, дар нисбати падидаҳои дигари табиату чамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Абурайҳони Берунӣ бархилофи уламои дигари ислом тамоми масъулияти оламро ба души Офаридгор нагузоштааст, ӯ мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва дохили ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (конунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти Инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад. 
  
   Масъалаҳои методология илм, маърифатшиносӣ ё эпистемологияи Берунӣ.
 
   Дар раванди баёни моҳияти масъалаҳои эпистемологӣ ё назарияи маърифат мутафаккир системаи ибтидоии маърифатро ба тамомӣ ба се қисм тақсим мекунад: ҳисс, ақл ва қалб. Абурайҳон Берунӣ ба нақши ҳиссиёт чун омили бунёдӣ дар дарку маърифати олам баҳои сазовор додааст. Нақши ҳиссҳо дар таҷрибаҳои илмиву амалии худи мутафаккир хеле бузурганд. Боварӣ доштан ба эҳсосот ва ҳиссиёти аввала заминаи муҳимест барои мушоҳидаҳои амалӣ, зеро ки бисёр одамон, ба андешаи Берунӣ, дар зери таъсири назарияҳои дигарон маълумоти ҳиссҳоро нодида мегиранд. Инсон бояд ба воситаи қувваи биноӣ барои маърифати олами офаридаи Худованд кӯшиш кунад ва маълумоти ҳисси биноӣ дар тасмимгирии ақлонӣ кӯмак мекунанд. Ҳисси шунавоӣ бошад , ба андешаи мутафаккир, барои аз худ кардани суханҳои Худованд мақоми муҳим дошта бошад, яъне барои дарки илми нақлӣ. Ҳамин тариқ, Берунӣ чунин мешуморад, ки агар ҳиссҳо (биноӣ) барои Ақли инсон дар шинохти Оламу (офариниши Худо) ва (шунавоӣ) барои азхудкардани суханони Худо (Куръон) мадад кунанд, инсон боз эътиёҷ ба қувваи Ақл ва Қалб дорад. Дониши ҳиссӣ ва эҳсосот, ба фикри Абурайҳон манбаи тамоми донишҳои инсон шуморида мешаванд. Дар асари “Китаб-ал-Джавоҳир” ё “Минералогия” Абурайҳон ба тамоми воситаҳои ҳисс ба таври мушаххас баҳогузорӣ ё характеристикаи алоҳида дода, хусусият ва макони моддиву ангезандаҳои онҳоро номбар мекунад, ӯ эҳсосотро зинаҳои муҳими гузариш аз дониши ҳиссӣ ба дониши ақлонӣ (муҳокимаронӣ, хулосабарорӣ, баёни фарзия, назария) мешуморад.  Берунӣ чунин мешуморад, ки агарчи инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва қувваи ҳиссӣ аз дигар мавҷудоту ҳайвонот заифтар бошад, Худо маҳз бо сазовор гардонидани ӯ бо ақл ӯро ҳамчун мавҷуди шариф ба ҷойнишинии худ дар рӯи Замин (халифат-ул-арз) вазифадор кардааст. Берунӣ нафсро бе тан, бе ҷисм тасаввур намекунад, нафс фақат дар ҷисми ба таври махсус ташаккулёфта вуҷуд дошта метавонад.[21]
 
    Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар усулҳои таҳқиқи илмӣ ва ё методоложии тадқиқоти илм хеле бузург аст. Дар масъалаҳои методологияи илм, маърифат ва эпистемологияи Берунӣ сухан ронда зикр кардан зарур аст,ки ӯ роҳ ба сӯи дониши ҳақиқиро дар санҷиши такрор ба такрори фарзияҳои илмӣ, тахминҳо ва аҳкомҳои қабулгардида ё ба ибораи имрӯза усули санҷиш (ё ба ибораи ҳозира,верификация) мебинад. Тамоми ақидаҳоро ба воситаи дар амал санҷидани онҳо таҳлил ва баррасӣ кардан мумкин аст. Ба ақидаи ӯ ягон фикри илмӣ ва ақидатиро наметавон аз роҳи тақлиди кӯр-кӯрона қабул намуд. Ин хулосаи методологияшро ӯ борҳо дар Китоб-ал-ҷавоҳир (Минералогия) ва Мол ул-Ҳинд ва Геодезия (заминченкунӣ) таъкид мекунад. Дар ин раванд Абурайҳон дар муқобили дониши муроқибавӣ дониши озмунӣ ё эксперименталӣ мегузорад. Айнан бо ҳамин усул ӯ системаи кайҳоншиносии Арасту ва Ибни Сино, назарияи онҳо дар бораи “макони табиӣ” ва назарияи хало дар баробари заррачаҳои хурдтарин (атомҳо)-ро, ки аз тариқи дониши муроқибавӣ ба даст оварда шуда буданд, рад карда буд. Дар ин бора ӯ дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино баҳси тунд мекунад, андешаҳои Арасту ва пайравонашро ба чолиш мекашонад. Айнан бо истифода аз ин усул дар асараш “Мол-ул-Ҳинд”  ӯ “илмҳои ботил” (фолбинӣ, фолнома аз тариқи усули астрологӣ, бурҷҳои осмонӣ ва ғ.)-ро рад мекунад ва бо мушоҳидаҳои бевоситаи илмии фалаки осмон, ситораву сайёраҳо, бо дастёбӣ ба донишҳои мушоҳидашаванда ва бунёдӣ  дар асараш “Геодезия” мақоми илми астрологияро, ки ба тахмину боварҳо асос ёфта буд ва дар назди шоҳону ҳокимон мавқеи муайян гирифта буд, камаразиш мешуморад. Айнан ҳамин тавр бархурд Берунӣ бо ал кимиё ё “алхимия” дошта буд.
    Назарияи эпистемологӣ ё маърифатшиносии Абурайҳони Берунӣ ҳанӯз масъалаи заминаҳои пайдоиши ақли инсониро ба таври таҳаввул (эволютсия) намегузорад, ӯ ақлро қобилияти ирсии инсон тасаввур мекунад. Вале ба андешаи ӯ Инсони дорои ақл на фақат дар назди инсоният, балки дар назди олами наботот ва ҳайвонот низ масъул аст, бо пайдоиши умумикайҳонии худ ақли инсон мувваззаф аст ки онҳоро бо қудрати ақли худ на фақат мавриди истифода қарор бидиҳад, балки муҳофизат ва нигоҳдорӣ  намояд. Вале раванди донишандӯзӣ бо фаъолияти ақли назарӣ (ба ибораи имрӯзаи русӣ бигӯем, теоретическое ё абстрактное мышление) ба охир намерасад. Дар баробари ҳиссу ақли назарӣ, чунонки ишора рафт, Абурайҳон дар раванди дониш ба мақоми таҷриба, озмун ва ё эксперимент диққати махсус медиҳад, чизе ки таълимоти фалсафии ӯро аз дигар мутафаккирони мусулмон фарқ мекунад. Ӯ ҳаргуна занну гумони худро дар раванди таҳқиқ ҳатман аз тариқи озмун дар табиат месанҷад: “дар вуҷуди ман дар робита ба ин масъала шак пайдо шуд, ки онро фақат таҷриба ва озмуни такрорӣ бартараф карда метавонист...”.[22] Диққат диҳед: таҷриба ва озмуни такрорӣ! Магар дар ҷаҳони ислом ва тамаддуни он чашмҳо торик шуданд, ки ин нуқтаи муҳими маърифатшиносиро надиданд ва дарк накарданд. Чаро аз паси Абурайҳон кам касе вориди майдон шуд?! Дар “Геодезия” ӯ таъкид мекунад ки ин вазифаи муҳаққиқ аст,ки “мушоҳидачии дақиқкор бошад, натиҷаи корҳои худро на як бору ду бор санҷида бинад, худро ва ақидаи худашро ҳамвора тафтиш, ё бознигарӣ кунад”.  Магар бисёре аз муҳаққиқони имрӯз ин корро мекунанд?! Як хислати нотакрори назарияи маърифати Берунӣ он аст, ки ӯ дар ба даст овардани дониш ба ягон шабаҳ ё “бут” (ба истилоҳ, авторитет), чи шахсҳои машҳуру чи назарияҳои олӣ (инро дар мукотибаи ӯ бо Ибни Сино дидан мумкин аст) такя карданро воҷиб намедонад.
      Дар бораи усул ё методология кори илмӣ сухан ронда бояд қайд кард, ки Берунӣ асоси дониш ва ҳақиқатро таҷриба ва озмун мешуморад, вале бо вуҷуди ин ӯ ба мавқеъ ва мақоми назарияву назариясозӣ дар илм назари мусбӣ дорад, зеро тибқи фаҳмиши ӯ назарҳоро ба воситаи озмун санҷидан мумкин аст, вале инсони алоҳида наметавонад, ки тамоми ҷузъиёти илмҳои гуногунро фаро бигирад ва худ ҳама чизро бисанҷад. Аз ин рӯ зарур аст, ки олими табиатшинос ба ғайр аз донишҳои таҷрибавӣ бо назарияҳои фарогири фалсафӣ мусаллаҳ бошад, то ки бо манзараи умумии сохтори олам, қонуниятҳои он, таърихи асосҳои таҳқиқи соҳаҳои мухталифи илм ошноӣ дошта бошад: “Шахс фақат дар сурате бо илм машғул шуда метавонад, ки бо донишҳои амалӣ ва аниқ мусаллаҳ бошад. Вале дар баробари ин олим бояд ҳатман дорои асосҳои дониши фалсафӣ бошад, ки дар борои тамоми ҷиҳатҳои илму дунё маълумоти бунёдӣ ва кофӣ дошта бошад, зеро умри кӯтоҳи инсон ба ӯ имконият намедиҳад, ки дар ҳамаи илмҳо ба андозаи баробар ворид (дастёб) бошад.”[23] Дар ин раванд Берунӣ барои намунаи беҳтарини фаолияти илмӣ ба таҷрибаи юнониҳо муроҷиат мекунад, ки тамоми ҳастиро мавриди омӯзиш қарор дода ҳақиқатҳоро аз таҳқиқи шаклҳои худи ин ҳастӣ кашф мекарданд. Аз ин рӯ барои аксарияти юнониҳо ва худи Берунӣ меъёри ҳақиқат, ба истилоҳ, на тахминҳои хаёлӣ ва назарияҳои бофта, ба мисли астрология ва алхимия, балки таҷриба буд. Берунӣ тамоми он олимҳоеро, ки аз таҷрибаву озмун дур буданд ва аз натиҷаҳои пештараи илмӣ, аз анъанаву суннатҳои илмии пештара ноогоҳ, бе дарназардошти шароитҳои таҳқиқ, вақт ва макони таҳқиқ ба онҳо муқаллидона пайравӣ мекарданд, сарзаниш мекунад. Дар ин раванд набояд хулоса баровард, ки Берунӣ мехоҳад, ки тамоми масъулияти кори илмиро бори як ё ду олими озмунгар бикунад. Ба қавли ӯ, чунонки зикр рафт як нафар наметавонад ки аз имконияҳои фардии худ болида гардида гумон бикунад, ки ҳама асрори оламро фаро гирифта метавонад. Ӯ бояд он бахшу қисматҳоеро, ки дар онҳо ӯ ворид нест, ба шахсони мутахассис бовар бикунад, дар акси ҳол чунин олим “худ ҳисоби корро гум намуда” ба натиҷаҳои номатлуб мерасад.[24] Намунаи амалии усули гурӯҳии таҳқиқот ва санҷиши натиҷаҳои онро Абурайҳон дар мисоли ҳамкории худ бо риёзидон ва мунаҷҷими асри 10-и Хуросон Абул Вафо ал-Бузҷонӣ нишон медиҳад. Берунӣ хабар медиҳад ки онҳо дар соли 387 ҳ.қ. (997 м.) дар як вақт падидаи гирифтани Моҳтобро, яке дар Бағдод ва дигаре дар Кот (Хоразм) мушоҳида намуда, ба натиҷаи якхела расиданд, ки фарқияти байни гирифта шудани Моҳ дар ду ҷо ҳамагӣ дар як соат буд, ки дар муқоиса бо натиҷаи ҳисоби асбобҳои мушоҳидавии имрӯза ҳамагӣ 5 дақиқа фарқ доштанд.
       Барои ошкор кардани дурустӣ ва ҳақиқати сарчашмаҳои хаттиву шифоӣ Абурайҳон пешниҳод мекунад, ки онҳоро бояд олим пеш аз истифода кардан хеле бодиққатона ва мушикофона аз санҷиш гузаронид, нусхаҳои гуногуни онҳоро бо ҳам муқоиса бикунад. Ин талаботи илмӣ ҳам барои илмҳои табиӣ ва ҳам барои ҷомеашиносӣ хеле муҳим аст. Ба андешаи ӯ ҳар гуна хулосабарории илмӣ фақат дар сурате қобили қабул аст, агар муаллиф тамоми раванди ҳаракати фикри худ ба сӯи натиҷаи онро тасвир бикунад, яъне нишон диҳад, ки чи гуна, аз кадом роҳу тариқ ба ин натиҷа расидааст ва оё ин усули таҳқиқ қобили қабул аст ё на? Агар олим дар ифшои кори роҳнамоӣ ё методоложӣ ва маълумотҳои ибтидоӣ кундӣ нишон диҳад, ё ин сарчашмаҳои илмӣ аз тарафи ӯ истифодашуда барои ҳама шаффоф набошанд, ё ки муаллиф аз ифшои камбудиҳо, норасоиҳо ва душвориҳои кори худ руй бипӯшад - ин омили нобоварӣ ба муаллиф хоҳад буд. Муносибати Берунӣ ба илм нишон медиҳад, ки серталабӣ ва самимият нисбат ба кори худ яке аз шартҳои кори илмӣ мебошад. Инро Берунӣ дар мисоли таҳқиқотҳо дар соҳаи математика ва астрономия нишон медиҳад. Абурайҳон менависад: “Он ки аз болои осмони ситоразор (нуҷум, илми ҳайат) мушоҳида мегузаронад, бояд ба дараҷаи баланд эҳтиёткор бошад, хатову ғалатҳои худро пайгирӣ бикунад, худро доимо мавриди санҷиш қарор дода саъю кӯшиш нишон диҳад, то дар кори ӯ ҳолати дилгирӣ ба вуҷуд наояд”,[25] ки он ба натиҷаи таҳқиқот таъсири манфӣ мерасонад.
     Дар кашфи ҳақиқатҳои илмҳои дақиқ ва астрономия Абурайҳон ба ҷои тахмину тахайюл усулҳо ва асбобҳои мушаххаси техникиро пешниҳод мекунад, ки дар гузашта ё ба шакли ғайримукаммал буданд ё тамоман вуҷуд надоштанд. Яъне асбобсозӣ усули нави донишеро ба вуҷуд меорад, ки аз доираи панҷ ҳисси инсон ва ақли назарии ӯ ва мантиқи суннатии инсон берун мебарояд. Дар ин росто, аз ҷумла соли 994 ӯ барои ҳисоб кардани баландӣ ва азимут ё самти Офтоб аз рӯи сояҳои он дар наздикии Қот доираи уфуқие дорои гномони диаметри 7,5 м. сохта буд. Соли 1016 ӯ дар Гурганҷ барои мушоҳидаи Офтоб ва ситораҳо квадранти дорои 3 м.- ва соли 1019 квадранти дорои диаметри 4,5 м.-ро такмил дод. Ин гуна амалу озмунҳо ва ихтирокориҳо дар таърихи илму тамаддуни мардумони мусулмон, махсусан тоҷикону эрониён хеле бисёр буданд, вале бар асари омилҳои сиёсиву мазҳабӣ таъсири онҳо барои ҷомеа нодида гирифта мешуд ё бар зидди онҳо аксуламалҳо ба вуҷуд меомад.  
     Усули таҷрибавии таҳқиқот ва санҷиши такрорӣ (верификатсия) дар эҷодиёти илмии Абурайҳони Берунӣ ва дигар мутафаккирони тоҷику эронӣ ва Осиёи Марказӣ мавқеи хеле бузург доранд. Маҳз аввалин устурлоб (харитаи замин ва осмон) ё глобусе (харитаи замин) ки аз тариқи илмӣ сохта шуда буд, Абурайҳони Берунӣ бо истифодаи аз ин усулҳо сохта буд. Ӯ мегӯяд, ки ман аввал тамоми маълумоти илмии мавҷударо аз китобҳо (ҷуғрофиёи Птолемей, осори олими намоён Ҷайҳонӣ ва ғ.) ҷамъ карда онро бо ҳам муқоиса кардам, баъдан бо мушоҳидаву додаҳои тамоми он сайёҳону баҳрнавардон кӯшиш намудам, ки вохурам ва “он маълумоти парокандаи китобиро бо ахбори зиндаи ҷаҳонгардон як ба як муқоиса кардам, боварибахш будан ё набудани гуфтаҳои худи сайёҳонро дар муқоиса бо якдигар санҷидам ва дониши ҳосилшударо дар рӯи харитаи устурлоб (глобус) дар фосилаи муайяни уфуқи ва тулӣ тасвир кардам ва кашидам. Дар ин кор, мегӯяд ӯ, ман на маблағ ва на қувваи худро дареғ дошта будам. Баъзан натиҷаҳои ба даст омадаро дар дафтар сабт мекардам ва онро дар хотир намедоштам, то дар фурсати мувофиқ ба он баргардам, вале борҳо мешуд, ки бо сабабҳои гирудори замона ин дафтару натиҷаҳои илмӣ аз байн мерафтанд.[26] Бо вуҷуди ин ба Берунӣ муяссар шуд, ки аввалин устурлоб ё глобуси илмиро бо тасвирҳои курравии арзу тули замин созад ва мавриди истифода қарор диҳад. Чунонки дида мешавад Абурайҳон системаи илмии худро на фақат дар заминаҳои назария, балки дар пояи амалияи илмӣ барқарор мекунад, зеро ӯ ҳамзамон аз имкониятҳои илми мантиқ, махсусан, усулҳои дедуктивӣ ва индуктивии таҳқиқот баробар истифода мебарад. 
      Як ҷиҳати дигари кори илмӣ ин маълумот додан дар бораи пешинаи таҳқиқ аст. Яъне олим бояд дар бораи хидмати он муҳаққиқоне, ки дар омӯзиши мавзӯъ дар гузашта саҳм дошанд, маълумот диҳад. Ин талабот на фақат ба ҷиҳати ахлоқии кори илмӣ марбут аст, балки ба натиҷаи ниҳоии кори илмӣ таъсири бузург дорад, баён медорад Абурайҳон. Берунӣ дар ин робита ва дар ин радиф хидмати  Абул Аббос ибни Ҳамдун, Сулаймон ибни Исмаъ-ас-Самарқандӣ, ва дигар мунаҷҷимони асри нуҳум (IX) маълумот медиҳад. Исмаъ ас-Самарқандӣ аввалин бор дар Балх бо квадранти девории диаметраш 4 м. бузургии майли сатҳи эклиптика (майлулазим)-ро нисбат ба экватор (ё хатти истиво) ҳисоб карда баромадааст. Дар баробари ин Абурайҳон оид ба олимони илми нуҷуми асри 10 Абулҳасан Ахмад ибни Махаммад ибни Сулаймон аз Заранҷ ва Абу Али Муҳаммад ибн Абдулазиз ал-Ҳошимӣ аз маҳалли Рикка (шояд Ракка), дар бораи Абулфазли Ҳиравӣ (аз Ҳирот, ноҳияи Эрони қадим ва ҳоло дар Афғонистон), ки дар Рай бо олими номӣ Абуҷаъфар ал-Ҳазинӣ корҳои бузурги илмӣ мебурд, дар бораи мунаҷҷими дарбори Маъмун Синд ибни Алӣ, ки аввалин бор бузургии курраи заминро аз куллаи кӯҳ ҳисоб карда буд, дар бораи Маҳмуди Хуҷандӣ, ки аввалин бор секстанти Фахриро офарида буд, маълумот медиҳад. Дақиқкории олим на фақат барои илме аҳамият дорад, ки дар он ӯ таҳқиқот мегузонад, балки ба таври куллӣ барои тамоми илми таҳқиқ, барои таърих ва махсусан барои таърихи илм аҳамият дорад. Барои мисол Абурайҳон дар вақти буду боши худ дар шаҳри Ғазнӣ дар бораи кашфи зидҷе (харитаи осмон) маълумот медиҳад ки дар рӯи пуст тасвир шуда ҳанӯз дар давраи  эраи Диоклетелион[27] сохта шуда будааст. Ин андешаҳои Абурайҳон аз доираи назари гносеологияи анъанавие, ки дар Шарқу Ғарб васеъ паҳн гашта буд, берун мебарояд ва ба дараҷаву мақомоти эпистемологияи замони мо (масалан ба усули фалсафаи таҳлилии Куайн) наздик мешаванд. Ин гуна андешаҳоро ҳоло ҳам метавон ба роҳбарӣ гирифт ва дар тарбияи муҳаққиқони ҷавон истифода бурд, зеро раванди рушди илми ҳозира нишон медиҳад, ки ахлоқи таҳқиқоти илмии замони мо беҳбудиро тақозо дорад.
 
Дар баробари расолати ақлонии инсон Абурайҳони Берунӣ ба қувваи маърифатии қалб диққат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки ӯ ба мақоми қалб аз дидгоҳи нигоҳдошти суботи ҷомеа ва мақоми оромиши рӯҳ аз тариқи дин, риояи ахлоқи пазируфта дар ҷомеа бархурд мекунад ва ба таври махсус таъкид мекунад, ки ба андешаи ӯ қуввати ақл аз тариқи омехтани он бо қалб дучанд зиёд мешавад. 
       Бо такя ба ҳамин гуна андешаҳо, бо вуҷуди ин фалсафаи Беруниро ба таври кулл метавон фалсафаи табиатшиносона, натурфалсафӣ- ратсионалистӣ номид, зеро барои системаҳои ҷаҳоншиносии натуралистии чи Шарқу чи Ғарб дар баробари муҳокимарониҳои соф мантиқӣ, ҳамин гуна ҳаволаҳо ба қувваҳои рӯҳонӣ, фавқулодда куллӣ ва фавқуттабиӣ низ хос аст, зеро онҳо медонистанд, ки вақте онҳо оид ба ҷаҳони беканор ва то охир донистанашуда сӯҳбат мекарданд, маълум буд, ки барои ҳар як фард тамоми он беохириро бо усулҳои мантиқӣ дарк кардан ва фаро гирифтан аз имкон берун аст. Гузашта аз ин ба иқрори баъзе аз муҳаққиқон, дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии Абурайҳон тобишҳо аз андешаҳои озодандешона ва то ҳатто  деистӣ зуҳур мекунанд, ҳарчанд ӯ ба аҳкомҳои асосии дини ислом дар бисёре аз маворид назари интиқодӣ дошт, вале ба ин аҳкомҳо ба таври куллӣ зиддияти шадид низ нишон намедод ва ба амри зарурият рисолати ҳар гуна дин (зардуштия, яҳудият, масеҳият, ислом, боварҳои динҳои ҳиндиву буддоӣ)-ро барои оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Дар баробари ин, чунонки дида шуд, Берунӣ аҳамияти фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи астрология (бурҷҳои фалак) ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро шадидан танқид карда моҳияти маърифатии онҳоро ба зери суол мегузорад. Астрология ба назари Берунӣ “на илм аст, балки санъати фолбинист”, ки ба ҳақиқат такя намекунад. Ӯ менависад: “Онҳо (астрологҳо) бо воқеияти ҷисмҳои илми нуҷум (астрономия) кор надоранд, онҳо бо номҳо кор доранд. Онҳо он қадар ба пайравии ақидаҳои кӯҳна дода шудаанд, ки омилҳои табиӣ ва воқеияти аслии илмӣ барояшон арзиш надорад”.[28]
    Дар маҷмӯъ Абурайҳони Берунӣ олими якрӯ ва воқеъбин аст, вале шахси бедин ҳам нест, бо вуҷуди ин ӯ ба дахолати дин дар масъалаҳои илмӣ комилан зид аст. Ин нукта барои замони мо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, ки баъзан кор то ҷое мерасад, ки “одамони мутаассиб ва нодон” аз номи аҳли дину имон олимони касбӣ ва файласуфонро аз рӯи аҳкоми шариат ҳукм карда, онҳоро дар “бидъат” гунаҳкор мекунад, ба натиҷаҳои илм зиддияти шадид нишон медиҳанд, мантиқи Арастуро куфр мехонанд, дар ҳоле ки намедонанд, ки он воқеият дошта аз рӯи қонуниятҳои ақл сохта шудааст”. Маълум аст, ки ақл инъикоси воқеият аст. Дар асари “Заминшиносӣ”  ё “Геодезия” Абурайҳон маҷбур мешавад, ки барои дифои илму фалсафа ҳақиқатҳои фалсафии Арастуро то ҳатто бо истифода аз сураҳои қуръонӣ дастгирӣ кунад.[29] Бо вуҷуди дифои одилонаву оқилона аз илму фалсафа, ба таври кулл дар ҷустуҷӯи илмӣ ӯ ақидаҳои кӯҳнашудаи Арастуро намепазирад, онҳоро чи дар илм ва чи дар фалсафа шахшуда ва ба истолоҳи замони мо, догма мешуморад. Ба ин гурӯҳи ақидаҳо боз назари Арасту доир ба дар оянда аз байн рафтани баҳру уқёнус аз рӯи замин мебошанд, ки Берунӣ комилан қабул надошта буд.  Вале илми ҳозира собит кардааст, ки замоне об дар рӯи Замин вуҷуд надошт ва он ба мисли қабати атмосфера дар раванди таҳаввули кайҳон дар рӯи ин сайёра пайдо шудааст. Падидаҳои табиӣ, сайёраву ситораҳо пайдо мешаванду дар давоми миллиардҳо сол аз байн мераванд ва боз силсилаи нави ситораву сайёраҳо пайдо мешаванд ва ин кор беохир аст.
     Вале оё як ҳақиқати қобили қабул дар илму фалсафа барои ҳама ва барои ҳама вақту замон вуҷуд дошта метавонад, махсусан дар дину мазҳаб? Маълум аст, ки бисёре аз уламои дин даъвои донишҳои абадӣ мекунанд. Бо вуҷуди пазируфтани гуногунандешиву рангорангии фарҳангҳо дар масъалаи ҷаҳонбинии динӣ Абурайҳон шубҳа баён мекунад, ки “чи тавр як ҳақиқат метавонад, ки одамони пайрави дину мазҳабҳои мухталифро муттаҳид кунад, дар ҳоле ки мавзӯъ ё объекти ибодати онҳо гуногунанд”.[30] Берунӣ чун олими табиатшинос ба мақоми шубҳа (скепсис) дар дониш диққати махсус медиҳад, аз ҷумла, ба ҳақиқати ақидаи динии масеҳӣ, ислом ва инчунин Қуръон дар мавриди раванди офариниши олам, давомоти вақту офариниши олам (“синну соли олам”) ҳам шакк меорад ва ақида баён мекунад, ки синну соли оламро муайян кардан аз имкон берун аст. Барои муайан намудани ин ҳанӯз қобилияти инсону тамаддуни он камӣ мекунад. Дар ин маврид ӯ зиддиятҳоеро низ дар Қуръон пайдо мекунад, ки дар сураҳои он як ҷо “давомоти рӯзи офаринишро ҳазор сол” ва дар ҷои дигар “панҷоҳ ҳазор сол” ҳисоб мекунанд.[31] Ба андешаи Абурайҳон зарурияти ғун кардани дониш ва пайдоиши илм аз талаботи ҳаётии инсон сарчашма мегирад, зеро илм ин машғулияте барои дилхушӣ нест, балки роҳе аст барои шинохти беҳтари дунё ва беҳдошти хубтари зиндагӣ аст. Аз ҷумла, ӯ пайдоиши илми ҳисобро бо ченак кардани замин ва тақсими моли мерос алоқаманд мекард.  Дарки ҳақиқатҳои илм, аз нигоҳи Берунӣ дар асари зикргардидааш “Геодезия”, кори тулонӣ ва роҳи дуру дароз аст, зеро донишҳои инсонӣ “дар муқоиса ба донишҳои мутлақ”и нақлӣ хислати нисбӣ дошта инсон қудрат надорад, ки яку якбора ҳақиқатро ба тамомӣ ба даст оварад.[32] Донишҳои нисбии одамонро, ба қавли ӯ, фақат олимони бузург дар давоми асрҳо пурра мекунанд.
    Ҳамин тариқ, фалсафаи табиатшиносӣ, маърифатшиносии фалсафаву илмшиносии мардуми тоҷик таҷрибаи ғании таърихӣ дорад, он то ҳанӯз ҳам ба ҳеҷ ваҷҳе кӯҳна нашудааст ва он метавонъад ҳоло ҳам таконбахш бошад ва дар замони ҳозира дар тарбияи тафаккури илмиву ҷаҳонбинии илмии насли ҷавони мардум низ хизмати шоиста дошта бошад.
 
 
 
 
Сунатулло Ҷонбобоев,
 
номзади илмҳои фалсафа,
Роҳбари Маркази синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 
 
 
 
[1] Забеҳулло Сафо. Бархе аз назарияҳои фалсафии Абурайҳон//Маҷмуаи маќолаҳо дар бораи Абурайҳон. Кобул, 1352.
[2] А.Беруни. Памятники минувших поколений// Абу Рейхан Бируни Памятники минувших поколений / Пер. и прим. М. А. Салье, Избранные произведения, Том I, Ташкент, "ФАН", 1957; Бируни Абу Рейхан. Памятники минувших поклений. (Памятники минувших поколений) В интернете). Пер. и прим. М. А. Салье // Избранные произведения, Том I. Ташкент: Фан, 1957. С. 37.
[3] Абурайҳон Берунӣ. Индия. С.214.
[4] Ҳамон чо. С. 215.
[5] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С.41, 93
[6] Абурайҳани Берунӣ. Китоб ут-тафҳим ли авомили саноат-ит-танджим. Душанбе, 1973, С.54.
[7] Шарипов А.Д. Малоизвестные страницы переписки между Беруни и Ибн Синой//Общественные науки в Узбекистане. 1965. С.41.
[8] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С. 37, 105.
[9]  Абурайхон Беруни. Геодезия, С. 54, 94, 105.
[10] Ҳамон ҷо, С.84-85
[11] Абурайҳани Берунӣ. Китоб ут-тафҳим ли авомили саноат-ит-танджим. Душанбе, 1973. Булгаков П.Г. Жизнь и труды Беруни. С. 66-67.
[12] Сайид Ҳусейн Наср. Беруни-Авиценна в диалоге века. Введение в исламские космологические доктрины// Курьер ЮНЕСКО. 1974. Июль.
[13] Ҷонбобоев С.Шарҳи як муаммо//Комсомоли Тоҷикистон. 1980. 19 сент.; Булгаков П.Г. Жизнь и труды Беруни. С. 66-67.
[14] Фахруддин Рази. Мафатих аль-гайб или Тафсири Кабир // Adi Setia Fakhr Al-Din Al-Razi on Physics and the Nature of the Physical World: A Preliminary Survey // Islam & Science. — 2004. — Vol. 2. — P. 161-180
[15] Николай Кузанский. Сочинения в 2-х томах. Т. 1:М., Мысль, 1979. — С. 5-45. — 488 с
[16] Еремеева А. И., Цицин Ф. А. История астрономии (основные этапы развития астрономической картины мира). Изд. МГУ, 1989.
[17] Шарипов А. Великий мыслитель. С.84.
[18] Беруни А. Памятники минувших поколений. С. 37.
[19] Беруни А. Ҳамон ҷо. С. 117.
[20] Хамон ҷо. С. 205.
[21] Материалы по истории прогрессивной общественно-философской мысли в Узбекистане. Ташкент, 1957, С.141.
[22] Беруни А. Минералогия (Китаб ул Джавахир). С. 9.
[23] Абу Райхон Беруни. Геодезия. С. 43, 262
[24] Ҳамон ҷо. С. 44,137
[25]Ҳамон чо. С. 44, 137
[26] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С. 57-58, 88-89
[27] Дар соли 285 эраи мо дар натиҷаи яке аз ҷангҳои шаҳрвандӣ  императори Рим Диоклетиан таъин мешавад, ки 20 сол ҳукмронӣ мекунад.
[28] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966. С.37, 262.
[29] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С.83
[30] Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966. С.41
[31] Геодезия, ҳамон ҷо. С.41,93
[32] Абу Райхан Беруни, Геодезия. С.39

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia