casino malaysia
casino malaysia
Риторикаи сиёсӣ ва мақоми он дар илмҳои ҷомеашиносӣ

wrapper

  Дар доираи илмҳои ҷомеашиносии муосир риторикаи сиёсӣ мақом ва нақши хоса дорад. Риторикаи сиёсӣ ин илм дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, инкишоф ва предмети нутқи сиёсӣ аст. Яъне, ин илм дар бораи таъсир расонидан ба инсон тавассути сухан буда, қонуниятҳо ва принсипҳои ташаккули нутқи сиёсиро меомӯзад. Риторикаи сиёсӣ  аз давраи пайдоиши худ нисбат ба дигар шаклҳои суханварӣ нақши бориз дошт ва имрӯз ҳам  муҳиммияти хосса дорад.
  Ҳамин тавр, агар риторикаро ҳамчун фанни таълимӣ баҳогузорӣ намоем, пас муҳтавои он ҳамчун илм ва санъат муаррифӣ мегардад. Аз ҷониби дигар онро ҳамчун санъати суханварии сиёсӣ – яъне ҳамчун илми идораи давлат ва ҳокимият баҳо додани шавем, пас амалӣ шудани онро дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа бояд баррасӣ намоем. Ин аст, ки риторикаи сиёсӣ бештар хусусияти байнифаннӣ гирифта, омӯзишу таҳқиқи он вобаста ба тағйиротҳои нави ҷомеа шаклу мазмунашро дигар карда метавонад.

  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз мавқеъ ва нақши риторикаи сиёсӣ ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, мавриди истифода ва маърифати ҳаррӯзаи сарварони сиёсӣ, роҳбарони ҳизбӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, намояндагони лоббистӣ, вакилони парлумон ва суханварону наттоқон шуда, воситаи асосии тайёр намудани коршиносони сатҳи байналмилалӣ гаштааст. Махсусан, дар раванди интихобот ва қабули қарорҳо риторикаи сиёсӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Зеро, аз қобилияти боваркунонии сарвари сиёсӣ ҳама чиз вобаста аст. Н.А.Михайличенко  қайд намудааст, ки «Шояд чунин тахассусе набошад, ки дар он маҳорати суханварӣ  ба кор наравад. Вале дар баъзе соҳаҳои фаъолияти инсон он хеле зарурӣ  арзёбӣ  ёфта, ҳамчун воситаи зарурии манфиатбахш шуморида мешавад»[1,с.94]. Донистани усул ва тактикаи риторикаи сиёсӣ ва фарҳанги баланди суханварӣ доштан барои дипломатҳо, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва дигар хизматчиёни давлатӣ аҳамияти муҳим дошта, яке аз самтҳои асосии талаботҳои касбии онҳост. Чуноне, ки Ситсерон навиштааст, ки: «дар олам ду навъи санъат: санъати лашкаркаши хуб ва санъати суханварии хуб мавҷуд аст, ки инсонро метавонад ба зинаи баландтарини шараф ва ифтихор бирасонад»[2, с.117]. Яъне, санъати волои суханварӣ доштан яке аз воситаҳои муҳими номоварӣ, шӯҳрат ва муаррифии ходимони давлатию ҷамъиятӣ мебошад. Сарварони сиёсӣ бо нутқи таъсирбахши худ манфиатҳои кишвари худро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намуда, баҳри ҳадафҳо созанда ҷомеаи ҷаҳониро сафарбар менамоянд. Нутқи ироа намудаи онҳо такони ҷиддиро дар инкишофи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад.

  Тавре, ки маълум аст риторикаи сиёсӣ ҳамчун падидаи иҷтимою сиёсӣ таърихи беш аз ду ҳазорсола дорад. Он дар ташаккул ва инкишофи хеш марҳилаҳои гуногунро сипарӣ намудааст. Ташакулли риторикаи сиёсӣ ҳамчун илм ба Юнони қадим тааллуқ дошта, аз талабот ва маданияти баланди ҷомеаи демократии он замон гувоҳӣ медиҳад. Асосгузори ин фан мутафаккири Юнони қадим Арасту мебошад. Ӯ тавассути асараш “Риторика“ ин илмро ба низоми донишҳои сиёсӣ ворид намуд. Бояд гуфт, ки новобаста аз чигунагии раванди таърихӣ риторикаи сиёсӣ ҳамеша ҳамсафари зиндагии мардум буд. Раванди ташаккул ва инкишофи риторикаи сиёсӣ бештар бо инқилобҳои буржуазӣ  пайваст буда, бо пешрафти арзишҳои демократӣ, таҳаввулот ва инкишофи афкори сиёсӣ, гуногунандешӣ, инкишофи парламенти касбӣ, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф рушду такомул ёфт.

  Дар асри XX риторикаи сиёсӣ ҳамчун соҳаи муҳими илм бо ташкил намудани курсҳои омӯзишии суханварӣ дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо рушд намуд. Курсҳо ба монанди нутқи оммавӣ ва таҳлили нутқ, инчунин пайгирӣ намудани тамоми назарияҳои рушди риторикаро дар тӯли таърих дарбар мегирифт. Риторика бо пайдоиши кафедраҳои сиёсатшиносӣ ва омӯзиши коммуникатсионӣ дар барномаҳои донишгоҳҳо эътибори бештар пайдо намуд[7,с.10]. Аз таҳлилҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар шароити муосир риторикаи сиёсӣ давраи рушду инкишофи худро сипарӣ менамояд. Махсусан, аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда раванди инкишофи риторикаи сиёсӣ ҳамчун илм ва санъат авҷ гирифт. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин давра якчанд омилҳои асосӣ боиси ташаккулёбии риторикаи сиёсӣ гардид. Воқеан, ин марҳилае буд, ки ҷаҳон ба ду низоми ба ҳам рақиб – сотсиалистӣ ва капиталистӣ ҷудо гардида буд. Ин рақобатҳо аз сокинони ду қутб пеш аз ҳама фаъолнокии сиёсиро тақозо мекард. Маҳз дар ин давра психология ва  маданияти сиёсӣ ҳамчун илм ба авҷи ташаккули худ расида, мавқеи ҷомеаи иттилоотӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа рӯзмарра гардид. Албатта, мустаҳкам гардидани чунин илмҳо боиси фаъолнокӣ ва сотсиализатсияи мардум гардид. Хусусан, маданияти сиёсӣ ва психологияи сиёсӣ дар инкишофи  риторикаи сиёсӣ нақши муҳим бозидааст. Зеро, дар ин давра муҳаққиқон бештар ба масъалаи маданияти сухан таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Алалхусус, олимони кишварҳои ғарбӣ дар ин самт корҳои зиёди муқоисавию тадқиқотӣ бурданд. Онҳо масъалаҳои марбути санъати суханварӣ, таъсири сухан дар сиёсат, маданияти шифоҳӣ, қобилияти боваркунонии ташфиқотию таблиғотӣ, идеологӣ ва ғайраро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

  Дарвоқеъ, онҳое, ки риторикаро ҳамчун санъати шаҳрвандӣ тасниф мекунанд, чунин меҳисобанд, ки риторика қудрати ташкили ҷомеаҳоро дошта, ба ташаккули хислати шаҳрвандон ва ба ҳаёти шаҳрвандӣ таъсири назаррас дорад.

  Бояд қайд намуд, ки бо рушди васоити ахбори омма, шаҳрвандон имкониятҳои бештарро барои назорат аз болои фаъолияти сиёсатмадорон пайдо карданд, то он даме, ки ВАО ба яке аз воситаҳои муҳимми таъсиргузор ва рақобатнок табдил гардид. Дар асри иттилоотӣ, ҳар як ҳаракати роҳбарони давлатӣ мавриди баҳси қишрҳои гуногуни аҳолӣ  қарор мегирад. Аз як тараф, ҷомеа имкони назорат кардани амалҳои пешвоёни сиёсиро пайдо мекунад, амали онҳоро тавассути васоити ахбори омма баҳо медиҳад ва бо ин роҳ ба қарорҳои сиёсӣ таъсир мерасонад[8,с.3]. Дар ин робита, барои роҳбари сиёсӣ  масъулияти бурдани баҳси сиёсӣ ба вуҷуд меояд, ки он аз қобилияти риторикии ӯ бисёр вобаста аст. Яъне бо нутқи пуртаъсир ва боварибахш боварии мардумро ба даст орад.

  Қайд кардан зарур аст, ки омўзиши риторикаи сиёсӣ ҳамчун илм дар шароити ватанӣ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони шӯравӣ  вобаста ба идеологикунонии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ  фанни риторикаи сиёсӣ ба таркиби нақшаҳои таълимӣ ворид нашуда буд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ рушду инкишофи арзишҳои сиёсӣ ва демократӣ тақозо намуд, ки дар баробари дигар муҳаққиқони хориҷӣ донишмандони ватанӣ низ дар атрофи ин фан корҳои илмию таълимиро ба анҷом расонанд. Хусусан, китоби «Риторика ва баҳси сиёсӣ» - и профессор А.Н. Маҳмадов «Методикаи таълими риторика» - и муаллифон: Маҳмадов А.Н., Ҳоҷиматова Г.М., Қудусов Х.С., инчунин “Риторика ва баҳси сиёсӣ” - и Раҷабов И.Ш. дар омӯзиши паҳлуҳои мухталифи санъати риторикаи сиёсии ватанӣ дар илмҳои ҷомеашиносӣ заминаи муносиб гузошт. Қобили тазаккур аст, ки муаллифон дар ин китобҳо аз масъалаҳои мухталифи фаъолият ва маҳорати суханварӣ, аз ҷумла суханварии сиёсӣ ва методҳои таълимии он маълумот дода, мақому манзалати ин фанни ҷомеашиносиро хеле баланд бардошта тавонистанд.

  Масъалаи дигаре, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад, ин рӯ овардан ба таърихи гузаштаи ниёгонамон мебошад. Махсусан, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба асарҳои дар бораи санъати суханварӣ навиштаи бузургони миллатамон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо забони тоҷикӣ баргардон шуданд. Ба зумраи чунин ашъори пурғановат метавон осори Ибни Синоро мисол овард, ки аз ҷониби Маркази синошиносии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ бо забони тоҷикӣ баргардон ва нашр шуда, мавриди таҳқиқотҳои илмӣ қарор гирифта истодаанд. Хусусан, дар соли 2019 тарҷума ва нашр гардидани қисмати “Хитоба” аз   “Китоб уш – шифо” - и Ибни Сино ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ барои омӯзиш ва рушду инкишофи минбаъдаи суханварии сиёсӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ кумак менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Маркази синошиносӣ ҳамчунин, “Риторика” – и Арасту низ аз забони арабӣ ба тоҷикӣ баргардон шуд. Ин асарҳо барои омӯзиши минбаъдаи санъати суханварӣ, шакл ва усулҳои амалишавии риторикаи сиёсӣ, ичунин, аҳамияти суханварии сиёсӣ барои ходимони давлатию сарварони сиёсӣ аз аҳамият холӣ нест.  

  Воқеан, имрӯз барои таҳлили вазъи сиёсию амниятии ҷаҳон, пешгӯии равандҳои печидаву мураккаби геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар муколамаву конференсияҳои сатҳи байналхалқӣ зарурати ташаккули риторикаи сиёсӣ ба миён омадааст. Зеро, омода намудани суханвари сиёсии касбӣ яке масъалаи мубрами ҷомеаи имрӯза буда, дар муҳити печидаи ҷаҳони муосир, ҳатто оянда масъалаҳои меҳварие чун ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар низ ба ин масъала вобаста хоҳад буд. Махсусан, равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза аз ҳар як нафар зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Зеро имрӯз бозингарони сиёсии ҷаҳон стратегияҳои  гуногунро мавриди амал қарор медиҳанд, ки ниҳоят пуртаззод ва мураккаб мебошанд.

  Аз ин рӯ, барои дарки моҳият ва мақсадҳои сиёсию геополитикӣ зарурати ташаккули илмҳои сиёсӣ махсусан риторикаи сиёсӣ  ба миён омадааст. Зеро бе доштани таҳсилоти соҳавӣ ё бе доштани таҷрибаи кофии амалӣ, таҳлилу назари дурусти сиёсатшиносӣ бурдан ғайри имкон аст. Нақши махсусро санъати суханварӣ дар фаъолияти касбии сиёсатшинос мебозад.

 Албатта, фаъолияти сиёсатшинос бо як баромад кардан ба охир намерасад. Ин фаъолияти гуногунҷабҳаву мураккабест, ки онро метавон ба фаъолияти мутахассис ва усулҳои ба мақсад ноил гардидани он вобаста донист. Ба фаъолияти мутахассисони сиёсатшинос таълифи ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, баромади шифоҳӣ (дар нишастҳои матбуотӣ, воситаҳои ахбори омма), машваратӣ (маслиҳат ва тавсияҳои гуногун) тааллуқ доранд. Онҳо бояд қобилияти дар баҳсҳои сиёсӣ фаъол буданро дошта бошанд ва аз усулу тактикаи санъати баҳси сиёсӣ хуб огоҳ бошанд. Санъати баҳси сиёсӣ гуфта маҷмӯи дониш ва маҳорати сиёсатшиносро меноманд, ки тайёрӣ ва талаффузи илмии нутқи мубоҳисавиро мувофиқ ба талаботу тартиботи баҳс муайян менамояд[3, с.28].

  Ҳанӯз донишмандони қадим қайд карда буданд, ки суханварии нотиқи ҳақиқӣ бояд баҳри марому мақсадҳои олӣ: мубориза барои хайрияти умум, адолат ва қонунияти воқеӣ, фаъолияти бунёдкорона ва ғайра равона гардад. Онҳо дар симои нотиқ - сиёсатшинос шахс - шаҳрвандеро медиданд, ки донандаи моҳири санъати суханварӣ, намояндаи ҷамъиятӣ, донишманди сиёсӣ ва фарди ватанпарасту вафодор буд[4, с.20]. Дар воқеъ, омода намудани суханвари сиёсии дорои дониши касбии сиёсӣ яке масъалаи мубрами ҷомеаи имрӯза буда, дар муҳити печидаи ҷаҳони муосир, ҳатто оянда масъалаҳои усулие чун ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар низ ба ин масъала вобаста хоҳад буд.

  Бояд гуфт, ки дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар риторика ва баҳси сиёсиро ҳамчун фанни таълимӣ меомӯзанд, ки барои рушди минбаъдаи санъати суханварии сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Хусусан, фанни риторика ва баҳси сиёсӣ дар бахшҳои сиёсатшиносию муносибатҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиши донишҷуён қарор гирифтааст, ки барои минбаъда ҳамчун коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба камол расонидани сиёсатшиносон, дипломатҳо ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъсири амиқ мегузорад. Дар бахшҳои журналистика низ фанни маҳорати суханварӣ омӯзонида мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз зарурати он ба миён омадааст, ки дар шароити ватанӣ журналистикаи сиёсиро таъсис ва рушду инкишоф диҳем. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити муосир риторикаи сиёсӣ комилан тарз ва шаклу услуби ҷадидро фаро гирифта, васоити ахбори омма, шабакаи интернет дар густариш ва ифодаи он нақши муассир гузоштаанд ва таъсири равандҳои глобализатсионӣ дар маданияти суханварӣ,  суръати ниҳоят афзуни самтҳои ҳаёт иллати ба вуҷуд омадани фарҳанги нави суханварӣ дар асри ХХI гардидааст. Афзоиши нақши равандҳои иттилоотии интернет,  инчунин рушди фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки амалан аз ҷониби қонун танзим карда намешаванд, вазифаи идоракунии ҷараёни иттилоотиро мушкилтар мекунад. Дар чунин шароит, роҳи ягонаи имконпазири шореҳи асосии ҳодиса риторикаи сиёсӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, метавон гуфт, ки фаъолияти аксарияти ВАО - и хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба манфиати кишвари мо, ба фаҳмиши таърихӣ, фарҳанг ва ахлоқи миллии мо мувофиқат намекунанд. Имрӯз таъсири равандҳои ҷаҳонишавиро ба забони миллӣ ва оини суханварӣ баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ин рў, ин раванд муҳиммияти риторикаи сиёсиро дучанд мегардонад.

  Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушду инкишофи арзишҳои сиёсию маънавии ҷомеа, махсусан барои ташаккули меъёрҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сайъу талош карда истодааст. Махсусан, зина ба зина гузаронидани ислоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вазифаи асосии стратегии рушди давлатдорӣ табдил ёфтааст. Ин ҳолат боис мешавад, ки дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи он имконияти рушд карданро ба таври воқеӣ пайдо намоянд. Хусусан, бо таъсиси иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ риторикаи сиёсӣ метавонад инкишоф ёбад. Зеро иттиҳодия ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҳадаф ва мақсадҳои худро тавассути риторикаи сиёсӣ ба мардум мерасонанд. Бояд гуфт, ки бо инкишофи арзишҳои демократӣ имрӯз сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии мардум низ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Шаҳрвандон бо диди нав ба арзишҳои ҷомеа назар менамояд. Мавқеъи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷомеа назарас аст. Чунин ҳолат аҳамият ва зарурати ташаккули риторикаи сиёсиро дучанд мегардонад.

 Таҳлили вазъи воқеии ҷомеаи имрўза нишон медиҳад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар дастгирӣ ва ташаккули мутахассисони суханвар саҳми бориз дорад. Махсусан, дар сафарҳои дохилии худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Пешвои миллат беҳтарин суханварони ҷавонро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ интихоб намуда, барои пешрафти онҳо ҳамчун мутахассис дар оянда кумак менамояд. Ин гӯфтаро дар ҳамаи вохуриҳои Ҷаноби Олӣ бо сокинони кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Дарвоқеъ, мактаби бузурги риторикаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба он ҳидоят менамояд, ки мақому манзалати шахсони донишманду суханвар дар ҷумҳурӣ ҷойгоҳи худро дошта бошанд.

  Албатта, дар раванди ҷаҳони имрӯза, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он ҳамчун давлати демократӣ инкишоф меёбад, заминаи воқеӣ ва имконияти бузурги рушду нумуъи риторикаи сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Озодии сухан, ҳуқуқи иштирок намудани шаҳрвандон дар раванди идоранамоӣ, имконияти амалигардии ҳуқуқу озодиҳо ва масъулиятҳои сиёсии омма дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ боис мегардад, ки ҳар як шаҳрванд дар мавридҳои мушаххас ба сифати суханвар баромад кунад ва ҳамзамон доираи муайяни шунавандагонро дар бораи масоили гуногуни сиёсӣ ҷамъ оварад[4, с.8]. Таҳаввулоти гуногуни ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ки арзишҳои навинро баҳри ҷомеа муаррифӣ мекунад доираи мавзӯоти сиёсиро васеътар ва сатҳи фаъолияти нотиқии суханварони сиёсиро баландтар мебардорад.

 Дарвоқеъ, таҳлили раванди сиёсию геополитикӣ нишон медиҳад, ки дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ таъмини саривақтии фазои иттилоотӣ бо иттило ва сухани дақиқу саҳеҳ аз муаммоҳои мубрам аст. Пас саволе ба миён меояд, ки  риторика дар ин самт чи гуна таъсиррасон аст. Зеро, айни замон аҳамияти нутқ ва ҳар гуна технологияи иттилоотӣ дар рушди низоми ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ  басо бузург мебошад.

 Воқеан, риторикаи сиёсӣ воситаи асосии идоракунӣ ва нигоҳдории ҳаёти ҷамиятӣ  буда, робитаи байниҳамдигарии умумиятҳои иҷтимоиро бо сиёсат ва сиёсатро бо ҷомеа мепайвандад ва дар раванди тағйирпазирии ҷомеа нақши асосӣ дорад. Дар шароити имрӯза, маҳз риторикаи сиёсӣ метавонад равобити байниҳамдигарии унсурҳои гуногуни таркибии ҷомеаро ба таври собит таъмин намояд, боиси ба вуҷуд омадани идеяву лоиҳаҳои созанда, маъруфияти номзадҳо ва умуман, пешрафти ҷомеа гардад.

  Хулоса, риторикаи сиёсӣ дар системаи донишҳои гуманитарӣ  имрӯз метавонад ҳамчун воситаи хуби башардӯстӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ  бошад. Барои муттаҳидии мардум дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир  маҳз риторикаи сиёсӣ метавонад  нақши бориз дошта бошад. Дар шароити Тоҷикистон бошад риторикаи сиёсӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Аз ин рў, имрўз зарурат ба миён омадааст, ки фанни риторикаи сиёсиро на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ ба роҳ монем. Зеро, омода намудани суханвари сиёсии дорои дониши касбии сиёсӣ яке талаботҳо ҷомеаи имрӯза буда, барои ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти миллӣ муҳиммияти махсус дорад.

 

Фазилат Саидова

  ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии

 муносибатҳои байналмилалии Институти

 фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

 ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адабиёт

  1. Анисимова Г.В. Риторика. Владивосток. 2004. - 99 с.
  2. Кузнецов И.Н. Риторика или ораторское искусство. - Москва: Юнитри, 2004. – 420 с.
  3. Маҳмадов А.Н. Риторика ва баҳси сиёсӣ. Душанбе, 2011. -191с.
  4. Раҷабов И.Ш. Риторика ва баҳси сиёсӣ. Душанбе, 2017. -263 с.
  5. Рождественский Ю.В. Теория риторики. — М.: 1997.-597 с.
  6. Хазагеров Г. Г. Политическая риторика. М.: Никколо - Медиа, 2002.-313 с.
  7. Чурашова Е.А. Дискурсивные стратегии политической коммуникации в кризисной ситуации: Автореф. дис. канд. полит. наук. Казань, 2013. -25 с. 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia