casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон

  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишварамон якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун  Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
  Мисли дигар илмҳо, илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон низ таърихи пайдоиш ва рушди худро дорад.
  1 феврали соли 1944 Совети Олии СССР  Қонун «Дар бораи додани ваколатҳо ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар соҳаи муносибатҳои хориҷӣ ва ба ин муносибат тағйир додани Комиссариати Халқии корҳои хориҷӣ аз иттифоқӣ, ба Комиссариатҳои Халқии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ»-ро қабул кард. 12 майи соли 1944 сессияи VII Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати 1 Конун «Дар бораи ташкил намудани Комиссариати Халқии Иттифоқӣ-ҷумҳуриявии корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон»-ро кабул кард, ки заминаи ҳуқуқии рушди илми ҳуқуқи байналмилалиро гузошт. Муфассал ...
Хондан 436 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(7 Овозҳо)

Пешниҳоди Пешвои миллат ва тасдиқи нақшаи мубориза бо бўҳрони об дар нишасти СММ

  Дар арсаи байналмилалї Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд. Муфассал ...
Хондан 252 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

«Биёед дар атрофи об муттаҳид бошем!», — паёми сулҳу суботи Пешвои миллати тоҷикон ба ҷаҳониён

  Баҳори имсола бо баргузор шудани конфронси муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд, оғоз шуд. Бинобар ин, 21-24 март диққати ҷаҳониён ва махсусан олимону коршиносони сиёсӣ дар ҷумҳурии мо ва берун аз он ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  нигаронида шуда буд. Муфассал ...
Хондан 1637 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(5 Овозҳо)

Ҷанбаҳои табиӣ ва иҷтимоии Наврӯзи хуҷастапай

  Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд.
  Яке аз ин гуна арзишҳои фарҳангӣ, ки дар мазмуни Наврӯз нуҳуфтаву чун хуршеди дурахшон зимни таҷлили он бозтоб ва муҷалло мешавад, башардӯстӣ мебошад. Ин арзиш мағз андар мағзи фарҳанг ва фалсафаи наврӯзиро фаро гирифта ва тамоми тору пуди зиндагии мардуми ориёитабори бостон бо он бофта шудаанд.   Муфассал ...
Хондан 364 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia