casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Давлати дунявӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ

    Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва  ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд». [1,19] Муфассал ...
Хондан 493 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши шоирони балх дар рушди фарҳанги даврони Сомониён

  Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд. Муфассал ...
Хондан 372 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Афганское противостояние: путь от Северного альянса до Фронта национального сопротивления

  Как известно в 1996 году после первого захвата талибами столицы Афганистана большинство непуштунских этнических лидеров северных провинций объявили войну талибским захватчикам. Для оказания сопротивления политики пуштунизации и было сформировано антиталибское движение, которое в просторечии стало называться «Северным альянсом», поскольку состоял в основном из представителей этнических групп северного и центрального Афганистана.
  На ранних этапах сопротивления в 1990-х годах «Северный альянс «состоял в основном из афганских таджиков во главе с бывшим президентом Афганистана Бурхануддином Раббани и бывшим министром обороны Ахмад Шахом Масудом. Но созданная этими двумя видными политическими лидерами движение сопротивления не могло добиться поставленных задач, поскольку было ограничено как в человеческих ресурсах, так и в вооружении и военной технике. Более того, воодушевленные своими победами пуштунские группировки во главе с талибами продолжали захватывать все новые территории Афганистана, приближаясь тем самым и к северным провинциям страны. Обеспокоенные победами талибов представители других национальных меньшинств, в том числе хазарийцы Карим Халили, Мохаммад Мохакика, узбек Абдул Рашид Дустума, пуштун Абдул Кадира и других влиятельных полевых командиров севера страны встали перед выбором и отдали предпочтение в пользу «Северного альянса».  Муфассал ...
Хондан 459 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Давлати дунявӣ-демократӣ ва пуштибонии пайвастаи фардӣ

 (бардоштҳо дар заминаи китоби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Суҳроб Шарифов “Равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон”, дар остонаи 60-умин солгарди зодрӯзи муаллиф)
 
  Ҳар як давлат дар баробари сиёсатмадорони қавиву хирадманд ва афсару аскарони далеру неруманд ба донишмандони фоъолу меҳанпараст ниёз дорад. Чунин донишмандон ҳамеша дар пайи беҳтар кардани сохтори давлат ва дар заминаи он беҳтар сохтани вазъи амниятиву иқтисодии шаҳрвандони он ҳастанд. Низоми давлатдорӣ хеле мураккаб аз он аст, ки як шаҳрванди оддӣ тасаввур мекунад. Ҳамарӯза дар он ҳазорон тасмимгирӣ ба миён меояд, ки бо дараҷаи гуногун ба давлат ва зиндагии ҳар як шаҳрванд таъсири худро мегузоранд. Агар ин тасмимгириҳо дар асоси илм ва аз тариқи машварат бо олимони соҳа гирифта шаванд, ба эҳтимоли зиёд таъсиргузориҳо мусбӣ хоҳанд буд. Ва албатта, баръакс, агар дар раванди идораи давлат ва тасмимгириҳои ҳаррӯза назари коршиносон ба инобат гирифта нашавад, таъсири тасмимгириҳо бетаъсир ва ё камтаъсир шуда, батадриҷ ҷомеаро ба бунбаст гирифтор мекунанд. Ин аст, ки нақши олимону сиёсатмадорони фаъолу худшинос дар раванди сохтмон ва тақвияти давлатдории миллии мо низ аз аҳамияти бузург бархурдор аст ва мебояд аз ин ҳам зиёдтар шавад. Муфассал ...
Хондан 394 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia