casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Дар фазои файзбори сулҳу ваҳдати миллӣ

 Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин дастовард ва рӯҳияи устувор халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид. Ваҳдат нурест, ки ба зулмоти шабистони ҷанги шаҳрванди ворид шуд ва роҳи раҳоии моро аз вартаи нобудӣ нишон дод. Ин нур ба сарзамини мо сулҳи деринтизори моро овард. Муфассал ...
Хондан 303 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Зарурати тавсеаёбии муносибатҳои илм ва давлат

  Ҳар як нафаре, агарчи дар соҳаҳои илм шуғли касбӣ надорад, ҳар гоҳе саҳифаи рӯзнома ё Интернетро кушода, анбӯҳи хабару маълумотро аз назар мегузаронад. Аксари ин хабарномаҳо сархати монанд доранд: «Олимон исбот карданд, ки…», «Аз таҳқиқи анҷомдодаи олимон натиҷагирӣ шуд, ки…» ва ғайра. Дар қисми зиёди чунин хабарномаҳо (маҳз хабар, на маълумот) «тарзи дуруст»-и хӯрокхӯрӣ, фароғату истироҳат, нафаскашӣ, фикрронӣ ва ғайра барои тӯлонию беҳтар зистани одамон пешниҳод карда мешавад. Дар чунин маврид, одатан, нишон дода намешавад, ки кадом олим, дар кадом озмоишгоҳ, бо супориши кӣ ин тадқиқотро гузаронидааст ва ҳисоботи худро доир ба натиҷаҳои таҳқиқоташ дар куҷо нашр кардааст. Ҳамчунин аз бурдубохту дурнамои ин «навгониҳо» чизе гуфта намешавад. Аз як тараф, чунин ҷузъиёти идеологӣ (идеологема) ба ҳаёти шаҳрвандон унсурҳои назоратро ворид менамояд, ҳамчун «мавзӯи доғи рӯз» ба таҷдиди назар кардани меъёру намунаҳои рафтор водор месозад ва назари бархе аз «олимон»-и сохтакору сиёҳкорро ҳақ мебарорад. Муфассал ...
Хондан 298 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Производства и контрабанда наркотиков – источник доходов ТЭО «Талибан» в Афганистане

  Движение «Талибан» с первых дней своего вторичного захвата власти в Афганистане, который исчисляется с 15 августа 2021 года, по аналогу с их первым приходом к власти в 1996 - 2001 годах, заверили мировое сообщество, что навсегда покончат с выращиванием наркосодержащих растений, производством и контрабандой наркотических средств и их химических прекурсоров в стране.
  Так, в апреле 2022 года Движение «Талибан» вновь строго запретило выращивание любых растений, из которых производятся наркотические средства. Однако, большая часть урожая 2021-2023 гг. под действие этого указа не попала. По данным Программы развития ООН (ПРООН) площадь посевов опийного мака в 2022 году в Афганистане увеличилась на 32 процента по сравнению с предыдущим годом и составила 233 тыс. гектаров. 73 процента общей площади посевов сосредоточены в юго-западных районах страны, в ореоле проживания пуштунов. Там же зарегистрирован и наибольший прирост урожая. Только в провинции Гильменд под выращивание опийного мака отведена пятая часть всех пахотных земель. Муфассал ...
Хондан 298 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мавлоно ва куллиёти ў

  24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти мутафаккир ва шоири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии Куллиёти Мавлоно аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Ўзбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.
  Вобаста ба ин воқеаи барои мардуми тоҷик хеле фараҳбахш таъкид месозем, ки «Девони кабир» ё «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» аз 42000 байт иборат аст ва 3502 ғазал, қасида, тарҷеъот ва муқаттаот ва 1995 рубоиро дар бар мегирад. Дар он аз нахустин шеъри Мавлоно бо матлаъи «Оҳ, аз он рухсори барқандоз - хуш маҳпорае», ки дар 38-солагии муаллиф гуфта шудааст, то охирин шеъри ӯ бо матлаъи «Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун» фароҳам омадаанд. Ин ашъор асосан барои авҷ гирондани самоъ эҷод шудаанд. «Девон» солҳои 2007-2009 бо хатти кириллӣ ба нашр расидааст. Муфассал ...
Хондан 490 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia