casino malaysia
casino malaysia
Мавлоно ва куллиёти ў

wrapper

  24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти мутафаккир ва шоири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии Куллиёти Мавлоно аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Ўзбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.
  Вобаста ба ин воқеаи барои мардуми тоҷик хеле фараҳбахш таъкид месозем, ки «Девони кабир» ё «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» аз 42000 байт иборат аст ва 3502 ғазал, қасида, тарҷеъот ва муқаттаот ва 1995 рубоиро дар бар мегирад. Дар он аз нахустин шеъри Мавлоно бо матлаъи «Оҳ, аз он рухсори барқандоз - хуш маҳпорае», ки дар 38-солагии муаллиф гуфта шудааст, то охирин шеъри ӯ бо матлаъи «Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун» фароҳам омадаанд. Ин ашъор асосан барои авҷ гирондани самоъ эҷод шудаанд. «Девон» солҳои 2007-2009 бо хатти кириллӣ ба нашр расидааст.
  Соҳиби Куллиёт Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - шоиру мутафаккири тоҷик, ки одатан бо номҳои Мавлоно, Мавлавӣ, Мавлои Рум, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлонои Румӣ, Мавлавии Маънавӣ, Шамси Табрезӣ, Хомӯш ва ғайра ёд мешавад, 6 ҷумодиюлаввали соли 604 ҳиҷрӣ (30 сентябри соли 1207) дар хонадони суфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддини Валад ба дунё омадааст. Дар бораи зодгоҳаш бошад, сухан ронда, қайд кардан зарур аст, ки Мавлоноро Румӣ зикр намоянд ё Балхӣ, то кунун муҳаққиқонро ором намегузорад, агарчи баъди навиштаҳои баъзе тазкиранигорон, хусусан, Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» номи созишомезе чун Ҷалолиддин Румии Балхӣ роиҷ гардид. Ин номи охирӣ ба зодгоҳ ва мавзеъи фаъолияти мутафаккир ишорат мекунад.
  Бо номи Румӣ ёд кардани ин марди қавиандеша ягон ишколе надорад, зеро ҳаёти ӯ дар Анатолияи Осиёи Сағир, ки он замон Рум хонда мешуд, гузаштааст ва дар девони худи ӯ низ чунин ном, яъне «Мавлонои Румӣ», зикр гардидааст.
Дар бораи Балхӣ гуфтани Мавлоно низ ягон ишколе наметавонад бошад, зеро ин шаҳр дар он замонҳо яке аз ҳавза ва марказҳои бузурги фарҳангӣ буд ва дар ташаккули афкори Мавлоно ва падараш - суфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддини Валад нақши муҳимме бозидааст. Аз тарафи дигар, Балх минтақаи васеъеро фаро мегирифт, ки водиҳои гуногун, аз ҷумла Вахшро низ ҷузви он меҳисобиданд. Вале худи шаҳри Балх дар ҳақиқат ҳам зодгоҳи Мавлоно буд ё на, масъалаи дигар аст ва дар поин чанд андеша дар ҳамин боб зикр мегардад.
  Муаллифи ин сатрҳо ба таҳқиқи афкори Баҳоуддини Валад машғул гардида ва гуфтаҳои худи ӯро дар асоси асари ягонаи мутафаккир «Маориф»  таҳлил намуда, ҳанӯз соли 1992 чунин ақидаеро баён карда буд: «Чунонки дар «Маориф» (саҳ. 141) хабар дода мешавад, Баҳоуддини Валад солҳои 1203-1210 бо Вахш (ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ) алоқаманд будааст. М.Сироҷ тахмин мекунад, ки дар ин даврон мутафаккир дар Вахш иқомат мекард ё ба ин мавзеъ рафтуомади доимӣ дошт (саҳ. 13). Агар Баҳоуддини Валад дар Вахш будааст, пас шояд оилааш низ бо ӯ буд, зеро маҳз дар ҳамин даврон писари ӯ Ҷалолиддин таваллуд ёфт. Ин далел талаб мекунад, ки масъалаи зодгоҳи ӯ аз нав дида шавад». Вале ин ақида дар он солҳо ба сабаби дастрас набудани манбаъҳои лозима ҷуз як тахмине беш набуд.
  Баррасиҳои минбаъда нишон дод, ки дар ҳақиқат ҳам Баҳоуддини Валад дар «Маориф» солҳои китобати баъзе фаслҳои ин асари худро зикр кардааст ва аз онҳо ба куллӣ возеҳ мешавад, ки ӯ дар соли таваллуди Ҷалолиддин бо оилааш дар Вахш иқомат карда, воизи яке аз масҷидҳои он будааст. Ба таври мушаххас низ Баҳоуддини Валад аз Вахш чандин карат ёд мекунад. Аз ҷумла, дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегӯяд. Дар ҷилди дуюми «Маориф» бошад, мутафаккир муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охирҳои иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он ва рафтан ба ҷониби Самарқанд бошад, ӯ менависад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ва ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?».
Ногуфта намонад, ки ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта олими рус В.А. Гордлевский Мавлоно Ҷалолиддинро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Олими эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар ҳам ҳанӯз дар солҳои панҷоҳуми қарни бистум дар бораи дар Вахшонзамин тарбият ёфтани ин мутафаккири барҷаста сухан карда буд. Олими амрикоӣ Колман Баркс дар таҳқиқоташ «Ҷавҳари Румӣ» (соли нашраш 2002) навиштааст: «Форсҳо ва афғонҳо Румии бузургро Ҷалолуддини Балхӣ меноманд. Ӯ 30 сентябри соли 1207 дар шаҳрчаи Вахш (Тоҷикистони муосир) дар наздикии шаҳри бузурги Балх (Афғонистони муосир) таваллуд шудааст, ки он вақт яке аз марказҳои империяи бузурги Хоразмшоҳиён буд». Олими дигари амрикоӣ Брэд Гуч дар таҳқиқоташ менависад, ки «Аз ёддоштҳои Баҳоувалад маълум мегардад, ки ӯ ҳамроҳи хонавода дар канори дарёи Вахш – дар Тоҷикистони имрӯза зиндагӣ дошт. Мавлоно дар он ҷо 30 сентябри соли 1207 ба дунё омад». 
Дар масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно яке аз муҳимтарин таҳқиқот ба қалами муҳаққиқи муосири амрикоӣ Франклин Люис тааллуқ дорад. Ин муҳаққиқ ақидаи худро дар бораи зодгоҳи Мавлоно ҳамчун як шахси беғараз баён кардааст. Барои исбот сохтани он, ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Ф. Люис чанд далел меоварад. Аввалан, ӯ маълумоти тарҷумаиҳолиро, ки дар «Маориф»-и Баҳоуддини Валад зикр шудаанд, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210…, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуудин ва оилааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд».
  Сониян, ба ақидаи Ф. Люис, худи Мавлоно Ҷалолиддин низ аз диёраш Вахш ёд мекунад (дар байти поин, ки муҳаққиқ иқтибос намудааст, Мавлоно қиёс аз таваллуд то марг, аз зодгоҳи худ - Вахш то оромгоҳаш - Рум мекунад). Дар ин боб муҳаққиқи амрикоӣ меоварад: «Баҳо то сентябри соли 1210 ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Валад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охирҳои умраш, анҷоми соли 1260, Румӣ як руҷӯъи лаҳзавие ба овонии кӯдакии худ дар Вахш мекунад ва масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ месозад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯи Вахш?».
Сеюм, ба масъалаи он, ки чаро Мавлоноро зодаи Балх меҳисобанд, дахл намуда, муҳаққиқи амрикоӣ Ф. Люис қайд мекунад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони  дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳадди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале шояд онҳо мардуми Анатолияро бовар мекунониданд, ки аз Балх омадаанд – аз яке аз марказҳои муҳимми фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад – сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ  наздиктарин шаҳри калон муаррифӣ месозанд».
Муҳаққиқ Ф. Люис васеъ будани маънии Вахшро низ дарк мекунад ва аз ин рӯ ба амиқтар муайян сохтани Вахш ҳамчун зодгоҳи Мавлоно машғул мегардад. Вахш дар фаҳмиши ӯ чунин маънӣ дорад: «Вахш, ки одатан ҳамчун шаҳри асримиёнагии Леваканд (ё Ловаканд) ё Сангтӯда муаррифӣ мегардад, дохили марзҳои Тоҷикистони муосир, тахминан 65 километр дар ҷанубу шарқи Душанбе, 35 километр дар шимолу шарқи Қӯрғонтеппа ва 500 километр дуртар аз сарҳади Хитой қарор дорад». Дар ҳамин хусус ӯ дар иловаҳо ба таҳқиқоти фавқуззикри худ харитаи ин мавзеъро низ бо номи «Минтақаи Вахш, ки Румӣ дар он ҷо таваллуд шудааст», меоварад.
Ба маълумоти «Маориф»-и Баҳоуддини Валад, асарҳои худи Мавлоно, ки саршори калимот аз шеваҳои ҷанубии Тоҷикистонанд ва манбаъҳои дигар такя намуда, дар хусуси зодгоҳи мутафаккир будани Вахшонзамин далелҳои зиёде метавон пешниҳод намуд. Вале мо бо овардани андешаҳои беғаразонаи ин муҳаққиқи амрикоӣ иктифо менамоем.
 
Хуршед Зиёӣ 
доктори  илмҳои фалсафа, профессор,
муовини директор оид ба илм ва таълими ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia