casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ – ҳифзи давлатдории миллии дунявӣ

  Санаи 30 майи соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тољикистон семнари ҳарҳафтаинаи илмӣ дар мавзуи «Ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ ҳифзи давлатдории миллии дунявӣ» баргузор гардид. Маърўзачии асосӣ Асрорӣ Мирзошоҳрух – номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институт дар семинар муҳимтарин мафҳумҳои вобаста ба мавзуъ (арзиш, мақсадгузорӣ, меъёрҳо, ормонҳо, ҳувияти миллӣ ва ғ.)-ро шарҳ дода, аз љумла чунин таъкид доштанд: Муфассал ...

Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди ҳафтум

  Осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар ин ҷилди Осори ў ба хонанда пешниҳод карда мешавад, аз рисолаҳои «Ҷадал», «Хитоба», «Суфастоӣ» ва «Фанни шеър», ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи «Китоб-уш-шифо» ба шумор мераванд, иборат аст. Боиси шодмонист, ки аз нигоҳи аҳамияти илмӣ ва фарҳангии ин рисолаҳо ва назариёти мантиқӣ-гносеологии дар онҳо дарҷёфта то ҳанўз арзиши худро аз даст надодаанд. Муҳимтарин арзиши ин осор иборат аз он аст, ки дар он раванди ҳаракати ақлонии фикр аз таваҳҳумот ба сўи ҳақиқат, роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо, сафсатаву суханбозиву фиреб, дурўғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, нишон дода мешавад. Муфассал ...

Масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ)

  Дар китоби мазкур таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, ки кормандони Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анҷом додаанд, инъикос гардидааст. Муаллифон хулосаҳои хешро дар асоси таҳлили амиқи афкор доир ба инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia