casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

САЙДАЛИЗОДА ШОИРА ФАЙЗ

САЙДАЛИЗОДА ШОИРА ФАЙЗ
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени кандидата наук
Дата публикации объявления: 06.06.2023 г.
Дата защиты: 29.08.2023 г., в 15:00 часов Муфассал ...

Аҳамияти мафкурасозӣ дар асоси ҷаҳонбинии илмӣ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ

  6 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо семинари илмии навбатӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ баргузор гардид.
  Дар семинари илмӣ ходими пешбари илмии Шуъбаи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзуи «Аҳамияти мафкурасозӣ дар асоси ҷаҳонбинии илмӣ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ» маъруза намуданд. Дар нишасти  мазкур иштирок намуданд: директори институт, доктори илмҳои фалсафа Назар М.А.; муовини директор, доктори илмҳои фалсафа Зиёӣ Х.М.; мудири шуъбаи сотсиология, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Шоисматуллоев Ш.; доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Саидов А.С.; директори маркази антропология, доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффар М.; академик Олимов К.;  мудири шуъбаи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Муродов С.А.; мудири шуъбаи таърихи фалсафа, номзади илмҳои фалсафа Шамсов М.; ҳайати кормандони илмӣ ва магистрантону докторантҳои шуъбаҳои гуногуни институт.  Муфассал ...

Эҳтироми забони давлатӣ қарзи ҳар яки мо аст

  Забон вазифаҳои зиёде дорад. Яке аз муҳимтарин вазифаи он ин баёни отифа, меҳру муҳаббат, эҳтирому миннат-дорию сипос, изҳори фурутанӣ, пешгирии такаббуру беэтиноӣ ба ҳамсуҳбатон мебошад. Дар нимаи дуюми асри гузашта як соҳаи нави забоншиносӣ, фалсафаи забон дар Амрикою кишварҳои ғарбӣ ройиҷ гардид. Он нишон медиҳад, ки забон ин танҳо омӯхтану омӯзонидани ҳиссаҳои нутқ ва сохтори ҷумла – мубтадову хабару  ... нест, балки шинохти моҳияти фалсафӣ ва муколимаю нутқи эҳтиромона, мантиқу санъати суханро низ дар бар мегирад. Агар таърихи тӯлонии заминаҳои пайдоиши фалсафаи забонро истисно кунем, пас асосгузорони фалсафаи забон Л. Витгенштейна, Б. Рассела, Дж. Мура, Г. Фреге (олимони охири асри XIX - солҳои 30-уми асри XX)  ба шумор мераванд. Ин масъала баҳси алоҳидаро тақозо дорад, ки дар мақолаи баъдӣ баррасӣ мекунем.
Имрӯз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби зиёде дар соҳаи фалсафаи забон ва таълиму шиносонидани он вуҷуд дорад, ки мутаассифона, касе аз забоншиносон ба он даст нарасонданд. Дар ин 30-соли Истиқлолият, ба ҷуз Пешвои миллат касе дар ин мавзуъ чизи пурмуҳтавое нанавиштааст. Ин мавзуъ – таълими шаклҳои забони боэҳтиром, ки дар доираҳои забоншиносии кишварҳои дигар онро бо калимаи «гоноратив» ифода кардаанд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia