casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Мафҳуми «инсон» дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

  Дар назарияи ҳуқуқ саволҳо дар бораи таърифи инсон борҳо ба миён гузошта шуданд, зеро зарурати ин дар натиҷаи танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунгузорӣ дар бораи оғози ҳаёт, ҳангоми муайян кардани марги шахс, вазъи ҳуқуқии ҷанин, дар бораи донории узвҳо ва бофтаҳо, табобати беморони рӯҳӣ ва шахсони дар ҳолати кома қарордошта, ба миён меоянд. Муфассал ...

Ҷавонони ватандӯсти тоҷик – ояндаи дурахшони миллат

  Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 23 май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин сана аз соли 1997 инҷониб ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндадори мамлакат сурат мегирад. Муфассал ...

Тоҷикони Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир

  Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Толибон моҳи августи соли 2021 бо истифода аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешин, бо пуштибонии эътилоф бо чархбол аз кишвар фирор кард. Дере нагузашта 7 сентябри с.2021 Толибон ҳайати нави ҳукумати Афғонистонро эълон карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хайати хукумат амалан якмиллат буда, нисфи руйхат (17 нафар) таҳти таҳрими Шӯрои Амнияти СММ мебошад. Аз 33 нафар аъзои ҳукумат, 30 нафари онҳо паштунҳо, як ӯзбек (муовини дуюми сарвазир - Маулави Абдул Салам Ҳанафӣ аз вилояти Форёб) ва ду тоҷик (Сардори ситоди генералӣ — Қори Фасиҳуддин ва Вазири иқтисодиёт — Қори Дин Муҳаммад Ҳаниф, ҳарду зодаи Бадахшон) мебошанд. Дар ҳукумати Толибон ягон зан шомил нест [10]. Пас аз эъломи ҳукумат, Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилоот ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки ин ҳайат муваққатист ва дар оянда тамоми бахшҳои ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ дар ҳукумат намояндагӣ хоҳанд кард. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia