casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Иди Зафар – Рӯзи Ғалаба муборак!

  Ҳамкорони муҳтарам, дӯстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз Идҳои бузурги таърихӣ – Иди Ғалаба қабул намоед!
  Воқеан, 9 май-Рӯзи Ғалаба бар фашизм «ид бо ашки шодӣ», пирӯзии ватандӯстӣ мебошад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз Тоҷикистон 300 ҳазор (4/1 аҳолии ҷумҳурӣ) иштирок доштанд, ки 92 ҳазори онҳо абадан дар майдони ҷанг монданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 55 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба ордену медал, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар ба се ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Муфассал ...

Мактуби иттилоотӣ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки  рўзи 23 майи  соли 2023  конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Сармояи инсонӣ омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд: Муфассал ...

Нақши шоирони балх дар рушди фарҳанги даврони Сомониён

  Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia