casino malaysia
casino malaysia
Мактуби иттилоотӣ

wrapper

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки  рўзи 23 майи  соли 2023  конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Сармояи инсонӣ омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
  • Рушди неруи инсонӣ – ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақши неруи инсонӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
  • Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар Тоҷикистон
  • Хамкории иҷтимоии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
  • Омилҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
  • Нақши маориф ва илм дар ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
  • Омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ
  • Сармояи инсонӣ ва масъалаҳои фирори зеҳнҳо дар Тоҷикистон
  • Масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
  • Ҷавонон ҳамчун неруи меҳварии рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
 
Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Макони баргузории конференсия: Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ ва ё ҷузъи маҷаллаи Институт чоп мешавад. Ҳангоми омоданамоии матни мақолаҳои илмӣ бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:
  • саҳифаи А 4, ҳошияҳо аз  тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
  • таҳриргарҳои MS WORD 2003-2007, ҳарфҳои шакли Times New Roman, Times New Roman Тj, ҳаҷми ҳарфҳо 14 кегл;
  • фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
  • рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
  • ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;
  • ҳаҷми матни маърўза бо формула, расм, ҷадвал ва рўйхати адабиёт набояд аз 10 саҳифа зиёд бошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаҳоро то 10 майи соли 2023 ба суроғаи зерин ирсол намоед:
734025, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи ба Баҳоваддинови АМИТ (Шоисматуллоев Ш. ва Саидов А.)
Телефон барои тамос: (+992) 93-508-68-78; 93-116-61-85. E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Кумитаи тадорукот 


Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia