casino malaysia
casino malaysia
Ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ – ҳифзи давлатдории миллии дунявӣ

wrapper

  Санаи 30 майи соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тољикистон семнари ҳарҳафтаинаи илмӣ дар мавзуи «Ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ ҳифзи давлатдории миллии дунявӣ» баргузор гардид. Маърўзачии асосӣ Асрорӣ Мирзошоҳрух – номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институт дар семинар муҳимтарин мафҳумҳои вобаста ба мавзуъ (арзиш, мақсадгузорӣ, меъёрҳо, ормонҳо, ҳувияти миллӣ ва ғ.)-ро шарҳ дода, аз љумла чунин таъкид доштанд:
  Дар марҳалаи нави рушд низ масъалаи аввалин ва муҳимтарини мо ҳифзи давлатдории миллӣ боқӣ хоҳад монд. Ин масъалаи ҳаётӣ, хусусан, дар шароити мураккабтар шудани вазъи геополитикии минтақа, шиддат ёфтани бархўрди манфиатҳои қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ғайра аҳамияти боз ҳам ҷиддитар касб мекунад. Аз ин рў, ҳам вазъи дохилӣ ва ҳам вазъи хориҷӣ ба мо имкон намедиҳад, ки ҳатто як лаҳза аз масъалаи ҳифзи давлату давлатдорй, дунявияти он ва суботу амнияти кишварамон сарфи назар кунем ва ё дар ин масъала саҳлангорӣ намоем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи дар солҳои соҳибистиқлолӣ тай намудаи халқи тоҷикро таҳлил намуда, оид ба зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа чунин нигоштаанд: «Бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи давлатдории миллӣ, аҳамияти истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлатдории мо, оқибатҳои амалии аз даст додани давлатдории миллӣ ва ғайраро бо тамоми вуҷудаш дарк намояд».
Зарурати дигар дар ин самт ба таври мақсаднок баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Дар баъзе аз консепсияҳои классикии давлатдорӣ таъкид мешавад, ки маҳз аз сиёсат, аз маърифати сиёсӣ ва аз дарки моҳияти равандҳои сиёсӣ дур доштани мардум сабаби усгувории давлат ва оромии кишвар мешавад. Мо ҳамчун як давлати миллӣ аз консепсияи «миллати огоҳ» пайравӣ намуда, бояд маърифати сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсии мардуми худро ба сатҳи зарурӣ бардорем.
Ин нишондиҳанда, яъне огоҳии миллӣ, хусусан, зимни ҷаҳонишавӣ ва дар асри иттилоотӣ аҳамияти хос касб мекунад. Солҳои охир ҳамагон шоҳиди он будем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ фақат ба василаи бозӣ бо иттилоот ва бо истифода аз ноогоҳии мардум аз моҳияти равандҳои сиёсӣ вазъи баъзе кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳони исломро ба чӣ ҳол оварданд. Ҷавонони ин кишварҳо ба фиреби иттилоотӣ гирифтор шуда, бузургтарин дастовардҳои худро бохтанд ва акнун барои аз ин тўфону ноамнӣ берун омадани ин кишварҳо боз даҳсолаҳои дигар заруранд.
Бинобар ин, мо мехоҳем, ки мардуми кишвари азизамон аз назари сиёсӣ огоҳ ва аз моҳияти равандҳои сиёсӣ бохабар бошанд, ҳадафу моҳияти барномаҳои давлатиро сарфаҳм раванд, дуруст дарк намоянд, ки давлат ва Ҳукумати онҳо ба чӣ кор машғул мебошад, ба кадом самт равон аст, кадом корҳоро анҷом додааст ва кадом корҳои дигарро бояд иҷро намояд. Мардум бояд дуруст дарк кунанд, ки манфиати миллии онҳо дар чист ва манфиати неруҳои манфиатхоҳи берунӣ аз чӣ иборат аст, зери ин мавҷи таблиғоту иттилооти берунӣ, ки огоҳона ба сари ҷомеаи мо рехта мешавад, чӣ ҳадафҳо нуҳуфтаанд.
Ҳифзи давлатдории миллӣ, дунявият ва тамомияту суботу амнияти он як вазифаи ҷонии мост ва тамоми он паёму пешниҳодҳое, ки аз љониби Пешвои муаззами миллат ироа мешаванд, маҳз дар атрофи ҳамин ҳадафи меҳварӣ маъно паӣдо мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳифзи истиклолият ва рушди давлатдории миллӣ бояд мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил диҳад.
Дар марҳалаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи фарогири мардумй фаҳмида шуда, ваҳдати мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад. Имрўз мо бояд маҳз ҳамин навъи фаҳмиши сулҳ ва ризояти миллиро барои мардум ва хусусан барои насли ҷавони худ таълим дода, онро ҳамчун яке аз меҳварҳои ҳувияти миллй ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ гардонем.
Дар роҳи рушди ояндаи давлатдории мо, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавй идома меёбад, ҳифзи ҳувияти миллӣ низ масъалаи усулӣ хоҳад буд. Имрўз башарият раванди ҷаҳонишавии босуръат ва омезиши арзишҳо, андешаҳо ва фарҳангҳоро аз cap мегузаронад. Мо ҳаргиз мухолифи бо ҳам наздик шудани фарҳангу тамаддунҳо ва арзишҳои ҳамдигарро шинохтану фаро гирифтани миллатҳо нестем, зеро ин як раванди табиӣ мебошад, вале аз сабаби он ки ин омезишу ҳамдигаршиносӣ дар шароити нобаробари сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологи мегузарад, аксар вақт хусусияти якҷониба гирифта, ҷомеаҳои аз назари иқтисодию технологӣ заифтар зери таъсири шадиди фарҳангу арзишҳои миллатҳои аз назари технологӣ қавитар қарор мегиранд. Дар чунин раванд ҳатто бисёре аз афроди миллатҳои дорои фарҳангу тамаддуни асилу арзишманд ба тадриҷ фарҳангу арзишҳои миллии худро аз даст медиҳанд, ки дар натиҷа ҳувияти миллӣ заиф мегардад ва баъдан худи миллат бо хатари нобудӣ рў ба рў мешавад.
Имрўз танҳо ба сабаби қарор гирифтан дар вазъияти нобаробари рушди иқтисодӣ ва технологӣ бисёре аз арзишҳои асили миллии мо низ мавриди таҳдид қарор гирифтаанд. Маҳз бо дарназардошти ин воқеият, имрўз фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллии мо эҳтиёҷ ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ дорад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ҳифзи арзишҳои миллӣ фақат бо ҳимояи давлатӣ имконпазир мебошад.
Илова бар ин, ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ танҳо як масъалаи фарҳангию тамаддунӣ набуда, балки моҳияти амалии сиёсию давлатӣ низ пайдо кардааст, зеро дар сурати заиф шудани ин арзишҳои баҳамоварандаи миллат, ваҳдати миллӣ рахна ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва суботу амнияти миллии мо суст мегарданд.
Миллати мо дар тули ҳазорон сол соҳиб ва содиркунандаи андеша ва арзишҳо буд, пас шоиста нест, ки ворисони Рўдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайёму Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода имрўз фақат ҳолати воридкунанда ва масрафкунандаи фарҳангиро дошта бошанд. Мо дар хазинаи азими тамаддуни чандҳазорсолаи худ барои башарият паёмҳо, арзишҳо ва гуфтаниҳои бисёре дорем, ки ҳаргиз аҳамияти худро аз даст надодаанд ва намедиҳанд. Ҳоло бояд худ онро дуруст фаро гирифта, тарзи муосири пешниҳод ва муаррифии онҳоро таҳия намоем.
Хулоса, шинохт, тарғиб, рушд ва амалисозии арзишҳои беҳтарини инсонии дар илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва адабиёт дарҷгашта, дунявияти тафаккур аз вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Дар ҳамин замина, омўзиши таҷрибаи ҷаҳонии шинохту муайяннамоии ҳувияти миллӣ, барои дарки воқеии масъала дар Тоҷикистон низ кўмак намуда, роҳи фарохеро барои муқоисаи назарияҳо ва страгегияи рушди миллатҳою давлатҳо ҳамвор месозад. Аз ин рў, падидаи иҷтимоие чун давлат ва миллат дар замони мо пайванди ногусастанӣ доранд. Маҳз ин пайвастагӣ метавонад омили вахдати миллӣ, таҳкими истиқлолият, дунявияти давлат ва устувории низоми сиёсӣ бошад.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia