casino malaysia
casino malaysia
Сабабҳои суқути ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он

wrapper

  02 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии коршиносони масоили сиёсии муносиботи байналмилалӣ таҳти раёсати ноиби президенти АМИТ А.Н.Маҳмадов баргузор  гардид.
  Дар вохӯрии коршиносон Котиби илмии АМИТ д.и.т., профессор Қ. Искандаров, мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ д.и.с., профессор А.Искандаров, мудири Кафедраи фалсафаи ичтимоъӣ д.и.ф., профессор А.С.Саидов, мудири Шуъбаи сиёсатшиносӣ н.и.с. С.Муродов, д.и.ф. Р.Ҳайдаров, директори Маркази осори хатии АМИТ Р.Давлат ва дигар ходимони илмии Академия ширкат намуданд.
  Мутобиқи барнома дар назди коршиносон докторанти PhD, генерал Адиб Саидкарим, собиқ раиси раёсати Иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти амнияти Афғонистон дар мавзуъи: “Сабабҳои суқути ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он” баромад карданд ва ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои муфассал доданд.
  Иштирокчиёни вохӯрӣ А.Н.Маҳмадов, Қ.Искандаров, А.Саидов, Р.Ҳайдаров, Р. Давлат ва дигарон оиди мавзуъи рӯзнома пешниҳодот ва ибрози назар намуда, қайд карданд, ки дар ин марҳилаи басо мураккаб ва сарнавиштсоз тоҷикон ва форсзабонони Афғонистон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд, аз ҳуқуқҳо, ҳайсият, фарҳанг ва таърихи милллии худ дифоъ кунанд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia