casino malaysia
casino malaysia
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

wrapper

ИТТИЛОЪНОМА
  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисони соҳаро барои иштирок дар кори Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, бахшида ба 29-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки 27-уми октябри соли 2023  баргузор мегардад, даъват менамояд.
Масъалаҳои баррасишаванда дар конференсия
  • Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар;
  • Конститутсия ҳамчун санади созишӣ ва ҷамъбасти ташаккули қонунгузорӣ;
  • Конститутсия – заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;
  • Моҳият ва мазмуни ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон;
  • Нақши ислоҳоти конститутсионӣ дар таъмини устувории истиқлолияти давлатӣ;
  • Конститутсияҳои Тоҷикистон: таърих ва имрӯз;
  • Таѓйироту иловаҳои конститутсионии солҳои 1999, 2003, 2016 ва такмили Конститусия дар самти рушди истиқлолияти давлатӣ;
  • Рушди соҳаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва маъмурию ҳуқуқӣ дар замони соҳибистиқлолӣ;
  • Ѓоя ва андешаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон;
  • Нақши Конститусия дар таҳаввулоти соҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистони мустақил;
  • Конститутсия ва рушди ҳуқуқи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташаккули қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавӣ дар партави Конститутсия;
  • Рушди соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;
  • Нақши Конуститутсия дар рушди низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Конститутсияи ҶТ ҳамчун подевори давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ;
  • Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
  • Инкишофи низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Кодификатсияи қонунгузории ҶТ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ.
Муассисони Конференсия: шуъбаҳои бахши ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсат-шиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Иштирокчиён: олимон, муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои олии илмию таълимӣ, ки бо таҳқиқи мавзӯи Конференсия шуѓл доранд, барои иштирок даъват карда мешаванд.
Дар асоси маводи Конференсия интишори чопии маҷмӯи мақолаҳо дар назар дошта шуда, дар шакли электронӣ мунташир карда намешавад.
Меъёрҳои навишти мақолаҳои илмӣ: Ҳаҷми мақола набояд аз 8 саҳифа (формати А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Times New Roman TJ. Андозаи ҳарф – 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад. Интихоб ва таъйиди мақолаҳо ба ӯҳдаи маъсулони конференсия аст.
Муҳлати қабули мақолаҳо: то 23.10.2023, соати 1700. Маводҳои баъди сана ва вақти нишондодашуда воридшаванда ба эътибор гирифта намешаванд.
Суроѓаи ирсоли мақолаҳо: (E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) ё воситаҳои интиқолӣ (флешка) ба шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ (ш. Душанбе, х/ни. Рӯдакӣ 19).
Шаклҳои имконпазири иштироки фаъол дар кори конфронс: мустақим ва ғоибона.
Тафсилоти бештар бо телефонҳои (+992) 551-21-45-45; 221-56-89; 221-65-85.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia