Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»
- Душанбе, Окт 16 2023
- Навидҳо
Аз 13 – ум то 18 – уми сентябр дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар даври умумишаҳрии озмуни мазкур ходими калони илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, раиси Шўрои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ - Саидова Фазилатмо Сайдамировна сазовори ҷойи аввал гардид. Ў дар гурўҳи «Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ» иштироки фаъолона намуда, ҷойи якумро ишғол намуд.
Бояд гуфт, ки Саидова Ф. соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси сиёсатшиносӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамзамон ғолиби XVI - умин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотии «Наука и талант - 2022», озмуни байналмилалии “Успех в науке 2022”, ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни сиёсатшиносӣ дар солҳои хониши 2017 – 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2017, барандаи медали тилло ва ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз фанни таърих дар соли 2013 мебошад.
Ҳайати кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саидова Фазилатмо Сайдамировнаро барои дастоварди навбатиаш табрик намуда, ҷиҳати дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» сабқат намудан барору комёбӣ таманно менамояд.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон