Мактуби иттилоотӣ
- Сешанбе, Май 11 2021
- Навидҳо
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки моҳи июни соли 2021 бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи ” Рушди илми ҳуқуқ дар 30 - соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар конфронси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад:
- Заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ташаккули Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон;
- Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи давлатдорӣ ва ҳуқуқи миллӣ;
- Рушди илми таърихи давлат ва ҳуқуқ дар Тоҷикистон,
- Арҷгузорӣ ба хотираи таърихӣ ва омӯзиши фарҳанги ҳуқуқии миллӣ дар даврони Истиқлолият;
- Масоили актуалии рушди падидаҳои адолати судӣ дар даврони Истиқлолият;
- Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаҳои қонунгузории Тоҷикистон;
- Илми ҳуқуқшиносӣ дар 30-соли Истиқлолият;
- Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлат, ҳуқуқ ва Истиқлолият;
- Рушди ҳуқуқи давлатӣ дар марҳилаи Истиқлолият;
- Ислоҳотҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар таҳкими давлатдории миллию ҳуқуқбунёд;
- Масоили актуалии илмҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқи дар даврони Истиқлолият;
- Масоили мубрами рушди соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ;
- Ҷанбаҳои байналмилалию ҳукуқии Истиқлолияи давлатии Тоҷикистон
- Ҳуқуки байналмилалии муҳити зист ва саҳми Тоҷикистон дар рушди он. Дипломатияи об ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар марҳилаи Истиқлолият;
- Рушди муносибатҳои ҶТ бо муассисаҳои байналмилалии мубориза бо ҷинояткорӣ дар даврони Истиқлолият.
- Дастовардҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар даврони Истиқлолият.
Макони баргузории конфронс: ш.Душанбе, н. Муминобод (мавзеи Чилдухтарон)
Забони кори конфронс: тоҷикӣ ва русӣ
Маводи конфронс дар шакли маҷмӯаи илмӣ ва ё ҷузъи Маҷаллаи академии ҳуқуқ чоп мешавад. Мақолаҳо дар шакли нусхаи хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд. Ҳангоми омоданамоии матни мақолаҳои илмӣ бояд талаботи зерин риоя карда шавад: Таҳриргарҳои MS WORD 2003-2007, ҳуруфи Times new Roman Tj, ҳаҷми ҳуруф 14 кегл, фосилаи байни сатрҳо 1.5 иқтибосҳо охири мақола оварда мешаванд, ҳаҷми мақолаҳои илмӣ 8-12 саҳифаи чопӣ, яъне то 0.5 ҷузъи чопӣ.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо эхтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаҳоро то 20 майи соли 2021 ба суроғаи мо ирсол намоед.
Суроға: 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33, ба Саидҷаъфарова П. -котиби илмӣ (Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон); бахши ҳуқуқи Институт (Рудакӣ 19) ба Буризода Э.Б., Раҷабов С.О., Бобоҷонзода И.Ҳ., Иброҳимов С.И., Абдуҷалилов А.
Телефон барои тамос: 221-56-89, 221-65-72, 221-65-85,
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.