Иди ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!
- Шанбе, Май 08 2021
- Навидҳо
Рӯзи Ғалаба барои тамоми инсонияти тамаддунофор, аз ҷумла мо, тоҷикистониён азиз ва гиромӣ аст. Аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд ва ба номи тоҷик шӯҳрат бахшиданд. Қаҳрамониҳои тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) нишонаи ватандӯстӣ ва инъикоси садоқату ҷасорати тоҷикон дар ҳифзи марзу буми Ватан мебошад. Ин шуҷоатмандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони маҳбубро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат аст.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми мардуми кишварро бори дигар бо иди Ғалаба табрик намуда, ба ҳамаи шумо – собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тансиҳатӣ ва рӯзгори саодатманд орзу менамоем.
Маъмурият