casino malaysia
casino malaysia
ТАБРИКОТИ НАВРӮЗӢ

wrapper

    Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва ваҳдати комили миллӣ истиқбол мегиранд.
    Маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ   кормандону ходимони илмии  муассиса ва  кулли  ҳамватанонро бо  фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик – Наврӯзи Аҷам табрик менамояд. Иди муқаддаси аҷдодиро муборакбодӣ намуда ба ҳама ҳамватанон бахту саодат, иқболи баланд, файзу баракат, саломатии бардавом, зиндагии неку осударо орзумандем.   Наврӯз муборак ҳамватанони азиз!
 
 
Оғӯш пур аз ёсаман,хуш омадӣ, Наврӯзи ман,
Ороста боғу чаман,хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Мӯҳри ҷавонӣ мезанӣ андар замири қалбҳо,
Бо ишваҳо бе як сухан, Хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Имсол аз ҳарсолӣ зеботару ҷаззобтар,
Гулчеҳраву гулпераҳан, хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Нози туро бардоштан фарз асту суннат баҳри ман,
Нозукадо,нозукбадан,хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Аз остон то осмон гул мекунад олам ҳама,
Васфи ту дар ҳар анҷуман,хуш омадӣ, Наврӯзи ман !
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia