Шеъри тозаэҷоди Аҳмад Фозилов, муовин оид ба корҳои умумии директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, ки Рӯзи модарон бахшида шудааст, ба хонандаи мӯҳтарам пешниҳод мегардад:
ЁДИ МОДАР
Чаро модар намеоӣ ба суям,
Ба пешаш розҳоямро бигӯям.
Нишинам ҳамчу соя дар бари ӯ,
Зи рухсораш ба мисли гул бибуям.
Кашам оҳе чу булбул зору нолон,
Ба оҳе гарди ғамҳоро бишӯям.
Ҳамеша меҳри модар дар дили ман,
Куҷо дигар чунин меҳре биҷӯям.
Шудам ҳайрон ба дасти хайрхоҳаш,
Ҳама меҳру муҳаббат дар ту дидам.
Аё модар аё модар куҷоӣ,
Ба зери хоки поят гулҳо фишонам.
Маъмурияти ИФСҲ АМИТ