Яке аз ин муҳаққиқони шоиста академик А. Баҳоваддинов буданд, ки дар таҳқиқу баррасии таърихи фалсафаи тоҷик ва намояндагон, сохти иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва замони зиндагии онҳо саҳми арзандае гузоштааст. Хушбахтона ба шарофати Истиқлолияти миллӣ ва дастгириҳои Раҳбари хирадманд, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ин шахсияти миллатдӯсту ватанпарвар ва худшинос аз тарафи олимони ватанӣ мавриди омӯзишу таҳлили васеъ қарор гирифтаанд. Соли 2001 ба муносибати 90-солагии зодрӯзи академик А. Баҳоваддинов маҷмӯаи мақолаҳо[1] чоп шуд, ки он сездаҳ мақола бо пешгуфтори мухтасари олими шинохтаи тоҷик, шодравон Ғ. Ашуров (ёдашон ба хайр) аз чоп баромада буд. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои олимони тоҷик – Ашуров Ғ., Шарипов И.Ш., Муҳаммадхожаев А., Олимов К., Сайфуллоев Н.М., Ғаффорова М., Идиев Х. ва дигарон дар бораи ҳаёту зиндагӣ, фаъолияти илмӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, педагогӣ, маорифпарварӣ ва дигар ҷанбаҳои кору фаъолияти ин муҳаққиқи барҷастаи таърихи фалсафаи тоҷик, академик А.Баҳоваддинов ба табъ расидааст. Мувофиқи навиштаи олими сиёсатшинос, профессори шодравон Шарипов И.Ш. академик А.Баҳоваддинов «поягузор, оғозкунанда ва инкишофдиҳандаи фалсафаи замони нави тоҷик…буд».[2] Муҳаққиқи таърихи фалсафаи тоҷик А.Муҳаммадхоҷаев дар бораи хизматҳои арзишноки академик А.Баҳоваддинов навиштааст, ки «ҳосили заҳмати бисёрсолаи худро дар китоби «Очерки по истории таджикской философии» (Сталинобод, 1961) ҷамъбаст намуда, нишон дод, ки афкори фалсафӣ ба таври умумӣ не, балки аз рӯи ҷараёнҳо ва таълимоти мушаххаси ба онҳо иртибот дошта бояд омӯхта шавад. Ин усули таҳқиқ барои муҳаққиқони баъдина ҳамчун барномаи амал ва чароғи ҳидоят хидмат намуд».[3]Тибқи навиштаи муҳаққиқи дар боло номбурда қисмати асосии ин китоб, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки устод А.Баҳоваддинов рафти инкишофи афкори фалсафиро нишон дода, назарияҳои фалсафии мактаб ва ҷараёнҳои фалсафию ақоиди барҷастатарин намояндагони онро ба таври айнӣ-таърихӣ таҳлил намудааст. Ба ҷуз ин ин таҳқиқоти пурарзиш омӯзишу баррасии таълимоти зардуштия, зарвония, ақидаҳои монавия, маздакия ва ҷаҳонбинии фалсафӣ-иҷтимоии Абунасри Форобӣ, таҳқиқи ҷаҳонбинии фалсафӣ-ахлоқии Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абуҳомид Ғаззолӣ, Абулмаҷдӣ Саноӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар аҳли илму адаби тоҷику форсро фаро гирифтааст.[4]
Чунон ки муҳаққиқ А.Муҳаммадхоҷаев қайд намудааст баъдан шогирдон ва пайравони роҳу равиш ва усули таҳқиқоти академик А.Баҳоваддинов, махсусан М.Болтаев, Ғ.Ашуров, М.Диноршоев, Н.Одилов, К.Олимов, Х.Додихудоев, М.Раҷабов, М.Ҳазратқулов, У.Султонов, М.Султонов, Ф.Сироҷов, Т.Муродова, М.Маҳмадҷонова, Н.Раҳматуллоев, И.Зиёев, М.Мирбобоев, И.Умаров ва дигар олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи ҷаҳонбиниву андешаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ахтарони дурахшони илму фалсафа ва маърифати тоҷик таҳқиқотҳои боарзише анҷом дода, дастраси аҳли илму фарҳангу адаб намуданд.
Муҳаққиқони фалсафаи иҷтимоӣ Х.Идиев ва Қ.Гиёев фикру андешаҳои академик А.Баҳоваддиновро доир ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, махсусан мақолаи устодро «Оиди ваҳдати миллати тоҷик» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Аз он ҷумла муҳаққиқони муҳтарам менависанд: «Муҳтавою сатҳи илмии мақолаи мазкур имкон медиҳад, ки онро ҳамчун сарчашмаи боэътимоди бунёдӣ дар ҷодаи омӯзиши омилҳои ба ваҳдати миллати тоҷик мусоидаткунанда, имрӯзҳо низ истифода намуд»,[5]зеро ки масъалаи ваҳдат ва ваҳдати миллӣ яке аз масоили мубрами замони муосир мебошад. Доир ба андешаҳои миллӣ ва ҳифзу ҳимояти миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни он аз тарафи академик А.Баҳоваддинов устод Кароматулло Олимов дар китобашон «Машъалафрӯзони хирад» хеле васеътар гуфта гузаштаанд.[6] Академик А.Баҳоваддинов яке аз мутафаккирони ваҳдатгароӣ миллати тоҷик ба шумор меравад, ки имрӯз мардуми тоҷик орзую хостаҳои ӯро бо дастгирӣ ва кумаку заҳматҳои Раҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварданд.
Соли 2011 бахшида ба 100-умин солгарди академик А.Баҳоваддинов олим ва муҳаққиқи варзидаи таърихи илму фарҳанг ва таърихи фалсафаву ирфони тоҷик ва ҳамчунин муҳаққиқи ҳаёту фаъолият ва ҷаҳонбинии устод А.Баҳоваддинов академик Кароматулло Олимов китоби «Машъали роҳи хирад»[7]-ро навиштанд, ки дар ин китоби мухтасар, вале хеле арзишманд пеш аз ҳама хидмати бебаҳои ӯро дар таъсиси «Шуъбаи фалсафа» дар Академияи илмҳои тозабунёди Тоҷикистон (соли 1951) ва «Кафедраи фалсафа» дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) судманду боарзиш донистаанд.[8]
Мақолаи ҳозир бештар дар асоси таҳлилу баррасии китоб ва мақолаҳои устоди муҳтарам Кароматулло Олимов навишта мешавад, зеро ки устод Кароматулло Олимов яке аз муҳаққиқони асосии ҳаёту фаъолият ва осору ҷаҳонбинии академик А.Баҳоваддинов ва ҳамчунин яке аз шогирдони сермаҳсулу фаъоли ин олими барҷаста мебошад. Ин мақола бо умеди он навишта мешавад, ки фаъолияту мақом ва хизматҳои устод А.Баҳоваддинов дар таърихи илму фарҳанг ва таърихи фалсафаи тоҷик ба хонандаи умум, махсусан насли муосир боз ҳам рушантару возеҳтар муаррифӣ карда шавад. Устод А.Баҳоваддинов аввалин нафаре буд, ки дар байни файласуфони тоҷик ва Осиёи Миёна ба унвони номзади илмҳои фалсафа сазовор гардида буд. Рисолаи номзадии ӯ дар бораи «Донишнома»-и Ибни Сино буда, аз тарафи Шӯрои илмии Институти фалсафаи АИУ-и Иттиҳоди Шуравӣ баҳои арзанда гирифта буд. Пас аз чаҳор сол устод А.Баҳоваддинов рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Афкори иҷтимоию сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ» дар ҳамин Шӯрои илмии дар боло номбурда дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа шуда буданд. Пас аз таъсис ёфтани АИТ А.Баҳоваддинов узви вобастаи он шуда, мудирияти Шуъбаи фалсафа ва ҳамзамон раҳбари Кафедраи фалсафаи ДДТ ба номи В.И. Ленинро ба уҳда дошт. Устод Кароматулло Олимов менависад: «…ин ду муассиси илмӣ ва таълимӣ, ки устод аз таъсисдиҳандагони он буд, нақши равшане барои тарбияи файласуфони ҷумҳурӣ бозиданд. Аксар файласуфони калонсол ва миёнсоли имрӯзаи мо, ё шогирдони бевоситаи ӯ буданд ва ё бо ёрию мадади вай мароҳили душвори илмиро тай намудаанд».[9] Устод А.Баҳоваддинов, тибқи навиштаи К.Олимов, ки худ яке аз шогирдони устод буданд, аз тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна шогирд дошт ва ӯ аз онҳо кумаки худро дареғ намедонист. Аз ин ҷо, ин олими равшанфикру сиёсатмадор дар Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон шуҳрату эҳтироми хосаеро сазовор гардида буд. Бинобар ин «А.Баҳоваддиновро метавон аз устоди файласуфони кишварҳои Осиёи Миёна номид». Дар «Машъали роҳи хирад» омадааст, ки устод А.Баҳоваддинов аз тамоми соҳаҳое, ки кор ва таҳқиқ намудааст, ба фалсафа ва таърихи он дилбохтагии хосе дошт ва ӯ бо унвони файласуфи маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ машҳур гашта буд. Чунки номи ин ходими барҷастаи илм вирди забони тамоми аҳли илму адаби Шуравӣ буд ва имрӯз ҳам ӯ ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад.
Дар идомаи андешаҳои хеш устод Кароматулло Олимов таъкид менамояд, ки А.Баҳоваддинов нахустин муҳаққиқи дақиқназаре буд, ки ба таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини фалсафаи замон, махсусан таърихи фалсафаи тоҷик пардохта, самтҳои мубрами онро муайян намуда, ба инкишофу омӯзиши минбаъдаи ин соҳаи илм восита гардид. Давомдиҳандагони кору фаъолият ва роҳу равиши ин фарзанди вафодори миллат олимони номдори тоҷик М.С. Осимӣ, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон дар ташаккулу васеъ намудани доираи «Шуъбаи фалсафа» ва табдили он ба «Институти фалсафа…», ҳамчунин шуъбаҳои он ва таҳқиқи омӯзиши самтҳои мухталифи фалсафа ва таърихи он саъю талош намуданд. Таҳқиқотҳои онҳо ва дигар олимони ватанӣ рӯи таърихи фалсафаву ирфон, таълимоти илмӣ-табиатшиносӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ, сиёсиву давлатдорӣ, маорифпарварӣ ва таърихи бою фарҳанги воло доштани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намуд.
Академик Кароматулло Олимов ба асари барҷастаи устод А.Баҳоваддинов «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик», ки дар соли 1961 (ба забони русӣ) ба табъ расидааст, баҳои баланд дода, арзишҳои онро дар ташаккулу такмили илми фалсафаи тоҷик ва Осиёи Миёна аз ҷиҳати баён ва масъалагузории таърихӣ ва роҳу равиши таҳқиқ намунаи нав ва асари боэътибор гардида, мавриди истифодаи васеи муҳаққиқон ва дӯстдорони таърихи фалсафаи тоҷик қарор гирифтааст, ба хонанда арзёбӣ намудаанд.
Нуктаи муҳиме, ки академик А.Баҳоваддинов доир ба зарурати омӯзиши фалсафа таъкид менамояд, ин аст, ки фалсафа мактаби бузурги тафаккур ва тафаккури фалсафӣ мебошад. «Миллатҳое, ки файласуфони бузург надоранд, худшиносии дуруст ҳам надоранд. Миллатеро маҳв карданӣ шаванд, илму фарҳанги миллии ӯро маҳв мекунанд, ки унсури муҳимтарини фарҳанги ӯ забон ва тарзи хоси тафаккури ӯ мебошад».[10] Муҳаққиқ К.Олимов аз устод А.Баҳоваддинов иқтибос оварда менависад, ки «ман ба таърихи фалсафа рӯ овардам, ки чӣ будану кӣ будани миллати худамонро фаҳмем ва ҷойгоҳи гузаштагонамонро дар байни халқҳову қавмҳои дигар муайян кунем, то ки миллати моро, чунон ки пантуркистон ва баъзе тоҷикони аз худ бегонашуда ва дар хидмати дигарон қарор гирифта инкор мекарданд, ҳамчун ятими аз кӯчае ба як хона омада тасаввур накунанд».[11] Гуфтан мумкин аст, ки тавассути «Машъали роҳи хирад» мо ба бисёр суханҳои ҷавҳардори устод А.Баҳоваддинов, ки нисбати миллату фарҳанг, худшиносиву ҳувияти миллӣ ва таъриху фалсафаи хеш гуфтанд, начандон маълумоте доштем, огаҳӣ пайдо кардем. Дар ҳақиқат мебинем, ки дар замонҳое, ки соҳиби мо Иттиҳоди Шуравӣ буд, академик А.Баҳоваддинов бо як шуҷоатмандӣ ва садоқати қалбӣ нисбати ҳувияту худшиносии миллии миллати хеш суханҳои боарзишу дарднокеро гуфтааст. Аммо ҳамаи ин заҳматҳои устод то барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ба таври ноаён пушида монда буд. Ва имрӯз Истиқлолияти миллӣ бо сарварии Президенти кишварамон ба олимону муҳаққиқони тоҷик имконият дод, ки пушолҳоро аз болои ин дурдонаҳо бардоранд ва ҳақиқати асли хостаҳои академик А.Баҳоваддинов, академик М.С. Осимӣ, узви вобастаи АИ РССТ Ғ.Ашуров ва дигар шахсиятҳои барҷастаи миллатро рӯи об бароранд. Он замонҳо мо ҷавонон дар хоби ғафлате будем, ки на ҳувияту худшиносӣ ва на расму оин мешинохтем. Аммо маҳз ба шарофати ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ бо саъю талош ва заҳматҳои зиёди Раҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми иродатманди тоҷик мардуми мо аз хоби тулонӣ бедор шуд ва ба ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу суннати хеш рӯ овард. Чунонки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба рӯзи Истиқлолият гуфта буданд: «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад; манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст».[12] Академик Кароматулло Олимов муборизаҳои устод А.Баҳоваддиновро бар хилофи муҳаққиқони Ғарб, махсусан Карл Форлендер, ки гуфтааст: «Халқҳои Шарқ қобилияти тафаккури илмӣ надоранд, тафаккури онҳо сахт ранги дин дорад ва ҷаҳонбинии онҳоро таҳқиқ кардан зарурате надорад» оварда менависад А.Баҳоваддинов саъй менамояд собит кунад ба онҳо, ки «дар ҳамон давраи қадим ҳам ба мутафаккирони тоҷику эронӣ андешаҳои материалистӣ ва тахминҳои диалектикӣ хос буданд».[13] Ва ҳамчунин устод А.Баҳоваддинов исбот мекунад, ки «фалсафаи гузаштаи халқи мо комилан динӣ набуда, дар он андешаҳои илмӣ ва ҳатто материалистию атеистӣ вуҷуд доштанд». Ин ҳиссу самимияти фарҳангпарварӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва ҳифзкунии фарҳангу тамаддун ва гузаштагони миллати хеш аз ҷониби академик А.Баҳоваддинов дар мақолаи дигари устод Кароматулло Олимов «Академик Баҳоваддинов А.М. – муаррихи бузурги таърихи фалсафаи тоҷик»[14] мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф менависад, ки «чи аз муқаддимаи тарҷумаи русии «Донишнома», чи аз «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик» ва чи аз мақолаҳои ба Ибни Сино бахшидаи А.М.Баҳоваддинов дар баробари таҳқиқи ҳақиқатнигарона, воқеъбинона ва беғаразона ҳисси ифтихори миллии муҳаққиқ аз ин мутафаккири оламшумул баралоина ба назар мерасад».[15]Дар идомаи таҳлилҳои хеш устод Кароматулло Олимов мефармояд, ки Ибни Сино дар таҳқиқу омӯзиши академик А.Баҳоваддинов намунаи барҷаста ва ҷомеи хиради миллӣ, осори ӯ ҷамъбасти андешаҳои фалсафии юнонӣ, махсусан арастуӣ дар заминаи андешаҳои хоси миллӣ низ мебошад. Донистани ҷаҳонбинӣ ва афкори амиқи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун як инсони комил пеш аз ҳама ба устод А.Баҳоваддинов имконият медиҳад, ки олами ботинӣ ва рӯҳи ӯро дарк карда тавонад.[16]
Муаллифи «Машъали роҳи хирад» саҳми академик А.Баҳоваддиновро дар таҳлилу таҳқиқи мактабу ҷараёнҳои бузурги афкори фалсафӣ машшоия, исмоилия, калом, тасаввуф ва намояндагони онҳо дар мисоли Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Фахруддини Розӣ, Саъдуддини Тафтазонӣ, Саноии Ғазнавӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ ниҳоят бузург дониста менависад, ки ӯ «бо диди тоза ва далелҳои муътамади илмӣ ба доираи таҳқиқ гирифтааст». Ва таваҷҷуҳи бештари устод А.Баҳоваддиновро ба мактаби машшоъ низ қайд намуда, менависад, ки «намояндагони он барои пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва фалсафаи он хидмат карда, ба фалсафаи ҷаҳонии асрҳои миёна таъсири амиқ гузошта буданд».[17]
Дар «Машъали роҳи хирад» як нуктаи муҳими андешаи академик А.Баҳоваддинов нисбати пайдоиш ва моҳияти ҷараёни исмоилия баррасӣ шудааст, ки устод А.Баҳоваддинов, ба фикри муаллифи китоб, воқеъбинона ва комилан далелнок ба ин ҷараёни фалсафӣ - иҷтимоӣ ва ахлоқӣ муносибат намуда, менависад, ки исмоилия на танҳо василаи муборизаи деҳқонон бар зидди истисмори бегонагон, балки ангезаи аристократияи маҳалли бар зидди хилофат ва истилои арабҳо буд.
Устод А.Баҳоваддинов дар ҷараёни таҳлилу баррасии таълимоти исмоилия дар мисоли «Ихвон-ус-сафо» ба хулосаҳое омадааст, ки онҳо дар масоили мантиқ ва илмҳои табиӣ таҳти таъсири Арасту қарор доштанд. Вале назарияи адад ва таълимоти онҳо оид ба судур ба таълимоти навпифагориён ва навафлотуниён, ақидаи онҳо дар бораи коинот ба пайравии донишманди Юнони қадим Птоломей (номи асараш «Ал-Маҷастӣ») ва дар антропология ва тиб дар пайравии Ҷолинус (Гален) асос ёфта буд. Устод Олимов, назари А.Баҳоваддиновро дар бораи исмоилия таҳлилу баррасӣ намуда менависад, ки баҳои ӯ ба исмоилия аз ҷиҳати илмӣ хеле асоснок буд. Муҳаққиқони баъдӣ, аз зумраи Х.Додихудоев, Ғ.Ашуров, М.Диноршоев, Н.Арабзода, Р.Назариев, Т.Муродова, Ф.Дафтарӣ, С.Ҷонбобоев, Ш.Бандалиева, И.Қурбоншоев ва дигарон кори устодро дар ин самт идома дода, китобу мақолаҳои зиёде навиштаанд. Аз ин хулосабарориҳои муҳаққиқи барҷастаи таърихи фалсафа А.Баҳоваддинов нисбати мутафаккирони гузашта ва махсусан исмоилия бар меояд, ки ӯ дар ҳақиқат як шахсияти тинатрушану ҳақиқатбаён буд, ки дар «ҷустуҷуи мабдаъ ва асли андешаҳо дар таърихи афкори қадимаи халқи тоҷик мебошад».[18]Бояд гуфт, ки мо рӯи шахсияти устод А.Баҳоваддинов ба шарофати таҳқиқотҳои академик Кароматулло Олимов боз ҳам бештар шинохт пайдо кардем. Академик К.Олимов саъй намудааст, ки нуктаҳои муҳими ҷаҳонбинии фалсафӣ-илмии ӯро ба хонанда муаррифӣ намояд ва мақоми устодро дар баррасию таҳқиқи таълимот ва осори гузаштагонамон нишон диҳад. Махсусан таҳлилу баррасии таълимоти фалсафии файласуфи бузург Абунасри Форобӣ ва хидматҳои ӯ дар инкишофи илму фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику форс аз тарафи А.Баҳоваддинов як кори бузурге буда, дорои арзиши хосе аст. Шарҳу тавзеҳи китоби «Эҳсо-ул-улум»-и Абунасри Форобӣ ва ба таври мухтасар, вале боварибахшона таснифи илмҳо дар асоси ин китоб як хизмати бузурге барои олимони ҳамонвақта ва минбаъдаи тоҷик буд.[19]Ҳамчунин хидмати дигари устод А. Баҳоваддинов дар таҳқиқи ҷаҳонбинии фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии асрҳои ХУ1-Х1Х арзиши басо бузург дошт. Вай «хусусиятҳои афкори фалсафию иҷтимоии ин асрҳоро дар мисоли андешаҳои Камолиддини Биноӣ, Сайидои Насафӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон»[20] баррасӣ намудааст. Устод А. Баҳоваддинов дар таҳқиқу баррасии маорифпарварии асри Х1Х, махсусан асосгузори он Аҳмади Дониш саҳми арзанда гузоштааст. Муҳаққиқ нақши Аҳмади Донишро дар «пешрафти таълимоти иҷтимоию сиёсӣ ва илмии ин давра ва бузургии мақоми ӯро дар аморати Бухорои зери асорати манғитҳо буда муайян намуд».[21]
Мувофиқи баррасии устод Кароматулло Олимов, тасаввуфро аввалин бор дар Тоҷикистон, академик А.Баҳоваддинов ба сифати «як ҷараёни фалсафӣ-динӣ таҳқиқ намуда, мураккабии таълимоти тасаввуф ва аҳамияту нақши онро дар ривоҷи озодфикрӣ нишон дод».[22] Баррасиҳои мухтасар дар бораи Муҳиддин Ибни Арабӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Саноии Ғазнавӣ, Фаридаддини Аттор ва дигар мутафаккирони тасаввуф роҳу равиши таҳқиқи баъдинаи ин ҷараёнро муайян намуданд. Азбаски дар замони шуравӣ системаи коммунистӣ нисбати ислому тасаввуф шаддидан манфинигар буд, кори осон набуд, ки дар атрофи ин масоили муҳими маънавӣ таҳқиқ бурд. Бинобар ин чунон ки академик К.Олимов менависад: «Оғози таҳқиқи тасаввуф аз ҷониби устод Баҳоваддинов А.М. ҷасорати илмию фалсафӣ буд, ки то он вақт ба сабаби маҳдудиятҳои сиёсию идеологӣ то ҳадде душвор буд».[23]Ба ҳар ҳол устод А.Баҳоваддинов дар ин самт низ барои муҳаққиқони замони хеш ва оянда роҳ кушод, ки то имрӯз олимони тоҷик Н.Ф.Одилов, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, Т.Муродова, М.Шамсов, И.Зиёев, Х.Зиёев ва диг. дар бораи тасаввуф ва ирфон таҳқиқотҳои зиёде анҷом доданд. Ва дар замони муосир ҳатто диди дунё нисбати тасаввуфу ирфон ба таври мусбӣ тамоман дигар шуд.
Таҳқиқоти дигари устод Кароматулло Олимов «Машъалафрӯзони хирад»[24] мебошад, ки идома ва пурракунандаи таҳқиқотҳои пештараи ӯ дар бораи ду ходими намоёни илму тамаддуни миллати тоҷик академикҳо А.Баҳоваддинов ва М.С.Осимӣ мебошад. Устод дар муқаддимаи ин китоб навиштаанд, ки «зиндагии шахсиятҳои бузурги миллат ва давлатро донистан на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо, балки мактаби ибрат барои имрӯзиёну фардоиён мебошад. Он дарси мубориза барои ҳақиқат, адолат ва костан аз зиндагии худ барои бақои умри миллат аст».[25] Устод К.Олимов дар ин асари хеш бештар рӯи фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии академик А.Баҳоваддинов таваҷҷуҳ намудааст.
Боби якуми китоб «Асосгузори мактаби навини фалсафаи тоҷик» мухтасари шарҳи зиндагии академик А.Баҳоваддиновро дар бар гирифтааст, ки ӯ дар таърихи афкори илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик нақши бузург бозидааст. Чунонки муаллиф менависад дар солҳои 20-30-ми асри гузашта дар баробари дигар зиёиёни фаъолу ватанпарасту миллатдӯсти тоҷик, ба монанди устодон С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Ғ.Ашуров, Ш.Соҳибов, Б.Файзуллоев, И.Нарзиқулов, М.Нарзиқулов, А.Бурҳонов, М.Қосимов, Х.Мирзозода, Ғ.Ашуров, М.Диноршоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон устод А.Баҳоваддинов дар пешрафти илму фарҳанги тоҷик ва ҳимояти миллати тоҷик аз бадандешону тувҳинзанони ҳувияти миллии он хизмати бузург намуданд.
Мувофиқи маълумоти устод К.Олимов Алоуддин Баҳоваддинов дар шаҳри Самарқанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Бинобар ин барои пешрафт ва шахсияти барҷастаи илмӣ-иҷтимоӣ шудани вай аз як тараф заковату заҳматдӯстии худи он кас сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар муҳити хонаводагии аристократӣ ва аз тарафи сеюм муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии шаҳри Самарқанд, ки асрҳо дорандаи суннатҳои беҳтарини илмию фарҳангии халқи тоҷик буд, бе таъсир намондааст. Устод А.Баҳоваддинов дар ибтидо дар Институти маорифи Самарқанд таҳсил намуда, пас аз хатми он дар Омӯзишгоҳи санат ва баъдан дар Техникуми омӯзгории он ҷо кор мекунад. Донишу истеъдоди фавқулодда ва зеҳни тез ба ӯ имконият медиҳад, ки соли 1931 факултети табиатшиносию риёзии Академияи омӯзгории Самарқандро бо муваффақият хатм кунад. Бо туфайли донишу истеъдоди хуб ӯро иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи психология таъин мекунанд ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқии ӯ низ шурӯъ мешавад.[26] Омӯзишу таҳқиқи ҳаёту замони зиндагӣ ва фаъолияти илмию фарҳангии шахсиятҳои бузург моро аз як тараф ба бедории фикрӣ ва аз тарафи дигар ба фарҳангу тамаддуни қадимаву гузаштаи наздик ва имрӯза ҳамчун як намунаи дарси ибрату омӯзиш ва пайравӣ аз онҳо мегардад.
Академик А.Баҳоваддинов дар айни замон хамчун як устод, омӯзгор, равоншинос ва педагоги содиқ буданд ва Он кас фаъолияти ибтидоии хешро аз таълиму тарбия шуруъ намудаанд. Муҳаққиқ К.Олимов дар боби «А.Баҳоваддинов-педагог ва ходими ҷамъиятию сиёсӣ» менависад, ки «ба масъалаҳои педагогика ва равоншиносӣ машғул шудани устод ба мантиқи зиндагии сиёсию иҷтимоии нав ва зарурати таҳаввулоти фарҳангӣ ва ташаккул додани ҷаҳонбинии нав вобаста буд».[27]Мувофиқи маълумоти К.Олимов устод А. Баҳоваддинов дар бораи педагогика ва равоншиносӣ мақолаҳои зиёде навиштанд ва ҳатто як монографияи ба нашр нарасидае бо номи «Масъалаҳои асосии робитаи мутақобилаи мактаб ва оила дар Тоҷикистон» (дар гузашта ва имрӯз) доштаанд, ки ба охири солҳои сиюм тааллуқ дорад.[28]Аз ин ҷо, мебинем, ки устод А.Баҳоваддинов на танҳо дар соҳаи илму фалсафаю фарҳанг ва сиёсат заҳмат кашиданд, балки дар соҳаи маориф, педагогикаю психиология ва тарбияи оилаву кадрҳои миллати хеш низ хизмати шоиста намуданд. Натиҷаи кори илмӣ ва тарбиявии устод А.Баҳоваддинов пеш аз ҳама ин олимон ва муҳаққиқони насли калонсоли кишварамон мебошанд, ки аксари онҳо устодон ва ходимони илму адаб ва фарҳанг, аз ҷумлаи М.С.Осимӣ Ғ.Ашуров, М.Раҷабов, М.Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев,Н.Одилов, А.Муҳаммадхожаев, М.Ҳазратқулов, А.Шарипов, М.Мирбобоев, М.Султонов, У.Султонов ва бисёр дигарон буданд ва ҳастанд. Онҳо ё шогирд ва ё таълимгирифта ва ё баҳра бурда аз суҳбату таҷрибаҳои кори устод буданд, ки ҳам аз ҷиҳати илму маърифат, ҳам аз лиҳози роҳбариву сиёсатмадорӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ шахсиятҳои бузург буданд ва ҳастанд ва то имрӯз шогирд ва аҳли илму адаби зиёдеро тарбия намуда, дар роҳи илм ва таълиму тарбияи инсонҳо сафарбар намуданд.
Академик А.Баҳоваддинов, чунонки устод К. Олимов менависанд, ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев ва Муҳаммад Осимӣ, Ғаффор Ашуров як шахсияти нотакрори илму фарҳанг ва адаби тоҷик дар қарни бист буд. Ва ин арбобони илму фарҳанг ва давлату миллат ҳамеша дар қалбҳои аҳли илму адаб ва мардуми тоҷик бо хотираи нек боқӣ мемонанд ва боқӣ хоҳанд монд. Рӯҳашон шод ва ёдашон ба хайр бод!
Муродова Тоҷинисо
номзади илмҳои фалсафа
ходими пешбари илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
АДАБИЁТ:
1.Эмомалӣ Раҳмонов. Бо роҳи ваҳдат ва бунёдкориҳо. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 2. Душанбе. «Ирфон», 2002.-512 саҳ.
2.Идиев Х., Гиёев Қ. Баррасиҳои Баҳоваддинов А.М. аз масъалаи ваҳдати миллати тоҷик. Маҷ.: «А.М.Баҳоваддинов–поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ». (Ба муносибати 90-солагии зодрӯз). Душанбе, «Пайк», 2001. -134 с (-С.81-83).
3.Муҳаммадхоҷаев А. А.М.Баҳоваддинов ва омӯзиши таърихи фалсафаи тоҷик. Маҷ.: «А.М.Баҳоваддинов-поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ». Душанбе, 2001.-С.45-51.-134 саҳ.
4.Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Матбааи АИ ҶТ Душанбе, «Дониш», 2014. -С.405.
5.Олимов К. Таҳқиқи масъалаҳои миллӣ дар асари А.М.Баҳоваддинов. Кит.: «Машъалафрӯзони хирад». Душанбе.: «Дониш». -2020. -С. 216.
6.Олимов К. Машъали роҳи хирад. Д.: «Маориф ва фарҳанг», 2011.-46 саҳ.
[1] А.М.Баҳоваддинов-поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ. (Ба муносибати 90-солагии зодрӯз).
-Душанбе: “Пайк”, 2001. -134 с.
[2] Шарипов И.Ш. Масъалаи миллӣ дар осори академик А.М.Баҳоваддинов ва аҳамияти он дар бораи Тоҷикистони кунунӣ. А.М.Баҳоваддинов-поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ.-С.133.
[3]Муҳаммадхоҷаев А. А.М. Баҳоваддинов ва омӯзиши таърихи фалсафаи тоҷик.- С.45-51. А.М.Баҳоваддинов-поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ (ба муносибати 90-солагии зодрӯз). Душанбе, 2001.-С.47-48.
[4] Ҳамон ҷо.
[5] Идиев Х. Гиёев Қ. Баррасиҳои Баҳоваддинов А.М. аз масъалаи ваҳдати миллати тоҷик. А.М. Баҳоваддинов-поягузори таҳқиқоти навини фалсафӣ. -С.81.
[6] Олимов Кароматулло. Таҳқиқи масъалаҳои миллӣ дар асари А.М.Баҳоваддинов. Машъалафрӯзони хирад. -Душанбе: «Дониш».-С.40-54.
[7] Олимов Кароматулло. Машъали роҳи хирад. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011.-46 саҳ.
[8] Ҳамон ҷо.-С.3.
[9] Машъали роҳи хирад. - С.16-17.
[10] Ҳамон ҷо. -С.4-5.
[11] Ҳамон ҷо. -С.5.
[12] Эмомалӣ Раҳмонов. Бо роҳи ваҳдат ва бунёдкориҳо. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 2. Душанбе. «Ирфон», 2002.- С.21.
[13] Олимов Кароматулло. Машъали роҳи хирад.-С.6.
[14] Ниг.: Олимов Кароматулло. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Матбааи АИ ҶТ «Дониш». Душанбе, 2014.-С.265-276. (Мақола дар Конференсияи ҷашнии АИҶТ ба муносибати садсолагии академик А.Баҳоваддинов маърӯза шудааст, декабри соли 2011).
[15] Ҳамон ҷо.-С.266.
[16] Ҳамон ҷо.-С.266-267.
[17] Олимов К. Машъали роҳи хирад.-С.6.
[18] Машъали роҳи хирад.-С.7.
[19] Ҳамон ҷо.-С.10.
[20] Ҳамон ҷо.-С.11.
[21] Ҳамон ҷо.-С.11.
[22] Олимов Кароматулло. Машъали роҳи хирад.-С.10.
[23] Ҳамон ҷо.
[24] Олимов Кароматулло. Машъалафрӯзони хирад. -Душанбе, «Дониш», 2021.
[25] Олимов Кароматулло. Машъалафрӯзони хирад.-С.3.
[26] Ҳамон ҷо.-10-11. (барои васеътар маълумот гирифтан доир ба зиндагии устод А.Баҳоваддинов ниг.: «Асосгузори мактаби навини фалсафаи тоҷик». Машъалафрӯзони хирад.-С.8-39).
[27] Олимов К. А.Баҳоваддинов-педагог ва ходими ҷамъиятию сиёсӣ. Машъалафрӯзони хирад.-С.55.
[28] Олимов К. Машъали роҳи хирад.-С.24.