Табиист, ки мафҳуму идеалҳо, орзуву ормонҳо дар бораи зуҳуроти олам ва зиндагии худи инсон бо баробари ташаккули шуур пайдо шуданд, ки на фақат масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи онҳоро дар бар мегирифтанд, балки дурнамои рушд, симои оянда ва тасаввуроти хаёлии онҳоро ифода медоштанд. Дар заминаи маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ-мантиқӣ одамон дорои сифати нави эҷодкорӣ гардиданд. Мубодилаи афкор, иттилоот ва муошират ба воситаи забон дар шакли ифодаи фикр, дар шакли гуфтугӯи зинда ба вуқӯъ пайваст. Забон дар оғозу маҷрогирии антропосотсиогенез ва дар инкишофи минбаъдаи он ҳамчун арзиши фарҳангӣ, воситаи иртибот ва баҳамназдиккунии насли инсоният аҳамияти муайянкунанда бозид ва имрӯз низ ин вазифаи муҳимми худро иҷро мекунад.
Инсон, воқеан мавҷуди табиист, вале фақат мавҷуди табиӣ будан ҳадду ҳудуди охирини ҳастии ӯ нест. Ӯ мисли ҳайвонҳо фақат дар ҳудуди қонунҳои табиӣ, зери таъсири онҳо зиндагӣ ва кору амал намекунад. Балки раванди антропосотсиогенез ӯро аз ин ҳолат берун овард. Тавассути антропосотсиогенез зиндагӣ ва рафтору амали инсонро қонунҳои иҷтимоӣ, маданият ва ахлоқ ҳамроҳӣ ва муайян карданд. Чунки аз доираи таъсири ин қонунҳо берун мондан ба ӯ имкон намедод, ки ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ амал кунад.
Инсон мавҷуди иҷтимоист. Чун шахсият ӯ тавассути дарки асолати худ, ташаккули зеҳният табиати офаридашударо тағйиру дигаргун сохта, аз пайи арзишфаҳмӣ ба бозёфтҳои мухталифи фарҳангӣ нойил мегардад. Яъне инсон мавҷуди ақлонӣ ташаккулёфта, созанда ва мутобиқкунандаи муҳит барои ҳаётгузаронӣ аст. Тавассути ин амал ва фаъолияти густурда ҳам худро барои зистан ва ҳифз кардан омода менамояд ва ҳам таҳти назари арзишфаҳмиаш маҳсули моддию маънавӣ меофарад, ки аз дастовардҳои фарҳанг маҳсуб меёбанд. Ё худ “инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯйи Замин, субъекти равандҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда мебошад”.[1., с.7.]
Ба андешаи Ибни Сино «Худованди қодири мутаол хосиятҳое аз навъи неъматҳои худ ба бани навъи инсон ихтисос дода ва ба сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни Коинот аз бисёре махлуқоташ бартар ва болотар намудааст. Дар асари ин имтиёз ва бартарӣ вуҷуди башар зеботарин ва табиаташ комилтарин табоеъ (табиатҳо) гашта ва таркибаш муътадилтарин таркиб шудааст. Зиндагии одамӣ ба сабаби ин мазоё (афзалият) беҳтарин ва пурнеъматтарин зиндагонӣ гардида ва кӯшиш ва саъйяш дар саҳнаи зиндагӣ бар тибқи ақл ва басират, ки мояи нерумандӣ ва тавоноист, сурат гирифта ва бо одоби ҳасана (неку) ва ахлоқи карима (босаховат) ва малакоти (малакаҳои) фозила, ки муъҷиби ҷамол ва зебоӣ ва асбоби зебу зиннати одамист, мувофиқ ва мунтабиқ (мутобиқ) гардидааст».[4., с.156]
Аз ин мавқеъ, ҳадаф аз офарида шудани инсон хидмат намудан ба ҷомеа ва аз худ асаре ба мерос мондан аст. Аз ин рӯ, дар тӯли мавҷудияти худ ӯ мекушад, ки омӯзад, эҷод кунанд, саҳми худро дар рушди яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим гузорад ва мақому манзалати худро муайян кунад. Ё худ бо амалҳои неку арзишофарӣ номи худро абадзинда гардонад.
Аз зумраи чунин инсонҳои наҷибу покманиш Иброн Шарипов - файласуфи шинохтаи тоҷик, муҳаққиқи дақиқназару воқеъбин буданд, ки саҳифаи тайкардаи рӯзгорашонро аз се ҷанба: фаъолияти омӯзгорӣ, фаъолияти идоракунӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ метавон баҳогузорӣ намуд.
Аввалан, мавсуф баъди хатми факултети таърихи собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз соли 1956 то соли 2013 умри худро беҳуда зоеъ накарда, дар таълим ва тарбияи кадрҳои илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсонгароӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Яъне, дар муддати 53 соли ҳаёти пурсамар аз дарсгӯӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии фалсафию илмии шогирдон худро канор нагирифтанд.
Фаъолияти омӯзгориро ба сифати ассистент аз кафедраи марксизм ва ленинизми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (соли 1956) оғоз бахшида, то соли 2009 ба ҳайси профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия давом доданд. Аз ин рӯ, барояшон пешаи омӯзгорӣ касби пуршараф ва омӯзгор чароғи рӯзгор, машъалафрӯз ва таълимдиҳандаву тарбиятгари инсон ба ҳисоб мерафт.
Бинобар ин, тарк накардан ва азиз доштани ин касби пуршараф аз сатҳи баланди гуманизим ва инсони комил буданашон гувоҳӣ медод. Чунки барояшон баъди модар ташаккулдиҳанда ва парваришгари олами маънавию зеҳнии ҳар фард омӯзгор меистод ва маҳз омӯзгор ҳамчун меъмори рӯҳи ҳар як инсон гузорандаи хишти аввалини бинои маърифату фарҳанг ба ҳисоб мерафт.
Дуюм, табиатан инсони қавӣ, ҷиддӣ ва боиродат буданд, ки ба ҳайси роҳбар дар фаъолияти идоракуниашон ин сифатҳо мувофиқ меафтод. Фаъолияти роҳбариашон аз соли 1959 замоне, ки вазифаи директори мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгелси ноҳияи Восеъро ба уҳда доштанд, оғоз шуда буд. Баъдан дар муддати солҳои 1971-1983 дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахши коммунизими илмӣ, солҳои 1984-1994 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва аз соли 1998 то соли 2001 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия фаъолият намуданд.
Дар тӯли фаъолияти роҳбарӣ пеш аз ҳама ба таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ, таҳия кардан ва ба нашр расонидани маводи илмию таълимӣ, аз ҷумла дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ мароқ зоҳир намуданд. Дар натиҷа аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишмандони соҳавӣ китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии ин фанҳо бо забони тоҷикӣ таҳия шуда, дастрасӣ донишҷӯён гаштанд. Яъне, бо забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси муҳассилин шудани ин мавод як тағйироти куллиро дар ин самт ба вуҷуд овард, сатҳи норасоии маводи таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон то андозае кам кард.
Ҳамзамон, ҳангоми фаъолияти роҳбарикунӣ ва интихоби кадрҳо ҳуши тезбинӣ устод ба он равона мегашт, ки мутахассисони қобилиятнок, донишманд ва соҳибмалака ба кор ҷалб карда шаванд то онҳо барои рушди низоми маориф, пешрафти илми кишвар неруи худро ба манфиат сарф кунанд.
Сеюмин самти фаъолияти шахсияти нотакрор, донишманди воқеъбин ва дақиқназар Иброн Шариповро фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ташкил медиҳад. Ба маълумоти муҳаққиқи тоҷик Т.Муродова профессор Иброн Шарипов дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ бештар аз 300 китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ навишта ба нашр расонидаанд. Доираи асосии таълифоташонро масоили мубрами фалсафаи иҷтимоӣ - ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, консепсияи бунёди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва монанди инҳо дар бар мегиранд. [6]
Ҳақиқатан, Иброн Шарипов дар самти пажӯҳиши масоили мубрами фалсафаи иҷтимоӣ, ба вижа таҳқиқи омилҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ, шинохт, фоҷиаи миллӣ, ки ҷони одамони бегуноҳро рабуда, хисороти зиёди молиро дар кишвар пешорӯ овард, рушди давлатдории миллӣ дар даврони истиқлолият ва ғайра беназир аст. Ба он хотир, ки маводи нашршуда дар асоси такя бо сарчашмаҳои муътамад илман асоснокшуда, пешниҳоду тавсияҳои ҷомеашинос дар самти рушди давлатдории миллӣ ва мустааҳкам кардани соҳаҳои он далелнок ва воқеъбинона мебошанд.
Таълифоти арзишманди донишманди закитабъ доир ба масъалаҳои «Ҳақиқат - хусусияти ҷудонопазирии инсони советӣ» (Душанбе, 1965); “Гуманизм ва шахсият» (Душанбе, 1967); “Ташаккулёбии ахлоқи коммунистӣ» (Душанбе, 1975); “Роҳҳои азнавинкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар ҷодаи инкишофи муносибатҳои ғайрикапиталистӣ» (Душанбе, 1976, ҷилди 1); “Қонуниятҳои ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе, 1983); “Бавуҷудоии муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе, 1986); “Воқеаҳои давравӣ дар роҳи мустааҳкамкунии давлатдории миллӣ” (Душанбе, 2004) “Тақдири фоҷиавии пурасрори тоҷикон ва давлатдории тоҷикон” (Душанбе, 2005) ва ғайра бозгукунандаи он мебошанд, ки ҷомеашинос ифтихор аз миллат, тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷик будани худ дошт. Зеро баррасӣ ва ҳалли ин масъалаҳо ҳидоятгари он буданд, ки тоҷикон аз саҳифаи таърихи дурахшони худ огоҳ шаванд, худшинос бошанд, вобаста ба тағйирёби муносибатҳои ҷамъиятӣ ва идеологияи давр худро мутобиқ карда, баробар қадамҳои устувор гузоранд. Аз саҳифаҳои гузаштаи талхи таърихи худ сабақ гирифта, муттаҳид шаванд, фирефта ва зери фишори идеологияи бозингарони сиёсии ҷомеаи муосир нагарданд ва давлатдории миллии худро мустааҳкам кунанд.
Хусусан, дар замони ҳукмронии идеологияи шӯравӣ Иброн Шарипов ҳамчун ҷомеашиноси варзида дар шинохт ва муаррифии намояндагони равияи маорифпарварӣ ва давоми мантиқии он ҷадидия, ки барои маърифатнок, худшинос кардани миллати тоҷик саҳми бузург бозиданд, мондагор аст.
Донишманд ва муаррихи варзидаи тоҷик Н.У.Ғаффоров [7. с.7.] зимни пажӯҳиши рисолаи доктории худ дар мавзӯи “Ҷадидия дар Осиёи Миёна: охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ” оид ба саҳми муаррихони марҳилаи сеюми даврони шӯравӣ дар таҳқиқ ва шинохти ҷадидия ибрози андеша карда, зикр медорад, ки дар қатори олимони шинохта И.С.Брагинский, Х.Мирзозода, М.Г.Ваҳобов файласуфи тоҷик И.Шарипов нисбатан воқеъбинона ба масъалаи ҷадидия дар Осиёи Миёна муносибат кардааст. Хусусан, ҷаҳонбинии маорифпарварон ва ҷадидонро таҳлил карда, дар таълифоти худ аз рӯйи табиати иҷтимоӣ ҷадидонро маорифпарварони насли дуюм мешуморад. Қайд мекунад, ки андешаи ҷадидон дар асоси ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX ташаккул ёфтааст.
Мо низ дар кори таҳқиқотии худ, ки ба мавзӯи “Идеяҳои иҷтимоӣ-таърихии маорифпарварони охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ-и тоҷик” [8. с.7.] бахшида шуда буд дар қисмати таҳқиқи дараҷаи омӯзиш бамаврид зикр доштем, ки ба масъалаи таҳқиқи ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии мардуми тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои қарни ХХ саҳми назаррасро олими варзида, файласуфи шинохтаи тоҷик Иброн Шарипов бозидааст. Як қатор монография, мақолаҳои илмии донишманд ба масъалаҳои сарчашмаҳои бавуҷудоии муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон, омӯзиши саҳифаҳои фоҷиавии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, таъсис ва мустааҳкамкунии давлатдории миллӣ бахшида шудаанд. Дар онҳо муаллиф ҷанбаҳои мусбат ва манфии зуҳуроти пайдошударо мушаххас карда, ҷараёнҳои ғоявӣ, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ саҳм гузоштанд, муайян менамояд. Ҳамзамон, муносибатҳои яктарафаро нисбати идеологияи ҷараёнҳои фарҳангӣ ва фалсафии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои қарни ХХ-и тоҷик, ки барои ташаккули худшиносии миллии тоҷикон нақш гузоштанд, мавриди таҳлил ва муқоиса қарор додааст.
Ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки роҷеъ ба мавзӯи шинохти ҷадидия бошад, миёни олимони ватанию хориҷӣ аз солҳои 20-ум то солҳои 90-уми асри XX ақидаҳои мухолифи ҳамдигар баён шуда, мақолаву асарҳои ҷудогонае рӯйи нашрро дидаанд. Аз ҷумла, Р.Ҳодизода, Ҳ.Ҳасанов, А.Баҳоваддинов, И.Брагинский, М.Комилов, Г.Ваҳобов[2, 3, 5, 9, 10] ва дигарон мақсад ва ҳадафҳои равияи маорифпарвариро бо ҷадидия қиёс намуда, чунин хулоса баровардаанд, ки табиатан маорифпарварӣ аз рӯйи барномарезии иҷтимоӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ-сиёсии худ аз ҷадидия фарқ мекунад. Аз нигоҳи онҳо ҷадидия ҷунбиши иртиҷоӣ, миллигароӣ, алайҳи мардум ва идеологияи даврони шӯравӣ ва маорифпарварӣ равияи маънавиятгустарӣ ва пешқадам мебошад.
Соли 1990 дар мизи мудавваре, ки атрофи мавзӯи “Ҷадидия ва дурнамои таърих” дар идораи маҷаллаи “Садои шарқ” баргузор карда шуд олимони тоҷик М.Шакурӣ, М.Диноршоев, Р.Ҳодизода И.Шарипов, Ғ.Ашӯров, А.Абдуманнонов ва дигарон иштирок варзиданд. Аз натиҷаи баҳс маълум гардид, ки вобаста ба таъсири идеологияи шӯравӣ ба олимон ва муҳаққиқони тоҷик имконият даст надод, ки ба саҳифаи таърихӣ давраи маорифпарварӣ баҳои воқеӣ диҳанд. Аз ин рӯ, бештари муҳаққиқони даврони шӯравӣ аз мавқеъҳои гуногун ба фаъолияти ҷадидон баҳогузорӣ карда, ин ҷунбишро реаксионӣ ва ҷонибдорони онро муқобилони идеологияи шӯравӣ тавсиф менамуданд. Хушбахтона, истиқлолияти давлатӣ барои олимони тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки доғҳои сиёҳи ин саҳифаро тоза намуда, ба насли имрӯз нисбат ба ҳадаф ва вазифаҳои ин ҷунбиш маводи воқеӣ манзур доранд.
Воқеан, ҷадидия дар Осиёи Миёна рамзи марҳилаи дуюми рушди маорифпарварӣ мебошад. То соли 1910 ҷадидон ҳамчун насли нави маорифпарварон ба масоили илму маориф, фарҳанг, тағйирот ворид намудан дар низоми таълиму тарбия ва худогоҳ кардани насли наврас, таъсиси мактабҳои усули нав, таъсиси маҷаллаву рӯзномаҳо, ҷалби ҳамватанон барои таҳсил дар кишварҳои хориҷ бештар аҳамият медоданд ва барномарезии онҳо хусусияти маънавиятгустарӣ ва маърифатҷӯӣ дошт.
Мутаасифона, аз соли 1910 бинобар сабабҳои баста шудани мактаби усули нави таъсисдодаи Садриддин Айнӣ ва Мунзим, ҷонибдорӣ нагаштани ақидаи маорифпарваронаи онҳо аз ҷониби амалдорони дарбор ва рӯҳониёни мутаассиб, зери таъқибу фишор ва туҳмати беасос қарор гирифтани рӯшанфикрон ва ғайра ин ҷунбиш ба худ характери сиёсӣ мегирад. Талаби ҷадидон ин буд, ки низоми идораи давлатии аморат бояд дигаргун карда шавад, дар низоми таълиму тарбия ислоҳот ворид карда шуда, толибилмон дар мактабҳои усули нав таълим гиранд, барномаҳои таълимӣ ба талаботи кишварҳои пешрафта мутобиқ кунонида шаванд. Исрофкории зиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо ба танзим дароварда шуда, риояи меъёрҳои адолат дар раванди муносибатҳои иҷтимоӣ таъмин шаванд.
Ҳамин тавр, ҷадидия ҷараёни ҷамъиятию сиёсӣ, адабию фарҳангӣ буда, дар танвири афкор, бедорӣ, худшиносии миллӣ ва ташаккули хисси ватандорию хештаншиносии тоҷикон дар ибтидои асри ХХ нақши арзанда боқӣ гузошт. Намояндагони ин равияи пешқадам бо тамоми ҳастӣ дар роҳи таҳкиму густариши фарҳанг, рушду беҳбудии ҳаёти ҷомеа, пешрафти кишвар, инкишофи илм, танзими раванди таълиму тадрис, танвиру бедории фикрӣ ва камолоти маънавии мардумони минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон хизмати шоистаро дареғ надоштанд.
Ба ибораи дигар, ҷадидия давраи амалӣ шудани марому маслакҳои маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX-и тоҷик буда, мақсади асосӣ ва ҷавҳари он фарҳанггустарӣ, эҳёи маънавӣ, ислоҳи мактабу маориф, рушду камоли кишвар ва ғайра маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, фаъолияти ҷадидон ба муқобили зулм, хурофоту ҷаҳолат, бар зидди ҳукуматдорони бесалиқа ва ноинсоф, уламои манфиатҷуву худғараз ва муллоҳои ҷоҳил равона шуда буд. Ин тараққипарварон дар роҳи ташкил намудани мактабҳои усули савтия, матбуот, театр ва китобхонаҳо дар сарзамини тоҷикон ҳамаи имкониятҳои ақлонӣ ва молиявии хешро истифода бурда, фикри яхшудамондаи мардумро бо нури матбуот, илму дониш ва маърифатомӯзӣ об кардан мехостанд.
Аз таҳқиқ натиҷабардорӣ карда мешавад, ки азбаски назари идеологияи давр нисбат ба ҷадидия манфӣ буд ва дар байни ҷадидон гурӯҳҳои мухолифи ҳам фаъолият мекарданд, бинобар ин, дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ ин афкор аз ҷониби олимони ҷомеашиноси тоҷик ба таври дилхоҳ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифт. Бо вуҷуди ин, ба андешаи муҳаққиқони тоҷик, бахусус Иброн Шарипов дар давраи истиқлолияти давлатӣ ин фаҳмиш моҳияти худро дигар кард ва ба фаъолияти ин ҷараёни фикрию маърифатӣ баҳои воқеӣ доданро оғоз бахшиданд. Зеро, ҷадидия аз мавқеи иҷтимоӣ, аз ақибмондагии фарҳангии ҷомеа, ҳукумронии ҷаҳлу сатҳи пасти маърифати мардум нигаронӣ дошта, беҳбудии вазъи зиндагии омма, риояи рукнҳои адолати иҷтимоӣ, рафъи зулму ситами мансабдорони давлатиро ҳангоми иҷрои вазифаву уҳдадориҳо талаб менамуданд. Барои рафъи ин камбудиҳо:
- умумият додани раванди таълиму тарбияро талаб намуданд, ки бо ин васила мардум аз хоби ғафлат, аз шуури тақлидии асримиёнагӣ бедор шуда, ба зиндагии шоиста сазовор гарданд, саодати ҳақиқии худро дарёбанд;
- кӯшиш ба харҷ доданд, ки тавзеҳи дуруст ва илмии дини мубини исломро барои омма пешкаш намоянд, то усули дин аз хурофот тоза карда шавад;
- таҳти таъсири Русия ва Ғарб густариши раванди таълиму тарбия, ҳаммонанди намунаҳои аврупоӣ ва барномарезии дурусти тадрисро тарғиб мекарданд. Инчунин онҳо омӯзиши забони русиро ҷиҳати ошноӣ бо дастовардҳои илмӣ-техникии Русия барои миллати худ зарурӣ медонистанд;
- ҷонибдори омӯзиши илмҳои техникӣ ва табиатшиносию таҷрибӣ дар радифи улуми динӣ буда, таъкид мекарданд, ки пешрафти ҷомеа ва осоиштагии ҳаёти мардум аз омӯзиши чунин риштаҳои илм вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин, саҳми таърихии ҷадидон барои ташаккули худшиносии миллӣ, шинохти саҳифаҳои норӯшани таърихи тоҷикон, густариши давлатдории миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии арзишҳо бузург мебошад. Аз ин рӯ, рӯшан кардани ин саҳифаи норӯшан аз ҷониби И.Шарипов хизмати мондагоре барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Самиев Б.Ҷ. - доктори илмҳои фалсафа, профессор
Адабиёт
- Асрорӣ М. Инсон, арзиш ва фарҳанг. - Душанбе, 2021. – С. 7.
- Баҳоваддинов А. Очерки таърихи фалсафаи тоҷик. – Душанбе, 1961.
- Брагинский И.С. Очерк аз таърихи адабиёти тоҷик. - Сталинобод, 1956.
- Ибни Сино. Осор. Ҷ. 1. - Д., 2005, саҳ. 156.
- Мирзозода Х. Афкори рангин. Душанбе, 1982.
- Муродова Т. Шахсияти нотакрор.-Д., 2021.//https://ifppanrt.tj/tj/%D0%B8%D0%BD%D1%81%D1%82%D0%B8%
- D1%82%D1%83%D1%82/%D1%88%D0%B0%D1%85%D1%81%D0%B8%D1%8F%D1%82%D2%B3%D0%BE/
- item/1063-%D1%88%D0%B0%D1%85%D1%81%D0%B8%D1%8F%D1%82%D0%B8-%D0%BD%D0%BE%D0%B4%D0%B8%D1%80.html
- Ғаффоров Н.У. Ҷадидия дар Осиёи Миёна: охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ. – Душанбе, 2014. – С.7.
- Самиев Б.Ҷ. “Идеяҳои иҷтимоӣ-таърихии маорифпарварони охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ-и тоҷик”. – Душанбе, 2009. – С.8.
- Ҳодизода Р. Сарчашмаҳо барои омӯзиши адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX. - Сталинобод, 1956.
- Ҳодизода Р. Ҷадид гӯем ё маорифпарвар? //Адабиёт ва санъат. - 5 июли соли 1990.