casino malaysia
casino malaysia
Бунёдгузори мактаби диншиносии тоҷик

wrapper

  Ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, соли таваллудаш 1946, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

  Абдуллоев Шерзот (Абдуллозода) соли 1965 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аввал ба ҳайси лаборанти калон дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1970-1971) ва сипас дар кафедраи забони арабӣ ба ҳайси таҷрибаомӯз-пажӯҳишгар (1971-1972) фаъолият намуда, аз соли 1972 дар вазифаи асситенти кафедраи атеизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) то моҳи марти соли 1976 кор кардааст.

  Аз моҳи марти соли 1976 то соли 1979 дар сафари хидматии хориҷӣ ба сифати мутарҷими забони русию форсӣ дар сохтмони силу (элеватор)-и ғаллот фаъолият намуд. Пас аз бозгашт ба аспирантураи Институти фалсафаи Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, то 30.06.1982 таҳсил намуда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Оқибатҳои иҷтимоии инқилоби илмию техникӣ дар таъбири уламои илоҳиёти мусалмон” /дар мисоли Эрон ва Миср/ бо муваффақият дар Шӯрои дифои Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИҶШ дифоъ намуда, соли 1985 тасдиқи онро дарёфт кард. Пас аз дифоъ аввал чун ходими хурди илмӣ ва аз соли 1985 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи дини Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1992 то соли 2009 вазифаи мудири Шуъбаи таърих ва фалсафаи динро ба уҳда дошт.

Дар ин солҳо Шерзот Абдуллозода осори зерини худро таълиф ва чоп кардааст:

-Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология. «Ирфон» Душанбе: 1990, 151саҳ.;

-Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ: афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотии Аҳмади Дониш. Душанбе, 1994;

-Муқаддима ба исломшиносӣ. Бо замимаи «Консепсия-усули бунёди таҳқиқ ва Барномаи таълимии исломшиносӣ», Душанбе: «Ирфон», 1998. 132с., 8,5 ҷ.ч.;

-Асосҳои диншиносӣ. Душанбе: «Дониш», 2001нашри аввал; 2015 нашри дуввум. Ҷилди якуми осор. 495с;

-Муқаддимаи фалсафа. Бо замимаи «Барномаи таълимии фалсафа. Душанбе: «Дониш», 2004 нашри аввал;

Ҳамчунин ҷувияҳои:

-Илм ва дин дар бораи маънӣ ва мақсади ҳаёт. Душанбе: Дониш.-1976;

-Инқилоби илмию техникӣ ва ислом. Душанбе: Ирфон. 1984;

-Воқеият ва ислом. Душанбе: Ирфон. 1984;

  Аз соли 2009 то соли 2014 Шерзот Абдуллозода ҳамчун муовини директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, дар ташкили корҳои илмӣ ва муайян намудани усулу равиш ва самти таҳқиқоти шуъбаҳои ин Марказ саҳми арзанда дошт.

  Тайи солҳои зиёде Шерзот Абдуллозода ҳамзамон ҳамчун муаллими кафедраи фалсафаи донишкадаҳо ва донишгоҳҳои кишвар ифои вазифа кардааст. Дар баробари таълими донишу илмҳои фалсафӣ ва диншиносӣ Шерзот Абдуллозода ҳамеша дар ҷодаи таҳия ва навиштани китобҳои дарсии соҳа кӯшиш ба харҷ дода, ки натиҷаи ин кӯшишҳо як силсила китобу маводи таълимии ба нашрасонидаи ӯ мебошад. Ӯ дар ин муддат дар шакли инфиродӣ-такмуаллифӣ китобҳои муқаддимавӣ ва калонҳаҷми бунёдии дар боло зикршуда, инчунин:

-Асосҳои фалсафа (бо ҳаммуалифии Маҳкамов Д.) Душанбе: “Маориф ва фарҳанг”, 2013. 319с.;

-Муқаддимаи фалсафа бо «Рисолаи мантиқ» дар нашри дуввум ва ҷилди дуввуми осор, 2014. 509с.;

-Таърихи динҳо бо баъзе такмилу иловаҳои шогирдон /ҳаммуаллифӣ/. Душанбе: «Дониш», 2014. 368с.;

-Маърифати ислом (Исломшиносӣ). Бо замимаи Усули бунёдӣ (консепсия) ва Барномаи таълимии исломшиносии илмӣ. Душанбе: 2015. 495с.;

-Китоби таълимии «Таърихи дин» барои синфи 9-и мактабхои таҳсилоти миёна. Душанбе: «Маориф», 2015. 180000 нусха, навишта ба чоп расонидааст.

  Гузашта аз ин, раҳбарӣ ва тайёрии шогирдон - олимони соҳаи фалсафа ва диншиносии илмӣ яке аз дигар дастовардҳои ин олими шинохта мебошад. Дар ин росто зери роҳбарӣ ва роҳнамоии Абдуллоев Ш. дар ҳоли ҳозир ҳафт (7) нафар номзади илми фалсафа бо тахассуси фалсафаи дин шудаанд, ки се нафарашон аллакай докториро низ дифоъ карданд ва дар муассисаҳои илмию таълимӣ ҳамчун роҳбар ва мудирони шуъбаю кафедраҳо кору фаъолият доранд. Инҳо:

  • Назариев Рамазон - дирекори филиали Институти исмоилия дар Тоҷикистон;
  • Назиров Давлатхоҷа - журналисти озод;
  • Мирзоев Ғаффор - мудири кафедраи фалсафаи АМИТ;
  • Абулхайев Каромат - мудири шуъба дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ;
  • Шоев Зиёвуддин - мудири шуъба дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ;
  • Зокирзода Нусратулло - ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон.
  • Элназаров Мирзоҳусайн - дотсенти ДМТ, факултети фалсафа.

 Бо навиштани китобҳои «Асосҳои диншиносӣ», «Муқаддима ба исломшиносӣ», «Маърифати ислом» (Исломшиносӣ) ва тарбияи шогирдон дар ин соҳа Ш. Абдуллоев (Абдуллозода) аввалин шуда поя ва заминаҳои диншиносии илмиро дар Тоҷикистон гузошта аст. Ӯ бо тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, таҳия ва чопи китобҳои илмию таълимӣ дар соҳаи диншиносӣ, фалсафа ва фалсафаи дин ва дастовардҳои тозаи назаррас дар ин самт, барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар бахши рӯшангарӣ ва рӯшанфикрӣ саҳми назаррасе дорад.

 Абдуллоев Ш. муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмию таълимӣ мебошад. Даҳҳо мақолаҳои илмию оммавии ӯ ба масоили мубраму доғи ҳаёти иҷтимоии кишвар бахшида шудаанд.

 Шерзот Абдуллозода тӯли ин ҳама солҳои фаъолияти илмиаш дар чандин симпозиуму конфронсу семинарҳои илмӣ, аз ҷумла байналмилалии берун аз кишвар дар шаҳрҳои Москва, Истамбул, Теҳрон, Алмаато, Бишкек, Ош, Тошканд ва ғ. иштирок ва суханронӣ кардааст.

  Шерзот Абдуллозода дар байни аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун олими пешбари соҳаи фалсафа, муҳаққиқи эҷодкор соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст. Дорандаи ҷоизаи олии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мебошад. Хизматҳои дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ташвиқу тарғиби худшиносии миллию  истиқлоли сиёсӣ, рушди маориф анҷом додаи ӯ бо нишон ва унвони “Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон” ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудаанд.

Матни шарҳи шумо…

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia