Геополитика ё худ дар маънии ин ки қудрат барои қудрати дигар мушкил эҷод мекунад...
- Чоршанбе, Ноя 09 2022
- Шахсиятҳо
Давлат чист? Чаро бидуни қудрат созвораи иҷтимоӣ тақвият намеёбад? Ё худ барои чӣ мубаллиғини Шӯравӣ бо мафҳуми “геополитика” ошно набуданд? Барои посух ёфтан ба суолҳои матраҳшуда осори илмии яке аз уламои ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии дастаҷамъона, генерал-майори милитсия, собиқ Раиси Академияи ВКД ҶТ ва айни замон сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоирро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Номбурда дар китоби “ТОҶИКОН, аз давлати Сомониён то давлатдории соҳибистиқлол” вижагиҳои хоси ҳукумат ва қудратдории тоҷиконро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки давлат чун падидаи иҷтимоӣ фақат тағйирёбии силсилаҳои ҳоким набуда, балки бо дарназардошти муҳтавои хеш тамоми ақшори дар иҷтимоъ муттаҳидшударо дар бар мегирад.
Гузашта аз ин, бо истифода аз афкори нави илмӣ ҷиҳати баррасии давлатҳои нав, ки бо барҳамхӯрии низоми Шӯравӣ дар муҳити пасошӯравӣ ба вуҷуд омаданд, худи вожаи “давлат” эътимодбахш нест, чунки дар арсаи сиёсӣ “ба вуҷуд омадани давлатҳои нав на бештар бо мавҷудияти ақидаҳои тозаи миллӣ, ақаллан дар соҳаи давлатдорӣ, балки бо изҳорот дар бораи мансубияти онҳо ба «тамаддуни Ғарб», новобаста аз он ки мо бо ин чиро дар назар дорем: капитализм, индустриализм ё постиндустриализмро” , вале ин истилоҳ аз дидгоҳи илми муосир дар майдони васеъ баррасӣ шуда, хусусиятҳояш низ васетар мебошанд. Ба қавли Маҷидзода Ҷ.З., ҷомеашиноси Ғарб Юрген Хабермас исрор мекунад, ки ҷомеаи муосир мебоист аз татбиқи бевоситаи андешаронӣ ва итминони инфиродии ашхос сарпечӣ мекард . Аммо муаллиф дар ин бовар аст, ки ҳуқуқшиносони Ғарб бидуни татбиқи манофеъи геополитикӣ афкори ҷомеашиносиро дар ҷаҳон паҳн намекунанд . Гузашта аз ин, бояд мутазаккир шуд, ки навъҳои давлатдорӣ дар бештар мавридҳо фақат шаклҳои инъикосшударо монанд ба давлатҳои худкифо муаррифӣ менамояд. Лекин кӯшишҳои мутлақо ҳукумат кардан дар кураи Замин дар замонҳои гуногуни таърихи башар аз ҷониби ашхоси соҳибнуфуз чун Куруши Кабир, Искандари Мақдунӣ, Гай Юлий Сезар, Ҳоруннаррашид, Темучин, Темурланг, Напалеон Бонапарт ва дигарон роҳандозӣ шудааст, аммо ҳеч кадом аз номбаршудагон барои тасхири ҷаҳон муваффақ нашудаанд. Дар замони ҷадид шуруъ аз ибтикори канслери Пруссия Отто Бисмарк то кунун, ки ҳукумати ИМА ва маъмурияти Ғарб барои ноил гаштан ба ҳокими ягонаи ҷаҳон саъйю талош меварзанд, даъвии онон дар амал татбиқ намешавад. Пас хулосае пайдо хоҳад шуд, ки дар сартосари таърих даъвии ҳокими мутлақи Замин будан бо мағлубияти ҷаҳонгирон анҷом ёфтааст ва алҳол нуфузи дували абарқудрат ҳам бо сабаби истифодаи бидуни меъёри иғво ва ҳам аз лиҳози мудохила дар умури давлатдории мамолики гуногун пайваста паст мешавад.
Маҷидзода Ҷӯрахон зимни таҳқиқи давлатдорӣ аз афкори утопиявии бархе аз андешамандон чун Томас Мор (Утопия), Томазо Кампанелла (Шаҳри Офтоб) ва амсолашон истифода карда, ба як хулосаи муайян меояд, ки ҳакимони зикршуда дар пайравӣ аз Афлотун ҷиҳати тасвири ҷомеаи хаёлӣ аз ҳад гузаштаанд. Илова бар ин, пайванди ногусастании байни ҷаҳонбинӣ ва моделҳои пешниҳоди давлатдорӣ чун саркӯбгари қудрати давлатӣ зербинои илзомомези Иммануил Кант аст, ки яке аз фаслҳои рисолаашро “Дин танҳо дар ҳудуди ақл” номидааст , аммо ҷиҳати дарки калидвожаҳое чун қудрат, давлат, сиёсат, иҷтимоъ ва ғайра бояд истилоҳи ҳамоҳангеро интихоб мебояд кард, ки нигошта бо илм бархурд пайдо накунад. Масалан, қудрат сиёсӣ аст ва онро давлатӣ пиндоштан аз ғалатҳоест, ки зимни таҳқиқ бар хеш раво мебинем. Ба наздикӣ ҷиҳати нашр мақолае оварданд, ки “Амири беватан” унвон дошт, аммо амир қаблан ватандор аст ва агар дар ҳоли фирор қарор дошта бошад, пас ӯро амири фирорӣ бояд гуфт, на амири беватан, чунки амир дар ҳеҷ сурат беватан намегардад. Вале бояд иқрор кунем, ки олиҷаноб Иммануил Кант, ки дар Ғарб инқилоби маънавиро роҳандозӣ кард, рӯоварие бас иғвогарона ба динро ошкор гардонид, чунки иғво аз хотири мудохила аст ва онро беш аз пеш дар пӯшиши дину мазҳабҳо истифода намуда, барои миллатҳои оҷиз таҳмил мекунанд, аммо ҳадаф аз таҳияи инчунин мақсадҳои стротегии як абарқудрат абарқудрати дигар аст. Бинобар чунин суратпазирии ҳадафҳои геополитикӣ кишварҳои бидуни коркард содиркунандаи ашёи хом чун Сурияву Либия ва Ироқу Афғонистон ба яке аз марказҳои таваҷҷуҳи ҷаҳониён мубаддал карда мешаванд, ки дар марзҳои онон гуруҳҳои террористӣ фаъолият мекунанд. Онҳо таҳияшуда аз ҷониби хадамоти мустағбираи кишварҳои дорои қудратҳои ҷаҳонӣ ҳастанд ва миссияи онон низ аз тезутунд намудани авзои сиёсии ҷаҳон иборат мебошад. Суйиистифода шудани дину мазҳаб низ аз хотири ҷалб намудани афроди мазҳабӣ нисбат ба мақсадҳои геополитикӣ буда, амалан татбиқ сохтани ормонҳои сиёсии абарқудратҳост. Геополитика дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки бартарии иқтисодиву фарҳангии худро аз соири давлатҳо таъмин намуда, ҷиҳати татбиқи он боз раванди дигареро бо унвони “ҷаҳонисозӣ” бар дӯши кишварҳо вогузоранд. Дигар калидвожаҳое ҳастанд, ки аз дидгоҳи давлат ва ҳуқуқ дар чандин маънӣ истифода мегарданд, аммо истифода аз истилоҳи “давлатдорӣ” ба қавли доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода бояд бамаврид бошад. Диди тамаддунии типологияи давлат, ба қавли Маҷидзода Ҷ.З., дар таълимоти Арнолд Тойнби зимни баррасии тамаддунҳои худмухтор баррасӣ ёфтааст. Мавсуф бо истифода аз баъзе критерияҳо, чун дин боз 13 тамаддунҳои мустақилро ҷудо карда, дар баробари тамаддуни арабӣ эрониро низ зикр менамояд . Аммо ҷомеашиноси рус Нерсесянс В. С. бар ин бовар аст, ки дар таълимоти Тойнби норасоии таҳқиқ дар соҳаи ҳуқуқ ва давлат мавҷуд аст. Аз ин рӯ, бо такя ба таълимоти мазкур имкон надорем, ки типологияи мушаххаси давлат ва ҳуқуқро таҳия кунем .
Бо дарназардошти чунин бархурдҳо дар миёни ҷомеашиносони Ғарбу Шарқи Аврупо Маҷидзода Ҷӯрахон ба чунин хулосае меояд, ки танҳо бо омӯхтани баррасӣ намудани дидгоҳ ва аксуламалҳое, ки дар ду мактаби ҷомеашиносӣ мушоҳида мешаванд, имкон пайдо мекунем, ки назария ва шаклгирии давлат ва ҳуқуқро дар ҷомеаи Тоҷикистон аз диди дуруст пажӯҳиш намоем.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ
муҳаққиқ
Машраби Абдуллоҳ,
рӯзноманигор
рӯзноманигор